РЕКТОРИ ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ИМОМИ АЪЗАМ АБӮҲАНИФА
.
Зокирзода Нусратулло МеликНомзади илмҳои фалсафа___________________________
Ҷашни мардумӣ ва миллии Наврӯз яке аз ҷашнҳои маъруф ва мондагори қавмҳои ориёинажод аст, ки таърихи тӯлонӣ дорад. Дар миёни ҷашнҳои миллӣ, Наврӯз аз лиҳози аҳамиятнокӣ ва анъанавӣ буданаш мавқеи муҳим дорад. Мутобиқи солшумории шамсӣ, Наврӯз ба таърихи 21-22 моҳи март рост меояд. Худ аз номаш маълум аст, ки наврӯз, яъне «рӯзи нав» мебошад, ки он ба рӯзи аввали сол рост меояд. Имрӯз Наврӯз ҳамчун рӯзи аввали соли миллӣ шинохта шудааст...Муфассал
Исломи тоҷикон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо Эмомалӣ Раҳмон
30-юми майи соли 2018, дар даҳаи дуюм, даҳаи раҳмати моҳи шарифи Рамазон дар таърихи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва таърихи ислом муждаи нав, гузоштани санги асоси Дони шкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит (р) дарҷ гашт.
Таърих гувоҳ аст, ки солҳои 90-ум аз тарафи ашхоси дилсиёҳ аз номи ислом бо баҳона ва мақсадҳои пардапӯши худ ташкил кардани давлати исломӣ дар Тоҷикистон, дили мардуми мусалмони тоҷикро аз дини исломи ноб хиҷил карда буданд. Бо мақсади ба даст овардани давлат ин ашхос бо резонидани хуни ноҳақ, гирифтори гуноҳи кабира гардида, баъд аз худ “дар байни халқ шахси намозхонро “вофчик” ном бурдан”-ро аз худ меърос гузоштанд. Мардум бо тарс ба Худои яккаву ягона ибодат мекарданд. Масҷидҳо ба вайронаю валангорӣ гирифтор буданд, ва дар он замонҳо аз се то ҳафт нафар намозгузор дар масҷидҳои валангор намоз мехонданд.
Соли 1997 бо имзо шудани Шартномаи сулҳ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин ашхосе, ки дорои гуноҳи кабира дар назди Худо буданд, ба халқи Худо ҷабру ситамро раво дониста буданд, авф карда онҳоро бахшид. Солҳои баъдӣ бо таъмини амнияти кишвар бо талоши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мурури замон масҷидҳо обод гардида, шумораи намозгузорон зиёд гардидан гирифт. Аз он солҳо бе кӯмак ва ё роҳбаладии ҳизбу ҳаракатҳо ба дини муқадаси ислом мардуми тоҷик аз пайи зиндагӣ ва ибодат ба Худои худ буданд, то он ки як ҳизби худпарасту мансабталош бо номи собиқ Ҳизби наҳзати ислом баъди ба оворагию сардардони гирифтор кардани мардуми тоҷик ва баъди оромиҳои вазъият дубора пайдо гашта чандин бор ба Ҳукумат ва давлати тоҷикон рахна заданд, ки хаёлашон хом баромад.
Дар ҷомеа шахсиятҳое ҳастанд, ки ба зоҳирпарастӣ машғул буда, аз рӯи ба худ зебу зиннат додан ва ё бо таърифи шахси дигар сатр ва ё риш мемонад, ки низ чунин ашхос номи исломро доғдор месозанд. (дар ин гуфтаҳо муаллиф шахсонеро, ки холис аз барои ибодати Худои Азза ва Ҷалл ҷиҳати пӯшонидани шарму ҳаё ва ё иҷрои фарзу суннат амал менамоянд, дар назар надошта, онҳоеро дар назар доранд, ки бо либосҳои “пурра пӯшиши бадан” моддаҳо карда, нишон медиҳанд, ҳол он ки аз ислом ва шариати ислом бӯйе намебаранд.) Дар чунин ҳолатҳо суханони бузургон ёд карда мешавад, ки:
Ислом ба зоти худ надорад айбе,
Ҳар айбе, ки ҳаст дар мусулмонии мост.
Дар соли 2007 падидаи навбатии намоёни даврони истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсиси муассисаи давлатии таълимии Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба шумор меравад, ки он бо ташаббуси бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт, таъсиси онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қарори № 547 дар таърихи 2-юми ноябри соли 2007 расман тасдиқ намуд. Мақсад аз таъсиси Донишкадаи исломии Тоҷикистон, таъмини имкониятҳои таълими улуми исломӣ дар дохили кишвар ва ҷалби шаҳрвандон довталабон ва донишҷӯён ба корҳои манфиатовар дар ҷомеа, боло бурдани сатҳи маърифатнокӣ ва дониши динии шаҳрвандон, инчунин мутобиқ гардонидани раванди таълиму тарбияи динӣ бо меъёрҳои муосири илмию иттилоотӣ мебошад.
Соли 2009 бошад, соли бузургдошти Имоми Аъзам - Абӯҳанифа аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни давлатҳои мусалмон бо як шукуҳу шаҳомат таҷлил гардид. Ҳамзамон дар ин сол бо Қарори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати соли бузургдошти Имоми Аъзам – Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит, Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи ин шахсияти машҳури дунёи ислом номгӯзорӣ карда шуд. Дар ин сол камина низ соҳиби фарзанд, писар гаштам, ки ба муносибати соли бузургдошти Имоми Аъзам – Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит номи писарамро ба номи ин шахсияти бузург, Нуъмон номгӯзорӣ кардам.
Аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон китоби осмонӣ Қуръони карим бо тарҷумаи забони тоҷикӣ барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати боло бурдани сатҳи маърифатнокӣ ва дониши динии Исломӣ нашр карда шуд.
Ногуфта намонад, ки иқдомҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи рушди ислом ба назар гирифта шуда, соли 2018, Эмомалӣ Раҳмон бори чаҳорум яке аз 500 мусалмони ҷаҳон эълон гардиданд.
Дар соли 2007ва 2017 бо ташабуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ду Қонун, Қонунҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба имзо гардид, ки асоси он ба шариати ислом наздик мебошад.
Дар даврони истиқлолияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон масҷидҳои ҷомеъа ва масҷидҳои панҷвақта зиёд гардида, 24 соат фаъолият мекунанд, ки ин қиёс ба солҳои даврони шӯрави ва давраҳои ҷанги шаҳрвандӣ хело фарқкунанда аст, ки ин аз масулияи баланди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ислом дарак медиҳад.
Соли 2009 дар яке аз маҳаллаҳои марказӣ ва зебои шаҳри Душанбе ба сохтмони масҷиди калон бо ғунҷоиши 150000 нафар намозгӯзор дар як вақт санги асос гузошта шуда, ба сохтмони он шурӯъ карда шуд.
Инак соли 2018 дар назди масҷиди калони марказии шаҳри Душанбе, ки сохтмонаш давом дорад, барои сохтмони Донишкадаи нави исломии Тоҷикистон аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмон санги асос гузошта шуд, ки ин як тӯҳфаи бузург ба мардуми мусалмони тоҷик буда, ҳамзамон садақаи ҷория аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ин дар ҳолест, ки Донишкадаи исломии исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит (р) дар маркази пойтахт шаҳри Душанбе бо таълиму тарбияи зиёда аз 1500 донишҷӯ дар як баст бо таълими улуми ислом а инчунин илмҳои дақиқ арзи ҳастӣ дорад. Дар охир аз номи зиёда аз 195 нафар кормандону устодон ва зиёда аз 1500 нафар донишҷӯёни Донишкадаи исломии исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит (р) ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирӣ намудани олимони дини ислом изҳори миннатдорӣ намуда, дасти дуо барояшон бардошта, аз даргоҳи Худованд, дуо карданием, ки дасти камро набинад, дар амонӣ Худо бошанд, аз фазлу карами Худованд ва шафоати Муҳаммади (с) бенасиб нагарданд!
Омӯзгори кафедраи “Фалсафа ва илмҳои ҷамъиятӣ”-и ДИТ Шоев Абдуҷаббор
Андешаи Шумо
Ҳамаи шарҳҳо
Ҳанӯз шаpҳе дар ин баҳс нест. Шумо аввалин ширкаткунанда хоҳед буд
Ҳанӯз шаpҳе дар ин баҳс нест. Шумо аввалин ширкаткунанда хоҳед буд
Воридшавӣ ба e-mail- и dit.tj
"ЗИ ГАҲВОРА ТО ГӮР ДОНИШ БИҶӮЙ!"
Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абӯҳанифа ©2018 - 2024. Ҳуқуқҳо ҳимоя карда шудаанд.