РЕКТОРИ ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ИМОМИ АЪЗАМ АБӮҲАНИФА
.
Зокирзода Нусратулло Мелик

Номзади илмҳои фалсафа
___________________________

Ҷашни мардумӣ ва миллии Наврӯз яке аз ҷашнҳои маъруф ва мондагори қавмҳои ориёинажод аст, ки таърихи тӯлонӣ дорад. Дар миёни ҷашнҳои миллӣ, Наврӯз аз лиҳози аҳамиятнокӣ ва анъанавӣ буданаш мавқеи муҳим дорад. Мутобиқи солшумории шамсӣ, Наврӯз ба таърихи 21-22 моҳи март рост меояд. Худ аз номаш маълум аст, ки наврӯз, яъне «рӯзи нав» мебошад, ки он ба рӯзи аввали сол рост меояд. Имрӯз Наврӯз ҳамчун рӯзи аввали соли миллӣ шинохта шудааст...Муфассал

Ҳар рӯз зи худ бипурс, агар ту мардӣ!? К-имрӯз чи хизмате ба мардум кардӣ?

Найрангҳои Кабирӣ ва ҳампаймонҳои ӯ

         Тавре ба њамагон маълум аст, њамасола моњи сентябр дар шањри Варшаваи  Лањистон аз тарафи САЊА конфронси байналмилалї баргузор мегардад, ки дар он намояндагони давлатњо, мухолифин ва љомеаи шањрвандї иштирок мекунанд. Кабирї бо њампаймонњои худ дар чунин љаласањо баромад карда, мехоњанд худро бегуноњ нишон дињанд. Онњо тибќи одати пешини худ ба кишвари азизамон Тољикистон санги маломат партофта, боре њам аз дастовардњо ва пешравињои Тољикистон њарфе намегўянд. Онњо фаромўш кардаанд, ки имрўзњо њазорњо сайёњони хориљї омада аз Љумњурии Тољикистон дидан мекунанду бо таассуроти хубе ба ватанашон бармегарданд. Инсони комил бояд аз зањмату хидматњои шахсиятњое, ки барои љомеаи худ анљом додаанд ёдовар шаваду ќадршиносї кунад. Инљо саволе ба миён меояд, ки чаро хориљињо дастовардњои замони истиќлолияти Тољикистонро эътироф мекунанд, аммо Кабирї ва њамаслаконаш не?

         Зеро онњо курдил, ношукр ва нољавонмард њастанд, ки боре њам аз як дастоварди миллати тољик ёдовар намешаванд. Онњо худро дар назди хољагони хориљии худ дар Аврупо тарзе вонамуд месозанд, ки гўё  танњо онњо барои миллат хидмат карда бошанд. Мардуми шарифи Тољикистон ва љомеаи љањонї хуб дарк кардааст, ки ягона нафаре, ки бо нияти поку  хидматњои шабонарўзии худ Тољикистонро аз вартаи њалокату нобудшавї рањо бахшид, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муњтарам Эмомалї Рањмон аст.

              Дар марҳилаи ҳозира маводњои паҳнкардаи душманони миллат тавассути шабакањои иљтимої нишон медиҳад, ки ҳадафи онҳо барангехтани ҳисси нобоварӣ нисбат ба давлату ҳукумат ва тафриқаандозӣ миёни афроди љомеа аст. Вагарна бо чӣ сабаб аз ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣҷтимоии Ватан канорҷӯӣ мекунанду монанди аксари шаҳрвандони мамлакат дар пешрафти кишвари худ ширкат намеварзанд. Бояд ќайд намуд, ки Пешвои миллат замоне ба сари қудрат омаданд, ки фазои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии ин сарзамин фалаҷ гардида, ҳокимияти давлатӣ мутлақо аз байн рафта ва љанги хонамонсўзї тањмилии шањрвандї љомеаро фаро гирифта буд. Ҷавони кордону ботадбир, дурандешу хирадманд дар як муддати кӯтоҳ тавонист, ҷангро ба сулҳ ва харобазорро ба гулистон табдил диҳад. Пешвои муаззами миллат дар зарфи 28 соли соҳибистиқлолӣ шароити хубу арзандаро барои мардуми шарафманди тоҷик муҳаё сохтанд ва ҳамин аст, ки имрӯз шаҳрвандони кишвар бо шукургузорӣ аз оромиву осудагӣ ва тинҷию амонӣ дар фазои ваҳдату якдилӣ умр ба сар бурда, баҳри пешрафти босубботи ояндаи кишвар азму талош мекунанд.

             Агарчи хидматњои бузурги ин ќањрамони воќеии миллати тољик дар назари Кабирињо барин хоинони миллат наметобад, миллионњо нафар фарзандони ин миллат зањматњои Пешвои миллати худро ќадр мекунанд. Шукрона мекунанд, ки Худованд барои миллат тољик чунин рањбари дилсуз, љавонмард, ободкор, вањдатофар ва ѓамхори халќу Ватан насиб гардонид.

            Фаромўш набояд кард, ки имрўзњо тавассути ВАО метавон дид, ки миллионњо мардуми мусулмони кишварњои Ироќ, Сурия, Яман, Либия ва ѓайра, ки шањру дењоташон аз тарафи гурўњњои ифртгарои динї ишѓол шудааст, чун пеш- пеши сели оташ ва ё чун пеш- пеши бемории марговари вабо гурўњ- гурўњ молу мулк ва хонаву кишварњои худро тарк карда, худро ба бањру дарёњо мезананд ва ба сўи Аврупо мегурезанд, то аз дасти амалњои золимона ва дањшатбори ифротгароёни динї наљот ёбанд. Дар кишварњои мазкур њазорњо нафар одамон аз дасти террористону ифротгароён куштаву дањњо миллион нафар бехонаву љой мондаанд.

             Ба қадри неъмате чун истиқлолият, сулњу осоиштагї ва давлатдории миллӣ расидан ва арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намудан, вазифаи њар як фарди ватадўсту ватанпарвар ва инсони комил мебошад. Дар акси ҳол, надонистани сарнавишти таърихии миллати худ, фориғболию бехабарӣ ва носипосӣ нисбати мероси маънавӣ- фарҳангии он шахсро бо инкори ҳакикати гузашта, ќадр накардани қимати дастовардҳои истиқлолияти миллӣ оварда мерасонад.

              Паймоне, ки аз тарафи мухолифони давлат дар хориља баста шудааст, паймони миллї не, балки паймони иѓвогарї, мардумфиребї, низоангезї ва ба ифротгарої љалб намудани мардум мебошад. Барои њар як љавони оќил лозим аст, ки аз ин гуна афрод дурї љуста, фирефтаи чунин афроди иѓвогару ифротгаро нагарданд.

 Омўзгори кафедраи таъриху диншиносии ДИТ  Матинов Х. 


Андешаи Шумо



Ҳамаи шарҳҳо


Ҳанӯз шаpҳе дар ин баҳс нест. Шумо аввалин ширкаткунанда хоҳед буд

Воридшавӣ ба e-mail- и dit.tj



"ЗИ ГАҲВОРА ТО ГӮР ДОНИШ БИҶӮЙ!"






Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абӯҳанифа ©2018 - 2024. Ҳуқуқҳо ҳимоя карда шудаанд.