РЕКТОРИ ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ИМОМИ АЪЗАМ АБӮҲАНИФА
.
Зокирзода Нусратулло МеликНомзади илмҳои фалсафа___________________________
Ҷашни мардумӣ ва миллии Наврӯз яке аз ҷашнҳои маъруф ва мондагори қавмҳои ориёинажод аст, ки таърихи тӯлонӣ дорад. Дар миёни ҷашнҳои миллӣ, Наврӯз аз лиҳози аҳамиятнокӣ ва анъанавӣ буданаш мавқеи муҳим дорад. Мутобиқи солшумории шамсӣ, Наврӯз ба таърихи 21-22 моҳи март рост меояд. Худ аз номаш маълум аст, ки наврӯз, яъне «рӯзи нав» мебошад, ки он ба рӯзи аввали сол рост меояд. Имрӯз Наврӯз ҳамчун рӯзи аввали соли миллӣ шинохта шудааст...Муфассал
Кафедраи улуми Қуръони Донишкадаи исломии Тоҷикистон
ба номи Имоми Аъзам - Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит
Кафедраи улуми Қуръон аз замони ташкилёбии Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми аъзам-Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит кору фаъолият мекунад. Самти фаъолияти кафедра таълим додани донишҷуён ба хониши Қуръони Карим, таҷвид, тафсир ва дигар илмҳои вобаста ба азхудкунии Қуръони Каримро дар бар мегирад.
Кафедра дар навбати худ дар асоси Низомнома, Стандартҳои давлатии таълимӣ ва дигар санадҳои меъёри ҳуқуқӣ фаъолият мекунад. Кафедраи улуми Қуръон яке аз кафедраҳои тахассусии Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми аъзам-Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит ба ҳисоб рафта, аз рӯи ихтисосӣ 1-21 01 01 03 (улуми Қуръон) бо касби Омӯзгори улуми Қуръон ва Имомхатиб кадрҳо тайёр менамояд.
Кафедра яке аз зертобеъи факултаи улуми Исломӣ буда, дар кафедра 11 устод ба донишҷуён аз рӯи фанҳои “Таҷвид ва қироати Қуръон”, “Таърихи Қуръон”, “Таърихи қироатҳои Қуръон”, “Тафсир”, Улуми Қуръон”, “Хати усмонӣ ва аломатгӯзорӣ дар Қуръон”, “Эъҷози Қуръон”, “Фосилаҳои оёти Қуръон” ва “Усули тафсир ва маноҳиҷи муфассирин” дарс мегӯянд.
Дастовардҳои кафедра дар он дида мешавад, ки ҳамасола аз тарафи кафедра озмуни дохилидонишкадавии “Қории Қуръон" Ташкил карда шуда завқи толибилмонро баланд мебардоранд.
Дар кафедра аз тарафи устодон дар баробари таълим ба донишҷӯён дастовардҳои дигар, бо навиштани китобҳои таълимӣ, мақолаву вокунишҳо дар мавзуъҳои гуногуни воқеаҳои имрӯз дида мешаванд.
Воридшавӣ ба e-mail- и dit.tj
"ЗИ ГАҲВОРА ТО ГӮР ДОНИШ БИҶӮЙ!"
Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абӯҳанифа ©2018 - 2024. Ҳуқуқҳо ҳимоя карда шудаанд.