РЕКТОРИ ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ИМОМИ АЪЗАМ АБӮҲАНИФА
.
ЗОКИРЗОДА НУСРАТУЛЛО МЕЛИК

Номзади илмҳои фалсафа
___________________________

Ҷашни мардумӣ ва миллии Наврӯз яке аз ҷашнҳои маъруф ва мондагори қавмҳои ориёинажод аст, ки таърихи тӯлонӣ дорад. Дар миёни ҷашнҳои миллӣ, Наврӯз аз лиҳози аҳамиятнокӣ ва анъанавӣ буданаш мавқеи муҳим дорад. Мутобиқи солшумории шамсӣ, Наврӯз ба таърихи 21-22 моҳи март рост меояд. Худ аз номаш маълум аст, ки наврӯз, яъне «рӯзи нав» мебошад, ки он ба рӯзи аввали сол рост меояд. Имрӯз Наврӯз ҳамчун рӯзи аввали соли миллӣ шинохта шудааст...Муфассалтар

Ҳар рӯз зи худ бипурс, агар ту мардӣ!? К-имрӯз чи хизмате ба мардум кардӣ?

Теша ба решаи худ задан

Аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ мефармояд:

Аз ғуруру нахвату кибру манӣ,

Таъна бар нодории мо мезанӣ.

Албатта, имрӯзҳо фарзандони моро мушкилиҳо ва хатарҳои зиёде рӯ ба рӯ гардида истодааст. Дар ҷомеаи мо имрӯз таълимоте, ки ба ниёзҳои рӯҳӣ, фикрӣ, хулқӣ ва ҷисмонии инсон ҷавобгӯ бошад, ба таври ҷиддӣ ба роҳ монда нашудаанд, вале агар назари уламои исломро дар мавриди тарбияи фарзанд баён созем, чандин муҷаллад китоб мешавад. Олимону донишмандон баҳри зарурати тарбияи фарзанд, тарбияи дурусте, ки асос ва пояи он гирифта шуда аз Қуръон ва суннат аст, иттифоқ мебошанд. Пас вақте падару модар ва мураббиён ҳақиқати ин амонатро эҳсос менамоянд ва онро аз рӯи сидқу ихлос ба уҳда  мегиранд, ба ин қавм ба пирӯзии наздик мужда дода мешавад.

Худованд дар сураи “Раъд” ояти 12-ум мефармояд: “Худо чизеро, ки аз они мардумест, дигаргун накунад, то он мардум худ дигаргун шаванд”.

Пас бояд дар ёд дошта бошем, ки фарзанди тарбиядида, ба монанди сарвати бепоён барои волидайн маҳсуб мешавад, ки ин неъмати илоҳиро ҳар замон шукрона бояд кард, чунки шукронаи ин неъмат тавассути тарбия сурат мегирад.

Дар ҳақиқат кӯдак амонатест, дар назди падару модар ва дили покаш гавҳарест нозуку содда ва холӣ аз тамоми нақшу олоишҳо ва дили ӯ омодаи пазириши ҳар навъ нақшу нигорест, ки дар он кашида шавад ва моил аст ба ҳар тарафе, ки майл дода шавад. Пас агар ба ӯ некӯӣ таълим дода шавад, бар накӯӣ бузург мешавад ва дар дунёву охират хушбахту саодатманд мегардад. Дар савоби вай падару модар, муаллим ва мураббии ӯ шарик мегардад. Агар кӯдак ба хислати бад тарбия дода шавад, ба мисли чорпо бидуни парастор фурӯ гузошта шавад, он гоҳ вай бадбахту саргашта ва ҳалок хоҳад шуд. Гуноҳи вай бар бар гардани тарбиякунандагон ва шахсоне аст, ки тарбияи ӯ вазифа ва масъулияти ҷонии онҳо аст хоҳад буд. Чуночӣ имрӯзҳо фарзандони бадбахти ин сарзамин теша бар решаи миллати худ зада истодаанд, ба сари падару модар ва хешу ақрабо, ҳатто наздикони худ бало оварда истодаанд, ки ин ҳама аз бетарбиягӣ ва дур будан аз таълимоти ноби ислом мебошад.

Ба ҳамагон маълум аст, ки хона, кӯча, мактаб, ҷомеа пояҳои асосии тарбияи насли наврас мебошад, вале тарбияи асосиро кӯдак аз хона ба даст меорад. Чунки хона тифлро аз марҳилаи аввали тарбия ба оғӯш мегирад ва ҳамзамон тифл то ба воя расидан вақти зиёди худро  дар хона сипарӣ мекунад. Ҳамаи ин хусусияти тарбияи хонавода дар тӯли умр аз дигар анвоъи тарбия, ки берун аз хона мебошад, фарқият дорад. Гузашта аз ин падару модар ба тифл аз дигарон дида бештар аҳамият медиҳанд. Барои ҳамин вақте, ки шахс ба коре ё гуфторе шӯруъ мекунад, мардум ба аҳлу хонадони ӯ хуб бошанд ё бад баҳо медиҳанд. Мисоли равшани он Муҳаммад Шарифзода шуда метавонад, ки имрӯз ин шахси хоину ғаразнок ки мутаассифона аз хориҷи кишвар истода, ба мардуму миллати хеш, ҳатто ба Пешвои миллати худ санги маломат зада истодааст, инчунин нисбати шахсони бомаърифат ва инсонҳоеро, ки дар ҳаққи давлату миллат хизматҳои шоиста кардаанд, туҳмату бӯҳтонро раво мебинад ин ба ҳамагон маълум аст, ки ҳамаи ин иҷрои дастуру супопишҳои  хоҷагони хориҷии эшон мебошад. Чунончӣ шайх Саъдӣ дар ҳаққи чунин хоинону носипосон мефармояд:

Дӯст машмор он ки дар неъмат занад,             

                    Лофи ёрию бародархондагӣ.                                                  

Дӯст он бошад, ки гирад дасти дӯст,                             

Дар парешонҳолию дармондагӣ.

Дар охир аз ҳамаи шаҳрвандони азизи Тоҷикистон дархост намуда, гуфтаниям, ки ҳар падару модар вазифадор аст, ки ба фарзандони худ ин гуфтори гавҳарбори саиди башар Паёмбар (с)-ро ба фарзандони худ таълим диҳад, зеро ки тарбия фарзандон вазифаи асосии волидайн мебошад, чунончӣ Паёмбар (с) мефармоянд: «Подшоҳи одил дар рӯи Замин сояи Худо аст. Ҳар кас чунин подшоҳро эҳтиром кунад, Худоро эҳтиром намудааст…». (Бухорӣ 3/366, Абӯдовуд 928, 2/210, Тирмизӣ 2224, Ибни Ҳиббон 259/4, Заҳабӣ 507/14, Муснади Имом Аҳмад 34/79). Худованд танҳо ба бандагоне, ки мавриди лутфу марҳамати Ӯ қарор мегиранд,  чунин подшоҳро ато мефармояд. Дар ин маврид Аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ бисёр дуруст қайд менамояд:

Худо он милатеро сарварӣ дод,

Ки тақдираш ба дасти хеш бинвишт.

Ба он миллат сару коре надорад,

Ки деҳқонаш барои дигарон кишт.

Эй хоини овораи дар ба дар ман ва падарам вазифадор нестем, ки ба суханони дурӯғу иғвоангези шумо барин инсонҳои нобакору бесавод, ҳаромхӯру манфиатҷӯ, оқи падару модар ва хоини гурехта аз ватанро гӯш намоем. Ман ва падарам ҳарчӣ кардаам ва карда истодаем баҳри халқу миллат ва ватани маҳбуби худ Тоҷикистон карда истодаем ва дар оянда ҳам хоҳем кард. Аз Абдуллоҳ писари Аддий ривоят аст ки ҳангоме Паёмбари Худо (с) дар сарзамине бо номи "Ал-Ҳазура" наздики Макка қарор доштанд пеш аз ҳиҷрат карданашон чунин фармуданд: Эй Макка ба Худо савганд, ки ту беҳтарин сарзамин ҳастӣ, ва беҳтарин замин замини Худованд аст, ва агар манро аз ту бадарға намекарданд, ҳеҷгоҳ аз ту ҷудо намешудам.  Имом Тирмизӣ 3925.

                                                            Каримов Иноятулло, устоди Кафедраи

«Улуми қуръонӣ ва ҳадис»-и ДИТ ба номи Имоми

    Аъзам –Абӯҳанифа.


Андешаи Шумо



Ҳамаи шарҳҳо


Ҳанӯз шаpҳе дар ин баҳс нест. Шумо аввалин ширкаткунанда хоҳед буд

Воридшавӣ ба e-mail- и dit.tj



"ЗИ ГАҲВОРА ТО ГӮР ДОНИШ БИОМӮЗ!"






Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абӯҳанифа ©2018. Ҳуқуқҳо ҳимоя карда шудаанд.