РЕКТОРИ ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ИМОМИ АЪЗАМ АБӮҲАНИФА
.
Зокирзода Нусратулло МеликНомзади илмҳои фалсафа___________________________
Ҷашни мардумӣ ва миллии Наврӯз яке аз ҷашнҳои маъруф ва мондагори қавмҳои ориёинажод аст, ки таърихи тӯлонӣ дорад. Дар миёни ҷашнҳои миллӣ, Наврӯз аз лиҳози аҳамиятнокӣ ва анъанавӣ буданаш мавқеи муҳим дорад. Мутобиқи солшумории шамсӣ, Наврӯз ба таърихи 21-22 моҳи март рост меояд. Худ аз номаш маълум аст, ки наврӯз, яъне «рӯзи нав» мебошад, ки он ба рӯзи аввали сол рост меояд. Имрӯз Наврӯз ҳамчун рӯзи аввали соли миллӣ шинохта шудааст...Муфассал
Изҳорот оид ба мизи мудаввар, ки дар санаи 19 июли соли 2018 дар меҳмонхонаи Шератон баргузор гардид.
Дар санаи 19 июли соли 2018 дар меҳмонхонаи Шератон воқеъ дар шаҳри Душанбе бо иштироки як қатор намояндагони ширкатҳои иттилоотии давлатҳои гуногун мизи мудаввар оид ба истқрори сулҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар нишасти мазкур воқеа, рӯйдодҳо, ҳаводиси пурфоҷеа ва ҷоннисориҳои фарзандони фарзонаи миллат дар даврони пасошуравӣ, солҳои ҷанги шаҳрвандӣ зикр гардид. Қайд кардан бамаврид аст, ки воқеаҳои ба сари мардум омада ва қатлу куштори намояндагони СММ ин қатрае аз хунхориҳои душманони миллати тоҷик ба шумор мераванд. Садҳо мардум зани миллати тоҷик дар он рўзҳо бе ному нишон бедарак шуданд. “Гурӯҳакҳо”-и террористӣ, ки дар манотиқи гуногуни кишвар худро «лидер» меҳисобиданд, маҳз бо ҳамин қатлу куштор байни дигарон «корнамоӣ» мекарданд. Саволе ба миён меояд, ки ин қадар силоҳ, либос, хӯрокворӣ, маблағгузориҳо ва лавозимоти ҷангӣ аз куҷо ва бо кадом тариқ ба дасти инҳо расид? Ҷавоб хеле оддист. Баъзе афроде, ки дар ҳамин кишвар кору фаъолият бурда, аз боварии ҳукумат сӯистифода намуданд, бо нони ватанашон қаноат накарда, чашм ба устухони хоҷагони хориҷӣ андӯхтанд ва бо дастгирии хоҷагонашон мамлакатро ба хоку хун кашонданд. Кишварҳое, ки парокандагии Тоҷикистони тозаистиқлолро мехостанд, бо таъсис додан ва маблағгузорӣ намудани “гурӯҳакҳо”-и террористӣ дар дохили Тоҷикистон мардуми тоҷикро бо дасти фарзандони худ нобуд кардани буданд, аз ин лиҳоз ҳар кадоми онҳоро дар алоҳидагӣ ҷонибдорӣ менамуданд, то онҳо муқобили ҳамдигар биҷанганд. Диндорӣ ва пойбанди мазҳаб будани мардум низ аз мадди назарҳо дур намонда буд. Иддаи дигар, бо сардории ҳизби ба ном «наҳзати исломӣ», ки дар байни мардум худро бо чеҳраи дигар ҳамчун пуштибони динии мардуми мусалмон муаррифӣ мекард, дар ин ҷанги шаҳрванди роли калидиро бозидааст. То солҳои охир ин ҳизб мардумро бо шиорҳои гуногуни авомфиребона аз қабили «ҷонибдори ҳизби наҳзати исломӣ- ҷонибдори Ислом аст, хат задани ҳизби наҳзати исломӣ- хат задани Ислом аст» дар интихобот ҳам мардумро метарсониданд. Ҷавонони гумроҳ низ ба нақшаи маккоронаи ин ҳизб ғулом шуда, худро дар ин ҷанги бародаркуш муҷоҳид ва ин ҷангро ҷиҳод эълон мекарданд. Аммо бехабар аз он ки онҳо аз роҳи мустақими дини мубини Ислом мунҳариф шуда, ин «ҷиҳод»-и онҳо бо ягон ояти Қуръони карим ва аҳодиси набавӣ мувофиқ набуда, балки комилан дар тазод аст. Саркардагони он ҳизбу ҳаракатҳо бошад, бо маблағҳои гушношуниди аз ҷониби хоҷагонаш гирифта дар дохилу хориҷи кишвар ба худ қасрҳои боҳашамат сохтанд ва аз натиҷаи кори худ ба хоҷагонашон ҳисоботи «назаррас» нишон доданд.
Баъди Созишномаи сулҳ, ки соли 1997 ба имзо расид, аксарияти ин “гурӯҳакҳо” ба хотири қатъ нашудани «даромад» ба ин созишнома мухолиф баромаданд. Зеро дар сурати осоиштагӣ онҳо наметавонанд аз сардоронашон маблағ дастрас кунанд. Бо мурури замон ин гурӯҳҳои тундрав нест карда шуданд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз макрҳо ва ҷиноятҳои ҳизби наҳзати исломӣ пайваста дар васоити ахбори умум ба мардум ҳушдор медоданд, аммо ҳизби наҳзати исломӣ ҳамаи инҳоро рад намуда, ҷиноятҳои аъзоёнашро туҳмат алайҳи ҳизб медонист.
Ҳизби наҳзати исломӣ тактикаи ҷангии солҳои гузаштаро хуб омӯхта, барои ба ҳадаф расонидани мақсадҳои нопоки худ аз роҳу усулҳои нав истифода бурд, ки натиҷаи онро соли 2015 миллати тоҷик мушоҳида кард. Дар ниҳоят фитнаи онҳо низ ошкор шуд ва мардум ба зиндагии осоиштатаре роҳ ёфтанд ва бошад, ки ин осоиштагӣ ва ҳамдилӣ ҷовидон бошад.
Сардори шуъбаи кадрҳои
Донишкадаи исломии Тоҷикистон Наботов Н.Ҳ.
Андешаи Шумо
Ҳамаи шарҳҳо
Ҳанӯз шаpҳе дар ин баҳс нест. Шумо аввалин ширкаткунанда хоҳед буд
Ҳанӯз шаpҳе дар ин баҳс нест. Шумо аввалин ширкаткунанда хоҳед буд
Воридшавӣ ба e-mail- и dit.tj
"ЗИ ГАҲВОРА ТО ГӮР ДОНИШ БИҶӮЙ!"
Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абӯҳанифа ©2018 - 2024. Ҳуқуқҳо ҳимоя карда шудаанд.