Санаи 14-уми ноябри соли 2025 дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам – Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит мулоқоти ректори Донишкада муҳтарам Аҳтамзода Абдуалим Аҳтам бо иштироки васеи омӯзгорону донишҷӯён доир гардид.
Дар мулоқот вазъи таълиму тарбия мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Муҳтарам Аҳтамзода А. А. ба масъулин дастур доданд, ки барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, илм ва тарбия намудани донишҷӯён дар рӯҳияи ватандӯстӣ, инсондустӣ ва баланд бардоштани ҳисси худшиносию худогоҳии миллӣ пайваста талош намоянд. Дар мулоқот таъкид гардид, ки вобаста ба масъалаи пешгирии ҷавонон аз амалҳои номатлуби ифротгароию хурофотпарастӣ, таълимоти динии ғайри расмӣ бетаваҷҷуҳ набошанд ва аз тамошои наворҳои хусусияти ифротгарои дошта худдорӣ намоянд.