РЕКТОРИ ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ИМОМИ АЪЗАМ АБӮҲАНИФА
.
Зокирзода Нусратулло Мелик

Номзади илмҳои фалсафа
___________________________

Ҷашни мардумӣ ва миллии Наврӯз яке аз ҷашнҳои маъруф ва мондагори қавмҳои ориёинажод аст, ки таърихи тӯлонӣ дорад. Дар миёни ҷашнҳои миллӣ, Наврӯз аз лиҳози аҳамиятнокӣ ва анъанавӣ буданаш мавқеи муҳим дорад. Мутобиқи солшумории шамсӣ, Наврӯз ба таърихи 21-22 моҳи март рост меояд. Худ аз номаш маълум аст, ки наврӯз, яъне «рӯзи нав» мебошад, ки он ба рӯзи аввали сол рост меояд. Имрӯз Наврӯз ҳамчун рӯзи аввали соли миллӣ шинохта шудааст...Муфассал

Ҳар рӯз зи худ бипурс, агар ту мардӣ!? К-имрӯз чи хизмате ба мардум кардӣ?

Кафедраи Илмҳои табиӣ ва иттилоотии Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам 


Мудири кафедра: н.и.к. Муродова И.С.

Таърих ва мудирият: кафедраи "Илмҳои табиӣ ва иттилоотӣ" дар аввали ташкил гардидан бо номи кафедраи "Психология, педагогика, илмҳои табиӣ ва иттилоотӣ" ном гирифта, аз соли 2008 фаъолияти худро шуруъ намудааст. Аввалин мудири кафедра Умаров И. буд. Аз соли 2011 то соли 2012 вазифаи мудирии кафедра ба устод Абдулханов Ф. вогузор шуда, аз соли 2012 бошад, мудири кафедра номзади илмҳои иқтисодӣ Раҳимова Р. Ҳ. таъин гашт ва то соли 2013 адои вазифа намуд. Аз соли 2013 мудири кафедра такроран Умаров И. таъин гардид.

     Кафедра аз соли 2013 ба ду қисм ҷудо гардида яке кафедраи "Педагогика, психолоия ва забонҳо" ва дигаре номи кафедраи "Илмҳои табиӣ ва иттилоотӣ"-ро гирифт. Худи ҳамон сол аз  моҳи май н.и.к. Муродова И.С. аз Донишгоҳи арарии Точикистон ба кор даъват гардид ва вазифаи мудирии кафедраро ба уҳдаи гирифта, то моҳи майи соли 2020 ин масъулиятро ба уҳдаи худ дошт. Аз соли 2020 то моҳи апрели соли 2022 мудирии кафедра "Илмҳои табиӣ ва иттилоотӣ" ба зимаи муаллими калон Асоев М. гузошта шуд. Аз моҳи майи соли 2022 то инҷониб мудири кафедра н.и.к. Муродова Иқболбӣ Саймуминовна мебошад.

Омӯзгорон ва унвонҳои илмӣ: Кафедра дар аввали таъсисёбиаш дорои ду номзади илм буд: Раҳимова Р..Ҳ. - номзади илмҳои иқтисодӣ ва Муҳсинов Д., ки дар ҳамон солҳо дар соҳаи татбиқи информатика дар иқтисодиёт рисолаи номзадӣ ҳимоя намуда буд. Ҳоло бошад дар кафедра рисолаи доктории Муродова И.С. рисолҳои номзадии Асоев М., Давлатов А. омода шуда истодааст.

Фаъолияти кафедра: Ҳадафи аввалин дараҷаи кафедра ин дар омодасозии мутахассисони баландихтисосу ҳамаҷониба руштёфта саҳми босазои худро гузоштан мебошад. Барои расидан ба ин ҳадаф омӯзгорони кафедра тасмим гирифтанд, ки дониши худро афзун карда ва маҳорати худро комил намуда сифати таълимро ба дараҷаи баланд расонанд.

     Таълим аз фанҳои кафедра дар аввали таъсисёбиаш тибқи барномаҳои таълимӣ мураттабшуда, китобҳои дарсӣ аз китобхонаҳои мухталиф ва дар фурушбуда ба роҳ монда шуда буд. Дар назди кафедра баҳри баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаю маҳорат оид ба фанҳои кафедра, ки барои мутахассиси муосир хеле муҳим аст, маҳфили мунтазам амалкунанда ташкил карда шуда буд, ки дар он донишҷӯёну омӯзгорон оид ба масоили баҳсталаб баромад карда, назари худро доир ба ҳалли масоили матраҳшуда иброз медоштанд.

      Бо ташабусси Ректори ҳамонвақтаи ДИТ Давлатов С. аз солҳои 2014 сар карда, кафедра якчанд конференсияҳои сатҳи донишкадавӣ ва сатҳи ҷумҳуриявро бахшида ба соли "Соли оби тоза" эълон гардидани соли 2003, баъдтар бо дастгирии беш аз 140 давлати дунё элон гардидани солҳои 2005 - 2015 даҳсолаи байналмилалии амалиёти “Об барои ҳаёт” гузаронид. Дар конфиренсияи ҷумҳуриявӣ бахшида ба “Соли оби тоза” соли 2015 муаллимаи фанни "Қуръон ва табиат" Давлатова Саодат дар бораи об ҳамроҳи донишҷӯён таҷрибаи амалиеро намоиш дод, ки ин конфиренсияро ҷолибтар намуд. 

     Соли 2018  бо ташабусси устод Асомуддинзода Т. ректори ҳамонвақтаи ДИТ дар кафедра якчанд нишастҳои илми бахшида ба солњои 2018-2028 эълон гардидани дањсолаи нави байналмилалии “Об барои рушди устувор” баргузор гардид. Инчунин ҳамон сол ба ташабусси кафедраи "Илмҳои табиӣ ва иттилоотӣ" конфиренсия зери унвони "Тағьирёбии иқлим" гузаронида шуд. Дар кафедра бахшида ба рӯзи Илми тоҷик ҳамасола дар моҳи апрел конфиресияи сатҳи донишкадавӣ баргузор мешавад, ки устодони кафедра вобаста ба фанҳои тадрисшавандашон мақолаҳои илмӣ омода менамоянд.

     Дар айни ҳол дар кафедра  муаллимони ҷавон н.и.к. Муродова И.С., н.и.т. Нарзуллоев С.М., н.и.т Бобобеков Қ..М., Умаров И., Асоев М.М.,  Давлатов А., Муззафаров Н., Асадуллоев К. фаолият менамоянд, ки  кадрҳои умедбахш ва ояндадор ҳастанд. Татқиқотҳои илми худро ин кадрҳои умедбахш оғоз намудаанд, қисме аз онҳо соҳиб унвонҳои илми ва қисме унвонҷӯ мебошанд ва дар оянда ҳар яке олими варзида дар соҳаи худ хоҳад гардид.

     Ҳама сола дар ДИТ бахшида ба рӯзи байналмиллалиӣ Наврӯз бо ташабуси омӯзгорони ҳамин кафедра Назмишоев С. ва Давлатов Т. бозиҳои варзиши баргузор мегардад.

Номгӯи фанҳои таълимии кафедра:

  1. Консепсияи табиатшиносии муосир.
  2. Экология.
  3. Географияи иқтисодии Тоҷикистон бо асосҳои демографии он.
  4. Технологияи информатсионӣ.
  5. Системаи иттилоотӣ - ҷустуҷӯӣ.
  6. Системаи худкори коркарди матн.
  7. Технологияи компютерӣ дар таҳқиқоти забон.
  8. Истилоҳшиносии компютерӣ.
  9. Забоншиносии компютерӣ.
  10. Шабакаҳои компютерӣ.
  11. Методикаи таълими информатика.
  12. Тарбияи ҷисмон.
  13. Мудофиаи шаҳрвандӣ.
  14. Ташкили базаи маълумотӣ.
  15.  Забони барномасозӣ.
  16.  Математика.
  17.  Таҳриргари матнӣ.
  18. Web - дизайн.

Номгӯи фанҳои интихобии кафедра дар бахшҳои якум ва дуюм

  1. Мудофиат гражданӣ.
  2. Консепсияи табиатшиносии муосир.
  3. Асосҳои бехатарии фаолият.
  4. Қуръон ва табиат.
  5. Математика.
  6. Ташкили базаи маълумот.
  7. Таҳриргари матнӣ базаи маълумот.
  8. Базаи дониш ва маълумотномаҳо.
  9. Системаи худкоркарди матн.
  10. Шабакаи локалӣ ва интернетӣ.
  11. Курс ва семинарҳои махсус (информатика). Амалия дар МЭҲ.
  12. Модулкунонии компюрӣ.
  13. Забоншиносии пайкаравӣ.
  14. Web-дизайн.
  15. Асосҳои алгоритмкунонӣ ва забони барномасозӣ.
  16. Забони барномасозӣ.

Дастовардҳои кафедра: Дар кафедра баҳри баландшавии сифати таълим ва аз худкунии хуби фанҳо аз ҷониби донишҷӯён омодасозии васоити таълими ва дастурҳои зерин нашр гардидаанд:

  1.  Асоев М.М., Муҳсинов Д.С. дастури методӣ барои иҷрои корҳои лабаратори аз фанни "Информатика". соли 2012.
  2. Насриддинова Г.З., Насриддинова М.З., Назаров Ш.А. дастури методӣ барои иҷрои корҳои курсӣ аз фанни "Психология". соли 2012.
  3. Раҳимова Р..Ҳ., Сайфуллоева З., Асоев М.М. дастури методӣ барои иҷрои корҳои инфиродӣ аз фанни "Математика". соли 2012.
  4. Раҳимова Р..Ҳ., Насриддинова М.З. дастури методӣ барои иҷрои корҳои курсӣ аз фанни "Психология". соли 2012.
  5. Раҳимова Р..Ҳ., Насриддинова М.З., Бобоев А. дастури методӣ барои омодашави барои имтиҳонҳои давлатӣ аз фанни педагогика. соли 2012.
  6. Муродова И.С. дастурамали методӣ аз фанни экология. соли 2017.

     Хушбахтона соли 2021 мақолаҳои устодони кафедра ба ифтихори  30 - солагии истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмуае зери унвони "Дастовардҳои илмҳои дақиқ – муҳаррики рушди ҷомеа" барои чоп пешниҳод гардид, ки дар он мақолаҳои устодони зерин руй чопро диданд:

  1. Раҳимова Р..Ҳ. Дастовардҳои илмҳои дақиқ – муҳаррики рушди ҷомеа.
  2. Раҳимова Р. Ҳ. Мушкилоти экологӣ - мушкилоти глобалии замони муосир.
  3. Муродова И.С. Биомиметика – роҳи беҳтарин барои ихтироот.  
  4. Муродова И.С. Об – омили рушди устувор
  5. Асоев М. Нақши технологияи компютерӣ дар пешрафт ва рушди илмҳои дигар.
  6. Асоев М. Таъминоти барномавии компютер.
  7. Абдуллоев О. Нақши омӯзгор дар таълими илмҳои дақиқ.
  8. Асроров С. Қиматҳо ва ҳалҳои хоси масъалаи канории ҷинси дуюм  барои як муодилаи дифференсиалии намуди Эйлер.
  9. Давлатов А. Суммаронӣ бо методи индуксияи математикӣ.
  10. Асадуллоев К. Захираҳои обии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  11. Асоев М., Зойиров Ш. Нақши интернет дар замони муосир.

               Маводҳои зерин омодаи чоп ҳастанд:

  1. Муродова И.С. Комплексҳои таълимӣ аз фанҳои консепсияи табиатшиносии муосир, географияи иқтисодии Тоҷикистон бо асосҳои демография, экология. соли 2023.
  2. Муродова И.С. Умаров И. Дастурамали методӣ аз фанни экология. соли 2024.
  3. Муродова И.С. Асадуллоев К. Р. Дастурамали методӣ аз фанни географияи иқтисодии Тоҷикистон бо асосҳои демогрифия. соли 2024.
  4. Муродова И.С. Дастурамали методӣ аз фанни консепсияи табиатшиносии муосир. соли 2024.
  5. Муродова И.С. Дастурамали методӣ аз фанни Қуръон ва табиат. соли 2024.
  6. Нарзуллоев С. М., Муродова И.С., Бобобеков Қ.М. Асоев М.  Дастурамал оиди иҷрои корҳои курсӣ аз фанни технологияи  информатсионӣ. соли 2024.
  7. Нарзуллоев С. М., Муродова И.С., Бобобеков Қ.М., Асоев М. Дастурамал оиди иҷрои корҳои дипломӣ аз фанни технологияи информатсионӣ. соли 2024.   

Иштирок дар чорабиниҳо: Бояд қайд намуд, ки мақолаҳои омӯзгорони кафедра дар конфиресияҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ ба чоп расидаанд. Ба хусус дар ин самт дотсерти кафедра Раҳимова Р.Ҳ. саҳми беандоза калон дорад, инчунин муаллима якчанд китобҳо худро ба чоп расонидаанд; “Истиқлолият” соли 2016, “Арзиши вақт ва идоракунии он” соли 2018, “Поучительные истории и рассказы для детей” соли 2019, “Поучительные истории и рассказы” соли 2020, “Маърифати олӣ ва ахлоқи воло – асоси пешрафти ҷомеа” соли 2022, “Рассказы для детей”  соли 2024.

     Яке аз проблемаҳои муҳими кафедра таъмин намудани он бо кадрҳои баландихтисоси (унвондор), докторҳо ва номзадҳои илм мебошад, ки ҳалли ин проблема вақтро талаб мекунад. Дар оянда умед аст, ки аввалан бо мадади Худованд баъдан бо саъю кӯшиш ва талошҳои ҳамарузаи омузгорон нақшаҳои тарҳрезишуда амали карда шаванд ва дар тайёр намудани мутахассисони баландихтисос дар соҳаи ислом кафедра саҳми босазои худро мегузорад.

Воридшавӣ ба e-mail- и dit.tj



"ЗИ ГАҲВОРА ТО ГӮР ДОНИШ БИҶӮЙ!"






Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абӯҳанифа ©2018 - 2024. Ҳуқуқҳо ҳимоя карда шудаанд.