РЕКТОРИ ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ИМОМИ АЪЗАМ АБӮҲАНИФА
.
Зокирзода Нусратулло МеликНомзади илмҳои фалсафа___________________________
Ҷашни мардумӣ ва миллии Наврӯз яке аз ҷашнҳои маъруф ва мондагори қавмҳои ориёинажод аст, ки таърихи тӯлонӣ дорад. Дар миёни ҷашнҳои миллӣ, Наврӯз аз лиҳози аҳамиятнокӣ ва анъанавӣ буданаш мавқеи муҳим дорад. Мутобиқи солшумории шамсӣ, Наврӯз ба таърихи 21-22 моҳи март рост меояд. Худ аз номаш маълум аст, ки наврӯз, яъне «рӯзи нав» мебошад, ки он ба рӯзи аввали сол рост меояд. Имрӯз Наврӯз ҳамчун рӯзи аввали соли миллӣ шинохта шудааст...Муфассал
Эҳтироми волидайн
Ду гавҳараки дилу дида ва дурри гаронмоя, ки сабаби ба ҳаёт омадани мо ва нашъунамои мо мегарданд, падару модар мебошанд. Онҳо аз неъматҳои зоҳириву ботинӣ, моддию маънавӣ моро бархӯрдор ва комгор гардондаанд. Дар роҳи тарбияи фарзанд ранҷҳову заҳматҳо кашидаанд. Аксари лаззат ва неъматҳои дунёро ба хотири фарзандон тарк кардаанд.
Ногуфта намонад, ки эҳтироми падару модар амри зарурӣ буда ва бояд шукронагузорӣ дар муқобили ин ду неъмати Худованд ва хизматҳои онҳо бояд кард. Агар шахсе, ки эҳтироми падару модари хешро надонад дар зиндагӣ ҳаргиз комёб нахоҳад гашт, ҳатто дар назди падару модар “уфф” гуфтан бадтарин гуноҳ аст, зеро Худованди мутаол дар Сураи «Исро», ояти 23 фармудааст: “Ва Парвардигори ту ҳукм кард, ки ба ҷуз Худаш (дигаре) - ро ибодат макунед; ва ба падару модар некӯкорӣ бикунед; агар яке аз онҳо, ё ҳарду назди ту ба калонсолӣ бирасанд, пас, ба онҳо “уфф” магӯ ва бар онҳо бонг мазан ва ба онҳо сухани некӯ бигӯ!”
Яке аз шоистатарин амале, ки ҳар як инсон бояд ба он диққати ҷиддӣ диҳад, ҳаққи падару модарро донистан аст. Дини мубини Ислом мақому манзилати падару модарро чунон баланд бардоштааст, ки инсоният то ба имрӯз назири онро надидааст. Ин мартабаи азим баъд аз имон ба Худо ва тоату ибодати Зоти ягонааш меояд. Дар Қуръони Карим оёти бешуморе вуҷуд дорад, ки хушнудии падару модарро дуруст баъд аз ризоят ва хушнудии Худованди Субҳон қарор медиҳад ва ба ин тартиб бар фазилати некӣ ва эҳсон ба волидайн меафзояд. Чуноне ки Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ гуфтааст:
Ақл дар оғози айёми шабоб,
Менаяндешад савобу носавоб.
Аз мизоҷи ман падар озурда гашт,
Лолазори чеҳрааш афсурда гашт.
Падару модар дар ранҷурии фарзанд ранҷуранд ва аз хурсандии фарзанди хеш меболанд. То ба камолот расидани фарзанд чи ранҷу машаққатҳо мекашанд, ожангҳо дар чеҳраи зебои онҳо пайдо мешавад, қомати сарвину алифсони онҳо камонсифат мегардад. Бахту саодати хешро нисори фарзандон месозанд, з-ин рӯ бар фарзандон воҷиб аст, ки волидайнро эҳтиром ва икром намоянд. Дар ҳадиси шариф омадааст:
Ривоят аст аз Абуҳурайра разия-л-лоҳу анҳу, ки гуфт: омад марде назди Расуллулоҳ алайҳи салом. Пас гуфт: кист, ки ҳуқуқи бештар дорад ба ҳусни сўҳбати ман? Паёмбар (с) фармуданд: Модарат. Боз он мард пурсид, баъд кӣ? Паёмбар фармуданд: Модарат. Боз он мард пурсид, баъд кӣ? Паёмбар фармуданд: Модарат. Боз он мард пурсид, баъд кӣ? Паёмбар (с) алайҳи-с-салом фармуданд: «Падарат». (саҳиҳ Бухорӣ 5626)
Аз ин гуфтаҳои Паёмбар мебинем, ки модар бояд ҳамеша аз ҷониби фарзандон дар иҳотаи раҳму шафқат, ҳусни муошират, меҳру муҳаббат, иззату икром қарор дошта бошад. Падар ҳам чунин аст, аммо модарро таъкид кардани Паёмбар (с) беҳикмат нест, зеро зан нисбат ба мард бисёр заиф аст. Ба дунё овардани тифл аз ҳамлу таваллуд шир додан, ҳама бар дӯши ӯст ва аз ин рӯ фарзанд бояд шафқатро ба нисбати ӯ бештар кунад.
Инчунин дар ҳадис омадааст, ки марде гуфт: Ё расулаллоҳ, барои кадом кас некӯӣ кунам? Расулуллоҳ (с) фармуд: Барои Модарат. Он мард айнан суолро се бор такрор намуд ва Паёмбар (с) дар ҳар бор мегуфт: Барои Модарат ва дар мартабаи чаҳорум фармуд: накӯӣ кун барои Падарат ва баъд аз падар барои хешовандони наздиктар. Чуноне ки Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ гуфтааст:
Бар падар ин ҷаври нозебо макун,
Пеши Мавло бандаро расво макун.
Ғунчае аз шохсори Мустафо,
Гул шав аз боди баҳори Мустафо.
Эҳсон ба волидайн ва саъй кардан дар ҳоҷати эшон мебошад. Ҳоҷати эшон аз кадом ҷиҳате набошад, онро бароварда бояд сохт. Одами боақлу бофаҳм ҳеҷ вақт аз эҳтирому хизмати падару модар дур намешавад, ҳама вақт аз насиҳатҳои онҳо сарфароз мегардад. Аз ин рӯ шукронаи Худованди меҳрубонро бисёр бояд кард. Вагарна ин неъмат ҳам рӯзе аз даст меравад. Чуноне, ки Ҷалолиддини Балхӣ гуфтааст:
Шукр гӯйӣ, неъматат афзун шавад,
В-ар нагӯйӣ, аз кафат берун шавад.
Каримов Иноятулло устоди ДИТ ба номи Имоми Аъзам – Абуҳанифа (р)
Андешаи Шумо
Ҳамаи шарҳҳо
Ҳанӯз шаpҳе дар ин баҳс нест. Шумо аввалин ширкаткунанда хоҳед буд
Ҳанӯз шаpҳе дар ин баҳс нест. Шумо аввалин ширкаткунанда хоҳед буд
Воридшавӣ ба e-mail- и dit.tj
"ЗИ ГАҲВОРА ТО ГӮР ДОНИШ БИҶӮЙ!"
Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абӯҳанифа ©2018 - 2024. Ҳуқуқҳо ҳимоя карда шудаанд.