РЕКТОРИ ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ИМОМИ АЪЗАМ АБӮҲАНИФА
.
Зокирзода Нусратулло Мелик

Номзади илмҳои фалсафа
___________________________

Ҷашни мардумӣ ва миллии Наврӯз яке аз ҷашнҳои маъруф ва мондагори қавмҳои ориёинажод аст, ки таърихи тӯлонӣ дорад. Дар миёни ҷашнҳои миллӣ, Наврӯз аз лиҳози аҳамиятнокӣ ва анъанавӣ буданаш мавқеи муҳим дорад. Мутобиқи солшумории шамсӣ, Наврӯз ба таърихи 21-22 моҳи март рост меояд. Худ аз номаш маълум аст, ки наврӯз, яъне «рӯзи нав» мебошад, ки он ба рӯзи аввали сол рост меояд. Имрӯз Наврӯз ҳамчун рӯзи аввали соли миллӣ шинохта шудааст...Муфассал

Ҳар рӯз зи худ бипурс, агар ту мардӣ!? К-имрӯз чи хизмате ба мардум кардӣ?

Сарҳардшиканӣ

          Мардуми куҳани Тоҷикистон таърихи ҳазорсолаҳо дошта, аз замонҳои қадим дар Осиёи Миёна сукунат доранд ва соҳиби ин марзу бум буданд. Мардуми тоҷик аз замонҳои қадим нисбат ба ҳамсояҳо ва халқҳои дигар муносибатҳои хуби дӯстона доштанд. Хушбахтон, дар тӯли таърих халқи тоҷик ба хоки ягон давлату халқ таҷовуз накардааст. Аммо то қатраи охирини худ барои ҳимояи хоку ватан ва номус истодагарӣ намудааст. Имрӯз ҳам сиёсати давлати мо сиёсати дарҳои кушод аст, новобаста  аз миллатҳое, ки ба мо муносибатҳои гуногуни сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ва равобити дӯстона ва ҳусни тавофум доранд ба шарти он ки ин муносибатҳо беғаразона бошанд. Аз ин рӯ, мо ҷонибдори онем, ки сарварони ду давлати ҳамсоя дар сатҳи давлатӣ бо роҳи сиёсӣ аз рӯи адолат қазияро ҳал намуда, мардуми ҳамсарҳадро ба сулҳу салоҳ оранд.

       Пешвои миллат - Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳама вақт тарафдори сулҳу салоҳ ва оромии халқҳо мебошанд. Мардуми Тоҷикистону Узбекистон ва Қирғизистон тӯли садсолаҳо дар масири сулҳу бародарӣ қарор доранд. Худованди Таъоло барои ҳар давлат марзу бумашро дар мавридм  эҳтиром қарор додааст. Амеле ки қирғизҳо карда истодаанд, оқибат ба хубию меҳрубонӣ намебарад. Шумо ҳамчун мусалмон ҳудуди марзу бумӣ дигаронро  риоя кунед.

Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт,

Душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт.


Андешаи Шумо



Ҳамаи шарҳҳо


Ҳанӯз шаpҳе дар ин баҳс нест. Шумо аввалин ширкаткунанда хоҳед буд

Воридшавӣ ба e-mail- и dit.tj



"ЗИ ГАҲВОРА ТО ГӮР ДОНИШ БИҶӮЙ!"






Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абӯҳанифа ©2018 - 2024. Ҳуқуқҳо ҳимоя карда шудаанд.