РЕКТОРИ ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ИМОМИ АЪЗАМ АБӮҲАНИФА
.
Зокирзода Нусратулло Мелик

Номзади илмҳои фалсафа
___________________________

Ҷашни мардумӣ ва миллии Наврӯз яке аз ҷашнҳои маъруф ва мондагори қавмҳои ориёинажод аст, ки таърихи тӯлонӣ дорад. Дар миёни ҷашнҳои миллӣ, Наврӯз аз лиҳози аҳамиятнокӣ ва анъанавӣ буданаш мавқеи муҳим дорад. Мутобиқи солшумории шамсӣ, Наврӯз ба таърихи 21-22 моҳи март рост меояд. Худ аз номаш маълум аст, ки наврӯз, яъне «рӯзи нав» мебошад, ки он ба рӯзи аввали сол рост меояд. Имрӯз Наврӯз ҳамчун рӯзи аввали соли миллӣ шинохта шудааст...Муфассал

Ҳар рӯз зи худ бипурс, агар ту мардӣ!? К-имрӯз чи хизмате ба мардум кардӣ?

Факултети филологияи Шарқи Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам 


Маълумот дар бораи факултет: Факултети филологияи Шарқ бо Қарори Шӯрои олимони Донишкада аз санаи 29 январи соли 2011 таҳти №5 таъсис дода шуда, фаъолияти худро дар асоси Низомномаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, "Низомнома" ва "Оиннома"-и Донишкада чун дигар факултетҳои муассисаҳои олӣ ба роҳ мондааст. Инчунин факултет дар асоси санадҳои меъёри ҳуқуқӣ дар самти маориф ҳачун як қисмати муассисаи таълимии олӣ ба таълим машғул аст. То имрӯз дар факултет расман шаш маротиб деканҳо иваз шудааст, ки аз ҷумла устодони зерин мебошанд:

  1. Зайдуллоев Нуриддин (аз соли 2011 то соли 2012)
  2. Хайруллоев Иброҳим (аз соли 2012 то соли 2013)
  3. Толибов Абдулмаҷид (аз соли 2013 то соли 2014)
  4. Эмомов Асрориддин (аз моҳи апрели соли 2013 то соли таҳсили 2015)
  5. Ҷалолов Абдусаттор (аз моҳи июли 2015 то феврали 2016)

Факултет барои ҳалли масъалаҳои мушкили пешомада дар самти таълиму тарбия ба худ Шурои олимони факултет-ро доро мебошад. Дар факултет 53 нафар омӯзгорону кормандон кору фаъолият доранд. Аз он ҷумла декан, муовинони декан оид ба корҳои таълим ва танзимгар. Дар давоми соли таҳсил ҳайати мазкур вазифа ва ӯҳдадориҳои ба зимаи худ доштаро дар асоси нақшаи солонаи кории Донишкада ва факултет амалӣ мегардонанд. Аҳли устодони факултет: декан, муовини декан оид ба таълим, танзимгари факултет ва дигар омӯзгорони кафедраҳои ба факултет тааалуқдошта,  кӯшишу заҳмат мекашанд, то ки ба шогирдон - донишҷӯён бо мақсади додани таълиму тарбияи муносиб иҷрои вазифаҳои худро аз рӯи виҷдон амалӣ намоянд. Дар факултет таълиму тарбияро дар мувофиқи нақша ба роҳ монда шудааст.

Факултети филологияи Шарқ дорои ихтисосҳои «Забони арабӣ. Информатика, Таърих. Диншиносӣ (рӯзона ва фосилавӣ), Таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ»,  мебошад. Дар факултет аз рӯи ихтисосҳои зикргардида, рӯзона 19 гурӯҳи академӣ  ва дар таҳсили ғоибона 4 гурӯҳи академӣ таҳсил мекунад.


Роҳбарияти факултети филологияи Шарқ:

Декани факултети филологияи Шарқ: Карим Раҳим

Каримов Раҳим соли 1951 дар вилояти Хатлон дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Аз соли 1959 то соли 1968 дар мактаби миёна таҳсил карда, пас аз хатми он муддати чанд сол дар муассисаҳои гуногуни хоҷагии халқ кору фаъолият намудааст. Аз феврали 2016 то инҷониб декани факултет мебошад.

 


Ҷонишини декан оид ба таълими факултети филологияи Шарқ:                                Рамзуллои Файзалӣ


Эдвайзери факултети филологияи Шарқ: 


Ихтисосҳои факултети филологияи Шарқ:

1) 102030702 - Забони хориҷӣ (арабӣ). Информатика / (Намуди таҳсил: рӯзона. Гуруҳҳо: буҷавӣ, шартномавӣ)

2) 1230102 - Таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ. (Лингвистика) / (Намуди таҳсил: рӯзона. Гуруҳҳо: буҷавӣ, шартномавӣ) 

3) 102010205 - Таъриху диншиносӣ. / (Намуди таҳсил: рӯзона, ғоибона. Гуруҳҳо: буҷавӣ, шартномавӣ) 

Телефонҳои боварии факултети филологияи Шарқ: 228-97-04

         нишонии e-mail: f-sharq@dit.tj

Хатмкунандагони Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абӯҳанифа ва ё кулли хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии кишвар метавонанд аз суроғаи зерини интернети ба худ кори мувофиқ дарёбанд: www.gts-center.tj  

Воридшавӣ ба e-mail- и dit.tj



"ЗИ ГАҲВОРА ТО ГӮР ДОНИШ БИҶӮЙ!"






Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абӯҳанифа ©2018 - 2024. Ҳуқуқҳо ҳимоя карда шудаанд.