РЕКТОРИ ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ИМОМИ АЪЗАМ АБӮҲАНИФА
.
Зокирзода Нусратулло МеликНомзади илмҳои фалсафа___________________________
Ҷашни мардумӣ ва миллии Наврӯз яке аз ҷашнҳои маъруф ва мондагори қавмҳои ориёинажод аст, ки таърихи тӯлонӣ дорад. Дар миёни ҷашнҳои миллӣ, Наврӯз аз лиҳози аҳамиятнокӣ ва анъанавӣ буданаш мавқеи муҳим дорад. Мутобиқи солшумории шамсӣ, Наврӯз ба таърихи 21-22 моҳи март рост меояд. Худ аз номаш маълум аст, ки наврӯз, яъне «рӯзи нав» мебошад, ки он ба рӯзи аввали сол рост меояд. Имрӯз Наврӯз ҳамчун рӯзи аввали соли миллӣ шинохта шудааст...Муфассал
Роҳбарияти Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит
Роҳбарияти Донишкада кӯшиш дорад, ки мутахассисон ва мударрисони ҷавони лаёқатманду боистеъдодро барои идомаи таҳсил ва такмили маълумоти илмиву тахассусӣ ба дигар пажӯҳишгоҳҳои илмию тадқиқотии Тоҷикистон ва берун аз он фиристад, то онҳо тавонанд дараҷаи тахассусии худро баланд бардошта, сазовори унвону дараҷаҳои илмӣ гардида ба халқу Ватан хизмат намоянд. ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи ректори Донишкадаи исломии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: Зокирзода Нусратулло Мелик ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит таъин карда шавад. Ректори донишкада: н.и.ф., Зокирзода Нусратулло Мелик Номзади илмҳои фалсафа, Зокирзода Н.М. солҳои 1993 - 2000 ба ҳайси ходими хурди илмии сектори сиёсатшиносӣ, фарҳангшиносӣ ва муносибатҳои байнидавлатии шуъбаи «Кишварҳои араб» - и Институти иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва муносибатҳои байналхалқии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2000 - 2017 ходими илмӣ ва ходими калони илмии шуъбаи омӯзиши масъалаҳои фалсафии дини Институти фалсафа, сиёатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, солҳои 2017 - 2019 котиби илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ ва солҳои 2019 - 2021 мудири Кафедраи фалсафаи назди Раёсати АМИТ фаъолият намудааст. Муаллифи 2 монография бо номи «Реформаторская концепция Ахмада Дониша» («Консепсияи ислоҳотии Аҳмади Дониш») (2018), «Истиқлоли сиёсӣ ва рушди давлатдории миллӣ» (2023) ва зиёда аз 40 мақолаи илмӣ мебошад. Инчунин дар таҳрир ва таҳияи асарҳои «Тибби мансури» - и Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ (2016) ва «Мақосид-ул-фалосифа» - и Абу Ҳомид Муҳаммад Ғаззолӣ (2019) саҳми худро гузоштааст. Ҳамзамон дар давоми солҳои 2017 - 2019 ба ҳайси котиби масъули маҷаллаи илмӣ - таҳлилии «Ахбор»-и ИФСҲ ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ фаъолият намудааст. Зокирзода Нусратулло Мелик – Ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит аз 5 марти соли 2021 то ҳол. Ректорони донишкада дар солҳои қаблӣ: Солҳои 2015-2021: Асомуддинзода Тоҷиддин Исломиддин Солҳои 2012-2015: Давлатов Сулаймон Пирхонович. Солҳои 2010 - 2012: Назаров Умаралӣ Сангович. Солҳои 2007 - 2010: Ализода Абдуҷалоли Давлат. |
Ноиби ректор оид ба таълим: д.и.т., Қурбонов Баҳром
Ноибони ректор оид ба таълим дар солҳои қаблӣ:
Солҳои 2010-2023: Сафаров Лутфулло Абдусаломович
Ноиби ректор оид ба илм: н.и.ф., Сафаров Лутфулло Абдусаломович
Сафаров Лутфулло Абдусаломович 27 июли соли 1967 дар вилояти Хатлон, оилаи коргар ба дунё омадааст. Миллаташ тоҷик, оиладор аст. Бо забонҳои русӣ ва арабӣ сухан мегӯяд. Баъд аз хатми мактаби таҳсилоти миёна солҳои 1996-2002 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳсил намудааст. Мавсуф баъд аз гирифтани маълумоти олӣ дар вазифаҳои гуногуни пурмасъулият кору фаъолият кардааст. Соли 2010 Ноиби ректор оид ба таълими Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам – Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит таъин гардидааст.
Ноиби ректор оид ба илм ва равобити хориҷӣ дар соҳои қаблӣ:
Солҳои 2014-2017: Саидолимов Комилҷон Саидмирзоевич.
Ноиби ректор оид ба тарбия: Матинов Холиддин
Ноибони ректор оид ба тарбия дар солҳои қаблӣ:
Солҳои 2010-2023: Умаров Искандаршо Музаффарович.
Солҳои 2012-2014: Саидолимов Комилҷон Саидмирзоевич.
Ноиби ректор оид ба иқтиод ва хоҷагӣ дар солҳои қаблӣ:
Солҳои 2012-2017: Қурбонзода Аваз Хол.
Мушовири ректор:
Воридшавӣ ба e-mail- и dit.tj
"ЗИ ГАҲВОРА ТО ГӮР ДОНИШ БИҶӮЙ!"
Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абӯҳанифа ©2018 - 2024. Ҳуқуқҳо ҳимоя карда шудаанд.