РЕКТОРИ ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ИМОМИ АЪЗАМ АБӮҲАНИФА
.
Зокирзода Нусратулло МеликНомзади илмҳои фалсафа___________________________
Ҷашни мардумӣ ва миллии Наврӯз яке аз ҷашнҳои маъруф ва мондагори қавмҳои ориёинажод аст, ки таърихи тӯлонӣ дорад. Дар миёни ҷашнҳои миллӣ, Наврӯз аз лиҳози аҳамиятнокӣ ва анъанавӣ буданаш мавқеи муҳим дорад. Мутобиқи солшумории шамсӣ, Наврӯз ба таърихи 21-22 моҳи март рост меояд. Худ аз номаш маълум аст, ки наврӯз, яъне «рӯзи нав» мебошад, ки он ба рӯзи аввали сол рост меояд. Имрӯз Наврӯз ҳамчун рӯзи аввали соли миллӣ шинохта шудааст...Муфассал
27-умин солгарди Ваҳдати миллӣ
Баргу сози коинот аз ваҳдат аст,
Андар ин олам ҳаёт аз ваҳдат аст.
Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ
Сулҳ, ваҳдат ибораҳоеанд, ки ҳамеша дилчаспу дилнишин ва бо лаҳну шево садо дода. Ин вожаҳо бевосита шунавандаро ба фикр кардан водор месозанд. Сулҳ — оштиву фарзонагӣ, якдигарфаҳмӣ ва толиби осоиштагӣ будани мардумро таҷассумгар аст. Ваҳдат бошад, ба ҳам омадан, сар аз як гиребон бурун овардан, ҳамдигарфаҳму покзиннату миллатдӯст будан мебошад.
Пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ, ки дар натиҷаи он ҳар як ҷумҳурӣ ба давлатҳои хурди мустақил табдил ёфтанд, дар ин давлатҳо истиқлолият бе ҳеҷ гуна хунрезӣ ба даст омад. Аммо дар Тоҷикистони мо масъала ранги дигар гирифта баъзе нерӯҳои беруна ва дохилӣ вазъи номусоиди иқтисодиву сиёсии кишвари моро баҳона карда, тӯдаҳои мухолифинро бар зидди коммунистон ва роҳбарони мамлакат ба шӯр оварданд.
Дар Тоҷикистон ҷанги бемаънии бародаркӯш, ки мислашро таърих дар хотир надорад, ба вуқуъ пайваст. Вазъи сиёсӣ ва иқтисодии Тоҷикистон хеле вазнин гардида, ҷумҳурӣ дар бӯҳрони амиқи душворҳал ғӯтавар шуд.
Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсозандаи тамоми мардуми Тоҷикистон шароит фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътирофшуда дар ҷумҳуриамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи мустақили шаҳрвандӣ гузошта шавад ва барои андаке бошад ҳам беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум, ободӣ ва ояндаи давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид муҳайё гардад.
Дар ин масир шахсе лозим буд, ки ғамхори халқу миллат бошад. Хушбахтона, чунин шахсияти мунаввар ёфт шуд. Он чеҳраи нуронӣ Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, шахсе буданд, ки дар қӯраи ҳаёт офтоб ёфта, дар назди хосу ом обрӯю эътибори зиёд доштанд. Ба миллати тоҷик борҳо хатари парокандагию нобудӣ таҳдид карда, давлатҳои ташкилшудаи тоҷикон рӯ ба завол монда буданд, вале дар тӯли бештар аз ҳазор сол миллати тоҷик гарчанде рӯ ба завол ниҳода буд, аз маҳвшавӣ эмин монда буд, то ба истиқлолияти миллию давлатӣ омада расид.
Вале табиати сулҳҷӯёна ва характери миллии тоҷикон, ки ҳамеша ба гузашт ва созиш моил аст, агарчи дар таърихи гузашта боиси аз даст додани манфиатҳои ҳаётӣ шуда буд, ин дафъа барои дарки манфиатҳои умумимиллӣ мусоидат кард. Ин як навъ дурандеши ва хирадмандиро ифода мекард.
Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ оғози гардиши куллӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавии халқи тоҷик гардид. Ин сулҳ боварии даҳҳо ҳазор ҳамватанони бегуноҳ, занону кӯдакон, пиронсолону ҷавононро, ки маҷбуран тарки Ватан карда буданд, ба зиндагӣ эҳё намуд. Сулҳи бадаст омада, натиҷаи заҳматҳои зиёди сулҳофарини миллати тоҷик ва иродаи неки ҳарду ҷониб буд.
Эй амини ҳикмати Уммул китоб,
Ваҳдати гумгаштаи худ бозёб.
Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ
Ҳаёт нишон дод, ки истиқрори сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дастоварди бузург ва таърихии мардуми Тоҷикистон мебошад, ки дар натиҷаи ҷамбастагии мардуми кишвар ва фарзандони содиқи халқамон бо дастгирии давлатҳои ба мо дӯст муяссар гардид. Бинобар ин моро лозим аст, ки ин неъмати бебаҳо ва муқаддас – “ваҳдати миллӣ”-ро хуб нигоҳ дорем, ба қадри он расем ва ҷавонони ватандӯсту ватанпарварро тарбия намоем, ки дар оянда ин гавҳари ноёбро ҳифзу эҳтиёт намоянд, чунки ин неъмати бебаҳо осон ба даст наомадааст. Камина Карим Раҳим (бо лақаби Мулло-Абдураҳим дар солҳои 90-ум) аз ҳаводиси он солҳо, бо фиреб хӯрдан ва хато мондани пойи худ огоҳ ҳастам. Аз заҳмату талошҳои Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба даст овардани сулҳу ваҳдат, осмони софу амнияти тоҷикон аз наздик шинос ҳастам ва шоҳидӣ медиҳам, ки ин шахсият нотарсона ба тамоми гӯшаю каноре, ки ӯро даъват мекарданд қадам мегузошт. Ин нотарсӣ дар роҳи Худо будааст, ки Худованд ба ӯ ва мардуми тоҷик зафар ато намуд. Дар он рӯзҳои даҳшатвор, ки мо низ гумроҳ шуда чизеро намефаҳмидем, касе ҷуръат ба чунин қаҳрамонӣ намекард ва мо низ акнун фаҳмидем, ки ин шахс “худодод” будааст ва вазифаи ҷонии худро дар ҳақикат ба ҷони худ бозӣ карда ба ҷо овард, яъне ба ин вазифаи пурмасъул зебанда аст. Мо дар навбати худ бо пушаймонӣ акнун фаҳмидем, ки ҳамсафони мо чи мехостаанд ва моро ба куҷо ҳавола мекардаанд, акнун фаҳмидем, ки сулҳу амният, осмони софу беғубор ва зиндагии осуда чист?!
Аҳли ҷомеаи Тоҷикистон ҳуҷҷати таърихии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро чун санади гаронбаҳои тақдирсоз хуш истиқбол кард. Ҳукумати кишвар 27-уми июнро Рӯзи ваҳдати миллӣ – Иди ваҳдат эълон намуда, он ҳар сол дар тамоми қаламрави мамлакат ҳамчун ҷашни миллӣ таҷлил мегардад.
Дар муддати 27 соли аз Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, Ваҳдати миллӣ дар кишвари мо решаи мустаҳкам давонд ва боровар гардид, вале барои ҳифзи ҳамешагии он омилҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, маънавӣ ва ахлоқии тахкимбахши пайваста дар назар гирифтан, тарбияи кадрҳои соҳаҳои гуногун, махсусан ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва дарки манфиатҳои умумимиллӣ тарбия намудан аз зарарҳои ифротгароӣ, маҳалгароӣ, мансабпарастӣ бохабар кардан вазифаи муқаддаси ватандории тамоми ҷомеа, махсусан роҳбарони сатҳҳои гуногун маҳсуб мешавад.
Айни замон Точикистони азизи мо ба муваффақиятҳои назарраси сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангӣ ноил шуда, дар ҷаҳони муосир ҷойгоҳи худро пайдо карда, пояҳои истиқлолияти давлатии мо сол ба сол қавитар мегарданд.
Риштаи ваҳдат чу қавм аз даст дод,
Сад гиреҳ бар рӯи кори мо фитод. Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ.
Каримов Раҳим, декани факултети филологияи Шарқ ДИТ ба номи Имоми Аъзам – Абӯҳанифа (р)
Андешаи Шумо
Ҳамаи шарҳҳо
Ҳанӯз шаpҳе дар ин баҳс нест. Шумо аввалин ширкаткунанда хоҳед буд
Ҳанӯз шаpҳе дар ин баҳс нест. Шумо аввалин ширкаткунанда хоҳед буд
Воридшавӣ ба e-mail- и dit.tj
"ЗИ ГАҲВОРА ТО ГӮР ДОНИШ БИҶӮЙ!"
Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абӯҳанифа ©2018 - 2024. Ҳуқуқҳо ҳимоя карда шудаанд.