РЕКТОРИ ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ИМОМИ АЪЗАМ АБӮҲАНИФА
.
АСОМУДДИНЗОДА ТОҶИДДИН ИСЛОМИДДИН

Номзади илмҳои фалсафа
___________________________

Муассисаи таълимии давлатии Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит дар қатори дигар муассисаҳои таълимии олии кишвар ба тарбияи мутахассисони лаёқатманд машғул мебошад. Дар ин муассисаи таълимӣ бо дастгириҳои Ҳукумати мамлакат шароити хуби таълим фароҳам шуда, дар ихтисосҳои диншиносӣ ва забономӯзӣ мутахассисони шоиста тарбият мегиранд....Муфассалтар

Ҳар рӯз зи худ бипурс, агар ту мардӣ!? К-имрӯз чи хизмате ба мардум кардӣ?

Ба номи Худованди ҷону хирад,   К-азин бартар андеша бар нагзарад.

Илмомӯзӣ ва соҳиби касбу ҳунар шудан дар миёни пайравони ҳамаи динҳо ва ҳамаи фарҳангҳо ҷойгоҳи барҷаста дорад ва ҳамаи қавму миллатҳо нисбати он арзиши баланд қоил шуда, пешрафт дар фарогирии илмро ифтихор медонанд. Аммо бояд таъкид намуд, ки бе шубҳа дини мубини ислом дар миёни динҳо беш аз ҳама ба масъалаи илмомӯзӣ таъкид намудаасит, то ҷое, ки аввали ҷумлаии китоби осмонӣ – яъне Қуръони карим – бо дастури “Бихон” омадааст. Даҳҳо ояти Қуръони карим ва садҳо ҳадис дар фазилати иломомӯзиву доноӣ ва мазаммати ҷаҳлу нодонӣ омадааст. Ҳамчунин дар фарҳангу адаби пурғановати миллати тоҷик ба ин масъала аҳамияти баланд дода шуда, осори ҳакимони миллати мо саршор аз тавсифу таърифи илму маърифат ва фарогирии он ва накӯҳиши нодониву танбалӣ мебошад. Аз “Дониш андар дил чароғи равшан аст, В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст”-и устод Рӯдакӣ то “Бояд аз рӯз ба рӯз боз ҳам бихраду солор шавем. Бояд аз рӯзи наве, Боз гирем ба дил сози наву сӯзи наве, На чу дирӯза ба як қоида такрор шавем”-и устод Лоиқ Шералӣ ҳама осори бузургони миллат моро ба донишомӯзиву хирадманд шудан даъват мекунанд ва хушбахтиву комёбиро дар донишу хирад мебинанд.

Имрӯз хушбахтона вориси шоистаи бузургони гузашта, Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи таълиму тарбия дар кишвари азизамон таваҷҷӯҳи хосса зоҳир намуда, ҳамеша барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим таъкид мекунанд: “Моро зарур аст, ки боз ҳам зиёдтар заҳмат кашида, ба масъалаи таълиму тарбия афзалияти бештар диҳем, сатҳу сифати таълимро дар ҳамаи зинаҳо беҳтар кунем, барои таҳсилоти босифат аз тамоми имконот истифода карда, заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимиро таҳким бахшем ва самарабахшии фаъолияти онҳоро таъмин намоем.” (Аз Паёми Пешвои миллат, ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22.12.2017)

Муассисаи таълимии давлатии Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит дар қатори дигар муассисаҳои таълимии олии кишвар ба тарбияи мутахассисони лаёқатманд машғул мебошад. Дар ин муассисаи таълимӣ бо дастгириҳои Ҳукумати мамлакат шароити хуби таълим фароҳам шуда, дар ихтисосҳои диншиносӣ ва забономӯзӣ мутахассисони шоиста тарбият мегиранд.

Биёед дар оғуши ин боргоҳи илму маърифат ба омӯзиши илму ҳунар бипардозед ва гомҳои устувори худро дар ҷодаи пурифтихори донишу хирад бардоред.

Воридшавӣ ба e-mail- и dit.tj



"ЗИ ГАҲВОРА ТО ГӮР ДОНИШ БИОМӮЗ!"






Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абӯҳанифа ©2018. Ҳуқуқҳо ҳимоя карда шудаанд.