РЕКТОРИ ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ИМОМИ АЪЗАМ АБӮҲАНИФА
.
Зокирзода Нусратулло МеликНомзади илмҳои фалсафа___________________________
Ҷашни мардумӣ ва миллии Наврӯз яке аз ҷашнҳои маъруф ва мондагори қавмҳои ориёинажод аст, ки таърихи тӯлонӣ дорад. Дар миёни ҷашнҳои миллӣ, Наврӯз аз лиҳози аҳамиятнокӣ ва анъанавӣ буданаш мавқеи муҳим дорад. Мутобиқи солшумории шамсӣ, Наврӯз ба таърихи 21-22 моҳи март рост меояд. Худ аз номаш маълум аст, ки наврӯз, яъне «рӯзи нав» мебошад, ки он ба рӯзи аввали сол рост меояд. Имрӯз Наврӯз ҳамчун рӯзи аввали соли миллӣ шинохта шудааст...Муфассал
Муҳим нест, ки кист зидди мо, муҳим он аст, ки кист бо мо!
Вақтҳои охир мо шоҳиди он гаштаем, ки падидаҳои манфӣ ҳаёти иҷтимоию ҷамъиятӣ ва сиёсиро халалдор намуда, ба сулҳу субот ва амнияти мамлакат халал ворид менамояд. Ин тамоюл бешак мардуми ватандӯст, бахусус қишрҳои солимфикру пешоҳанги ҷомеаро, ки осудагиву Ваҳдати миллӣ ва суботу амният барояшон арзиши баланд ва азиз аст, бетараф гузошта наметавонад. Зеро, ин мушкилиест, ки душман дар миёни ҷавонон то андозае ба кор бурда метавонад, ки онҳоро аз роҳ бероҳ гардонида мубталои дарду ғам ва ба мушкилоти охират гирифтор мекунад. Ҳалли дурусту оқилона ва саривақтии ин масъала тақозои имрӯзу замон аст.
Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ созмони низомӣ (ҳарбӣ) аст, ки дар нахустин рӯзҳо пас аз инқилоби Эрон дар соли 1357 ба фармони Хумайни (Бунёдгузор ва раҳбари низомии Ҷумҳурии Исломии Эрон) ташкил шуд. Хумайни дар соли 1357 ба фармони шӯрои инқилоби Исломӣ расман таъсиси ин ниҳодро эълон кард. Шӯрои инқилоби бо таъсиси шӯрои фармондиҳи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, мақсаду мароми асосиро дар ҷиҳати созмондиҳии ин ниҳод бардошт. Сипоҳ ниҳоди низомӣ ва бозуи мусаллаҳ барои посдорӣ аз низоми Ҷумҳурии исломии Эрон аст.
Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, ки дар нахустин рӯзҳои пирузии инқилоб ташкил шуда, барои идомаи нақши худ дар нигаҳбонӣ аз инқилоби исломӣ ва дастовардҳои он побарҷо мемонад. Вазифаи ин Сипоҳ робита бо неруҳои дигари мусаллаҳ ва ҳамкорию ҳамоҳангии бародарона мебошад.
Шиори Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон, истифода аз нируманди ва қудрат дар муқобили душманон ва омодагии низомӣ мебошад. Онҳо дар шиорашон ояти 60-уми сураи “Анфол”- ро овардаанд: “Ва муҳаё созед э мусулмонон барои худатон аз қудрату тавоноӣ”, ки ин оят нишон медиҳад, ки бо ҳар касе ки хоҳанд душманӣ карда аз силоҳи ҷанги истифода мекунанд, монанди давлатҳои суннимазҳаби ҷангзада дар олам.
Ақидаи баъзе шиаҳои тундрав
Баъзе шиаҳои тундрав саҳобагон ва мусалмононеро, ки се халифаи қаблиро интихоб намудаанд, гумроҳ ва золим медонанд, зеро онҳо ба ақидаи шиаҳо асли шаръии имомат ва васияти паёмбар (с)-ро дар бораи онҳо инкор намуда, имомонро аз ҳаққашон маҳрум сохтанд. Баъзе аз онҳо аз ин ҳам фаротар рафта, се халифаи пеш аз Алӣ (р) ва мусалмононеро, ки онҳоро ба хилофат интихоб кардаанд, нафрин менамоянд ва муртаду аз дин баргашта медонанд.
Вале аз он ҷо ки чунин асле дар таълимоти ислом вуҷуд надошт ва дар Қуръони карим барои имомати Алӣ (р) ва ҳар каси дигаре пас аз паёмбар (с) чизе наомадааст, аз онҷо, ки Абубакри сиддиқ (р) дар бартарӣ байни саҳобагони киром (р) қарор дошт, ки ӯро дар байни тамоми онҳо хусусияти хосе бахшидааст, онҳо ба таъвили баъзе оятҳо маҷбур шуданд ва аз Қуръон усул ва аҳкоме берун оварданд, ки ба ҳадафҳо ва усули собити ислом ҳеҷ гуна созгорие надоранд.
Дар андешаву ақидаҳои шиаҳо вақте ба ҷуз Алӣ (р) ва чанд нафари дигар боқӣ саҳобагонро ғосиб, золим ва аз ислом берун донистанд. Суннати расули Худо (с)-ро низ, ки аз тариқии ҳамин саҳобагони киром ҳифз, ривоят ва ба наслҳои баъдии уммат таҳвил дода шудааст, инкор намуданд. Онҳо танҳо ҳамон ислом ва ривояҳои диниеро қабул доранд, ки аз тариқи имомони маъсумашон ба онҳо расидаанд. Аҳли суннат ба ин ақидаанд, ки ҳеҷ як саҳоба ва ё наздикони Паёмбар (с) ва ё дигар муъминон маъсум нестанд. Балки ба ин ақидаанд, ки мумкин аст аз онҳо гуноҳ содир шавад ва Аллоҳ таоло ба воситаи тавба гуноҳонашонро мебахшад ва дараҷоташонро боло мебарад ва ба хубиҳои кардаашон гуноҳонашонро маҳв мекунад.
Аҳли суннат ба ин ақидаанд, ки ҳама саҳобагони Паёмбар (с) одиланд, аммо шиаҳо ба ин ақидаанд, ки дар байн саҳобагони Паёмбар (с) мунофиқон буданд ва инро дар дустиву душмании Алӣ (р) мебинанд, ки ҳар касе бо Алӣ (р) душмани дошт ва бо ӯ ҷангид ӯ мунофиқ аст. Ихтилофи дигар дар асли ислом аст, ки аҳли суннат дар баробари Қуръон, суннат, иҷмоъ, қиёс ва иҷтиҳоди саҳобагонро низ ба унвони яке аз манобеи асли ислом шинохтаанд. Ихтилофи дигар низ дар ибодатҳо ва дигар масъалаҳо вуҷуд дорад, монанди вузӯъ гирифтан, намоз хондан ва ғайра аз ихтилофҳо зиёданд.
Баъзе ғулот — пайравони ифротии шиа
Баъзе ғулот — пайравони ифротии шиа Қуръонро низ таҳрифшуда медонанд, зеро он низ аз тариқи ҳамин саҳобагон ва пас аз онҳо қориён ва силсиласанадҳое ривоят шудааст, ки ҳама аз аҳли суннат мебошанд. Аммо аксари онҳо ин Қуръонро қабул доранд ва онро каломи барҳаққи Худо мешуморанд.
Фарқи шиа дар баъзе аҳкоми шариат бо аҳли суннат
Шиа дар баъзе аҳкоми шариат низ, ба монанди никоҳи мутъаа ва муваққат, ки ба забони имрӯзаи онҳо “сиға” номида мешавад ва “хумс” — навъи молиёте, ки аз назари онҳо ба даромадҳои молии мардум тааллуқ мегирад, бо аҳли суннат фарқ мекунанд. Никоҳи мутъаа — сиға назди шиа дуруст ва онро ҳалол медонанд, дар ҳоле ки аз дидгоҳи аҳли суннат ин гуна лаззатҷӯиҳои гузаро бо ҳадафҳои олии ислом дар бунёди хонавода мухолиф дониста шуда, шаръан мамнӯъ ва ҳаром ба ҳисоб меояд. Дар издивоҷ мард ҳақ дорад, ки аз аруси кардааш фарзандони солиҳу солиҳа тарбия кунад, аммо дар сиға (мутъаа) ин ҳақро надорад, вақте ки зан киштзори мард аст, ҳадафи издивоҷ обод кардани ин киштзор аст пас дар издивоҷи мувақат (сиға) ин ҳадаф вуҷуд надорад, пас ин оят поймол шудааст дар ин қонун. Худованди таоло дар сураи “Бақра” ояти 223 мефармояд: “Занони шумо маҳали киштзори шумост, пас ҳар замоне, ки бихоҳед метавонед аз онҳо баҳра баред”
Бояд зикр кард, ки зан дар издивоҷи мувақат (сиға) метавонад бе иҷозати шавҳар ба ҳар ҷое, ки хоҳад равад ва ҳар коре, ки хоҳад даст занад, ҳар касеро хост метавонад бибинад, аммо дар издивоҷи доимӣ ҳаққу ҳуқуқи мард (шавҳар) пазируфта ва итоат карда мешавад. Дар ин ҷо ҳам ояти 34-и сураи “Нисо” ба қонуни мутъаа поймол мешавад, Худованди таоло мефармояд: “Мардон сарпараст ва нигаҳбони занонанд ба хотири бартариҳое, ки Худованд барои баъзеаш нисбат ба баъзе дигараш додааст”.
Издивоҷи мувақат (сиға) дар аввал миёни яҳуд, форс ва ғайра вуҷуд доштааст ва ба ҷомеаи ҷоҳилии ҷазираи араб таъсир кардааст. Вақто, ки динӣ Ислом омад дар ибтидои даъват ду бора бо нузули ин оят 7-8-и сураи Муъминун, ояти 29-31-и сураи Маориҷ мутъаа таҳрим шуд: “Ва онҳо, ки домони хешро (аз беифатӣ) ҳифз мекунанд; Магар бар занони худ ё канизаконе, ки дастҳояшон молики онҳо шудааст ва ҳар оина онҳо маломаткарда нестанд; ва онон, ки ғайри инро талаб мекунанд, (пас) касоне аз ҳад гузаштагон ҳастанд”.
Агар издивоҷи мувақат дар даври Паёмбар (с) маъмул мебуд ҳатман Худованд дар Қуръон машруъият ва аҳкоми онро баён мекард ҳамон тавре, ки издивоҷи доимиро баён намудааст. Яқинан агар издивоҷи мувақат созгор ё мутобиқи шаръ мебуд ба хотир осонияш амал ба он бештар мешуд пас чи гуна Худованд нисбат ба ин амри муҳим сукут карда вале издивоҷи дигарро шарҳ медиҳад.
Дар ин мавзу фақат як қавл дуруст аст, ин ки никоҳи мутъаа бар мусулмонон ҳаром буда ва онро амали насохтаанд ва аз аввали аҳди Ислом дар Макка бар онон ҳаром гашта ҳамон тавре, ки дар сураи Муъминун ва Маъориҷ зикр шудааст.
Издивоҷи мувақат дар ривояти уламои Ислом:
Аввалин ривояте, ки бояд мавриди таваҷуҳ қарор гирад ривояти имом Тирмизӣ аз ибни Аббос аст, ки ибни Аббос мегуяд: “Издивоҷи мувақат дар аввали Ислом ривоҷ дошт ва ҳар гоҳ марде ба шаҳри дигар мераф, ки он ҷо ошнои надошт бо зане издивоҷ мекард ба ҳамон андозае, ки дар он ҷо мемонд то замоне, ки ояти 6-и сураи Муъминун нозил шуд”. “Магар бо занони хеш, ё канизаконе, ки дар дасти онҳо аст”. Аз ин ривоят бармеояд, ки никоҳи мутъаа (сиға) дар ибтидои Ислом ҳаром гашта чун аз одоти ҷоҳилӣ ва мушрикон буд.
Агар мо мусулмонон дар тамоми корҳои муҳими худ ба китоби Худованди мутаол боз мегаштем ва ба он эътимод ва ба аҳкомаш итминон медоштем ба мо иктифо менамуд, ки байни мо ихтилофе боқӣ намемонд, пас биёед Қуръонро дар ин амри муҳиме, ки ба яке аз корҳои хоси мусулмонон мебошад, монанди миллат, насл ва шарафи онон марбут аст пайрави ва василаи ҳидояти худ қарор диҳем.
Равияҳои шиа
Шиа дар дохили худ равияҳои гуногуне дорад, ки баъзеҳо дар эътиқодоти худ муътадил, ки ба аҳли суннат хеле қариб буда ва баъзеҳо бисёр тунду ифротӣ мебошанд, монанди Дувоздаҳ имомӣ, Зайдия, Ҳусайния, Боқирия, Ҳишомия, Ҷаъфария, Аскария, Сабоия, Нусайрия, Дурузия, Ботиния, Сабъия, Назория, ва ғайра, ки дар ҳалолу ҳаром бо аҳли суннат мухолифат мекунанд, монанди сиға, тақя, дустдории асҳоби Паёмбар (с) ва ғайра.
Бояд ёдрас шуд, ки мо дар асри 21 зиндагӣ мекунем, аммо гурӯҳи террористӣ ва экстремистӣ зери шиори Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон амалҳое анҷом медиҳанд, ки бетараҳҳумии онҳоро таърих кам дар хотир дорад. Мисоли равшани он ТЭТ ҲНИ ва Саид Қиёмиддини Ғозӣ, дар асл яке аз муассисони ташкилоти экстремистию террористии ҲНИ буд, ки замони ҷанги шаҳрвандӣ дар майдони “Шаҳидон” бо номи «генерали мардумӣ» маъруф шуда буд, имрӯзҳо маълум шуд, ки номбурда яке аз аъзоёни Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон буда, тамоми кору фаъолияташ ва зиндагиаш ба фоидаи ҳамин давлату ҳамин сипоҳи посдорон будаасту халос.
Бояд донист, ки хориҷ шудан аз дин аз барои нафс, ин гумроҳӣ ва бадбахтист!”. Мо гаравидани Эшони Қиёмиддин - рӯҳонии маъруфи солҳои 90-ро ба шиа шадидан маҳкум карда, гуфтанием: “Шукронаи оромӣ ва фазои ҳамдигарфаҳмӣ, ки Худованди таборак ва таъоло бандагони худро ба сӯи иродаи қавӣ ва роҳи рост ҳидоят карда, аз дурӯягӣ ва заъфи имон наҳӣ кардааст”. Вале мутаассифона, баъзе аз афрод дар мисоли Саид Қиёмиддини Ғозӣ, мулаққаб бо Эшони Қиёмиддин каломи Худовандро бо вуҷуди доштани илми динӣ, нодида гирифта, аз як ақидаи ҳақ (Ислом) ба сӯи ақидаи дигар (ботил) аспи ҳавову ҳаваси худро медавонанд, ки ин омил ба гумроҳии худи онҳо боис мешавад. Зеро Аллоҳ таъоло фармудааст: “Ва ҳар мусибате, ки ба шумо мерасад, ба сабаби корҳое, аст, ки анҷом додаед (яъне, ба сабаби амалҳои баде, ки анҷом додаед) ва (Худованд) аз бисёрӣ (гуноҳон) дармегузарад.” (сураи “Шуро”, ояти 30)”.
Дар ҳақиқат инсон худ фикр намекунад, ки оқибати ин кори кардааш чи мешавад ва то куҷо рафта мерасад. Худованди якто аз ҳамаи ин амалҳо бохабар аст ва ҳар як шахсро ба кардаи худ рӯзе суол хоҳад кард. Аз он даврае, ки мо ба душвориҳои зиёд нобасомониҳоро паси сар намуда, тавассути сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва халқи азизамон роҳи созиш ва оштии миллӣ - роҳи ваҳдатро пеш гирифтем, вақти зиёде нагузаштааст. Мо бояд барои ҳифзи ин неъмати муттаҳидсоз, кулли мардуми тоҷик сарҷамъ бошем, Тоҷикистонро боз ҳам ободу зебо гардонем. Чӣ тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон баён карда буданд: «Таърих баъд аз ҳазор сол моро водор месозад, ки аз таҷрибаи талхи ниёгони худ сабақ гирем, манфиати давлату миллатро аз ҳама боло шуморем. Ба қадри давлату давлатдорӣ ва Ватани аҷдодӣ бирасем, кишварро аз парокандагӣ, миллатро аз нобудшавӣ нигоҳ дорем. Танҳо Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти мардуми Тоҷикистон бо меҳнати ҳалолу бунёдкорона, тарбияи насли наврасу ҷавонони ояндасоз ва дӯстиву ҳамкориҳои судманд ба мамлакатҳои пешқадам моро ба ояндаи пурсаодат мерасонад.»
Оре, мо бояд фарзандонро баробари таълиму тарбия додан, ки онҳо ояндаи миллати мо ҳастанд, ҳушдор намоем ва ба равияҳои бегона (шиа) нагараванду ҷони худро ба зери хатар нагузоранд.
Аз ин лиҳоз мо халқи тоҷик боз ҳам аз пештара хубтару беҳтар муттаҳид бошем. Нагузорем, ки давлатамон осебу зарар бинад ва дасисабозиҳои гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ба мақсадҳои нопоки худ расад.
Каримов Иноятулло, устоди Кафедра «Улуми Қуръон» ДИТ ба номи Имоми Аъзам –Абӯҳанифа (р)
Андешаи Шумо
Ҳамаи шарҳҳо
Ҳанӯз шаpҳе дар ин баҳс нест. Шумо аввалин ширкаткунанда хоҳед буд
Ҳанӯз шаpҳе дар ин баҳс нест. Шумо аввалин ширкаткунанда хоҳед буд
Воридшавӣ ба e-mail- и dit.tj
"ЗИ ГАҲВОРА ТО ГӮР ДОНИШ БИҶӮЙ!"
Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абӯҳанифа ©2018 - 2024. Ҳуқуқҳо ҳимоя карда шудаанд.