РЕКТОРИ ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ИМОМИ АЪЗАМ АБӮҲАНИФА
.
Зокирзода Нусратулло МеликНомзади илмҳои фалсафа___________________________
Ҷашни мардумӣ ва миллии Наврӯз яке аз ҷашнҳои маъруф ва мондагори қавмҳои ориёинажод аст, ки таърихи тӯлонӣ дорад. Дар миёни ҷашнҳои миллӣ, Наврӯз аз лиҳози аҳамиятнокӣ ва анъанавӣ буданаш мавқеи муҳим дорад. Мутобиқи солшумории шамсӣ, Наврӯз ба таърихи 21-22 моҳи март рост меояд. Худ аз номаш маълум аст, ки наврӯз, яъне «рӯзи нав» мебошад, ки он ба рӯзи аввали сол рост меояд. Имрӯз Наврӯз ҳамчун рӯзи аввали соли миллӣ шинохта шудааст...Муфассал
Саидюнуси истаравшанӣ - бадхоҳи миллат ва зархариди душман
Саидюнуси истаравшанӣ 13-уми декабри соли 1969 дар шаҳри Истаравшани Ҷумҳурии Тоҷикистон зода ва ба воя расида аст. Пас аз хатми мактаби миёна, ба Донишкадаи рассомии шаҳри Саратови Россия дохил шуда аст, вале онро нотамом гузошта соли 1989 ба шаҳри Тошқанди Ӯзбекистон омада, он ҷо дар назди Домулло Маъруфҷони истаравшанӣ чанд соле ба таҳсили улуми динӣ пардохтааст.
Аз соли 1994 то соли 1999 дар Донишгоҳи байналмилалии Мустафои Эрон дар риштаи фалсафа ва маорифи исломӣ таҳсил намуда, сипас дар соли 2001 ба Донишгоҳи Димишқи Сурия дохил шуда, дар риштаи “Фалсафа ва ҳикмат” то соли 2007 таҳсилро идома дода дипломи олии коршиносии аршади ҳамон факултаро ноил гардидааст.
Аз соли 2008 то охирҳои соли 2014 дар донишгоҳи байналмилалии Мустафои Эрон ба ҳайси устод фалсафа фаолият намуда аст.
Вай дорои чандин таълифот буда бо ташаббуси роҳбарони “Ҳизби наҳзат”-и Тоҷикистон чандин маводди таълимӣ барои навомӯзон дар заминаҳои гуногун ҷамъоварӣ намуда, дар бахши фарҳанг ва нашриёти ин ҳизб ҳамчун узви фаол хидмат намуда бо суистифода аз мавқеияти худ чандин нафар писарону духтаронро бо мақсади таълимоти шиагароӣ гирифтан ба Донишгоҳҳои Эрон фиристода ҷиҳати ба даст омадани мақсадҳои сиёсӣ ва ғаразноки хоҷагони Эронии худ саъю кӯшиши бисёр намудааст.
Вай агарчи дар хонадони диндор, суннӣ ва пайрави мазҳаби поки ҳанафӣ ба воя расидааст, вале аз рӯи сиришти нопок доштанаш, худ ва мазҳабу миллату ватану тамоми арзишҳои маънавиро дар муқобили андак сармояи моддии хоҷагони фитнагар ва дасисабози эронӣ ва шиааш фурӯхта, худро асиру ғуломи онҳо намуда, дар либоси бегонаи онҳо даромада, дар ҳар мақола ва суханронии худ аз низом ва режими хуношом ва терорристии онҳо дифоъ ва пуштибонӣ менамояд ва зидди кишвару миллати азизу сарбаланду соҳибистиқлоли Тоҷикистон сухан мегӯяд.
Бояд ёдовар шуд, ки бо ташаббуси вай дар шабакаи ҷаҳонии интернет саҳифае бо унвони “Кимиёи саодат” боз шуда, фаолият дорад, ки дар он ҷо ба таври фаровон таблиғот ва андешаҳо муғризонаи худро пайваста пахш мекунад.
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ чи хуб мефармояд:
Бад гуҳарро илму фан омӯхтан,
Додани теғ аст, ба дасти роҳзан.
Ин ишораи зебои Мавлоно бо воқеияти ҳоли ин шахс бисёр созгор аст. Зеро чуноне, ки аз номаш возеҳ аст, ӯ зодаи ҳамин сарзамини инсонпарвар ва рӯҳнавози мо, Тоҷикистон аст, вале аз рӯи фитрати носолимаш, қадри Ватану миллатро нашнохта на танҳо худро дар биёбони ғурбат саргардон намуда аст, балки бо ҳадафҳои шуму бадхоҳона ва андешаҳои ғаразнокаш мехоҳад барои ҷавонони ин миллат заминаи инҳироф ва каҷравиро фароҳам сохта, бисоти фитна ва нооромиро дар ин кишвар бигустарад.
Аз ин ҷиҳат зиёиён ва қаламбадастони миллатдусти моро зарур аст, ки ҷиҳати шиносонидани чунин чеҳраҳои хатарнок ба ҷомеа ва ҷавонони кишвар талош намоянд, то шукуфоӣ ин сарзамин рӯзафзун гашта, миллати азизамон дар сояи амну оромӣ зиндагонии осоишта дошта бошанд.
Шарипов Иқбол устоди кафедраи улуми Қуръонӣ
Андешаи Шумо
Ҳамаи шарҳҳо
Ҳанӯз шаpҳе дар ин баҳс нест. Шумо аввалин ширкаткунанда хоҳед буд
Ҳанӯз шаpҳе дар ин баҳс нест. Шумо аввалин ширкаткунанда хоҳед буд
Воридшавӣ ба e-mail- и dit.tj
"ЗИ ГАҲВОРА ТО ГӮР ДОНИШ БИҶӮЙ!"
Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абӯҳанифа ©2018 - 2024. Ҳуқуқҳо ҳимоя карда шудаанд.