РЕКТОРИ ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ИМОМИ АЪЗАМ АБӮҲАНИФА
.
Зокирзода Нусратулло Мелик

Номзади илмҳои фалсафа
___________________________

Ҷашни мардумӣ ва миллии Наврӯз яке аз ҷашнҳои маъруф ва мондагори қавмҳои ориёинажод аст, ки таърихи тӯлонӣ дорад. Дар миёни ҷашнҳои миллӣ, Наврӯз аз лиҳози аҳамиятнокӣ ва анъанавӣ буданаш мавқеи муҳим дорад. Мутобиқи солшумории шамсӣ, Наврӯз ба таърихи 21-22 моҳи март рост меояд. Худ аз номаш маълум аст, ки наврӯз, яъне «рӯзи нав» мебошад, ки он ба рӯзи аввали сол рост меояд. Имрӯз Наврӯз ҳамчун рӯзи аввали соли миллӣ шинохта шудааст...Муфассал

Ҳар рӯз зи худ бипурс, агар ту мардӣ!? К-имрӯз чи хизмате ба мардум кардӣ?

Ман кистам?

Фард фард омад, ки худро вошинохт,                           

Қавм қавм омад, ки ҷуз бо худ насохт.   

Аз паёми Мустафо огоҳ шав,         

Фориғ аз арбоби дуналлоҳ шав.                                                                                                                                                                                          Аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ

Шояд, ки борҳо барои ҷавоби ин савол фикр карда бошед, вале ба ҷавоби ин савол нарасидаед, Шумо кӣ ҳастед?Шумо бояд донед, ки Шумо кӣ ва аз куҷо ҳастед? Дар ватану миллат, забони хеш чӣ ҳаққу ҳуқуқ доред? Медонед, инсон дар шинохти шахсияти худаш ва аҳлу авлод, ақориб чӣ фоида дорад? Шинохти инсон аз насли худ дар аввал ба руҳу ҷисми инсон қувват мебахшад ва инсонро дар ҳаёт роҳнамоӣ карда, аз беҳтарин роҳи худшиносӣ мебошад.

Инсон ниёз ба шинохти гузаштаи худ дорад, мисли ниёз ба обу ҳаво, ғизо ва дигар ниёзмандие, ки ба инсон лозим аст, ба монанди тинҷӣ, ободӣ, солимӣ ва ғайра. Агар ниёзҳо дар инсон ба осонӣ пайдо шавад, худ ором шуда, ба дигарон низ эҳтиром мекунад. Бояд донист, ки инсон ҳоҷат ба худшиносӣ дорад, то ба заъфи руҳиву дарунии худ ғалаба кунад.

Шумо медонед ки худшиносӣ яке аз беҳтарин фоида барои инсон, ки аз насли гузаштаи хеш огоҳ шуда, барои зиндагии ояндаи худ хеле муфид мебошад ва аз таърихи гузашта огоҳ мешавад. Шинохти қудрадмандиҳо ва заъфиятҳо худшиносист, ки ба ин васила инсон метавонад худро  шинохт.

Пас ҳар инсон дар ҷавони худшинос бошад, то тавонад шукри Зоте, ки ӯро офаридааст ва ӯро зиндагии тинҷу ором насиб кардааст, ки  қадам гузоштааст барои худшиносӣ ва худсозӣ ва чӣ асар барои худсозӣ дар ў вуҷуд дорад. Онҳое  ки аз хубу бадиҳои зиндагӣ огоҳ бошанд.

Хизмати Сомониён ва таърихии фарзандони фарзонаи миллат чун Муҳаммад Исмоили Бухороӣ, Фирдавсӣ, Мавлонои Балхӣ, Низомумулки Тўсӣ, Саъдӣ, Ҳофиз ва садҳо каси дигар буд, ки забони модарии мо ҳифз шуда, то замони мо расидааст. Таърихи халқҳои ҷаҳон шоҳиди он воқеияти таърихиест, ки бурду бохти ҳар як миллат аз он вобастагӣ дорад, ки дар чунин давраҳои тақдирсоз фарзандони ба ору ба номуси он ба ин даъватҳои бузург чӣ гуна посух медиҳанд.

Миллат ва давлате, ки ояндаи худро равшан дидан мехоҳад, бояд аз таърих сабақ бардошта мероси таърихии худро зинда нигоҳдорӣ намояд. Табиист, ки ҳар миллату давлат дар интихоби арзиш ва меросияти таърихӣ бояд манфиатҳои миллат, давлат ва наслҳои ояндаро мадди назар бигирад. Мо халқу миллати бузургвори тоҷик, ки аз соҳибихтиёрии мардуми худ  ва бори дигар хандидани бахт ба ҷаҳониён огаҳӣ додаем, бояд аз манфиатҳои миллӣ ва худшиносии миллӣ ҳимоя намуда, тухмҳои поки бедории миллӣ ва худшиносии миллатро дар қалби мардумон кишт намоем ва аз Худованди бузург илтиҷо намоем, ки моро дар ин кори хайр ҳидояту раҳнамоӣ намояду ба мо қудрату тавони амалӣ намудани ин нияти хайрро ато намояд.

Чист таърих? Эй зи худ бегонае,                             

Достоне, қиссае, афсонае,                 

Ин туро аз хештан огаҳ кунад,       

Ошнои кору марди раҳ кунад.                                                                                                                                                                                                                   Аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ

Бародарони мусалмон, таърихи ҳар миллат, ки решаи амиқи таърихӣ дорад, хазинаи бебаҳои маърифат ва манбаи тиллоии сабақомўзиро фарогир аст. Қатъи назар аз он, ки миллат кўчак аст ё бузург, тақдири ҳалкунандаро дар давру замонҳо дар радифи давлатҳои мавҷуда бозидааст ё не, таърихи он барои инкишофи ояндаи ҳамон миллат аз ҳар ҷиҳат ибратомўз аст.

Мо Тоҷикон бо вуҷуди таърихи ғанию фарҳанги оламгирамон борҳо дар айёми гардишҳои куллӣ дар интихоби арзишҳои тақдирсоз ба хатоиҳо роҳ додаем… ва ҳар хатои кардаи аҷдодони мо ба завол ёфтани истиқлолият ва давлатдорӣ мусоидат кардааст. Бурду бохти тақдирсозу тақдирсўзи давлатдории аҷдоди мо бо бунёд ва заволи давлати Сомониён вобаста аст.

Ҳар миллат дар Ислом ҳуқуқи арзи вуҷуд дорад, соҳиби забон, тамаддун аст ва мо мардуми шарифи Тоҷик аз миллати худ ва аҷдодони бонуфузи илмию диниямон мефахрем. Беш аз ҳазор сол аст, ки аҳли олам аз осори Бухориву Муслим, Марғелониву Ҷомӣ ва садҳо фарзандони барўманди миллати Тоҷик илми исломӣ ва забони арабӣ меомўзанд.

Эй бародар, ин насиҳат гўш кун,                                                         

Панди он оқои миллат гўш кун.                                                                                                                                                                                                                 Аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ

Рафтору кирдори аксари ҷавонони имрўза дигаргун шудааст ва онҳо дар ин самт дар либосу шууру ҳаракатҳои худ, гоҳ аз Шарқ  ва гоҳ  ба Ғарб   пайравӣ   мекунанд  ва  ин ҳамаро аз тариқи филмҳои тарғибкунандаи фарҳанги бегона, фаҳшу зўроварӣ гирифтаанд, ки мақсади бадхоҳон низ ба ин васила табоҳ кардани насли ҷавон мебошад.

Даҳшатноктар аз ҳама он аст, ки ин тағйирот дар ақидаи ҷавонони мо низ таъсир гузоштааст. Аз ин рў, баъзе ҷавонони мусалмон пойбанди афкори ғайр, ки эътиқоди ҷавононро вайрон мекунад, шудаанд. Акнун ки ҷавонони фирефтаи моро метавонанд ба ин содагию осонӣ ба доми худ бияфкананд, ҷавононеро ки дар бораи дини худ маълумоти кофие надоранд, ҳолашон чӣ гуна мешаванд. Агар давлату ҷомеа сари роҳи онҳоро дар масири гаравидан ба ин ё он равияву мазоҳиби ифротӣ нагирад, дар оянда аз ин ҷавонон душманони дину миллат  пайдо мешаванд.

Аз ин ҷост, ки Ислом барои таълиму тарбияи насли ҷавон аҳамияти зиёд медиҳад, то волидайн дар дили фарзандони худ рўҳияи имониро ҷой диҳанд, ки дар оянда онҳо натанҳо фирефтаи равияҳои гуногун нашаванд, балки барои ҳифзи кишвару дини худ як қалъаи пурқуввате бошанд.

Ҳарфи "Иқраъ" Ҳақ ба мо таълим кард,                                               

Ризқи хеш аз дасти мо тақсим кард.                                                                                                                                                                                                              Аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ

Каримов Раҳим, декани факултети филологияи Шарқи ДИТ ба номи Имоми Аъзам – Абӯҳанифа (р)


Андешаи Шумо



Ҳамаи шарҳҳо


Ҳанӯз шаpҳе дар ин баҳс нест. Шумо аввалин ширкаткунанда хоҳед буд

Воридшавӣ ба e-mail- и dit.tj



"ЗИ ГАҲВОРА ТО ГӮР ДОНИШ БИҶӮЙ!"






Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абӯҳанифа ©2018 - 2024. Ҳуқуқҳо ҳимоя карда шудаанд.