РЕКТОРИ ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ИМОМИ АЪЗАМ АБӮҲАНИФА
.
Зокирзода Нусратулло Мелик

Номзади илмҳои фалсафа
___________________________

Ҷашни мардумӣ ва миллии Наврӯз яке аз ҷашнҳои маъруф ва мондагори қавмҳои ориёинажод аст, ки таърихи тӯлонӣ дорад. Дар миёни ҷашнҳои миллӣ, Наврӯз аз лиҳози аҳамиятнокӣ ва анъанавӣ буданаш мавқеи муҳим дорад. Мутобиқи солшумории шамсӣ, Наврӯз ба таърихи 21-22 моҳи март рост меояд. Худ аз номаш маълум аст, ки наврӯз, яъне «рӯзи нав» мебошад, ки он ба рӯзи аввали сол рост меояд. Имрӯз Наврӯз ҳамчун рӯзи аввали соли миллӣ шинохта шудааст...Муфассал

Ҳар рӯз зи худ бипурс, агар ту мардӣ!? К-имрӯз чи хизмате ба мардум кардӣ?

Иди саиди фитрро бо садақаи фитр анҷом диҳед!

 Моҳи мубораки Рамазон, баҳори Қуръон, моҳи ибодатҳои ошиқона ва моҳи зиёфати Худовандист, ки ба поён мерасаду иди фитр яъне иди қабули ибодатҳо, шабзиндадориҳо ва хайру саховат фаро мерасад. Рӯзи ид, рӯзи подош гирифтан ва дуо кардан аст, рӯзе аст, ки бандагони Худои якто ба шукургузорӣ дар тавфиқу имон ва дар адои вазифаи бандагӣ ва аз итоати фармони Худованд хушҳол ва розӣ мегарданд. Ин рӯзро бояд гиромӣ дошт ва аз Худованди меҳрубон хоҳони сулҳу оромӣ ва тинҷию осудагӣ, инчунин амнияту дустиро ба мардум ба хусус милатҳои мусулмон бо дуо карда, арзони ба даст омадани неъматҳои Худоро шукронагузорӣ бояд кард ва мардуми мусулмонро аз шарри ҷинояткорону ихтилофандозон нигоҳ доштан бояд дуо кард.

Имсол дар ҳоле иди фитрро истиқбол мегирем, ки ҷаҳони ислом ва мардуми мусулмон бо ҳаводиси сахте рӯ ба рӯ ҳастанд. Дар Афғонистон, Покистон, Ироқ, Фаластин, Сурия ва дигар кишварҳои исломӣ мусулмонон дар доми террористон ва ҷинояткорон гирифтор шудаанд ва ба номи ислом қатли ом мешаванд. Ҳар рӯз теъдоди ятимони мусулмон ва бепарастону бенавоён афзуда истодааст. Мардуми мазлуми Афғонистон бошад солҳост, ки ба ин вазият рӯ ба рӯ ҳастанд ва ҳар рӯз шоҳиди куштору инфиҷори ҳамватанонашон гашта, бехонумон шудани наздиконашонро бо чашми худ мебинанд.

Гузашта аз ин мо бо чашми сар мебинем, ки дар давлатҳои ноором ҳар рӯз аз мактабҳои террористӣ, экстремистонро хориҷ намуда, ба “бозорҳои хиёнату ҷиноятҳо” бароварда истода, дар байни мардуми бегуноҳ таркишҳои нав ба нав ташкил карда истодаанд. Ба гуфтаҳои хабарнигорон имсол аз солҳои гузашта зарару куштори мардуми одӣ зиёд гаштааст. Мо мардуми шарифи Тољикистон бояд, ки бисёр-бисёр шукрона кунем то ки Худованди бузург ин неъматашро ба мо арзонӣ ва бардавом  насиб кардааст.

Пас донист, ки Худованди таоло вақте инсонро офарид ба ӯ ақлу идрок дод то ин ки хубу бадро бифаҳмад, фоидаро аз  зарарро ҷудо карда тавонад, роҳи ислом роҳи рост, роҳи пок ва ҳақро интихоб намояд. Ин роҳ ба як тараф меравад ва мардумонро ба як даъват амр мекунад, пас шахсе, ки аз ин роҳ барояд маълум мешавад, ки ин шахс бо сахтгириву зиёдаравияш дар дин чизеро даровардааст. (сураи Моида ояти 3) чуноне ки имрӯзҳо дида истодаем аз тарафи  ҳизбу ҷамоатҳо зиёдаравию тағирот дар дини Ислом оварда шудаанд, ки мардум пеш аз онҳо бо ислом ба воситаи Қуръони карим ба забони тоҷикӣ шинос гашта, фикрҳои онҳоро қабул намекунанд.

Дар Қуръони карим инфоқ, яъне: хайру садақа кардан, дар тамоми ҳолатҳо – дар шабу дар рӯз, пинҳону ошкоро ва ҳини тавонгариву аснои тангдастӣ таъқид шудааст. Аз ин рў, мардум, ҳар шахсро зарур аст, ки ба қадри тавону дороии худ дар инфоқ – хайру садақа кардан кўшиш ва ҷидду ҷаҳд ба кор барад: садақаи фитр ва закоти молашро диҳад, хайрот кунад, дар анҷом додани амалҳои хайр ва накукорӣ кӯшиш намояд. Дар ин маврид Худованд дар сураи Бақара ояти 215 мефармояд: «Ва он чи аз хайр анҷом медиҳед, ҳамоно Худованд ба он доност».

Расули акрам дар саховатмандӣ, ҷавонмардӣ ва ғамхориву дилсӯзӣ ба ниёзмандон намунаи ибрат буданд. Дар моҳи мубораки Рамазон аз дигар моҳҳо бештар некї мекард, ба бахшишу эҳсон мепардохтанд, сахитару бахшандатар ва аз боди вазон ҳам даст ба хайртар буданд. Паёмбари гиромӣ фармудааст: «Беҳтарин ва боарзиштарин садақа он аст, ки дар моҳи Рамазон анҷом гирад».

Аз ин рӯ, дар ин моҳи муборак ба ятиму бечора, муҳтоҷу дармонда дасти ёрӣ дароз намудан, дар ободии кишвар саҳмгузор будан, дар баровардани ниёзҳои мардум ҳарис будан ҳам фарз асту ҳам суннат.

Каримов Раҳим, декани факултети филологияи Шарқи ДИТ ба номи Имоми Аъзам – Абӯҳанифа (р)


Андешаи Шумо



Ҳамаи шарҳҳо


Ҳанӯз шаpҳе дар ин баҳс нест. Шумо аввалин ширкаткунанда хоҳед буд

Воридшавӣ ба e-mail- и dit.tj



"ЗИ ГАҲВОРА ТО ГӮР ДОНИШ БИҶӮЙ!"






Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абӯҳанифа ©2018 - 2024. Ҳуқуқҳо ҳимоя карда шудаанд.