РЕКТОРИ ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ИМОМИ АЪЗАМ АБӮҲАНИФА
.
Зокирзода Нусратулло Мелик

Номзади илмҳои фалсафа
___________________________

Ҷашни мардумӣ ва миллии Наврӯз яке аз ҷашнҳои маъруф ва мондагори қавмҳои ориёинажод аст, ки таърихи тӯлонӣ дорад. Дар миёни ҷашнҳои миллӣ, Наврӯз аз лиҳози аҳамиятнокӣ ва анъанавӣ буданаш мавқеи муҳим дорад. Мутобиқи солшумории шамсӣ, Наврӯз ба таърихи 21-22 моҳи март рост меояд. Худ аз номаш маълум аст, ки наврӯз, яъне «рӯзи нав» мебошад, ки он ба рӯзи аввали сол рост меояд. Имрӯз Наврӯз ҳамчун рӯзи аввали соли миллӣ шинохта шудааст...Муфассал

Ҳар рӯз зи худ бипурс, агар ту мардӣ!? К-имрӯз чи хизмате ба мардум кардӣ?

Кафедраи Педагогика ва мероси ниёгони Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам


Мудири кафедра: Табаров Н. С.

Таърих ва мудирияти кафедра: кафедраи Педагогика ва мероси ниёгон яке аз кафедраҳои тахассусии факултети Улуми исломӣ ба ҳисоб меравад, ки зимни фаъолияти кории худ дар ташкили корҳои илмӣ, таълимӣ, методӣ ва тарбиявӣ саҳми босазои худро гузошта истодааст.

     Бояд зикр намуд, ки кафедра дар гузашта, яъне соли 2008 кафедраи Психология, педагогика, илмҳои табии ва иттилоотӣ ном гирифта буд. Аз соли 2011 то соли 2012 вазифаи мудирии кафедраро Абдухонов Ф. ба уҳда дошт. Соли 2012 мудири кафедраи мазкурро н.и.и., дотсент Раҳимов Р..Ҳ. ба зима гирифт. Мудири кафедра, муаллими калон  - Умаров Искандаршо Музаффарович солҳои 2013 - 2014 буд. 

     Бо қарори Шурои олимони муассиса аз 24.06.2021, таҳти рақами №07, дар натиҷаи тағйир ёфтани ном, кафедраи Педагогика ва мероси ниёгон таъсис дода шуд.

Омузгорони кафедра: Шумораи кормандони кафедра алъон 7 нафар буда, аз онҳо 4 нафар номзадҳои илм ва 3 нафар ба кори илмӣ машғул мебошанд.

Фанҳои таълимии кафедра: Дар кафедра аз 17 фанни таълимӣ ба шогирдон дарс гуфта мешавад:

  1. Педагогика.
  2. Психология.
  3. Методикаи таълилими матни классикӣ.
  4. Анвои хат ва хаттотӣ.
  5. Таърихи хат ва алифбо.
  6. Принсипи омода кардани матни илмӣ - интиқодӣ.
  7. Таърихи хати арабиасоси форсӣ.
  8. Методикаи таълилими мероси хаттӣ.
  9. Шинохт ва тавсифи дастнависӣ.
  10.  Матншиносӣ ва таҳлили филологии матн.
  11. Таърихи чопи осори мактуб.
  12. Таърихи тарҷума ва баргардонии осор.
  13. Осори мактуб асрҳои X - XIX.
  14. Навъи хати классикӣ ва хушнависӣ (калиграфия).
  15. Хат ва имлои матни классикӣ.
  16. Таҳлили мутутни классикӣ.
  17. Матни классикӣ.

Маҳфил дар кафедра: Дар назди кафедра маҳфили илмии донишҷӯён бо номи “Педагогони ҷавон” фаъолият дорад, ки роҳбарии онро устоди кафедра Абдулҳаев З. ба уҳда дорад. Маҳфили илмии донишҷӯён қариб ҳар моҳ маҳфилҳои худро тибқи нақша чорабинии таҳиягардида дар мавзуъҳои мухталиф ва актуалӣ мунтазам гузаронида истодааст.

      Бо эътимода ва боварӣ гуфта метавон, ки кафедраи педагогика ва мероси ниёгон дар оянда низ барои пешбурди таълиму тарбия ва тайёр намудани шогирдон ба фаъолияти меҳнативу эҷодӣ саҳми бозасо мегузорад.

Дастовардҳои кафедра: Устодону кормандони кафедра, айни замон, дар баробари таълиму тарбияи донишҷӯён, ба навиштану чопи як қатор китобҳои дарсӣ, монографияҳо, мақолаҳои илмӣ, илмӣ-оммавӣ ва дастуроти методӣ-таълимӣ машғул мебошанд. То кунун аз ҷониби устодони кафедра 2 монография, зиёда аз 10 дастуру барномаҳои таълимӣ ва зиёда 90 мақолаҳои илмӣ ва илмии сатҳи КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таълиф гардида, чоп шудаанд.

Воридшавӣ ба e-mail- и dit.tj



"ЗИ ГАҲВОРА ТО ГӮР ДОНИШ БИҶӮЙ!"






Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абӯҳанифа ©2018 - 2024. Ҳуқуқҳо ҳимоя карда шудаанд.