РЕКТОРИ ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ИМОМИ АЪЗАМ АБӮҲАНИФА
.
Зокирзода Нусратулло Мелик

Номзади илмҳои фалсафа
___________________________

Ҷашни мардумӣ ва миллии Наврӯз яке аз ҷашнҳои маъруф ва мондагори қавмҳои ориёинажод аст, ки таърихи тӯлонӣ дорад. Дар миёни ҷашнҳои миллӣ, Наврӯз аз лиҳози аҳамиятнокӣ ва анъанавӣ буданаш мавқеи муҳим дорад. Мутобиқи солшумории шамсӣ, Наврӯз ба таърихи 21-22 моҳи март рост меояд. Худ аз номаш маълум аст, ки наврӯз, яъне «рӯзи нав» мебошад, ки он ба рӯзи аввали сол рост меояд. Имрӯз Наврӯз ҳамчун рӯзи аввали соли миллӣ шинохта шудааст...Муфассал

Ҳар рӯз зи худ бипурс, агар ту мардӣ!? К-имрӯз чи хизмате ба мардум кардӣ?

Фазилатҳои моҳи шарифи Рамазон

 

 

 

Каримов Иноятулло, устоди Кафедра «Улуми Қуръон»-и ДИТ ба номи Имоми Аъзам - Абўҳанифа (р)

 

Таърифи рўза (савм), дар луғат ба маънои худдорӣ ва парҳез кардан аст. Дар Қуръони карим омадааст: “Ба дурустӣ, ки ман барои (Худои) Раҳмон рӯзаро назр кардаам, пас, имрӯз бо ҳеҷ одамӣ сухан нахоҳам гуфт!” (сураи «Марям », ояти 26) Маънои истилоҳии рӯза (савм) иборат аст, ки аз: Бо ният худдорӣ кардан аз хӯрдан ва ошомидан, аз тулуъи фаҷр то ғуруби офтоб мебошад.

Моҳи  шарифи Рамазон яке аз  моҳҳои муқаддастарин барои мусалмонони дунё буда, дар ин моҳ пораҳои аввалини китоби муқаддаси «Қуръон» нозил шудааст. Худованд рӯзаро ҳамон гуна, ки бар умматҳои пеш аз Ислом фарз гардонида буд, онро бар уммати Ҳазрати Муҳаммад (с) низ фарз гардонидааст, ки мефармояд:

“Эй касоне, ки имон овардаед! Рўзаи моҳи Рамазон бар шумо фарз гардонида шуд, ҳамон гуна ки бар миллатҳои пеш аз шумо фарз гардида буд, бошад ки парҳезгор шавед”.(сураи «Бақара», ояти 183).

Хусусияҳои  рӯза ва моҳи Рамазон

Худованд мефармояд: “Моҳи Рамазон он аст, ки дар Қуръон – (ҳамчун) раҳнамо барои мардум ва суханони равшан аз ҳидоят ва ҷудокунандаи ҳаққу ботил фӯруд оварда шуд. Ва ҳар, ки аз шумо ин моҳро дарёбад, пас, албатта, дар он рӯза дорад” (сураи «Бақара», ояти 185).

Моҳи Рамазон моҳи ибодату тоат аст, моҳи нузули Қуръони Карим аст, дар бораи ин моҳи пурбаракат фазилати бисёре омадааст, ки мо баъзе аз онро зикр мекунем.Худованд рӯзаро аз байни дигар ибодатҳо ихтиёр намуда, мегўяд:

1.Аз Абуҳурайра (р) ривоят аст, ки Паёмбари Худо (с) мефармоянд: “Касе, ки аз рӯйи имон ба Худо ва умеди аҷр дар моҳи Рамазон рӯза бигирад, гуноҳҳои гузаштааш бахшида мешавад” (ривояти Бухорӣ 1901, Муслим 760).

2.Худованд фармудааст: “Тамоми амали фарзанди Одам барои ӯст, магар рӯза, зеро рӯза барои Ман аст ва Ман подоши онро ба ӯ медиҳам. Рӯза монанди сипар аст, пас  агар нафаре аз шумо рӯзадор бошад, сухани ношоиста нагӯяд ва ҷанҷол накунад. Агар касе ӯро дашном диҳад ё ба ӯ зӯроварӣ кунад, пас бигӯяд: Ман шахси рӯзадорам” (ривояти Бухорӣ 1904, Муслим 1151).

3.Аз Саҳл (р) ривоят аст, ки Паёмбари Худо (с) мефармоянд: “Дар биҳишт дарвозае аст, ки Райён гуфта мешавад, дар рӯзи қиёмат танҳо рӯзадорон аз он вориди ҷаннат мешаванд. Нидо карда мешавад, ки рӯзадорон куҷоянд? Он гоҳ бармехезанд ва аз он дарвоза ворид мегарданд, сипас дарвоза баста шуда, шахси дигар аз он ворид намешавад” (ривояти Бухорӣ 1896, Муслим 1152).

4.Аз Абуҳурайра (р) ривоят аст, ки Паёмбари Худо (с) мефармоянд: “Ҳар гоҳ моҳи Рамазон фаро расад дарҳои биҳишт кушода гардида,  дарҳои дӯзах баста мегарданд ва шайтонҳо занҷирбанд хоҳанд  гашт” (ривояти Бухорӣ 1898, Муслим 1079).

Фазилати Рамазон

1.Моҳи мубораки Рамазон моҳест, нузули раҳмату мағфират ва файзу баракат, талаби аҷр,  адои рукни чаҳоруми Ислом,  иҷобати дуоҳо. Шахсе, ки шабҳояшро қиём, бо тоату ибодат ва намози таҳаҷҷуд мегузаронад, гуноҳҳонаш бахшида хоҳанд гашт.

2.Дар моҳи мубораки Рамазон  бузургтарин китоби Илоҳӣ Қуръони карим нозил гардидааст: “(ҳамчун) раҳнамо барои мардум ва суханони равшан аз ҳидоят ва ҷудокунандаи ҳаққу ботил фуруд оварда шуд” (сураи “Бақара” ояти 185).

3.Фатҳи Макка, дар ин моҳ сурат гирифтааст.

4.Дар шабҳои он, Худованди бузург бандагонашро аз оташи ҷаҳаннам озод менамояд.

.5Рамазон моҳест, ки ибтидо, даҳаи аввалаш "раҳмат", даҳаи дуввум мобайнии моҳ "мағфират" ва даҳаи охир, анҷомаш "раҳои  аз оташи ҷаҳаннам" мебошад.

6.Рамазон моҳи сабр аст ва подоши сабр биҳишт.

7.Ин моҳи муборака, моҳи бахшишу эҳсон аст.

8.Савоби анҷом додани Умра дар моҳи Рамазон монанди анҷом додани Ҳаҷ ҳамроҳи Паёмбари Худост. Паёмбари гиромӣ (с) фармудаанд: «Савоби умра дар Рамазон  баробар бо ҳаҷҷе аст, ки ҳамроҳи ман анҷом дода бошад» (ҳадиси «саҳеҳ», х.1863, м. 1256).

9.Дар шаби охири Рамазон Худованд гуноҳи рӯзадоронро мебахшад, чунон, ки коргар баъд аз поён расондани кораш музди меҳнаташро мегирад.

 Ҳукми рӯзаи моҳи шарифи Рамазон

Рӯза доштани ин моҳ, рукни чаҳоруми дини Ислом буда, ба ҳама касоне, ки шароити лозимаро дошта бошанд фарз ва воҷиб аст.

Рӯзаи моҳи шарифи Рамазон бо далели Қуръонӣ ва суннати Паёмбар (с) воҷиб шудааст. Худованд мефармояд:«Эй касоне, ки имон овардаед! Рўзаи моҳи Рамазон бар шумо фарз гардонида шуд, ҳамон гуна ки бар миллатҳои пеш аз шумо фарз гардида буд, бошад  ки парҳезгор шавед» (сураи «Бақара», ояти 183).

Дар ҳадисе, ки Ибни Умар (р) аз Паёмбар (с) ривоят кардааст, ки Паёмбар (с) фармуд: “Ислом бар панҷ поя бино карда шудааст: Бар "ягона парастидани Аллоҳ таъоло" (ва дар ривояти дигар бар панҷ поя бино карда шудааст), гувоҳӣ додан ба ин ки "ҷӯз Аллоҳи ягона, ҳеҷ маъбуди барҳаққе вуҷуд надорад, ва Муҳаммад (с) бандаи Аллоҳ ва фиристодаи Ў аст", ва барпо доштани "намоз" ва "адои закот" ва "рӯза доштани моҳи Рамазон" ва "ҳаҷ" кардан аст. Пас марде гуфт: Ҳаҷ ва рӯзаи моҳи Рамазон, гуфт: Не! Рӯзаи моҳи Рамазон ва ҳаҷ, инчунин аз Паёмбар (с) шунидам (ривояти Бухорӣ 8, Муслим 16).

Чи гуна бояд моҳи шарифи Рамазонро истиқбол кард?

Мусулмонони садри Ислом аз Саҳобагони киром ва тобиъин (р)  ба моҳи Рамазон иҳтимоми зиёд медоданд, аз Худованд мехостанд, ки онҳоро то Рамазон сиҳату саломат нигоҳ дорад, то тавонанд, дар ин моҳи пурфайзу пурбаракат рӯза гиранд, онҳо бо омадани Рамазон хушҳол мегардиданд, рӯзҳояшро бо рӯзадорӣ ва шабҳояшро бо намозхониву тиловати Қуръон зинда нигоҳ медоштанд ва дар ин моҳ бо анҷоми корҳои нек нафсҳои худро пок менамуданд.

Онҳо медонистан, ки моҳи Рамазон моҳи танбаливу хоб нест, бархе чунин гумон мекунанд. Моҳи Рамазон моҳи ибодат ва амал аст, пас бояд ин моҳи пурбаракатро гиромӣ дошт, ин фурсатро ғанимат донист ва ин рӯзҳоро бо тоату ибодати Аллоҳ сипарӣ кард.

Пеш аз ҳар чиз бояд ба сӯи Худо бозгардем ва холисона аз тамоми гуноҳҳои карда, тавба кунем ва бо Худои хеш аҳд бибандем, ки дигар ба сӯи гуноҳҳон боз нахоҳем гашт, бандаи мухлис ва фармонбардор хоҳем буд, дар ин моҳ  хайру садақотро  бояд зиёд кард ва аз муҳаррамот ва макруҳот дурӣ бояд ҷӯст.

Бояд, ки тамоми аъзои бадани мо дар ин моҳ рӯзадор бошад, ба тавре, ки забон аз ғайбат, суханчинӣ  ва гапҳои зишту ҳаром, чашм аз нигоҳи ҳаром, гӯш аз шунидани суханони бад, монанди ғайбат, дасту пой аз анҳом додани амалҳои зишт  бояд бипарҳезад.

Рӯза ва намоз дар моҳи Рамазон бояд аз рӯи ихлосу имон ва бо умеди аҷру подош аз Худованд бошад, на ба хотири пайрави ба мардум аз тарси онҳо рӯза гирифт. Чуноне ки, Паёмбар (с) мефармояд: «Касе ки бар асоси имон ба Худо ва ба умеди аҷру савобе аз вай рӯза гирифт, гуноҳҳои гузаштааш бахшида мешавад».

Дар моҳи Рамазон шаби қадрро фаромӯш набояд кард, он шаб, ки аз ҳазор моҳ яъне 83 солу 4 моҳ афзал аст, шаби муборак дар яке аз рӯзҳои даҳҳаи охири Рамазон аст,  зиндадории ин даҳҳа ва шаби охир бо зикру дуою истиғфор ва тиловати Қуръон метавон, фазилати шаби қадрро дарёб кард.

Аз эътикоф дар ин моҳи Рамазон ба хусус даҳ рӯзи охир ғофил набошем. Моҳи Рамазон, моҳи эҳсон ва накукорӣ аст, ки бояд дар фикри дигарон буд, пас бо инфоқу бахшиш ва бо садақа додан ба ниёзмандон бояд ибодат кард.

Моҳи Рамазон моҳи нузули Қуръон аст, пас вақти худро бо тиловати Қуръони карим сипарӣ кунем ва дар ин моҳ бо каломи Илоҳӣ (Қуръон) унс бигирем, ва дар оёташ тадаббур ва тафаккур бикунем ва бидонем, ки Қурьони карим дар рӯзи қиёмат шафоатгари инсоният аст. Умри инсон кӯтоҳ аст ва набояд ин рӯзҳои муборакро ба дуруғу ѓайбату кина гузаронем, бояд бидонем, ки Аллоҳ Таоло рӯзи қиёмат ин фурсатҳоро аз мо хоҳад пурсид.


Андешаи Шумо



Ҳамаи шарҳҳо


Ҳанӯз шаpҳе дар ин баҳс нест. Шумо аввалин ширкаткунанда хоҳед буд

Воридшавӣ ба e-mail- и dit.tj



"ЗИ ГАҲВОРА ТО ГӮР ДОНИШ БИҶӮЙ!"






Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абӯҳанифа ©2018 - 2024. Ҳуқуқҳо ҳимоя карда шудаанд.