РЕКТОРИ ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ИМОМИ АЪЗАМ АБӮҲАНИФА
.
Зокирзода Нусратулло Мелик

Номзади илмҳои фалсафа
___________________________

Ҷашни мардумӣ ва миллии Наврӯз яке аз ҷашнҳои маъруф ва мондагори қавмҳои ориёинажод аст, ки таърихи тӯлонӣ дорад. Дар миёни ҷашнҳои миллӣ, Наврӯз аз лиҳози аҳамиятнокӣ ва анъанавӣ буданаш мавқеи муҳим дорад. Мутобиқи солшумории шамсӣ, Наврӯз ба таърихи 21-22 моҳи март рост меояд. Худ аз номаш маълум аст, ки наврӯз, яъне «рӯзи нав» мебошад, ки он ба рӯзи аввали сол рост меояд. Имрӯз Наврӯз ҳамчун рӯзи аввали соли миллӣ шинохта шудааст...Муфассал

Ҳар рӯз зи худ бипурс, агар ту мардӣ!? К-имрӯз чи хизмате ба мардум кардӣ?

Дӯст доштани ватан ва ҳимояи он

      Дўст доштани ватан ва њимояи он бар њар як сокини кишвар ќарзи имонї ва шањрвандї мебошад, чунки дўст доштани ватан аз гўшаи имондорї буда, яке аз таълимоти муњими Паёмбар (с) мањсуб мешавад. Абдуллоњ ибни Абос ривоят мекунад, ки Паёмбар (с)  њангоми њиљрат ба сўйи Мадина хитоб ба сўйи Макка намуда,  (ки зодгоњаш буд) фармуд:  «Эй Макка чи ватани хушбўй ва дўстоштание њастї барои ман... » ривояти имом Тирмизї.

     Албатта агар Расули Худо (с) ватани худро дўст намедошт, њаргиз чунин суханеро намегуфт ва њар инсони оќилу бофањме дар ин гуфтори Паёмбар (с) назар кунад, дар он муњаббати ватанро дар бењтарин ва зеботарин алфоз дарк хоњад кард ва аз љумлаи њуќуки мусулмонї ин аст, ки дар њар минтаќа ва сарзамине, ки бошад муњаббати ватанро дар ќалби худ дошта бошад ва набояд барои тафриќа ва људоию фитна андохтани ватани худ саъю талош намояд, зеро ин хиёнат ба ватан ва миллати худ аст.

     Инчунин њифзу њимояи ватан дар дини мубини ислом љойгоњи хоссае дорад, зеро ки  Худованди таоло мусулмононро ба њифзи марзу буми ватани худ амр кардааст. Њар яки моро лозим аст, ки нигањбони сулњу субот, тинљиву оромии ватани хеш бошем.   Дар хабар омадааст: Фариштагон се овозро бо шитоб ба осмон мебаранд: Аз он љумла: овози ќадами марзбонон (чун дар гармову сармо ватани худро аз душманон њифз мекунанд). Пас дустї ва иттифоќу бародарї дар ватани азизи мо ин пойбанд  ва пайрави воќеї будан ба мазњаби имоми Аъзам  Абўњанифа мебошад.

    Хулоса ба мо мардуми мусулмони кишвар зарур аст, ки аз манфиатҳои Тољикистон ва ќонуну ќонунгузорињои Давлату Њукумат ва миллати тољик дину мазњаби он дифоъ намуда, бањри њимояи ватани азизамон камари њиммат бандем ва нагузорем, ки хоинону душманони миллати тољик алайњи Давлату Њукумати мамлакат дасисањо ва туњмату буњтонњои дигари худро раво бинанд. Њифзи ватан таъмини суботу оромї, њимояи марзу бум ва сокинони он, вазифаи муќаддаси њар як шањрванди баору номуси миллати тољик мебошад.

             Устодони кафедри улуми Ќуръон ва њадис  Гулов И, Рањимов У 08-10-19.


Андешаи Шумо



Ҳамаи шарҳҳо


Ҳанӯз шаpҳе дар ин баҳс нест. Шумо аввалин ширкаткунанда хоҳед буд

Воридшавӣ ба e-mail- и dit.tj



"ЗИ ГАҲВОРА ТО ГӮР ДОНИШ БИҶӮЙ!"






Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абӯҳанифа ©2018 - 2024. Ҳуқуқҳо ҳимоя карда шудаанд.