РЕКТОРИ ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ИМОМИ АЪЗАМ АБӮҲАНИФА
.
Зокирзода Нусратулло МеликНомзади илмҳои фалсафа___________________________
Ҷашни мардумӣ ва миллии Наврӯз яке аз ҷашнҳои маъруф ва мондагори қавмҳои ориёинажод аст, ки таърихи тӯлонӣ дорад. Дар миёни ҷашнҳои миллӣ, Наврӯз аз лиҳози аҳамиятнокӣ ва анъанавӣ буданаш мавқеи муҳим дорад. Мутобиқи солшумории шамсӣ, Наврӯз ба таърихи 21-22 моҳи март рост меояд. Худ аз номаш маълум аст, ки наврӯз, яъне «рӯзи нав» мебошад, ки он ба рӯзи аввали сол рост меояд. Имрӯз Наврӯз ҳамчун рӯзи аввали соли миллӣ шинохта шудааст...Муфассал
Муждаи иди Фитр
Иди Рамазон омаду, моҳи Рамазон рафт,
Сад шукр,ки ин омаду, сад ҳайф, ки он рафт.
Иди Фитр рўзи охири моҳи Рамазон ва аввали моҳи Шаввол мебошад. Иди Фитр яке аз муҳимтарин ҷашнҳои мусулмонон аст. Дар кишварҳои мусулмоннишин ин ид аз ҷумлаи идҳои бисер муҳим ба ҳисоб меравад. Дар ин рўз рўза гирифтан ҳаром аст ва пардохти закоти Фитр дар ин рўз ба мусулмонон воҷиб аст. Мардуми мусулмон дар ин рўз ҳама сарҷамъона намози идро анҷом мекунанд.
Ислом динест, чун як дини маърифату ахлоқ бо ҷавҳари адолат ва асли башардӯстӣ, сулҳпарварӣ ва оини покию накӯхоҳӣ барои ҳар як пайравони худ сарчашмаи эътиқод, имон ва раҳоиш мебошад.
Бинобар ин, вазифаи имониву инсонии ҳар як фарди бонангу бономуси миллат ва мусулмони равшанфикр, имрӯз ва ҳамеша ин аст, ки баробари адои рисолати динӣ қарзи муқаддаси шаҳрвандиашро низ ба ҷо орад ва ҳамаи кӯшишу талоши худро ба сӯйи инкишофу пешрафт ва ободиву оромии Ватан, ҳифзи истиқлолияти миллӣ ва таҳкими дастовардҳои он, пеш аз ҳама сулҳу субот, ки бузургтарин комёбии мост, равона созад.
Имрӯз, ки мову шумо иди саиди Фитрро дар фазои сулҳу оромӣ ва амнияту осоиш истиқбол мегирем, тамоми олам моро чун миллате мешиносад, ки силоҳро ба замин гузошта, ихтилофҳои мавҷударо дар як муддати кӯтоҳ аз тариқи музокирот, якдигарфаҳмӣ, ҳамгироӣ ва ҳамкорӣ ҳал намудааст. Аз ин лиҳоз хар яки моро зарур аст, ки фарзандони худро ба роҳи маърифату дӯстӣ ва илму донишомӯзӣ ҳидоят намоем, дар таълиму тарбияи замонавии онҳо хайру сахоро дареғ надорем.
Фарорасии иди Рамазонро мову шумо ҳар сол бо дастурхони аз рӯйи имкон ороста, бо дили поку ниятҳои нек интизор мешавем ва бо тинҷиву оромӣ бо аҳлу авлод ва хешу ақрабои худ мегузаронем. Ба эҳтиёҷмандону дармондагон додани фитри рӯза низ савоби зиёд дорад. Чандин сол аст, ки дар арафаи идҳои суннатӣ вазорату корхонаҳо, ширкатҳои саҳомию хусусӣ ва соҳибкорони сахопеша ба оилаҳои камбизоат, беморону барҷомондагон, ятимхонаҳо ва хонаҳои пиронсолон кӯмак мерасонанд.
Ин хайру саховат ва меҳрубонӣ ба ятимону дармондагон, ки дар рӯзҳои ид чашми умед сӯйи мову шумо дӯхтаанд, қарзи инсонӣ ва исломии ҳар фарди худоҷӯ ва инсондӯст аст.
Суннатҳои иди Рамазон ва иди Қурбон
Дар рўзҳои ид мисвок ва ғусл кардан, хушбӯӣ истифода намудан ва беҳтарин либосҳоро пўшидан суннат аст. Дар иди Фитр пеш аз рафтан ба намозгоҳ бо чизе даҳон ширин намудан ва закоти фитр (садақаи фитр)-ро ҳам пардохтан мустаҳаб аст. Вале дар иди Қурбон хўрданро то адои намоз ба таъхир гузоштан лозим аст ва агар қурбонӣ дошта бошанд, аз он бихўранд.
Аз Анас (р) ривоят шудааст, ки: «Расули Худо (с) дар рўзи иди Фитр то чанд хурмое намехўрд, ба намоз намерафт». (Саҳеҳи Бухорӣ, 953; Сунани Ибни Моҷа, 1754).
Ибни Аббос (р) мефармояд: «Расули Худо (с) закот (садақа)-и Фитрро барои покии шахси рўзадор аз беҳудагӣ ва дигар ҳарзакориҳо ва барои ғизои бенавоён фарз гардонидааст. Касе онро пеш аз намоз(-и ид) адо намояд, он закоти пазируфташуда аст ва касе онро баъд аз намоз адо намояд, он садақае аз садақот мебошад». (Сунани Абўдовуд, 1609; Сунани Ибни Моҷа, 1827).
Дар ривояти дигар омадааст: «Расули Худо (с) дар рўзи иди Фитр то намехўрд, (ба намоз) хориҷ намешуд ва дар рўзи иди Наҳр (Қурбон) то (аз намоз) барнамегашт, намехўрд». (Сунани Тирмизӣ, 542; Сунани Ибни Моҷа, 1756).
Одобу суннатҳои ид
Рўзҳои ид рўзҳои покизагиву озодагӣ, шодмониву фароғат ва анҷоми амалҳои башардўстона мебошанд.
Дар рўзҳои ид анҷом додани ин корҳо суннат мебошанд:
1. Ғусл намудан;
2. Мисвок кардан;
3. Беҳтарин либосҳои худро ба бар намудан;
4. Атру хушбўӣ задан;
5.Ба идгоҳ зуд рафтан ;
6.Пеш аз рафтан ба идгоҳ садақаи Фитрро пардохтан;
7. Пеш аз рафтан ба идгоҳ дар иди Фитр чизе тановул намудан;
8.Намози идро дар масҷид барпо намудан;
10.Аз як роҳе ба намозгоҳ рафтан ва аз роҳи дигаре бозгашта омадан;
11.Пойи пиёда ба намозгоҳ рафтан;
12.Рўзи иди Фитр такбирро оҳиста зери лаб зам-зама намудан;
Хело суханҳои зиёдест дар мавриди моҳи мубораки Рамазон ва иди саиди Фитр, лек вақт ғанимат аст бинобарин дар саранҷоми гуфтаҳои хеш ба тамоми хурду калони тоҷикистонӣ чунин гуфтаниям:
Иди Рамазон имруз бар мову шумо табрик,
Ин сабру шикебоӣ, в-ин аҳду вафо табрик.
З-Аллоҳ мадад ҷӯем дар роҳи муроди хеш,
Бӯе ба машом омад, аз боди сабо табрик.
Каримов Иноятулло, устоди Кафедраи «Улуми Қуръон»-и ДИТ ба номи Имоми Аъзам -Абӯҳанифа (р)
Андешаи Шумо
Ҳамаи шарҳҳо
Ҳанӯз шаpҳе дар ин баҳс нест. Шумо аввалин ширкаткунанда хоҳед буд
Ҳанӯз шаpҳе дар ин баҳс нест. Шумо аввалин ширкаткунанда хоҳед буд
Воридшавӣ ба e-mail- и dit.tj
"ЗИ ГАҲВОРА ТО ГӮР ДОНИШ БИҶӮЙ!"
Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абӯҳанифа ©2018 - 2024. Ҳуқуқҳо ҳимоя карда шудаанд.