РЕКТОРИ ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ИМОМИ АЪЗАМ АБӮҲАНИФА
.
Зокирзода Нусратулло Мелик

Номзади илмҳои фалсафа
___________________________

Ҷашни мардумӣ ва миллии Наврӯз яке аз ҷашнҳои маъруф ва мондагори қавмҳои ориёинажод аст, ки таърихи тӯлонӣ дорад. Дар миёни ҷашнҳои миллӣ, Наврӯз аз лиҳози аҳамиятнокӣ ва анъанавӣ буданаш мавқеи муҳим дорад. Мутобиқи солшумории шамсӣ, Наврӯз ба таърихи 21-22 моҳи март рост меояд. Худ аз номаш маълум аст, ки наврӯз, яъне «рӯзи нав» мебошад, ки он ба рӯзи аввали сол рост меояд. Имрӯз Наврӯз ҳамчун рӯзи аввали соли миллӣ шинохта шудааст...Муфассал

Ҳар рӯз зи худ бипурс, агар ту мардӣ!? К-имрӯз чи хизмате ба мардум кардӣ?

Хонашери майдонғариб (оппозитсионӣ давлати Тоҷикон)

Матни суханронии Маҳдӣ Собиров дар мизи мудаввари 19.07.2018 бо номи “Вазъи ҳарбию сиёсӣ баъди Созишномаи Истиқрори сулҳ дар шарқи Тоҷикистон”, ки дар меҳмонхонаи Шератони ш. Душанбе шуда гузашт, аз ҳақиқат будани ҳодисаҳои нангини солҳои 90-ум дарак медиҳад. Банда, бо ёрони худ дар он солҳо хатмкунандаи мактаби миёна будему ин хабарҳоро аз даҳони “мардбачаҳо”-и сулҳхоҳи он замон мешунидем, акнун он суханон бо баромади Маҳдӣ Собиров тасдиқ гардид.

Ҳар вақт, ки мардум аз барқарор шудани “сулҳ” дарк меёфтанд, занону кудакон, пирону калонсолон хурсанд мегаштанд, вале, боз дере нагузашта хабари кӯштори ҷавонони бегуноҳ ба гӯш мерасид.

Дар он солҳо бо азму кӯшиши роҳбари давлат, ки он замон ҳама аз сарварию роҳбари канораҷӯӣ мекарданд, сулҳ бо бастани Созишномаи Истиқрори сулҳ барқарор гардид.

Хуллас, ин ҳуҷҷати тақдирсоз дар замоне ба имзо расид, ки миллати тоҷик ва давлати тозаистиқлоли он дар вартаи ҳалокат ва нестӣ  қарор дошт. Дар қисми шарқии кишвар ҷангҳои шадид байни нерӯҳои  мухолифин ва ҳукуматӣ панҷ сол боз идома доштанд. Ҷанги шаҳрвандӣ хоҷагии халқи кишвар ва иқтисодиёти онро хароб ва дар баъзе ноҳияҳо структураҳои давлатиро аз байн бурда буд. Бояд ин Созишнома  ибтидои раванди фаъоли таҷдид ва азнавмутаҳидкунии баъдиҷангӣ мегардид. Давраи азнавбарқароркунии ҳисороти ҷанг, ором кардани шиддати ҷамъиятӣ, ба вуҷуд овардани шароити эътимод ва боварӣ бо якдигар, ҳамдигарфаҳмӣ ва мустаҳкам кардани сулҳу амният фаро мерасид. Он вақт дар куҷо буданд ин даъвогарони Ватану миллат?, дар куҷо буданд кӯмаки молии онҳо?, дар куҷо буданд он Кабирӣ бо ҳаммаслаконаш?, дар куҷо буданд он гуруҳчаҳо бо аъзоёнашон?, ки тинҷию амонӣ, серию пурии мардум, халқро барқарор созанд, мардумро, халқро, халқи тоҷикро аз вартаи ҳалокат, аз нестшавӣ раҳо кунанд.

Марг ба чунин мардҳои Кабиримонанд ва аъзоёни ē. Марг ба опозитсионӣ халқи тоҷик. Дар мардум як сухан аст, ки “Обод карда наметавонӣ, вайрон макун!”. Ин қабила мардум ғайр аз ҷайби худ дигар на обод кардани Ватану миллат, Тоҷикистон, ва на сулҳу ободӣ ва на ягон намуд исломро дар Тоҷикистон намехоҳанд. Агар даъвои онҳо холис аз барои Худо кӯмак ба ислом мебуд, ки гӯё онҳо ба ин кӯшиш менамоянд, Худованди бузург ба онҳо ғалабаро фароҳам меовард. Гарчанде ислом ба ҳеҷ як кӯмак муҳтоҷ нест. Умуман ман шахсонеро медонам, ки даъвои ислом мекунанд, вале худ дар вақташ намоз намехонанд. Бар хилдофи ин шахсонеро медонам, ки дар куҷое набошанд, бо сари хам дар вақташ намоз мехонанд. Ҳоло дар Тоҷикистон аз он давраҳои ҷанги ташкилкардаи ҲНИ дида, ибодат ба Худованди яккаву ягона озод буда, ягон нафар ба намозхонӣ монеъа намешавад. 

Устоди кафедраи Фалсафа ва илмҳои ҷамъиятӣ Шоев Абдуҷаббор


Андешаи Шумо



Ҳамаи шарҳҳо


Ҳанӯз шаpҳе дар ин баҳс нест. Шумо аввалин ширкаткунанда хоҳед буд

Воридшавӣ ба e-mail- и dit.tj



"ЗИ ГАҲВОРА ТО ГӮР ДОНИШ БИҶӮЙ!"






Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абӯҳанифа ©2018 - 2024. Ҳуқуқҳо ҳимоя карда шудаанд.