РЕКТОРИ ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ИМОМИ АЪЗАМ АБӮҲАНИФА
.
Зокирзода Нусратулло МеликНомзади илмҳои фалсафа___________________________
Ҷашни мардумӣ ва миллии Наврӯз яке аз ҷашнҳои маъруф ва мондагори қавмҳои ориёинажод аст, ки таърихи тӯлонӣ дорад. Дар миёни ҷашнҳои миллӣ, Наврӯз аз лиҳози аҳамиятнокӣ ва анъанавӣ буданаш мавқеи муҳим дорад. Мутобиқи солшумории шамсӣ, Наврӯз ба таърихи 21-22 моҳи март рост меояд. Худ аз номаш маълум аст, ки наврӯз, яъне «рӯзи нав» мебошад, ки он ба рӯзи аввали сол рост меояд. Имрӯз Наврӯз ҳамчун рӯзи аввали соли миллӣ шинохта шудааст...Муфассал
Битарс аз шахсе, ки наметарсад аз Худо!
Аз қадим гузаштаҳои мо мегуфтанд: Битарс аз шахсе, ки наметарсад аз Худо!
Дар ҳақиқат шахсе надонад, ки фитна чист ва чӣ оқибат дорад, ба ҳар ҷонибе, ки ӯро даъват намоянд, меравад ва фикр намекунад, ки оқибаташ чӣ мешавад. Ин даъват ба зарар аст ё ба манфиат дигар пушаймонӣ фоида намекунад. Ба ҳар шахс шинохтани фитна ва осораш хусусан дар ин давр муфид аст. Чунки инсон пеш аз қадам задан ба ҳар коре, оқибати онро фикр мекунад. Яке аз осори фитна ва оқибати он аз илм ва аҳли илм, таълими шариати Ислом дур шудан ва ба ҷоҳилону бегонагон дил баста аст, ки боиси ба онҳо пайвастан ва саршавии оташи фитна, ки дар дили ҷавонон имрӯзҳо пайдо шудааст мегардад. Инчунин осори фитна, ки дар ин давру замон мо мебинем, бо шахсони беақл, бемаърифат шиносоӣ пайдо кардан аст, ки боиси ба фаъолияти зиддиинсонӣ аз куҷо амру фармон мешаванд. Ин ҳамонро мефаҳмонад, ки шахс илми динӣ ё ки илми кофӣ надоранд ва аҳли илмро эътироф намекунанд.
Яке аз васиятҳои Абдуллоҳ ибни Масъуд (р) ин аст «Рӯзе мешавад, ки одамон аз гумону шубҳа сухан мекунанд: пас шумо бояд сабр карда аҷала накунед, дар ин ҳолат пайравӣ ба хайр ва аҳли он кард, то ки ба хайр расед ва Худои Таолоро хушнуд созед, беҳтар аз он ки ба бадӣ ва аҳли он дучор шуда сарнагун шавед». Ибн аби Шайба «Алмусаннаф», 38343. Албайҳақӣ «Ал-шуъаб», 9886.
Гуфтам, ки «Хато кардиву тадбир на ин буд»,
Гуфто: «Чӣ тавон кард, ки тақдир чунин буд».
Гуфтам, ки: «Басе хати хато бар ту кашидан»,
Гуфто: «Ҳама он буд, ки бар лавҳи ҷабин буд».
Гуфтам, ки: «Қарини бадат афганд бад-ин рӯз?»
Гуфто, ки: «Маро бахти бади хеш қарин буд».
Рӯзи 21-уми майи як гурӯҳ шаҳрвандони Тоҷикистон дар назди бинои Сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон таҷаммӯъ карданд. Гирдиҳамомадагон бо худ ҳар намуд шиорҳо бардошта буданд, монанди «Фарзандони моро аз гуруҳҳои террористӣ ба Ватан баргардонед!», «Ба баргаштани фарзандони мо монеъ нашавед!» ва ғайра.
Мардум аз фикр ва ҳиллаҳои ТЭТ ҲНИТ имрӯз пурра бохабар гашта, даст ба чунин амал заданд, яъне ба майдон баромаданд, тоқати мардум тоқ шуд, коса лабрез гашт, ки дар ин ҷо ҳам аз дасти дасисаҳои ТЭТ ҲНИТ якчанд нафар шаҳрвандон барои гирдиҳамоӣ, бегуноҳ ба ҳабс гирифта шуданд. Мардуми мусулмони тоҷик ва тоҷикистониён аз давраи пайдоиши Ислом, шиамазҳаб набуда, дар мазҳаби Имоми Аъзам Абӯҳанифа бо равияи аҳли сунат ва ҷамоат ба Худои яккаву ягона ибодот мекунанд.
МАРДУМИ ТОҶИК АЗ ДАСИССАҲОИ ИН ҲИЗБИ МАНСУҚ ДАР СОЛҲОИ 90-УМ ДИЛГИР ШУДААНД, ЧУНКИ АЗ РӯИ МАЪЛУМОТИ АНИҚ ИН ҲИЗБ, ЯЪНЕ ТЭТ ҲНИТ ҲАМОН СОЛҲО ҶУМҲУРИИ КӯЧАКИ ТОҶИКИСТОНРО БА РАВИЯИ ШИА КАШИДАНӣ БУДАНД.
Агар фикрҳои ин ашхос, хос аз барои Худо мебуд, агар андешаи онҳо барои рушду нумӯи Тоҷикистони азиз мебуд, онҳо зафар меёфтанд, вале ҳайҳот, ки фикри онҳо дар иҷрои амру фармони хоҷагон аз ҷумҳурии ба мо дӯст ва ҳамзабону ҳамфарҳанг буданд, ки фикру андешаи зишти шиагароӣ ба фикру андешаи аҳли сунат ва ҷамоат ва инчунин ба Исломи пок рост намеояд.
Ҳамагон шоҳиди он гаштаем, ки ҷавонони мусулмон, фарзандони миллати баруманди тоҷик имрӯз дар кишвари Сурия, Покистон, Афѓонистон ва дигар минтақаҳои ҷаҳон бо баҳонаи «ҷиҳод» ба даст силоҳ гирифта, мардуми бегуноҳро ваҳшиёна ба қатл мерасонанд, тариқи ахбори омма ба мардуми Тоҷикистон таҳдид мекунанд, равиши худро мазҳаб меноманд, шиносномаҳои худро сӯзонида аз Ватану миллат рӯй гардониданд. Кирдорҳое, ки тариқи телевизион намоиш дода шуданд, мардуми моро огоҳ намуд ва ҳушдор дод. Мо бояд бедор шавем, зеро имрӯз ба ҳамаи мо хатар таҳдид карда истодааст.
Модарҳои зору гирён, ҳамсару фарзандони овораву парешон бошад, дар Ватан ду чашм дар роҳи падару фарзанд мебошанд. Дар ин маврид ба падарону модарон таъкид намуда мегӯем, ки аз фарзандони худ бохабар бошед, мабодо ки ба доми фиребгарон наафтанд, ки оқибат шумо ҳам фарзандони худро мекобеду лек дигар ҳеҷ илоҷе намеёбед. ТЭТ ҲНИТ ва Давлати исломӣ, ҷамоати Ансорулло, Гурӯҳи 24 ва дигар гурӯҳҳои фитнагару ҷангҷӯ хоҳони ҷангу ҷидолу хунрезӣ мебошанд ва ҷавонони бекору бемасъулро мекобанд, чуноне ки мо дар расонаҳои хабарӣ мебинем ҳоли мардуми Афѓонистонро онҳо дар аввал нафаҳмидан, ки ин гурӯҳҳову ҳизбҳои ба ном исломӣ ин балоҳоро ба сарашон меоранд.
Дини мубини Ислом одамонро ба раҳму шафқат, меҳрубонӣ, сабр ва бурдборӣ, афв ва бахшиш, садоқат, ростӣ, ва дигар хислатҳои ҳамидаи инсонӣ ташвиқ намуда, одамонро аз ихтилофу тафриқа наҳй менамояд. Доир ба ахлоқи ҳамида ва хислатҳои неки инсонӣ дар Қуръони карим ва аҳодиси набавӣ омадааст:
«Баъд аз он, [бояд] аз касоне бошад, ки имон оварданд ва якдигарро ба шикебоӣ васият карданд ва якдигарро ба бахшоишу меҳрубонӣ васият карданд» (сураи Балад, ояти 17).
Ногуфта намонад, ки эҳтироми падару модар амри зарурӣ буда, бояд шукронагузорӣ дар муқобили ин ду неъмати Худованд ва хизматҳои онҳо бояд кард. Агар шахсе, ки эҳтироми падару модари хешро надонад дар зиндагӣ ҳаргиз комёб нахоҳад гашт, ҳатто дар назди падару модар “уфф” гуфтан бадтарин гуноҳ аст, зеро Худованди Мутаол дар сураи «Исро», ояти 23 фармудааст:
“Ва Парвардигори ту ҳукм кард, ки ба ҷуз Худаш (дигаре)-ро ибодат макунед; ва ба падару модар некӯкорӣ бикунед; агар яке аз онҳо, ё ҳарду назди ту ба калонсолӣ бирасанд, пас, ба онҳо “Уфф” магӯ ва бар онҳо бонг мазан ва ба онҳо сухани некӯ бигӯ!”
Яке аз шоистатарин амале, ки ҳар як инсон бояд ба он диққати ҷиддӣ бидиҳад, ҳаққи падару модарро донистан аст. Дини мубини Ислом мақому манзилати падару модарро чунон баланд бардоштааст, ки инсоният то ба имрӯз назири онро надидааст. Ин мартабаи азим баъд аз имон ба Худо ва тоату ибодати Зоти ягонааш меояд. Дар Қуръони карим оёти бешуморе вуҷуд дорад, ки хушнудии падару модарро дуруст баъд аз ризоят ва хушнудии Худованди Субҳон қарор медиҳад ва ба ин тартиб бар фазилати некӣ ва эҳсон ба волидайн меафзояд. Он фарзандоне, ки дар мулки бегона дар фиреб афтода, дар Ватан падару модар ва хешу табор онҳоро интизоранд гуфтанием, ки Агар дар роҳи Худо роҳ ҷӯед, “Ба Ватан баргардед, бо ҳам Ватанро обод кунем, ба падару модари худ ҷиҳод намоед, ба Ватани худ ҷиҳод намоед. Ягон ҳизбу ҳаракати бурунмарзӣ, мактабҳои динии бегона, илме ки дар он яку якбора “ҷиҳод”-ро ба Шумо ҷанг кардан, ҷангидан, хуни ноҳақ резонидан, несту нобуд кардани кофирон фаҳмонида додаанд, ба шумо дар роҳи Худо будан кӯмак намекунад, чунки ислом дини раҳмат ва улфат аст, мувофиқи шариати Ислом, шариатро бурда расонем на он, ки мақсадҳои худро ба роҳ монем. Дар охир ҳадиси Паёмбари Худоро ба ёд меорем, ки мефармояд: “Замоне меояд, ки мардуме пайдо шаванд, ки дини хешро ба матоъи ночизи дунё мефурӯшанд” (ҳадиси Муслим, 118). Дар ҳадиси дигаре фармудааст: “Замоне меояд, ки мардуме пайдо шаванд ба номи дин дуруѓҳо гӯянд то мардум гумроҳ шаванд” (ҳадиси Муслим, 1822).
Каримов Раҳим, Декани факултаи филологияи шарқи ДИТ ба номи Имоми Аъзам – Абуҳанифа (р)
Андешаи Шумо
Ҳамаи шарҳҳо
Ҳанӯз шаpҳе дар ин баҳс нест. Шумо аввалин ширкаткунанда хоҳед буд
Ҳанӯз шаpҳе дар ин баҳс нест. Шумо аввалин ширкаткунанда хоҳед буд
Воридшавӣ ба e-mail- и dit.tj
"ЗИ ГАҲВОРА ТО ГӮР ДОНИШ БИҶӮЙ!"
Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абӯҳанифа ©2018 - 2024. Ҳуқуқҳо ҳимоя карда шудаанд.