РЕКТОРИ ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ИМОМИ АЪЗАМ АБӮҲАНИФА
.
Зокирзода Нусратулло Мелик

Номзади илмҳои фалсафа
___________________________

Ҷашни мардумӣ ва миллии Наврӯз яке аз ҷашнҳои маъруф ва мондагори қавмҳои ориёинажод аст, ки таърихи тӯлонӣ дорад. Дар миёни ҷашнҳои миллӣ, Наврӯз аз лиҳози аҳамиятнокӣ ва анъанавӣ буданаш мавқеи муҳим дорад. Мутобиқи солшумории шамсӣ, Наврӯз ба таърихи 21-22 моҳи март рост меояд. Худ аз номаш маълум аст, ки наврӯз, яъне «рӯзи нав» мебошад, ки он ба рӯзи аввали сол рост меояд. Имрӯз Наврӯз ҳамчун рӯзи аввали соли миллӣ шинохта шудааст...Муфассал

Ҳар рӯз зи худ бипурс, агар ту мардӣ!? К-имрӯз чи хизмате ба мардум кардӣ?

Алоќамандии ЊНИТ ва пайравии он аз Эрон ва мазњаби шиа

Дар дунё афроде, њастанд, ки худро  фидои корњои нек намуда, умри кўтоњи худро барои сарљамъї ва саодатмандии мардумаш дареѓ намедорад. Њамчунин . одамоне низ вуљуд доранд, ки дар њамин умри андаки худ кушиш мекунанд, то пайваста аз паи озори мардум ва фитнагарої бошанд, то бо музди андаке, ки аз корњои палидашон аз хољагони худ мегиранд, рузи худро гузаронанд. Хушбахтона дар Тољикистони азизи мо нафарони аввал зиёданду, боиси таассуф аст, ки синфи дуюм низ аз худ дарак медињад. Чун аксари мардуми Тољикистон, ки мусалмонанд, ин ќувваи бадї кушиш мекунад. То аз роњи њиссиёти динї таъсири худро ба мардум расонад. Яъне аввал номи диниро барои худ сипар намуда, сипас дар пушти он амалњои палиди худро анљом дињанд.

Аммо Худованд, беш аз 1400 сол аз ин гуруњакњо хабар дода мардумро ба сўи њамбастагї фаро хонда, аз аз гуруњбозї њушдор додааст. Њамчуноне, ки дар сураи Анъом, ояти 153 фармуда: Њамин аст роњи рости ман ва аз роњњои гуногун (яъне мутазод) пайравї накунед, ки роњњо шуморо аз роњи њаќ мунњариф месозанд.

Аз љумлаи гурўњњое, ки дар ин оят манзур аст, њамин гуруњхои террористї амсоли Давлати исломї, Ансоруллоњ, Љундуллоњ, Њаракати исломии Узбекистон, Њизби нањзати исломии Тољикистон ва ѓайра аст. Ин гуруњњо аз њиссиёти динї ва мазњабии мардум истифода бурда, сараввал номи худро исломї мегузоранд ва сипас мардумро ба роњи залолат ва нестї мебаранд. Амалњои террористии онњо дар тамоми љањон њувайдост.

Њизби нањзати исломии Тољикистон њам аз љумлаи њаминњост ва то парда аз ниќоби он гирифта нашуд, мардуми мо аз мунофиќї, дурўягї ва худфурўхтагї ва муздурии он хабар надоштанд. Чун дар гуфтори онњо агар мушоњида шавад, маълум мегардад, ки њатто суханронињои онњо оњиста-оњиста аз вожањои ѓайр истифода мешавад. Амалњои террористии соли 2015 пурра пардаи нифоќро аз рўи ин зарххаридаони хориљї барканор кард ва мардум чењраи аслии ин њизби террористиро шинохтанд. Дар солњои љанги шањрвандї њазорон мардуми куштаву фирорї ба пайравони ин њизб дарси ибрат нашуд. Аммо акнун маълум гашт, ки ин пайравони мазњаби шиа ва аз зархаридони Љумњурии «исломї»-и Эрон будаанд. Љумњурии исломии Эрон, ки худ режими охундї дорад ва мардуми авоми он пайваста зери зулму фиреби охундњо мебошанд, бо пули худ тухми нифоќро дар Ватани мо коштанд ва ният доштанд ба ин васила Тољикистонро низ ба охундизм табдил кунанд. ЊНИТ чун аз Эрон маблаѓњои калони пулї мегирифтанд, ањдофи онњоро дар Тољикистон пиёда мекарданд. Њатто дар интихоботи њизбї ба мардум њушдор медоданд, ки агар дар вараќањои интихоботї њизби нањзати исломиро хат кашанд, кофир мешаванд. Дар арафаи интихобот намондагони њизбњо чун барои гирифтани раъйњо ба хонаи яке аз афроди калонсол ва руњонї  омаданд, намояндаи ЊНИТ умед дошт, ки аз ин оилаи калон раъйи зиёдеро ба даст меоваранд. Аммо сардори оила аз ба љонибдории Њизби халќии демократї райъ дод. Аз ин амал намояндаи ЊНИТ ба шур омад ва бо чењраи турш ва ѓазабнок аз хона берун рафт.

Саркардагони ин њизб сараввал ба мазњаби шиа гаравида, сипас бо пули онњо барои ба дом андохтан аз њиссиёти динии мардум истифода мебаранд. Мазњаби шиа барои фиреби мардум аввал аз љавонон истифода мебарад. Баъзеро аз надоштани шароити иќтисодї ва баъзеро бо никоњи муваќќатї бо номњои сиѓа ва мутъа фирефта мекунад. Инчунин, нисбати занон њељ арзише дар ин мазњаб нагузоштаанд. Чун занњо тибќи ќонунњои ин мазњаб  њатто занони шавањардор аз тариќи  никоњи муваќќатї аз даст ба даст мешаванд. Охундњо чунон мардумро маѓзшўї кардаанд, ки гўй агар зан њарчи бештар мутъа кунад, њамон ќадар дараљаву манзалаташ назди Худованд меафзояд. Дар љомеае, ки ин амал вуљуд дорад, аз тариќи никоњи муваќќатї касалињои гузаранда хеле ва хеле зуд пањн мегардад ва љавонон низ, ки даврони шањватпарастї доранд, тез ба фиреби онњо дода мешаванд.

Мутаассифона ин мазњаб дар Тољикистон низ аллакай бо аќидаву рафтораш реша давонидааст. Агар маќомот бо руњониёни варзида ба мардум корњои фањмондадињї нагузаронанд, дар муддати андак ин мазњаб дар дили њар фарди тољик љо мегирад. Њоло дида мешавад, ки чигуна муњассилини ин кишвар ба Ватан баргашта, аќидањои ифлоси худро байни мардум роиљ мекунанд ва аз тариќи тафриќаафканї ва интиќод аз муќаддасоти мазњабї њанафї кори худро пеш бурда истодаанд. Натиљаи он њамон хурофотпарастї ва ќабрпарастие дар пай дорад, ки айни замон Ќонунњои амалкунандаи Тољикистон бо он мубориза бурда истодаанд. Яъне режими дар пешгирифтаи Эрон ва мазњаби шиа ин кулан таѓйир додани сохти конститутсионии мардуми тољик ва аз байн бурдани насли солими он аст.

И.в. сардори шуъбаи кадрњои
Донишкадаи исломии Тољикистон                          Н. Наботов.
28.12.2017


Андешаи Шумо



Ҳамаи шарҳҳо


Ҳанӯз шаpҳе дар ин баҳс нест. Шумо аввалин ширкаткунанда хоҳед буд

Воридшавӣ ба e-mail- и dit.tj



"ЗИ ГАҲВОРА ТО ГӮР ДОНИШ БИҶӮЙ!"






Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абӯҳанифа ©2018 - 2024. Ҳуқуқҳо ҳимоя карда шудаанд.