РЕКТОРИ ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ИМОМИ АЪЗАМ АБӮҲАНИФА
.
Зокирзода Нусратулло МеликНомзади илмҳои фалсафа___________________________
Ҷашни мардумӣ ва миллии Наврӯз яке аз ҷашнҳои маъруф ва мондагори қавмҳои ориёинажод аст, ки таърихи тӯлонӣ дорад. Дар миёни ҷашнҳои миллӣ, Наврӯз аз лиҳози аҳамиятнокӣ ва анъанавӣ буданаш мавқеи муҳим дорад. Мутобиқи солшумории шамсӣ, Наврӯз ба таърихи 21-22 моҳи март рост меояд. Худ аз номаш маълум аст, ки наврӯз, яъне «рӯзи нав» мебошад, ки он ба рӯзи аввали сол рост меояд. Имрӯз Наврӯз ҳамчун рӯзи аввали соли миллӣ шинохта шудааст...Муфассал
Гӯшаи донишҷӯ ва довталаб
Д О В Т А Л А Б – 2 0 2 4
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ТАЪЛИМИИ "ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ИМОМИ АЪЗАМ - АБУҲАНИФА НУЪМОН ИБНИ СОБИТ"
Муассисаи давлатии таълимии Донишкадаи исломии Тоҷикистон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №547 аз 2 - юми ноябри соли 2007 расман таъсис ёфтааст.
Соли 2009 ба муносибати 1310 солагии гиромидошти роҳбари мазҳаби ҳанафӣ Имоми Аъзам - Абуҳанифа бо Қарори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2009 №629 Муассисаи давлатии таълимии Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит номгузорӣ карда шудааст.
Фаъолияти Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абуҳанифа дар заминаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар асноди меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарорҳои ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи Донишкада ба роҳ монда шудааст.
Донишкадаи исломии Тоҷикистон муассисаи таълимии ягона дар самти таълими динӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад ва бояд қайд намуд, ки дар фазои соҳибистиқлолӣ фаъолият намудани Донишкада, пеш аз ҳама барои ба танзим даровардани ҳаёти динии кишвар, қонеъ гардондани эҳтиёҷот ва эътиқодоти динӣ, забономӯзии аҳолӣ ва таъмини ходимони диние, ки дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ватандӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ва арзишҳои мазҳаби ҳанафӣ тарбият ёфтаанд, мебошад. Бояд қайд намуд, ки таълими динӣ - исломӣ дар ДИТ дар доираи мазҳаби Имоми Аъзам - Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит ба роҳ монда шудааст.
Донишкадаи исломии Тоҷикистон рисолати худро дар он мебинад, ки мутахассисони донишманду бофарҳанг, инсондӯсту ватанпарвар, ҷавонони бонангу фориғ аз ҷаҳлу таассубро тарбия намуда, онҳоро дар рушду такомули ҳамаҷонибаи Ватан - Тоҷикистони азиз омода ва сафарбар намояд.
Таълим дар ДИТ тибқи низоми кредитии таҳсилот ба роҳ монда шудааст. Донишкада дорои китобхона, толори мутолиаи китобҳо, маҷлисгоҳ, маркази тестӣ, маркази омӯзиши компютерӣ пайваст ба шабакаи Интернет, синфхонаҳои махсуси омӯзиши забонҳои русӣ, арабӣ ва англисӣ мебошад. Барои мусоидат намудан ба раванди таълим ва пешбурди кори илмӣ - таълимӣ, фонди захираи китобхона мувофиқи фаъолияти самтҳои таълимӣ зиёд карда мешавад.
ФАКУЛТЕТ ВА КАФЕДРАҲО ДАР ДИТ
Имрӯз дар ДИТ 2 факултет - факултети “Улуми Исломӣ” ва факултети “Филологияи Шарқ” амал менамояд.
Дар ДИТ 8 кафедра фаъолият дорад:
- “Улуми Қуръон ва ҳадис”
- “Шариати исломӣ”
- “Забон ва адабиёти араб”
- “Таърих ва диншиносӣ”
- “Илмҳои ҷамъиятшиносӣ”
- “Илмҳои табиӣ ва иттилоотӣ”
- “Забонҳо”
- “Педагогика ва мероси ниёгон”
ИХТИСОСҲО ДАР ДИТ
Қабули довталабон дар ДИТ тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.Таҳсил дар ДИТ ба тариқи рӯзона, ғоибона - (фосилавӣ) ба роҳ монда шудааст. Донишҷӯён баъд аз хатми ДИТ, ки муҳлати меъёри таҳсилашон 5 сола мебошад, аз рӯи зинаи таҳсили бакалавр соҳиби чунин ихтисосҳо мегарданд:
1. 1-02030702 “Забони хориҷӣ (арабӣ), информатика” (маблағи шартномаи таҳсил - 4900 сомонӣ)
2. 1-0230102 “Таъминоти робитаҳои байнифарҳангӣ (аз рӯи самтҳо)” (маблағи шартномаи таҳсил - 5200 сомонӣ)
3. 1-02010205 “Таърих, диншиносӣ” (маблағи шартномаи таҳсил - 3700 сомонӣ)
4. 1-21010103 “Улуми исломӣ, матни классикӣ” (маблағи шартномаи таҳсил - 3700 сомонӣ)
5. 121010104 “Улуми Қуръонӣ, мероси хаттӣ” (маблағи шартномаи таҳсил - 3700 сомонӣ)
Суроғаи Донишкада: шаҳри Душанбе, ноҳияи Исмоили Сомонӣ, кӯчаи Шодмонӣ 58/1.
Телефон (+992 37) 224-22-36.
Факс (+992 37) 224 20 55.
E-mail: islamtaj@mail.ru
Довталаби азиз, рақами бақайдгирии Донишкадаи исломии Тоҷикистон дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «208» мебошад.
Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абӯҳанифа қабули довталабонро тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли хониши 2024-2025 бо назардошти шакли таҳсили пулакию ройгон ва рӯзонаю фосилавӣ (ғоибона) аз рӯи ихтисосҳои зерин дар самтҳои гуногуни факултети эълон менамояд:
Ихтисосҳои факултети Улуми Исломӣ:
1) 121010103 - Улуми ислом, матни классикӣ. / (Намуди таҳсил: рӯзона, ғоибона. Гуруҳҳо: буҷавӣ, шартномавӣ)
2) 121010104 - Улуми Қуръон, мероси хаттӣ. / (Намуди таҳсил: рӯзона, ғоибона. Гуруҳҳо: буҷавӣ, шартномавӣ)
Ихтисосҳои факултети Филологияи Шарқ:
1) 102030702 - Забони хориҷӣ (арабӣ), информатика / (Намуди таҳсил: рӯзона. Гуруҳҳо: буҷавӣ, шартномавӣ)
2) 1230102 - Таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ. (Лингвистика) / (Намуди таҳсил: рӯзона. Гуруҳҳо: буҷавӣ, шартномавӣ)
3) 102010205 - Таърих, диншиносӣ. / (Намуди таҳсил: рӯзона, ғоибона. Гуруҳҳо: буҷавӣ, шартномавӣ)
Хотиррасон менамоем, ки рамзи Донишкада дар Маркази миллии тестӣ 208-ум буда, ихтисосҳои он дар кластерҳои 3-юм ва 4-ум ҷойгир карда шудаанд. Маълумоти ДИТ дар сомонаи ММТ.
ДИҚҚАТ!!! Донишкада дорои 2 факултет (Улуми Исломӣ ва Филологияи Шарқ) ва 8 кафедра (Таърих ва диншиносӣ, Улуми Қуръон ва ҳадис, Забонҳо, Забон ва адабиёти араб, Педагогика ва мероси ниёгон, Илмҳои табии ва иттилоотӣ ва Илмҳои ҷамъиятшиносӣ) мебошад. Таълим дар Донишкада дар доираи мазҳаби Имоми Аъзам - Абӯҳанифа ҷараён мегирад. Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Шодмонӣ 58/1. Телефонҳо барои тамос: 224-21-14, 224-20-56, 224-20-44. E-mail: islamtaj@mail.ru
БА ДИҚҚАТИ ДОВТАЛАБОНЕ, КИ БАРОИ ИМТИҲОНИ МАҲОРАТ АЗ ТАРАФИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ИМОМИ АЪЗАМ - АБӮҲАНИФА НУЪМОН ИБНИ СОБИТ РАВОНА КАРДА ШУДААНД, РАСОНИДА МЕШАВАД, КИ ИМТИҲОНИ МАҲОРАТ ТИБҚИ НАҚША АЗ РӮЗИ 01.06.20__ то 08.06.20__ БА РОҲ МОНДА ШУДААСТ.
БА ДИҚҚАТИ ДОВТАЛАБОНЕ, КИ АЗ ИМТИҲОНОТИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ГУЗАШТА, БА ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ИМОМИ АЪЗАМ - АБӮҲАНИФА НУЪМОН ИБНИ СОБИТ ДОХИЛ ШУДААНД, РАСОНИДА МЕШАВАД, КИ ҲУҶҶАТҲОИ ХУДРО БА КОМИССИЯИ ҚАБУЛИ ДОНИШКАДА ДАР МУҲЛАТИ АМАЛӢ СУПОРАД.
ҲУҶҶАТҲОИ ЛОЗИМА БАРОИ ПЕШНИҲОД БА КОМИССИЯИ ҚАБУЛ:
1.АРИЗА БА НОМИ РЕКТОРИ ДОНИШКАДА (дар донишкада пур карда мешавад!)
2.НУСХАИ ШИНОСНОМАИ ШАҲРВАНДӢ
3.МАЪЛУМОТНОМАИ ТИББИИ ШАКЛИ №086
4.АТЕСТАТИ ХАТМИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМӢ (ё дигар ҳуҷҷати хатми маълумоти миёна, миёнаи касбӣ)
5.МАЪЛУМОТНОМАИ ҶОЙИ ЗИСТ ВА ҲОЛАТИ ОИЛА
6.СУРАТИ 3х4 - 6 АДАД
7.НУСХАИ ҲУҶҶАТИ ҚАЙД ДАР КОМИССАРИАТИ ҲАРБИИ МАҲАЛ (приписной)
БАРОИ МАЪЛУМОТИ ИЛОВАГӢ БО ТЕЛЕФОНИ 224 20 73 БА КОМИССИЯИ ҚАБУЛ ДАР ТАМОС БОШЕД!
Воридшавӣ ба e-mail- и dit.tj
"ЗИ ГАҲВОРА ТО ГӮР ДОНИШ БИҶӮЙ!"
Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абӯҳанифа ©2018 - 2024. Ҳуқуқҳо ҳимоя карда шудаанд.