РЕКТОРИ ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ИМОМИ АЪЗАМ АБӮҲАНИФА
.
Зокирзода Нусратулло Мелик

Номзади илмҳои фалсафа
___________________________

Ҷашни мардумӣ ва миллии Наврӯз яке аз ҷашнҳои маъруф ва мондагори қавмҳои ориёинажод аст, ки таърихи тӯлонӣ дорад. Дар миёни ҷашнҳои миллӣ, Наврӯз аз лиҳози аҳамиятнокӣ ва анъанавӣ буданаш мавқеи муҳим дорад. Мутобиқи солшумории шамсӣ, Наврӯз ба таърихи 21-22 моҳи март рост меояд. Худ аз номаш маълум аст, ки наврӯз, яъне «рӯзи нав» мебошад, ки он ба рӯзи аввали сол рост меояд. Имрӯз Наврӯз ҳамчун рӯзи аввали соли миллӣ шинохта шудааст...Муфассал

Ҳар рӯз зи худ бипурс, агар ту мардӣ!? К-имрӯз чи хизмате ба мардум кардӣ?

Омехтагии  ЊНИТ бо ДИИШ

Боиси хушбахтист, ки ањли илму адаби кишвар, олимону донишмандон, љавонон, пирони барнодил, модарону падарони равшанфикр андешаву назари хешро њам аз нигоњи масоили илмї ва њам аз нигоњи таљрибаву рўзѓор ва фањмидањои хеш оид ба фаъолияти разилонаву хоинонаи аъзоён ва пайравони ташкилоти Террористию Экстремистии ЊНИТ нашр намуда, дар маљаллаву рўзномањои даврї, шабакањои иљтимоию сомонањои интернетї пањн карда истодаанд.

Ин ташкилот дар Тољикистон худро бо ном Њизби нањзати Исломии Тољикистон номида буданд, ки мутаассифона фаъолияти пасипардагиашон бо ДИИШ фарќе надошт, яъне гуфтору кирдорашон бо њам яке буд. Дар њаќиќат њамаи њуљљату далелњо исбот мекунанд, ки ЊНИТ њамон ДИИШ асту ДИИШ њамон ЊНИТ. Њамфикру маќсадњояшон якест як сарпараст, як вазифа, як тарзи фаолият ё ба таври дигар бо русї гўем «як почерк» доранд. Фаќат вобаста ба мавќеъи љойгиршавї дар номи ДИИШ калимањои «Ироќу Шом» омадаасту дар номи  ЊНИТ калимаи «Тољикистону» бас.

Айни њол дар даврае, ки љањон торафт дар торњои партофтаи наќшањои глобалии абарќудратон печида истодааст, ќарзи њар як фарди мусулмони бо имону ватандўст, ин роњ надодан ба ѓояњо ва андешањои бегона ба њаёти сиёсї, иќтисодї ва иљтимоии мо ва мањкум намудани Терроризму Экстремизм мебошад. Акнун ваќти он расидааст, ки миллати тољик беш аз пеш зираку худогоњ бошад. Душманони миллати тољик бо макру њилањои худ ќаноат накарда, ошкоро душман будани худро нишон додаистода, бар алайњи давлату миллати худ хиёнат намуда истодаанд.

Шоми 8-уми августи соли 2017 вазорати корњои дохилаи Љумњурии Тољикистон филми мустанадеро дар телевизиони «Тољикистон» ба намоиш гузошт, ки боз њам парда аз рўйи аъмоли хоинона ва Террористии њизби мамнуаи (ЊНИТ) бардошт. Дар њаќиќат филми мазкур, аз забони Террористон ва аъзоёни дастгиршудаи собиќ ЊНИТ, ки дар Тољикистон гуруњи Террористї эълон гардидаанд, хеле касбї ва воќеъбинона тањия шудааст.

Њаќиќат ин аст, ки ин хољагони носипос мероси аљдодии хеш, ки тафриќаандозї, сиёсатбозї аст бо ҳеҷ ваҷҳ ин њадафи нопоки худро аз даст доданї нестанд. Ин хоҷагон аз озодиҳои дохилї оиди башарият хело бохабар буда, мехоҳанд, ки барои расидан ба мақсадҳои бади хеш љавонони беилму маърифатро гирифтори макру фиреби худ гардонида, дар атрофи худ љамъ намоянд.

Террористони дастгиршуда иќрор гардидаанд, ки бо супориши Саид Абдуллои Нурї ба Эрон рафта, услуби таълими љангу Террористї омўхта, сипас бо дастури Њољї Њалим Назарзода аз љониби Љумњурии Исломии Эрон маблаѓгузорї карда шуда бо маблаѓњои муайян ба террори шахсиятњои илмию фарњангї ва аскарону афсарони двизияи 201-уми Федератсияи Русия дар Тољикистон даст заданд. Аз рўи тасдиќи љинояткорон шахсияти маъруфи тољик вакили парлумон ва њуќуќшиноси варзида Сафаралї Кенљаев аз љумлаи њамон терроршудагон мебошад.

Лозим ба ёдоварист, ки ЊНИТ зери роҳбарии бевоситаи Ҷумҳурии Исломии Эрон фаъолият намуда истода, то ба њол низ фаъолият карда истодааст. Айни замон ЊНИТ яке аз муҳимтарину асоситарин ниҳоди Ҷумҳурии Исломии Эрон њисобида шуда, ҳифзу нигоҳдории режими исломӣ, интиқоли инқилоби исломӣ ва паҳнсозии мазҳаби Шиа ба кишварҳои дигари минтақа аз љумла Тољикистон вазифаҳои аввалиндараҷаи ин сохтори  Терористї мебошад.

Вале мутаассифона, Сафорати Љумњурии Исломии Эрон ин њама факту далелро, ки аз забони худи љинояткорон баён мешаваду воќеияти њол мебошад, беасос мешуморад. Ва гўё њамаи ин гуфтањо нисбат ба Љумњурии Исломии Эрон туњмату буњтон мебошад.

Дар гузашта шахсони номаълуме дар назди Њукумати шањри Ќурѓонтеппа шахсеро ба ќатл мерасонанд ва аъзоёни ЊНИТ мардумро тарѓиб ба он  мекунанд ки бар зидди Њукумати њамонрўза бо шиори ин ки «Њукумат бояд истеъфо дињад» ошубе барпо менамоянд.  Дар њамон замон ба андешаи ЊНИТ мардум бояд ба майдон бароянд ва агар набароянд онњо њамчун мусулмон мањсуб нахоњанд гашт.

Собиќ раиси њизби мамнуаи ЊНИТ Муњиддин Кабирї њамроњ бо пайравони хеш як гуруњи мусаллањи Террористони ба фикри хиёнат ба ватан доштаро бо сардории генерал Њољї Њалим ташкил намуда, маќсад доштанд, ки мардуми тинљу осудаи Тољикистонро пушти ниќоби ислом њамфикру њамрадифи хеш намуда, ноором созанд. Оё воќеањои дањшатноке, ки аз љониби мулло Абдулло - яке аз фармондењони ЊНИТ дар дараи Камаров рух дода буд, њама далели љангу нооромї набуд? Оё ќатли фармондењи дастаи амнияти кишвар Рустам Амакиев амали Террористї ва Экстремистї мањсуб намешавад? Ду мошин яроќе, ки бо супориши Њољї Њалим Назарзода барои куштани миллати тољик аз Вазорати мудофиа рабуда шуд, оё ин Террористї ва ифротгарої нест? Дигар онњо бо ин бозиҳои авомфиребонаи худ халқи ваҳдатофарини тоҷикро фиреб дода наметавонан, чунки халқи тољик ин амалҳои он шахсоне, ки чунин фикру аќида дар сар доштанд, дар солҳои навади асри гузашта дидаву санљида буданд.

Њамин гуна, боз садњо љиноятњои гўшношунидание  њастанд, ки метавон барои мисол њодисањои соли 1992 дар гуруснагї муњосира кардани минтаќаи Кўлоб, ки боиси тухми алафу љорўб хўрдани мардум ва гушнамарг шудани њазорон нафар занону кўдакон гашта буд, соли 1992 гаравгон гирифтани парламент њабс кардани депутатњои Шўрои Олї ва гаравгон гирифтани хонандагони русзабони мактаби № 8-и пойтахт, солњои 1994-1998 бо таъсиси конслагери халќї дар минтаќаи Тавилдара, хусусан дар Вахёи Боло ва Миёнаду ба муддати 4-5 сол чун ѓулом нигоњ доштану кор фармудани беш аз 1000 нафар одамон, соли 1995 ба таври дастаљамъї ќатл кардани сарбозони заставаи 12-уми сарњадбонони Россия, соли 1997 дар Тавилдара вањшиёна куштани њайати СММ, соли 2010 ташкили ќатли дастаљамъии наваскарони бегуноњи Вазорати мудофиа дар дараи Камаров, силсилаи ќатлњои шахсиятњои сиёсию фарњангии Тољикистон ва ѓайраро баён намоем. Њамаи ин амалњои разилона нишон медињанд, ки дар масъалаи зулму берањмї ва ќатлу љиноят байни ЊНИТ ва ДИИШ ягон фарќияте нест.

Илова ба њамаи ин гуфтањо як будани тарзи фаъолият, маќсади асосии ДИИШ ва ЊНИТ њама як чиз аст яъне: ба даст овардани мансабу соњиб гаштан ба ќудрат ва ташкил намудани давлати Террористї «бо ном Исломї». Бе мављудияти ин ду гуруњ яъне: ЊНИТ ва ДИИШ мардуми мусулмони кишвар аркони шариати исломиро ба љо оварда истодаанд. Ислом ба ин гуна њизбу њарактњо ягон эњтиёље надорад ва нахоњад дошт, зеро ислом худ мусулмонро бародари мусулмон хондааст ва миёни онњо сулњу бародариро љорї намудааст.Чунончи Худованд дар сураи Њуљурот ояти 10-ум мефармояд:

«Љуз ин нест, ки муъминон бародарони якдигаранд, пас миёни ду бародари хеш сулњ кунед ва аз Худо битарсед, то бар шумо рањм карда шавад.»

Пас чаро ин њизби мамнуаи ЊНИТ ки инќадар даъвои мусулмониву диндорї мекунад ин ояи каримаро сарфи назар намудааст? Ба њама суолњо љавоб яктост, маќсади онњо танњо ќонеъи нафси худ ва ба сари ќудрат омадан буд на мусулмониву диндорї. Дар охир ба халќи тољик чунин мурољиат карда гуфтаниям, ки Худованди мутаол мусулмононро аз бархўрду рафтори хушунатомез бо дигарон барњазар дошта, онњоро аз вайронкорї ва зулму ситаму ќудратнамої манъ намояд. Дар гузашта ЊНИТ ва рафтори зишти онњо боиси эљоди ихтилоф ва омилњои бад миёни мардуми шарифи тољик гардида буд, ки мехостанд Тољикистонро ба гурўњњо људо намоянд ва парокандагиро ба миён оваранд, дар ин замина тавонистанд якчанд амалњои Террористиву кушторњои вањшиёнаро низ бо хости хољагонашон анљом дода буданд.

Худованд дар ояти 28 – уми сураи Сод мефармояд:“Оё касонеро, ки имон доранд ва аъмоли нек анљом медињанд, монанди касоне ќарор медињем, ки фосиду вайронкор њастанд ?”.

Яъне: ба њељ ваљњ онњоро бо њам яксон ќарор намедињем ва ё инсонњои мутаќќї ва парњезкорро монанди инсонњои фосиќу гунањкор ќарор намедињем!

Рўзњои охир мардум дар руйи љањон аз вањшигарињои гуруњи ифротиву Террористии ба ном «Давлати Исломї» ё ки ДИИШ ба њайрат омадаанд. Бо берањмї куштани гуруњ-гуруњ одамони бегуноњ, зинда ба зинда сўзонидан ё тарконидани инсонњо, бо завќ тамошо кардану наворбардории сањнаи куштор, ба кўдакони хурдсол омўхтани каллабурї, сохтани зиндонњои гўрмонанд, ќир кардани одамон аз рўи ќавму мазњаб ва њазорон љинояти дигаре, ки ДИИШ анљом додаистодааст, њар рўз одамонро дар саросари дунё ба ташвиш меорад.

Хулоса, ин ки оё онњо боре њам ба худ суол кардаанд, ки бо чунин роњ ба њукумат расидан чї паёмадњое дар пай хоњад дошт? Оё фикр намекунанд, ки кишвари худро ба коми љангњои беохир мекашанд ва таќдири Афѓонистону Сурияро ба сари миллати худ меоранд? Оё хабар доранд, ки дигар бо ин афкору аќидаи бегонаашон аз эътимоди мардум суиистифода карда наметавонанд, мехостанд бо зўри њокимиятро ѓасб намуда, манфиатњои хољагони хориљиашонро татбиќ созанд. Аммо ин фикри онњо хаёли хом мебошаду бас, чунки мардуми зањматкаши тољик дигар ба доми ин хиёнаткорони ватанфурўш намеафтанд зеро онњо сарвари хирадманде ба мисли Пешвои Миллат-Асосгузори сулњу вањдат, Президенти мамлакат, Љаноби Олї, муњтарам Эмомалї Рањмон доранд, ки бисёр оќилу доно ва воќеан њам ватандўсту ќавиирода мебошад. Ва дар атрофи он љамъ гардида кишвари азизи худро боз њам ободу зеботар мегардонанд.

Каримов Рањим,
декани факултети филологияи
Шарќи ДИТ ба номи Имоми 
Аъзам – Абўњанифа (р)


Андешаи Шумо



Ҳамаи шарҳҳо


Ҳанӯз шаpҳе дар ин баҳс нест. Шумо аввалин ширкаткунанда хоҳед буд

Воридшавӣ ба e-mail- и dit.tj



"ЗИ ГАҲВОРА ТО ГӮР ДОНИШ БИҶӮЙ!"






Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абӯҳанифа ©2018 - 2024. Ҳуқуқҳо ҳимоя карда шудаанд.