РЕКТОРИ ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ИМОМИ АЪЗАМ АБӮҲАНИФА
.
Зокирзода Нусратулло Мелик

Номзади илмҳои фалсафа
___________________________

Ҷашни мардумӣ ва миллии Наврӯз яке аз ҷашнҳои маъруф ва мондагори қавмҳои ориёинажод аст, ки таърихи тӯлонӣ дорад. Дар миёни ҷашнҳои миллӣ, Наврӯз аз лиҳози аҳамиятнокӣ ва анъанавӣ буданаш мавқеи муҳим дорад. Мутобиқи солшумории шамсӣ, Наврӯз ба таърихи 21-22 моҳи март рост меояд. Худ аз номаш маълум аст, ки наврӯз, яъне «рӯзи нав» мебошад, ки он ба рӯзи аввали сол рост меояд. Имрӯз Наврӯз ҳамчун рӯзи аввали соли миллӣ шинохта шудааст...Муфассал

Ҳар рӯз зи худ бипурс, агар ту мардӣ!? К-имрӯз чи хизмате ба мардум кардӣ?

Собиқ ҲНИ-ташкилоти тероррористи экстримист хадамоти махсуси ҷосус аз тарафи давлати исломӣ, ҳамзабон ва ҳамдин ба тоҷикистониён маълум мебошад.

Касе, ки ба “иштибоҳ” роҳ додааст башида мешавад!     

Аммо касе ки “хиёнат” кардааст дар ду ҷаҳон бахшидани нест!

         Собиқ ҲНИ-ташкилоти тероррористи экстримист хадамоти махсуси ҷосус аз тарафи давлати исломӣ, ҳамзабон ва ҳамдин ба тоҷикистониён маълум манбаҳои иттилоотрасонро бо пайванди (ссылка)-и akhbor.com, www.isloh.net nahzat.org ба худ дорост, ки бо хабарҳои бардурӯғ ба сари миллати тоҷик бало оварда истодааст. Ҳамзамон дар баробари манбаҳои иттилоотрасон ба ҳамагон маълум дар шабакаи интернет, дар ватани мо шахсиятҳое низ умр ба сар мебаранд, ки ба “хиёнат” дода шуда, ҳар як вақту дақиқаю сония ба душманони Тоҷикистон дар бораи ин ва ё он масъалаи пешомада таввасути телефони мобилӣ ба воситаи барномаҳои хабардиҳанда иттилоъ равона месозанд. Агар саркардагони ташкилотҳои хоини миллати тоҷик ТТЭ ҲНИ, Гуруҳи-24, Паймони миллӣ ва ғайраҳо дар ин бозии сиёсӣ ва мансабталабию ба даст овардани ҷоҳ, иҷрои супоришҳои хоҷагони худро ба мисли “гург” иҷро карда истода бошад, пас панҷ – даҳ нохалафе, ки дар ҳар як идораю корхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият карда, нону намаки ҳамин сарзаминро мехӯранд ва ба саркардагони худ ба Аврупо ва дигар мамлакатҳои супоришдиҳанда - сарпарастони худ ахбороти ба онҳо лозимаро мефиристанд, “шағол” - ро мемонанд. Сад афсӯс, ки чунин шаҳрвандон умри ҷавони худро ба “хиёнат ба ватану миллат” мегузаронанд.

        Аммо  мо миллати тоҷик дар тарсу ҳарос нестем, зеро мақомоти қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон, КДАМ, ВКД, Прокуратураи Гунералӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар пайгири чунин афрод буда, дер ва ё зуд парда аз рӯи аъмоли нопоки чунин афрод, чун дигар хоинону нохалафон бардошта мешавад. Аъмоли чунин афроди пастсиратро агар қисса намоем, ҷузъу томҳои зиёде, вале агар филмсозӣ намоем силсилафилмҳои дарозе ба даст хоҳем овард, ки ба наҷоти насли ояндаи халқу миллат ба кор хоҳад омад.

     Дар филми ҳуҷҷатии «Хиёнат» доир ба амалу кирдорҳои нангини хоинони миллат, бахусус роҳбарият ва аъзои ташкилоти террористию экстремистии дар Тоҷикистон мамнӯи Ҳизби наҳзати исломӣ, ҳоло номи худро дигаргун намуда, тайи солҳои соҳибистиқлолӣ ба хотири ба даст овардани манфиатҳои шахсию гурӯҳӣ, бо дастгирии хоҷагони хориҷии хеш, бар зидди давлату миллати тоҷик амалҳои ноҷо анҷом додаанд, ва то ҳол амалҳои ғайриқонунӣ иҷро карда истодаанд, ҳикоят мекунад.

        Дидани манзараҳои ваҳшатангез, террори чеҳраҳои сиёсӣ, фарҳангӣ ва илмии тоҷик, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ, гарвгонгирӣ ва харобу валангор намудани манзилҳои зисти сокинони минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ, ки тайи солҳои ба онҳо манфиатовари 90-ум наҳзатиҳо анҷом доданд, дар зеҳни ҳар бинанда андешаи онро ки «тоҷик ба чунин вахшиёнат қодир нест, магар инони ақли худро ба дасти бегонагон дода бошад» бедор мекунад. Бо доштани чунин собиқаи талх ва шум имрӯз ҳам иддае дар шакли гурӯҳҳакҳои ба ном мухолиф пойгаҳи дари аҷнабиёнро манзил карда, аз худ инсондӯст, ҳомии ҳуқуқи инсон метарошанд ва дубора мехоҳанд саҳнаҳои мудҳиши таърихиро дар Тоҷикистони соҳибистиқлол такрор кунанд. Дар филми мазкур далелҳои шайъӣ ва мусоҳибаҳои шоҳидони амалҳои ифротгароиву террористии ин афроди фурӯхташуда нишон дода мешаванд. Хулосаи калом чи тавре, ки дар боло гуфта гузаштем, амалҳои ин шахсиятҳо нобахшиданист.

Муаллими Кафедраи фалсафа ва илмҳои ҷамъиятшиносии ДИТ Шоев А.


Андешаи Шумо



Ҳамаи шарҳҳо


Ҳанӯз шаpҳе дар ин баҳс нест. Шумо аввалин ширкаткунанда хоҳед буд

Воридшавӣ ба e-mail- и dit.tj



"ЗИ ГАҲВОРА ТО ГӮР ДОНИШ БИҶӮЙ!"






Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абӯҳанифа ©2018 - 2024. Ҳуқуқҳо ҳимоя карда шудаанд.