РЕКТОРИ ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ИМОМИ АЪЗАМ АБӮҲАНИФА
.
Зокирзода Нусратулло Мелик

Номзади илмҳои фалсафа
___________________________

Ҷашни мардумӣ ва миллии Наврӯз яке аз ҷашнҳои маъруф ва мондагори қавмҳои ориёинажод аст, ки таърихи тӯлонӣ дорад. Дар миёни ҷашнҳои миллӣ, Наврӯз аз лиҳози аҳамиятнокӣ ва анъанавӣ буданаш мавқеи муҳим дорад. Мутобиқи солшумории шамсӣ, Наврӯз ба таърихи 21-22 моҳи март рост меояд. Худ аз номаш маълум аст, ки наврӯз, яъне «рӯзи нав» мебошад, ки он ба рӯзи аввали сол рост меояд. Имрӯз Наврӯз ҳамчун рӯзи аввали соли миллӣ шинохта шудааст...Муфассал

Ҳар рӯз зи худ бипурс, агар ту мардӣ!? К-имрӯз чи хизмате ба мардум кардӣ?

Эй азиз, худро шинос!!!

Тазоҳурот дар назди сафорати Эрон як ҳафта баъд аз он сурат гирифт, ки Пешвои миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ чунин иброз доштанд: Ҳизби мамнӯъи наҳзати ислом, дар ибтидои солҳои 80-ум дар Тоҷикистон пайдо гашта буд, байни мардум таблиғот бурда, дар зоҳир одамонро ба сӯи дини Ислом даъват мекард. Чун сухан аз номи Ислом мерафт, мардум оҳиста-оҳиста ба даъвати онҳо фирефта мешуданд. Ин аввалин қадамҳои собиқ Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон буд, ки дар Тоҷикистон ақидаи экстремистӣ ва террористиро паҳн менамуданд. Ҷаноби олӣ,  онҳоро ҳизби террористие номид, ки “аъзои он мазҳаби шиаро қабул карда будаанд”. Пешвои миллат Асосгузори сулҳу ваҳдат миллӣ, Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфт, баъзе аз ин афрод ба нафъи кишварҳои дар нохунак "дӯсти мо" кор мекарданд.

Чунончи ҳамагон медонем, байни Тоҷикистону Эрон аз оғози истиқлолияти Тоҷикистон муносибатҳо хеле боэҳтиромона ва барои ҳарду кишвар судманд ҷараён доштанд ва ин муносибатҳо назокате низ дошт. Мо ҳамеша мегӯему мепиндорем, ки як сарзамини таърихӣ, фарҳанги муштарак ва як дини умумӣ бо номи Ислом дорем. Ҳофизу Саъдӣ ва Фирдавсии бузургворро аҷдоди умумии хеш мепиндоштем. Мутаассифона, кишвари Эрон аз вазъияти мусоид сӯистифода намуда, равия ва ҷараёнҳои динӣ-мазҳабии барои мардуми мо бегона ва хатарнокро вориди кишварамон намуд. Баъзе аз доираҳои мазҳабии Эрон гурӯҳе аз пайравони Исломро дар доираи ТЭТ ҲНИТ муттаҳид ва маблағгузорӣ  намуда, мавриди истифода ва татбиқи манфиатҳои хеш қарор доданд.

ТЭТ ҲНИТ, ки аз тарафи охундҳои шиъамазҳаби Эрон дастгирӣ меёфт, дар аввалҳои солҳои 90-ум барои расидан ба қудрат ва иҷрои аҳдофи пинҳонии ин кишвар ҷиҳати барпо кардани як низоми исломӣ, ки аслитарин рукни он “вилояти фақеҳ” аст, даст ба силоҳ зад ва боиси ҷанги дохилии панҷсола гардид. Бешубҳа, зуҳури ин ҳизб нақшаи тарҳрезишудаи Эрон барои тасаллут ёфтан бар фазои динии кишварамон ба шумор мерафт ва фаҳмида шуд, ки ТЭТ ҲНИТ ҳамон Эрон асту Эрон бошад, ТЭТ ҲНИТ. Ҳар ду яканд аммо охундҳои шиъамазҳаби Эрон амр мекунанду бефарангони ТЭТ ҲНИТ болои мардум ва ватани худ ҳар намуд дасисаҳоро амалӣ менамоянд.

Ҷаноби Олӣ аз ҳеҷ кишваре ном набурд, аммо мақомоти интизомии Тоҷикистон, соли гузашта Эронро ҳомии Ҳизби мамнӯъи наҳзати исломӣ ва ҳомии терроризм номида гуфтанд, ки ин кишвар дар барангехтани ҷанги дохилии Тоҷикистон дар солҳои 90-ум даст доштааст.

Мардуми мусулмони тоҷикро зарур аст, ки огоҳ бошанду фирефтаи наҳзатиҳои дастнишондаи Эрон нагарданд. Дар ин маврид ҳадиси Паёмбари Худоро (с) ёдовар мешавем: “Муъмини хирадманд ду бор аз як сурох неш намехӯрад”. Солҳои навадум фиреби ин ҳизбро хӯрда ва кишварамонро дучори харобиҳо кардем. Имрӯз вақти он аст, ки талош кунем то танҳо Исломи муътадил, ки заминасози сулҳ ва субот дар кишварамон аст, пойдор бимонад. Мутаассифона, Ҷумҳурии Исломии Эрон ба унвони як кишвари ҳамсояи ҳамзабон ва ҳамфарҳанги мо аз тамоми абзорҳои худ, аз ҷумла Ҳизби мамнуи наҳзат барои таблиғи шиаи дувоздаҳимома истифода мекунад, ки ин раванд барои мо нигаронкунанда аст. Барои дуруст фаҳмидани  оқибати ин хатар ва ҷиддӣ будани таҳдиди сиёсати инқилобии Эрон нигоҳе ба вазъияти имрӯзаи кишварҳои Ироқ, Лубнон, Яман, Сурия ва Афғонистон кофӣ аст. Эрон дар ҳамаи ин кишварҳо аз гурӯҳҳои монанди Ҳизби наҳзат ба унвони шуъбаи мусаллаҳи худ истифода мекунад, ки боиси куштори мусулмонони бегуноҳ шудааст. Фаромӯш набояд кард, ки дар асри понздаҳум Исмоили Сафавӣ бо мақсади пурра тасарруф намудани ҳудуди Эрон ва аз ҷиҳати идеологӣ мустаҳкамсозии ҳукуматаш мазҳаби шиаро бо зурию хунрезӣ паҳн карда буд. Ҳумайнӣ низ барои аз байн бурдани ҳокимияти шоҳӣ, гирифтани қудрати сиёсӣ ва бунёди ҷумҳурии  исломӣ аз мазҳаби шиа истифода кард. Асоси сиёсати имрӯзаи роҳбарияти Эронро низ маҳз паҳн кардани мазҳаби шиа ва аз байн бурдани ҳукуматҳои суннимазҳабии тамоми кишварҳои дунё мебошад.

Дониста шуд, ки шиаҳо бо воизони бединашон ва ходимони ватанфурӯшашон (ТЭТ ҲНИТ) ҷангҳои гурӯҳиро байни сокинони Тоҷикистон тақвият бахшиданӣ буданд. Набояд ба дасисаҳои ин ифротгароёни ситезахӯ ва пуштибонҳои фирқаситезашон бовар намуд, чунки амният ва суботи миллӣ барои ҳар фарди огоҳу оқил бузургтарин неъмати даврони истиқлолият аз ҷониби Худованд аст. Ҳифзи истиқлолияти миллӣ вазифаи ҳар як  шаҳрванди Тоҷикистонӣ аст.

Бояд гуфт, ки солҳои 1993-97 ҳизби мамнӯъи наҳзат чанд гуруҳи 500 нафариро махфиёна аз Тоҷикистон ташкил карда бо роҳи ғайриқонунӣ аввал ба Туркманистон, баьдан ба Эрон бурд. Дар Эрон ба онҳо мактаби диверсантӣ омузонда, тарзи кафондани минаҳо, истифодаи чанд намуд яроқ, тарзи ташкил кардан ва пеш бурдани ҷанги партизаниро омӯзониданд. Ки медонад? шояд Кабирӣ ҳам аз ҷумлаи ҳамин таълимгирандагони чунин мактабҳо бошад. Агар ин гуна набуд?! дар дини мубини Ислом зарар расонидан, ба бародари муъмини худ ё хуни мусалмонеро резонидан ҳаром будан пас, аз кирдору рафтори чунин ашхоси хоин маьлум аст, ки ӯ аз зумраи ҳамон охундҳои шиаи Эрон аст. Мақсад аз шиа гуфтани Ҷаноби Олӣ нисбат ба онҳо, ин исмоилияи мардуми Бадахшони мо нест, балки ин сухан ба шиаҳои дувоздаҳимомаи Эрон дахл дорад, зеро онҳо имрӯзҳо на танҳо ба сиёсати ҷаҳонӣ балки ба сиёсати дохилии мо низ чанг зада истодаанд.

Дар охир ҳаминро хотиррасон карданиям, ки тамоми кирдору рафтор ва гуфтаҳои шиа ва ячейкаи хурди Тоҷикистонии онҳо ТЭТ ҲНИТ ғайриисломӣ буда, хилофи Қуръон ва суннати Пайғамбар (с) мебошад. Набояд ҷавонони саъодатманд аз террористони ифротгаро ва фатвоҳои зиддиисломӣ аҳли ташайюъ (рофизиҳо) пайравӣ намоянд ва ғояҳои мусибатбор ва хушунатрезу исломсӯзи шиаҳоро дар қаламрави кишвари Тоҷикистони азизамон таблиғу ташвиқ намоянд. Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистонӣ бояд ба қадри истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои миллат расида, шукрона намояд, зеро ҳодисаҳои солҳои 91-97-ро шахсан ба ёд дорам ва хидматҳои ин марди фарзонаи миллат дар он шабу рӯз барои миллати тоҷик бениҳоят туҳфаи  бузург аст дар оромиву осоиштагии Тоҷикистони азизу маҳбуб.

Каримов Раҳим, Декани факултаи филологияи шарқи ДИТ ба номи Имоми Аъзам – Абӯҳанифа (р)


Андешаи Шумо



Ҳамаи шарҳҳо


Ҳанӯз шаpҳе дар ин баҳс нест. Шумо аввалин ширкаткунанда хоҳед буд

Воридшавӣ ба e-mail- и dit.tj



"ЗИ ГАҲВОРА ТО ГӮР ДОНИШ БИҶӮЙ!"






Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абӯҳанифа ©2018 - 2024. Ҳуқуқҳо ҳимоя карда шудаанд.