РЕКТОРИ ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ИМОМИ АЪЗАМ АБӮҲАНИФА
.
Зокирзода Нусратулло Мелик

Номзади илмҳои фалсафа
___________________________

Ҷашни мардумӣ ва миллии Наврӯз яке аз ҷашнҳои маъруф ва мондагори қавмҳои ориёинажод аст, ки таърихи тӯлонӣ дорад. Дар миёни ҷашнҳои миллӣ, Наврӯз аз лиҳози аҳамиятнокӣ ва анъанавӣ буданаш мавқеи муҳим дорад. Мутобиқи солшумории шамсӣ, Наврӯз ба таърихи 21-22 моҳи март рост меояд. Худ аз номаш маълум аст, ки наврӯз, яъне «рӯзи нав» мебошад, ки он ба рӯзи аввали сол рост меояд. Имрӯз Наврӯз ҳамчун рӯзи аввали соли миллӣ шинохта шудааст...Муфассал

Ҳар рӯз зи худ бипурс, агар ту мардӣ!? К-имрӯз чи хизмате ба мардум кардӣ?

Китобхонаи Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит


Мудири китобхона: Қодиров  С.

Маълумот: Китобхонаи ДИТ ба номи Имоми - Аъзам Абуҳанифа (р) ҷузъи таркибии Донишкада маҳсуб ёфта, бо хадамоти китобдорӣ - библиографӣ дар  ҷараёни таълим, корҳои илмӣ - тадқиқотии донишҷӯёну устодон мусоидат менамояд.

      Китобхона дар фаъолияти худ мувофиқӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»,  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдор» - ӣ ва дигар асноду дастурҳои роҳбарикунандаи соҳаи маориф, фарҳангу китобдорӣ, фармону супоришҳо ва қарорҳои раёсати Донишкада, инчунин фаъолият ва самтҳои таълим  мувофиқи  Низомномаи худ амал  менамояд.

      Айни  замон  захираи  китобхона  11486 адад  китобро  ташкил медиҳад, ки   раванди  зиёдшавии  фонди   китобхона  давом  дорад. Ҳамчунин  китобхона  дорои  китобхонаи электронӣ мебошад, ки  он  зиёда аз 25000  нусха   китобҳои электрониро дар самтҳои гуногун дар бар  мегирад.

Адабиёт ва ё маълумоти тахассусӣ: Бояд қайд намуд, ки дар ин махзан 11486 китобҳои тахассусӣ низ медароянд, аз он ҷумла китобҳои фиқҳ, ҳадис, тафсир, фалсафа, таҷвид, таърих, сиёсатшиносӣ, зебоишиносӣ, таъриху  адабиёти тоҷик. Китобҳои бадеӣ бошад, зиёда аз 1100 адад мебошад.

Маҷаллаҳо: Маорифи Тоҷикистон, Маърифати омӯзгор, Методикаи  таълим,  Тоҷикистон, Дин ва ҷомеа, Омӯзгор,

Рӯзномаҳо: Ҳомии омӯзгор, Паёми  Душанбе,  Минбари Халқ,  Садои  мардум. 

     Толори хониши китобхона  дар ҳолати хуб қарор дорад, анбори китобхона ҳам  дар ҳолати хуб аст. Китобхонаи Донишкада бо 5 адад копютерҳо, кидар худ китобхонаи электрониро доро мебошанд, муҷҷаҳаз гардидааст. Бояд қайд намоем, ки дар толори китобхонӣ зиёда аз 50 - адад мизи китобхонӣ, 4 - адад компютерҳо барои хонандагони китобхона таъин гаштааст, ки ҳамеша дар хизмати донишҷӯён ва устодон барои иҷрои корҳои илмӣ ва кӯмак дар раванди таълим  истифода бурда мешаванд.

      Мо кормандон, ҳамеша кӯшиш менамоем, ки донишҷӯёнро ба  китобхонию омӯзиши илму тадрис ҷалб намоем.      

      Мавриди зикр аст, ки китобхона фаолияти худро  сол аз сол нисбат ба солҳои пештар хубтар ба роҳ монда, аз тарафи маъмурияти Донишкада ба китобхона доиман таваҷуҳи махсус гузошта шуда, нашриётинав зиёда аз 700 адад китобҳои гуногун дар соҳаҳои мухталифи ҷомеа ба китобхона ворид гардиданд. Ин иқдом давра ба давра афзуда ба китобхона 300 адад маҷаллаҳо ворид карда шуданд. Чи хеле, ки гуфта шуд, дар китобхона ба масъалаи китобҳои тозанашр воридгашта аҳамияти хосса дода мешавад. Инчунин дар китобхона аз рӯи нақшаи кору фаъолият, донишҷӯён аз китобхонаи ДИТ васеъ истифода бурда, барои нишастҳои илмӣ бо иштироки донишҷуён фаъолона иштирок менамоянд. Аз ҷумла ба муносибати «Рӯзи Модарон», дар арафаи озмунҳои “Фуруғи субҳи донои китоб аст” ва дигар озмунҳоро ном бурдан мумкин аст, ки донишҷӯёни ДИТ дар ин озмунҳо  ва нишастҳои илмӣ  дар васфи Модар, Ватан, аз ояту ҳадисҳои Паймбар (с)” аз китобхона истифода мебаранд.

Намоиши асарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: Дар китобхонаи Донишкада дар гӯшае махсус намоиши асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври доимамалкунанда ташкил карда шудааст, ки аз асарҳо ва суханрониҳои Пешвои миллат иқтибосҳоро истифода бурдан мумкин аст.

Намоиши китобҳо ва хизматрасонӣ: То имрӯз китобхона 350 - нафар аъзои доимӣ дошта, дар  соли ҷорӣ 1900 - нафар аз захираи китобҳои мавҷуда истифода бурданд. Ҳамарӯза дар китобхона барои кӯмак ба ҷараёни таълим ва пешбурди кориҳо илмии устодони ДИТ нишондиҳандаҳои библиографӣ ва намоиши китобҳои нав амал менамояд. Афзун намудани номгӯи хадамоти китобхона, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ  дурнамои фаолияти китобхона мебошад. Инчунин ҳаминро бояд қайд намуд, ки китобхона дар ҳар як чорабиниҳои ҷашнӣ, идона ва дигар нишасту конфронсҳои сатҳи байнидонишкадавӣ, байналмиллалӣ ва ҷумҳуриявӣ вобаста ба мавзуъи чорабинӣ намоиши китобҳоро ташкил менамояд.


Таърихи пайдоиши китобхонаҳо дар Осиёи Миёна ва Закавказия: 

Омӯхтани  ин таърих ба давраи феодализм, давлатҳои Осиёи Миёна ва Кавказ ва баъдтар Руси Киевӣ рост меояд. Аввалин китобхонаҳо дар мамлакати мо дар асрҳои 4-7 дар Кавказ ва Осиёи Миёна пайдо шуданд. Аз қадим халқи Кавказу Осиёи Миёна аз ҷиҳати маданият бой буданд, ки ин дар ҳусни хат ва адабиёт таҷассум ёфтааст, ки дар қасрҳо ва китобхонаҳои мактабӣ дидан мумкин буд. Маълум  мешавад, ки  мактабҳои динӣ аз тарафи вакилони калисоҳо пеш аз ҳама  китобхонаҳои диниро ташкил кардан ин ки китобхонаҳои динии калисоӣ  дар  мамлакати Ориён (Арманиҳо)  пайдо шуда дар ихтиёри амалдорон ва маърифатчиёни ҳамон давра хизмат мекард, ки аз таърихчиёни бузурги Ориён, Тарабец калисоҳои бузурги хати ориёӣ амал мекард, ки дар ин хат ориёиҳо  китобҳои пурқимате доштанд.


      телефони боварии Китобхона - Шуъбаи илм: 224-20-55, нишонии e-mail: ilm@dit.tj

Воридшавӣ ба e-mail- и dit.tj



"ЗИ ГАҲВОРА ТО ГӮР ДОНИШ БИҶӮЙ!"






Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абӯҳанифа ©2018 - 2024. Ҳуқуқҳо ҳимоя карда шудаанд.