РЕКТОРИ ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ИМОМИ АЪЗАМ АБӮҲАНИФА
.
Зокирзода Нусратулло Мелик

Номзади илмҳои фалсафа
___________________________

Ҷашни мардумӣ ва миллии Наврӯз яке аз ҷашнҳои маъруф ва мондагори қавмҳои ориёинажод аст, ки таърихи тӯлонӣ дорад. Дар миёни ҷашнҳои миллӣ, Наврӯз аз лиҳози аҳамиятнокӣ ва анъанавӣ буданаш мавқеи муҳим дорад. Мутобиқи солшумории шамсӣ, Наврӯз ба таърихи 21-22 моҳи март рост меояд. Худ аз номаш маълум аст, ки наврӯз, яъне «рӯзи нав» мебошад, ки он ба рӯзи аввали сол рост меояд. Имрӯз Наврӯз ҳамчун рӯзи аввали соли миллӣ шинохта шудааст...Муфассал

Ҳар рӯз зи худ бипурс, агар ту мардӣ!? К-имрӯз чи хизмате ба мардум кардӣ?

Матбуоти даврӣ

Бинои Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит дар тарҳи нав. 30.05.2018

30-юми майи соли 2018 аз тарафи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Низоми Ганҷавии шаҳри Душанбе бо гузоштани санги асос барои бунёди иншооти нави Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит оғози расмӣ бахшида шуд. Иншооти нави Донишкадаи исломии Тоҷикистон барои 1500 донишҷӯ дар як баст пешбинӣ гардида шудааст. 

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Сарвари давлат, сохтмони мазкур аз ҷониби Ҳукумати мамлакат  бо харҷи 136 миллион сомонӣ дар майдони қариб 3 гектар бунёд карда мешавад. Гуфта мешавад, ки бинои асосии ин муассисаи олии таълимӣ аз 5 қисми (блок) ҳафтошёна иборат буда, лоиҳаи он ба таври замонавӣ дар доираи меъёрҳои меъморию шаҳрсозӣ таҳия шудааст. Тибқи лоиҳа се қисми иншоотро асосан биноҳои таълимӣ ва маъмурӣ  ва ду қисми дигарро хобгоҳҳои замонавӣ, толори муосири варзишӣ, ошхона, маҷлисгоҳ, китобхона ва дигар иншооти ёрирасон ташкил медиҳад.

Зимни муаррифии лоиҳа ба Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки хобгоҳ барои 1500 нафар, ошхона бо 490 ҷой, толори варзишӣ бо 260 ҷой ва маҷлисгоҳ бо 550 ҷойи нишаст сохта мешаванд. Бунёди китобхонаи анъанавӣ ва электронӣ низ дар назар аст. Ҳамчунин дар ин ҷо як бинои дуошёна, майдончаи варзишии универсалӣ, ҷойи истироҳат бо фаввора ва айвонҳо, таваққуфгоҳ барои нақлиёт ва дигар иншооти ёрирасон бунёд мегардад.

Президенти Тоҷикистон ба масъулони корҳои сохтмонӣ дастур доданд, ки барои бо сатҳу сифати баланд ва мувофиқ ба талаботи лоиҳа сохтани иншооти таълимию ёрирасони донишкадаи мазкур тадбирҳои зарурӣ андешанд. Ёдрас мешавад, ки биною иншооти нави Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит дар шафати «Масҷиди калон», ки айни замон сохтмонаш идома дорад, бунёд мегардад.

 

 

 

 

Марди мардҳо (Дар арафаи моҳи шарифи Рамазон 84 нафар шаҳрвандони ноболиғи Тоҷикистон бо дастури бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Ироқ ба Ватан баргардонида шуданд.)

Дар сомонаҳои гуногун матлабе ба ифшо расидааст, ки гуё, бо ташаббуси сафири Ироқ аз Ироқ 84 нафар кӯдак ва ноболиғони тоҷик ба ватан баргардонида шуда бошанд, аммо дар асл чунин аст ...

Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи ҳарчи зудтар ба Ватан баргардонидани ҳамаи кудакон ва ноболиғон – шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ҳамроҳ бо волидон ва оилаҳои гумроҳшудаи худ ҷиҳати пайвастан ба сафи ДИИШ ва дигар нерӯҳои террористию экстремистӣ вориди сарзамини Ироқ шудаанд, мавриди пайгирии ҷиддии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт қарор дорад.

Дар натиҷа муайян карда шуд, ки дар маҳбасҳо, зиндонҳо, боздоштгоҳҳо ва марказҳои нигаҳдории ноболиғон дар Ироқ 43 нафар зан ва 95 нафар тифл аз шаҳрвандони Тоҷикистон қарор доранд ва дар миёни онҳо тифлони хурдсоле низ ҳастанд, ки дар ин кишвари арабӣ таваллуд шудаанд.

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо вазоратҳои корҳои хориҷии Ироқ ва Кувайт, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ироқу Тоҷикистон, ташкилоти ЮНИСЕФ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ рӯзи 30 апрели соли равон 84 нафар кӯдакон тавассути ҳавопаймои махсус аз Бағдод ба Душанбе баргардонида шуданд.

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамкорӣ ва дастгириҳои пайваста ҷиҳати ба Ватан баргардонидани кӯдакони тоҷик ба Вазорати корҳои хориҷии Давлати Кувайт, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ироқ ва намояндагии ЮНИСЕФ дар Ироқ изҳори сипос менамояд. http://www.president.tj/node/20044   https://www.facebook.com/profile.php?id=100015642607460

 

Ҷаласа-семинари кушоди илмӣ-фарҳангии бо иштироки аҳли илми Амороти мутаҳҳидаи араб. 19.04.2019

Ташрифи бори савуми аҳли илми Амороти мутаҳҳидаи Араб ба Ҷумҳурии Тољикистон бо нишаст, ҷаласа – семинари кушоди илмӣ – фарҳангии саволу ҷавоби аҳли илм бо донишҷӯён баргузор гардид. Дар нишасти мазкур Ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит  Асомуддинзода Т.И., меҳмонон-аҳли илми Амороти мутаҳҳидаи Араб ва устодони Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит, баромад карда фикру мулоизаҳои худро оид ба омӯзиши забони арабӣ дар мачмуъ забономӯзӣ бо саволу ҷавоб иброз доштанд.

   

 

 Нишасти матбуотӣ аз натиҷаи фаъолияти ДИТ дар соли 2019. 06.02.2019

Дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон мувофиқи нақша рӯзи 06.02.2019 нишасти матбуотӣ бо иштироки аъзоёни Раёсати Донишкада, масъулини  самтҳои гуногуни фаъолият ва мухбирони ВАО баргузор гардид. Ба нишаст шабакаҳои иттилоотии ватанию хориҷӣ новобаста аз шакли моликият аз қабили Амит-ХОВАР, рӯзномаи "Минбари халқ", рӯзномаи "Ҷумҳурият", рӯзномаи "Садои мардум", ҳафтаномаи "Адабиёт ва санъат", ҳафтаномаи "Омӯзгор", ҳафтаномаи "Паёми Душанбе", ҳафтаномаи "Азия-Плюс", ҳафтаномаи "Тоҷикистон", ҳафтаномаи "Ҷавонони Тоҷикистон", ҳафтаномаи "Мароми пойтахт", ҳафтаномаи "Фараж", ҳафтаномаи "Самак", радиои "Озодӣ", радиои "Ватан", радиои "Ховар", радиои "Тоҷикистон", радиои "Азия+", радиои "Имрӯз New", шабакаи телевизионии "Тоҷикистон",  шабакаи телевизионии "Сафина" ва ғ. даъват карда шуданд. Дар нишасти мазкур Ректори Донишкада Асомуддинзода Т.И. ба якчанд саволҳои мухбири васоити ахбори омма: ҳафтаномаи "Мароми пойтахт" Саидҷони Ҳ. ва рӯзномаи "Азия-Плюс" Меҳрангез Т. ҷавобҳо гуфтанд. Баъзе ҷавоб ба саволҳои додашудаи Ректори Донишкадаро Декани факултаи Филологияи шарқ Карим Р., ва Сардори шуъбаи илми Донишкада Хайруллоев И. пурра гардониданд.

 

   

 

 

 

Ҷаласаи илмӣ-фарҳангии "Забони арабӣ моро бо ҳам  меоварад" бо иштироки аҳли илми Амороти мутаҳҳидаи араб. 04.10.2018

Дар Донишкада вобаста ба ташрифи аҳли илми Амороти мутаҳҳидаи Араб ба Ҷумҳурии Тоҳикистон нишасти илмӣ-фарҳангии  "Забони араби моро бо ҳам ҷамъ меоварад" баргузор гардид. Дар нишасти мазкур Ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит  Асомуддинзода Т.И., меҳмонон-аҳли илми Амороти мутаҳҳидаи Араб ва устодони Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит, ва инчунин дар иҷрои донишҷӯён ду саҳна бо забони арабӣ намоиш дода шуд, ки ба аҳли нишаст лаҳзае ғизои маънавӣ бахшиданд. Ногуфта намонад, ки меҳмонон аз синфхонаҳои таълимӣ, макони таъбу нашр ва аз намоиши ҳунарҳои дастии донишҷӯён дидан карда, ҳамзамон намоши китобҳои илмии худро марази тамошо гузоштанд. Ташрифи дубораи меҳмонони Амороти мутаҳҳидаи Араб дар ҳолатест, ки соли 2018 аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидааст. Вобаста ба ин дар қисми фарҳангии чорабинии мазкур сайру саёҳат ба манзараи ангурбоғи деҳаи Алиҷони шаҳри Турсунзода буд, ки меҳмонон бо худ таасуроти зиёде аз Тоҷикистони биҳиштосо гирифтанд.

 

 

Нишасти матбуотӣ аз натиҷаи фаъолияти ДИТ дар соли 2018. 27.07.2018

Дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон мувофиқи нақша нишасти матбуотии  аъзоёни Раёсат ва масъулини  самтҳои фаъолияти Донишкада бо иштироки мухбирони ВАО баргузор гардид. Ба нишаст шабакаҳои иттилоотии ватанию хориҷӣ аз қабили Амит-ХОВАР, рӯзномаи "Минбари халқ", рӯзномаи "Ҷумҳурият", рӯзномаи "Садои мардум", рӯзномаи "Адабиёт ва санъат", рӯзномаи "Омӯзгор", рӯзномаи "Паёми Душанбе", рӯзномаи "Азия-Плюс", ҳафтаномаи "Тоҷикистон", ҳафтаномаи "Ҷавонони Тоҷикистон", ҳафтаномаи "имрӯз NEWS" ва ҳафтаномаи "Мароми пойтахт" даъват карда шуданд. Дар ин нишаст Ректори Донишкада ба якчанд саволҳои се нафар аз мухбирони иштироккунандаи васоити ахбори омма Амит-ХОВАР, "Мароми пойтахт" ва рӯзномаи "Ҷумҳурият" ҷавобҳо гуфтанд. 

    Амит-ХОВАРМухбири ВАОҶумҳурият

 

 

 

 

 

 

 

 


 

Нишасти илмӣ дар ДИТ ба номи Имоми Аъзам - Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит бо аҳли дипломатии Амороти мутаҳҳидаи араб. 04.05.2018

Дар Донишкада вобаста ба ташрифи аҳли дипломатии Амороти мутаҳҳидаи Араб ба Ҷумҳурии Тоҳикистон нишасти илмӣ баргузор гардид. Дар нишасти мазкур Ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит  Асомуддинзода Тоҷиддин Исломиддин,  Ал-адиб, нависандаи намоишҳои бузург  ва узви ҳайати мушовирони лоиҳаи китоб дар маҷаллаи ЮНЕСКО Носири Зоҳирӣ,  Номзади илм, Дуктур, олими барҷаста, мутахассис дар қонунҳои шаръӣ, раиси суди олиии давлати Аморот Абдулваҳоб Абдул,  Номзади илм, устоди донишгоҳ ва мутахассиси адабиёти классикӣ ва нависандаи манҳаҷи баҳсҳо, айни ҳол муаллимаи Донишгоҳи илмҳои инсонӣ ва иҷтимоии давлати Аморот Марям Халфан Ас-Сувайдӣ,  Номзади илм, айни ҳол академик ва устоди факултаи улуми исломии Донишгоҳи  илмҳои инсонӣ ва иҷтимоии давлати Аморот Сайф Ал-Маҳруқӣ,  Номзади илм, устоди Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит, (шаҳрванди давлати Миср) Алӣ Мансур, Раиси маҷлиси идораи Донишкадаи давлатии дипломатии фарҳанг дар Аморот, устод Муҳаммад Комил, Донишҷӯи бахши 2-юми ихтисоси Таъминоти робитаҳои байнифарҳангии Донишкадаи Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит, Сайфулло Насруллоев, Мудири маркази афзоиши башарият, шуғли аҳолӣ дар Вазорати Аморот, узви Маҷлиси шӯрои Иморот ал-ҳоиқа, узви Ҷамъияти хайрияи иҷтимоӣ ва нафсия дар Аморот ва дар хориҷи Аморот муҳтарама Фотима аН-Нақбӣ, Номзади илм, раиси Иҷроияи дорул-ясмин ҷихати паҳн ва тақсим дар Аморот Марям Аш-Шиносӣ, Декани факултаи Филологияи шарқи Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит, Карим Раҳим суханрони карда ба аҳли нишаст лаҳзае ғизои маънавӣ бахшиданд. Ногуфта намонад, ки меҳмонон аз синфхонаҳои таълимӣ, макони таъбу нашр ва аз намоиши ҳунарҳои дастии донишҷӯдухтарон дидан карданд. Ин дар ҳолатест, ки соли 2018 аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидааст.

Воридшавӣ ба e-mail- и dit.tj



"ЗИ ГАҲВОРА ТО ГӮР ДОНИШ БИҶӮЙ!"






Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абӯҳанифа ©2018 - 2024. Ҳуқуқҳо ҳимоя карда шудаанд.