РЕКТОРИ ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ИМОМИ АЪЗАМ АБӮҲАНИФА
.
Зокирзода Нусратулло Мелик

Номзади илмҳои фалсафа
___________________________

Ҷашни мардумӣ ва миллии Наврӯз яке аз ҷашнҳои маъруф ва мондагори қавмҳои ориёинажод аст, ки таърихи тӯлонӣ дорад. Дар миёни ҷашнҳои миллӣ, Наврӯз аз лиҳози аҳамиятнокӣ ва анъанавӣ буданаш мавқеи муҳим дорад. Мутобиқи солшумории шамсӣ, Наврӯз ба таърихи 21-22 моҳи март рост меояд. Худ аз номаш маълум аст, ки наврӯз, яъне «рӯзи нав» мебошад, ки он ба рӯзи аввали сол рост меояд. Имрӯз Наврӯз ҳамчун рӯзи аввали соли миллӣ шинохта шудааст...Муфассал

Ҳар рӯз зи худ бипурс, агар ту мардӣ!? К-имрӯз чи хизмате ба мардум кардӣ?

Халқи тоҷик аз қадим сулҳпарвар буд

          Миллати тоҷик аз ќадимулайём сулҳпарвар, бофарњанг ва мењмондўст буд. Ин воќеањое, ки дар марзи Тољикистону Ќирѓизистон ба вуќуъ омаданд, дасти душманони миллати тољик аст, ки дустии моро бо ин давлати њамсояамон мехоњанд барњам зананд. Бояд ќайд кард, ки мо бо ин давлати њамсоя созишномаи байнидавлатї дорем. Ањд бастаем, бояд бо ин ањди худ вафо кунем. Ќобили ќайд аст, ки дар љумњирии мо ноњияи ќирѓизнишине бо номи Лахш мављуд аст, ки мо нисбати онњо эњтиром ва пайванди дустиву хешутаборї дорем.

          Мо бар он ақидаем, ки ҳамеша  муносибати мо бо ин ҷумҳурии ҳамсоя хуб бошад ва дар ин кор кўшиш ба харҷ мебарем, ки барои воқеан ҳам хуб шудани  муносибатҳо саҳми худро гузорем. Ҷоиз аст илова намоем, ки Тоҷикистон ҷумҳурие мебошад, ки доимо  дарҳои он аз чорсу барои  ҳамсояҳои худ боз аст. Зеро ин гуфтаҳо ҳамеша  такрор ба такрор  дар суханрониҳои асосгузори сулҳу ваҳдат, пешвои миллат, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмон иброз  гардидаанд.    

            Ин аввалин бор нест, ки чунин иѓвогарињо сар мезананд. Аз ин рӯ ин ду миллатро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, бо суханони иғвоангези душманон гуш надиҳанд. Мо бо умеди калон гуфта метавонем, ки сиёсатмадорони бо фарњанги ин ду давлат барои эътидол гаштан ва мустањкам кардани дўстиву бародарї кўшиш ба харљ медињанд.

Омўзгорони кафедраи илмњои табиї ва иттилоотї: Асоев М., Назмишоев С. 08.10.2019


Андешаи Шумо



Ҳамаи шарҳҳо


Ҳанӯз шаpҳе дар ин баҳс нест. Шумо аввалин ширкаткунанда хоҳед буд

Воридшавӣ ба e-mail- и dit.tj



"ЗИ ГАҲВОРА ТО ГӮР ДОНИШ БИҶӮЙ!"






Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абӯҳанифа ©2018 - 2024. Ҳуқуқҳо ҳимоя карда шудаанд.