РЕКТОРИ ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ИМОМИ АЪЗАМ АБӮҲАНИФА
.
Зокирзода Нусратулло Мелик

Номзади илмҳои фалсафа
___________________________

Ҷашни мардумӣ ва миллии Наврӯз яке аз ҷашнҳои маъруф ва мондагори қавмҳои ориёинажод аст, ки таърихи тӯлонӣ дорад. Дар миёни ҷашнҳои миллӣ, Наврӯз аз лиҳози аҳамиятнокӣ ва анъанавӣ буданаш мавқеи муҳим дорад. Мутобиқи солшумории шамсӣ, Наврӯз ба таърихи 21-22 моҳи март рост меояд. Худ аз номаш маълум аст, ки наврӯз, яъне «рӯзи нав» мебошад, ки он ба рӯзи аввали сол рост меояд. Имрӯз Наврӯз ҳамчун рӯзи аввали соли миллӣ шинохта шудааст...Муфассал

Ҳар рӯз зи худ бипурс, агар ту мардӣ!? К-имрӯз чи хизмате ба мардум кардӣ?

Риё шахсро ба куҷо мерасонад

“Аз рӯи танбали ба намоз меистанд ва дар баробари мардум риё ва худнамоӣ мекунанд ва Аллоҳро ҷуз андаке ёд мекунанд” сураи “Нисо”, ояти 142.

Расулуллоҳ (с) риёро ширки асғар номид ва барои уммати худ аз бобати риё ибрози нигаронии шадид намуд ва фармуданд: “Бештарин чизе, ки аз бобати он барои шумо нигаронам ширки асғар аст” аз эшон суол шуд, ширки асғар чист? Фармуданд риё, зеро мусалмони риёкор ба қасди худнамоӣ ва нишон додани ибодати худ ба дигарон анҷом медиҳад ё ин ки аз ӯ таърифу тамҷид намоянд ба ширки асғар мубтало мешаванд ва дар ин ҳол имонаш дар майдони хатари бузург қарор мегирад.

Ширки акбар монанди ширки мунофиқон аст, зеро онҳо ақоиди ботили худро махфӣ намуда, аз рӯӣ риёю нифоқ ва тарси ҷон ва молашон пеши мардум худро аҳли ислом нишон медиҳанд. Аммо ширки асғар монанди риё чунон ки дар ҳадис гузашта зикр шуд, мебошад.

Мо мардуми мусулмон хусусан Тоҷикистониён бояд аз риё ва риёкори бохабар бошем, то ки дар ҳаёти худ аз ваъдаҳои Худовандӣ, ки барои бандагонаш кардааст бенасиб нагардем, яке аз фоидаҳои шинохтани риё, ки зидди ихлосе бо Худо аст моро чи меомузонад?

Худованд моро барои бандагӣ ба зоти якто (Яъне шинохти ягонагии ӯ) офаридааст, на барои риёкорӣ ва пайрави аз риёкорони динфӯрушу роҳзан. Бояд донист, ки Худованд ҳеҷ амалеро (чи аз гуфтор бошад ё ки аз кирдор) намепазирад магар хос барои худаш бошад (яъне аз барои розигии Аллоҳ) ва агар аз барои нафс, ҳизб,  ва дигар амалҳое, ки зидди ихлосанд аз гуноҳони кабира шуморида шуда, пеши Худои таъоло ба азоби сахт гирифтор мешаванд. Бояд донист, ки ҳеҷ кас ғайр аз мушфиқону мухлисони (Аллоҳ) дохили ҷаннат намешаванд, сабабгори қабулшавӣ некиҳост ва сабаби аз байн рафтани бадиҳост ва ҳар як шахс бояд донад, ки сабаби ҳидоят ва амният дар зиндагист. Бо ҳамин, инсон оромӣ меёбад, ва агар дар зиндагиаш, аз ин дур шуд (Ихлос) ба ҳар фитнаву кашмакашҳои дуруғин гирифтор шуда, аз раҳмати Илоҳи бебаҳра гардида ва аз шафоати паёмбар бенасиб мегардад. Чуноне ки барояшон гуфтаанд:

Эй ташнагони шуҳрату эй сориқони ном,

Туф бар дуруягию найрангу макратон.

Риёкорӣ ин яке аз ахлоқи разилона ва паст аст, ки дар тули таърих мардумоне ба ин амал мубтало шуда, ба сари дигарон балоҳоеро овардаанд. Бо ин амали зишташон хости обуруву манзалате пеши мардумон шуда, ҷамоатҳову гуруҳҳо ташкил карда, якдигарро эътироф накарда, ба хунрезиву куштор даст заданд. Аз ин рӯ ба ҳар як шахси оқилу доно лозим мешавад, ки дар ин амали зишт бояд эҳтиёт шавад то ин ки дар пешгоҳи Худованди ҷаббор аз ҷумлаи мушрикону саркашон нахезанд. Чуноне ки шоири бузург Аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ  мефармояд:

Худовандо, ки дар зотат раҳимӣ ҳасту раҳмонӣ,

Чаро моро ато кардӣ ба сад ҷурми мусалмонӣ?

Як исломӣ зи исломӣ равад бар коми нокомӣ,

Яке нозад, ки ин бошад зи бахшишҳои яздонӣ.

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯъбудаи наҳзати исломӣ (ҲНИ) гуфтааст, барои президент Эмомалӣ Раҳмон дар ояндаи Тоҷикистон ҷое нест. Кабирӣ гуфтааст, Эмомалӣ Раҳмон мехоҳад қудратро ба яке аз фарзандонаш гузорад, вале "омадани як нафар аз дохили як хонавода мушкили Тоҷикистонро ҳал нахоҳад кард.” Дар Душанбе ин изҳороти Кабириро пойдарҳаво номида мегӯянд, мухолифин аз воқеият дур монда, чашми дидани пешрафтҳои Тоҷикистонро надоранд ва Кабирӣ раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯъбудаи наҳзати исломӣ (ҲНИ) кору амалҳоеро анҷом дода истодааст, ки дақиқан охундҳои шиа қаблан онро дар дигар кишварҳо хусусан исломӣ анҷом додаанд.

Бояд тазакур намуд, ки Аллоҳи бузург ва Паёмбараш (с) дар ҳадисҳои зиёд итоати сардоронро бар мо мусулмонон воҷиб гардонида ва дар баъзе ҷойҳо сабаби дохил шудани шахси мусулмон ба ҷаннат овардааст, монанди намозу рӯза ва дигар тоатҳое, ки сабаби дохил шудан ба ҷаннат мегарданд. Итоати сардор ҳақ ва амри воҷибиест, монанди дигар амрҳои воҷибот ба монанди амри ба намоз ва ё ба рӯза, садақа, силаи раҳм, ва ғайра. Фармондиҳандаи ҳамаи воҷибот яктост, ки Ӯ Аллоҳи бузург аст ва итоат кардан ба ҳама амраш воҷиб аст на танҳо ба намозу ҳаҷ.

Ҳар шахсе, ки ба Худо ва ба рӯзи охират имон дорад, чун дар аҳодисе, ки ба мо мусулмонон аз Паёмбар (с) ворид шудааст ба итоати сардор дар нафси худ набояд нафрат ё танбалӣ кард, чун он амру фармонҳои Паёмбари Худоро буда, бо чеҳраи кушод қабул карданаш амр аст. Баъзе инсонҳо аҳодиси Паёмбар (с) дар бораи намозу рӯза ва садақаву силаи раҳм гуфтаро ба хурсандиву хушҳоли қабул мекунанд  аммо вақто аҳодиси Паёмбари Худо (с) дар бораи сардорон ва ҳақу ҳуқуқашон хонда шавад мебинем, ки рангашон тағир хурда, рӯй мегардонанд, ки ин заифии имонашонро нишон медиҳад, дар ҳоле, ки иҷрои амри Худо ҳамааш савоб ва гуноҳе ба  ӯ  ҳамааш ҷазо дорад.   

Чунонки шумо иттилоъ доред, имрӯз Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯъбудаи наҳзати исломӣ (ҲНИ) гуфтааст. Онҳое, ки ҳодисаҳои солҳои навадумро дар хотир доранд, ба қадри ваҳдат мерасанд. Акнун мо бояд ҷавононро аз он рӯзҳои барои миллати мо талх огоҳ кунем. Ҳеҷ кас ҳақ надорад таърихи халқи худро фаромӯш кунад: солҳои ҷангу нооромӣ, гуруснагӣ, рӯзҳое, ки бародар муқобили бародар силоҳ бардошт, даврае, ки писар душмани падар гашт. Бадхоҳони миллат тавонистанд, ки моро ба гурӯҳҳо чудо намуда, муқобили якдигар барангезонанд. Ин барои миллати тоҷик дарси ибрат аст. Бовар дорам, дигар моро наметавон фиреб дод. Бовар дорам садҳо сол, ба баъд авлодони мо ба сулҳи тоҷикон аҳсан гуфта, дар ҳаққи қаҳрамони миллат - Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дуои нек мекунанд. Зеро маҳз бо сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат байни ду гурӯҳи мухолиф сулҳ баста шуд, ҳазорон нафар мардуми бесарпаноҳ ва гуреза ба Ватан баргардонида шуданд, барояшон кафолати бехатарӣ ва шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Шукронаи онро мекунем, ки имрӯз мо самараи ваҳдатро барчида, дар давлати тинҷу ором зиндагӣ менамоем. Кош Муҳиддин Кабирӣ ва ҳам монанди ин ашхос мефаҳмиданду мардуми азияткашидаи тоҷикро ба ҳоли худ ором мегузоштанд.

Мо гуфтем, ки Паёмбари Ислом (с) дар ин боб аҳодисе гуфтааст, яке аз он имом Тирмизӣ ва Аҳмад ва Ҳоким ва дигарон, ки имом ал-Боҳили (р) дар ҳадиси саҳиҳе гуфтааст, Шунавидам, ки Паёмбар (с) дар ҳаҷҷат-ул-вадоъ хутба карда мегуфт: “Аз Худованд битарсед, Панҷ вақт намозатонро адо кунед, Моҳи шарифи рамазонро рӯза доред, Закоти молатонро иҷро кунед, Сардоратонро итоат кунед, дохили ҷаннат мешавед”.

Пас бояд донист, ки Паёмбар (с) панҷ хислати воҷибе, ки инсон бо он дохили ҷаннат мешавад зикр кардааст, ибодати Худован, намоз, рӯза, закот, ки инҳо аркони исломианд ва дар баробари аркони ислом  итоати сардор (Президент)-ро ҳам зам кардааст, ки далолат ба муҳимӣ ва воҷибии итоати сардор дар дин (дини Ислом) ва воҷибе аз воҷиботи ин дин, ки Худованди бузург воҷиб гардонидааст бар Бандагонаш ва Паёмбараш (с). Низ бар умматонаш дар ҳадисҳои зиёд амре ба воҷиб кардааст.

Каримов Раҳим, декани факултети филологияи Шарқ  ДИТ ба номи Имоми Аъзам – Абӯҳанифа (р)


Андешаи Шумо



Ҳамаи шарҳҳо


Ҳанӯз шаpҳе дар ин баҳс нест. Шумо аввалин ширкаткунанда хоҳед буд

Воридшавӣ ба e-mail- и dit.tj



"ЗИ ГАҲВОРА ТО ГӮР ДОНИШ БИҶӮЙ!"






Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абӯҳанифа ©2018 - 2024. Ҳуқуқҳо ҳимоя карда шудаанд.