РЕКТОРИ ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ИМОМИ АЪЗАМ АБӮҲАНИФА
.
Зокирзода Нусратулло Мелик

Номзади илмҳои фалсафа
___________________________

Ҷашни мардумӣ ва миллии Наврӯз яке аз ҷашнҳои маъруф ва мондагори қавмҳои ориёинажод аст, ки таърихи тӯлонӣ дорад. Дар миёни ҷашнҳои миллӣ, Наврӯз аз лиҳози аҳамиятнокӣ ва анъанавӣ буданаш мавқеи муҳим дорад. Мутобиқи солшумории шамсӣ, Наврӯз ба таърихи 21-22 моҳи март рост меояд. Худ аз номаш маълум аст, ки наврӯз, яъне «рӯзи нав» мебошад, ки он ба рӯзи аввали сол рост меояд. Имрӯз Наврӯз ҳамчун рӯзи аввали соли миллӣ шинохта шудааст...Муфассал

Ҳар рӯз зи худ бипурс, агар ту мардӣ!? К-имрӯз чи хизмате ба мардум кардӣ?

Воқеъаи ибратомез

Воқеан ҳушдор додани дипломатӣ сатҳи баланди Ҷумҳурии Ҳиндустон Вазири давлатии корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон Мубашар Ҷовид Акбар оид ба терроризму ифротгароии дар мисоли ТЭТ ҲНИТ ҳушдорест, бар ҷомеъаи сулҳхоҳи олам, ки баҳри ҷилавгирӣ аз фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ муттаҳид бошанд. Дар ин мисол ТЭТ ҲНИТ ва аъзоёни он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бараъло дида мешаванд. Чунончи Худованди таъоло мегӯяд: “Эй он касоне, ки имон овардаед чаро мегуеду амал намекунед” сураи “Саф”, ояти 2.

Пас аз паҳн шудани навор дар яке аз сайтҳои интернетӣ бардошт намудам, ки боздошти Қиёмиддини Ғозӣ бо ҷурми хиёнат ба давлат ба амал омадааст, зери назари ин мафҳум маводҳои ин сайтро мутолиа намуда, ба хулосае омадам, ки бояд назари худро нисбати аъмоли ин шахс, ба ном «Генерали мардумӣ» изҳор намоям.

Саид Қиёмиддини Ғозӣ, дар асл яке аз муассисони ташкилоти экстремистию террористии ҲНИТ буд, ки замони ҷанги шаҳрвандӣ дар майдони “Шаҳидон” бо номи «генерали мардумӣ» маъруф шуд,  аз рӯҳониёни шинохтаи солҳои 90-ум ва яке аз иштирокдорони фаъоли майдони “Шаҳидон” дар Душанбе буд. Моҳи ноябри соли гузашта дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия замоне, ки тариқи Истанбул аз Эрон ба Русия бармегашт, аз ҷониби неруҳои амниятии Русия  дар шаҳри Санкт-Петербург  боздошт шуд ва ӯро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон истирдод намуда, моҳи майи имсол бо се ҷурм, аз ҷумла хиёнат ба давлат ба муҳлати 25 сол зиндонӣ маҳкум шуд.

Аммо пеш аз он, Пешвои миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар ҳузури рӯҳониён Саид Қиёмиддини Ғозиро ба ном «генерал» ва «яке аз сабабгори бадбахтиҳои ҷанги шаҳрвандии солҳои навадум» ном бурд. Ӯ гуфт, «ҷайбҳо пури доллари кишвари дар нохунак ба мо “дӯст”. Боз барои ҳамон амалҳои нопоки худ. Худаш иқрор аст, ки ҳамин қадар сол мазҳаби шиъаро қабул кардааст ва пурра бо супориши сохтори ҷосусии кишвари ба мо дӯст зидди миллати тоҷик кор кардааст. Чуноне ки гуфтаанд:

Ишқат ҳақиқӣ аст, маҷозӣ намешавад,

Ҷон бохтан ба ҳазлу ба бозӣ намешавад.

Дилро ба оби дидаву бо хуни дил бишу,

Ҳаргиз ба оби кӯза намозӣ намешавад.

Алоқамандии Қиёмиддини Ғозӣ ба шиъагароӣ аз аввали солҳои ба миён омадани ҲНИТ ба вуҷуд омада буд. Нақшаи фаъолияти ин ҳизби ифротиву террористии наҳзатро аввал шиъаён кашида буданд. Ин нақша марҳилаҳои пурнайрангеро дошта, зина ба зина бояд иҷро мегардид. Чун хиёнатҳояш оҳиста-оҳиста ошкор мегардад, нақшаи фирор пеш гирифта, сӯи ҳаммаслакони вайронкору фитнагараш рафт, чунки болу парашро хоҷагони шиъааш бастанд. Аммо вақт собит месозад, ки ҳеҷ гуна аъмоли бад беҷавоб намемонад, аз ҷумла, кирдорҳои разилонаву шиъагароёнаи Қиёмиддини Ғозӣ, ки ҳоло ба мардум равшан гардидаасту худи ӯ ба 25 соли зиндон маҳкум шуд. Аз ин хотир, бояд ӯ барои чунин амалкардҳояш ҷавоб диҳад, то ин омил ба дигарон дарси ибрат шавад.

Дар ҳаққи чунин афрод Паёмбари Худо Ҳазрати Муҳаммад (с) фармудаанд: «Он кӣ бар мо силоҳ кашад, аз мо нест ва он кӣ ба мо хиёнат кунад, аз мо нест!» Аз ин рӯ, мазҳабфурӯшии Қиёмиддини Ғозӣ хиёнати нобахшиданиест, ки ба мардуми Тоҷикистон кардааст. Баъд аз гузашти солҳо ҳақиқат ошкор шуд ва умед дорем, ки ҳақ ба ҳақдор мерасад.

Душманони миллатро боре мардум бахшид, баъд аз 20 сол боз ҳуҷум карданд, агар ин дафъа низ ба доду фиғони онҳо бовар кунем, зомини фарзандони миллат мешавем. Набояд фаромӯш кард, ки мо як маротиба ба дасисаҳои хориҷиён ва пайравонашон бовар карда, натиҷаашро дидем ва худ шоҳиди онем, ки чӣ бадбахтиҳо ба сарамон омаду то ҳанӯз ҳам ҷуброни онро пардохта истодаем.

Як вақтҳо байни мардум овозаҳое низ паҳн шуда буд, ки Эшони Сайид Қиёмиддини Ғозӣ аз мазҳаби аҳли Суннат рӯ тофта, мазҳаби шиъаро қабул кардааст. Дар ҳақиқат мо аз аҳволи руҳониёни кишвар огоҳ будем ва боз хубтар огоҳ шудем, ки эшони Қиёмиддин мушаххасан ба таблиғи мазҳаби шиа, ки ин равия ба мардуми шарифи  Тоҷикистон бегона ва таҳқиру тавҳин ба мазҳаби аҳли Суннат, ки аксарияти кулли аҳолии Тоҷикистон ва ҷаҳон пайрави ҳамин равия, яъне аҳли Суннат мебошанд, айбдор мешавад.

Ба таблиғоту ташвиқоти ин шахси беандеша чандин ҷавонони Тоҷик аз роҳи ҳақ баромада, ба фитнагарони шиа (шиагароӣ) ва ТЭТ ҲНИТ пайвастаанд.  Ин террористи ашаддӣ, ки барои расидан ба пулу моли ҳаром мардумро ба гирдиҳамоиҳову бетартибиҳо хондаву шиори “Иттиҳод рамзи пирӯзист”-ро ба худ ниқоб гирифта буд, чӣ бадбахтиҳое ба хонаводаи тоҷикон наовард. Хисороти ҷониву молии халқи мазлуми тоҷик ба ин шахси одамсурати бадахлоқ басанда набуд, ки бо маслиҳату машварати роҳбарияти имрӯза ТЭТ ҲНИТ ва сарпарасти доимии онҳо Эрон ба ҷалби мардуми суннимазҳаби тоҷик ба мазҳаби шиаи имомӣ пардохт.

Сирри “робитаҳои ҳасана”-и ӯ бо ҷониби Эрон албатта ба ҳама маълум аст. Зеро Эрон кишваре нест, ки ба ин содагӣ ва бе ягон ҳадаф ба касе ё гурӯҳе маблағе бидиҳад. Воқеан аз рӯи инсоф мебуд, Қиёмиддини Ғозӣ, ки дар ҳамкорӣ бо роҳбарону пайравони ташкилоти ҳамакнун мамнуъи террористии ҲНИТ бо аланга додани оташи ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ба бесаробон мондани ҳазорон оилаҳои тоҷик сабаб гардидаву даст ба аъмоли нангини ғайриисломиву ғайриинсонӣ зада буд, дар назди халқи Худо ва қонуни давлат бояд ҷавоб гӯяд.

Хулоса гуфтаниям, ки ҷавонони роҳгумзадаи Тоҷикистон ба ин гуна шахсони мансабҷуву вайронкор пайравӣ нанамоянд, чунки пайравони ин гуна шахсон оқибат кунҷи зиндон аст.

                                                         Каримов Раҳим, декани факултети филологияи Шарқ ДИТ ба номи Имоми Аъзам – Абӯҳанифа (р)


Андешаи Шумо



Ҳамаи шарҳҳо


Ҳанӯз шаpҳе дар ин баҳс нест. Шумо аввалин ширкаткунанда хоҳед буд

Воридшавӣ ба e-mail- и dit.tj



"ЗИ ГАҲВОРА ТО ГӮР ДОНИШ БИҶӮЙ!"






Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абӯҳанифа ©2018 - 2024. Ҳуқуқҳо ҳимоя карда шудаанд.