РЕКТОРИ ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ИМОМИ АЪЗАМ АБӮҲАНИФА
.
ЗОКИРЗОДА НУСРАТУЛЛО МЕЛИК

Номзади илмҳои фалсафа
___________________________

Ҷашни мардумӣ ва миллии Наврӯз яке аз ҷашнҳои маъруф ва мондагори қавмҳои ориёинажод аст, ки таърихи тӯлонӣ дорад. Дар миёни ҷашнҳои миллӣ, Наврӯз аз лиҳози аҳамиятнокӣ ва анъанавӣ буданаш мавқеи муҳим дорад. Мутобиқи солшумории шамсӣ, Наврӯз ба таърихи 21-22 моҳи март рост меояд. Худ аз номаш маълум аст, ки наврӯз, яъне «рӯзи нав» мебошад, ки он ба рӯзи аввали сол рост меояд. Имрӯз Наврӯз ҳамчун рӯзи аввали соли миллӣ шинохта шудааст....Муфассалтар

Шумораи меҳмонон дар сомона: 53411
Ҳар рӯз зи худ бипурс, агар ту мардӣ!? К-имрӯз чи хизмате ба мардум кардӣ?

Муассисаи давлатии таълимии "Донишкадаи исломии Тоҷикистон"            ба номи Имоми Аъзам - Абӯҳанифа Нуъмон ибн Собит:


        Муассисаи давлатии таълимии Донишкадаи исломии Тоҷикистон бо Қарори № 547 дар таърихи 2 - юми ноябри соли 2007 расман таъсис ёфтааст. Соли 2009 ба муносибати соли бузургдошти саркардаи мазҳаби ҳанафӣ - Имоми Аъзам - Абӯҳанифа бо Қарори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкада ба номи Имоми Аъзам - Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит номгӯзори карда шуд.

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Муассисаи давлатии таълимии
«Донишкадаи исломии Тоҷикистон»

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади бузургдошти 1310-солагии Абуҳанифа Нӯъмон ибни Собит (Имоми Аъзам) ва саҳми гаронбаҳои ӯ дар рушди фарҳанг, тамаддуни исломӣ ва аҳамияти калон доштани мероси динию ҳуқуқии ӯ дар худшиносии миллӣ ва муколамаи тамаддунҳо фармон медиҳам:

1. Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи исломии Тоҷикистон» Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам» номгузорӣ карда шавад.
2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати ду моҳ санадҳои меъёрии ҳуқуқии худро ба Фармони мазкур мутобиқ намояд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
3 марти соли 2009, № 629

    Фаъолияти Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит дар заминаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, асноди меъёрӣ - ҳуқуқӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ", барнома ва стратегияҳои давлатӣ дар самти маориф, Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарорҳои ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои сарпарасти Донишкада Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи Донишкада ба роҳ монда шудааст. 

Мутобиқи моддаи 28 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Муассисаи давлатии таълимии "Донишкадаи исломии Тоҷикистон" таъсис дода шавад.

2. Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати ду моҳ тибқи тартиби муқарраргардида масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии Муассисаи давлатии таълимии "Донишкадаи исломии Тоҷикистон"-ро ҳал намуда, онро бо стандартҳои давлатӣ ва нақшаю барномаҳои таълимии дахлдор таъмин намояд.

3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Точикистон аз соли таҳсили 2007-2008 шурӯъ намуда, маблағгузории Муассисаи давлатии таълимии "Донишкадаи исломии Тоҷикистон"-ро аз ҳисоби Буҷети давлатӣ таъмин намояд.

4. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоїикистон бо назардошти эҳтиёҷоти мавҷуда тибқи дархости Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли хониши 2008-2009 сар карда, нақшаи қабули донишҷӯёнро барои Муассисаи давлатии таълимии "Донишкадаи исломии Тоҷикистон" муайян намояд.

5. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати ду моҳ маҳалли ҷойгиршавӣ ва бинои таълимии Муассисаи давлатии таълимии "Донишкадаи исломии Тоҷикистон"-ро муайян намояд.

6. Ба номгӯи муассисаҳо ва ташкилотҳои системаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 № 594 "Дар бораи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Муассисаи давлатии таълимии "Донишкадаи исломии Тоҷикистон".

      Донишкада аз рӯзҳои аввал, фаъолияти хешро барои баланд бардоштани савияи таълим ва ҷавобгӯи меъёрҳои донишгоҳӣ равона сохта, аз соли 2007 узви комилҳуқуқи Иттиҳоди донишгоҳҳои исломӣ мебошад.

      Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъанаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки сарпарасти Донишкада мебошад, фаъолият ва ҳамкории худро бо Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъанаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зич ба роҳ мондааст.

      Имрӯз дар Донишкадаи мазкур 2 факулта: факултаи Улуми исломӣ, факултаи Филологияи шарқ ва 8 кафедра аз он ҷумла 4 кафедраи тахассусӣ амал мекунад. Таълим дар Донишкада дар доираи мазҳаби (ҳанафӣ) Имоми Аъзам - Абӯҳанифа ҷараён мегирад.

      Донишкада дорои китобхона, толори мутолиъаи китобҳо, толори калони маҷлис, маркази омӯзиши компютерӣ пайваст ба шабакаи интернет, кабинетҳои махсуси омӯзиши забонҳои русӣ, арабӣ ва англисӣ, Маркази тестӣ мебошад. Айни замон дар Донишкада донишҷӯён тарқи қабул аз тарафи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил мекунанд. Тарзи гузаронидани имтиҳоноти ниҳоӣ бо таъсис додани комиссияи имтиҳоноти ниҳоӣ аз намояндагони Кумитаи дин, Академияи улуми ҷумҳурӣ, Маркази исломӣ ва устодони ДИТ ба роҳ монда мешавад.


Муассисаи давлатии таълимии "Донишкадаи исломии Тоҷикистон" ба номи Имоми Аъзам - Абӯҳанифа Нуъмон ибн Собит

ТАЪЛИМГОҲИ ПАЙРАВОНИ ИМОМИ АЪЗАМ (ҲАНАФӢ)

Воридшавӣ ба e-mail- и dit.tj



"ЗИ ГАҲВОРА ТО ГӮР ДОНИШ БИОМӮЗ!"






Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абӯҳанифа ©2018. Ҳуқуқҳо ҳимоя карда шудаанд.