РЕКТОРИ ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ИМОМИ АЪЗАМ АБӮҲАНИФА
.
Зокирзода Нусратулло Мелик

Номзади илмҳои фалсафа
___________________________

Ҷашни мардумӣ ва миллии Наврӯз яке аз ҷашнҳои маъруф ва мондагори қавмҳои ориёинажод аст, ки таърихи тӯлонӣ дорад. Дар миёни ҷашнҳои миллӣ, Наврӯз аз лиҳози аҳамиятнокӣ ва анъанавӣ буданаш мавқеи муҳим дорад. Мутобиқи солшумории шамсӣ, Наврӯз ба таърихи 21-22 моҳи март рост меояд. Худ аз номаш маълум аст, ки наврӯз, яъне «рӯзи нав» мебошад, ки он ба рӯзи аввали сол рост меояд. Имрӯз Наврӯз ҳамчун рӯзи аввали соли миллӣ шинохта шудааст...Муфассал

Ҳар рӯз зи худ бипурс, агар ту мардӣ!? К-имрӯз чи хизмате ба мардум кардӣ?

Паём-роҳнамои дурнамои иқтисодии кишвар

Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Ҷаноби олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро аҳли ҷомеа ба хушнудӣ қабул намуда, тибқи роҳнамоиҳои он корҳоро бо нигоҳи наву иродаи устувор дар самтҳои мақбули низоми муосир ва дурнамоӣ рушди марҳилаи нав иҷро хоҳанд намуд.

Аз нахустин рузҳои истиқлолият, муҳимтарин ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба се самт: таъмини амнияти озуқаворӣ, раҳои аз бунбасти коммуникатсионӣ ва расидан ба истиқлолияти энергетикӣ равона гардида буд.

Дар фосилаи ками таърихи давраи истиқлолият барои расидан ба ин ҳадафҳо корҳои зиёде анҷом гардид, ки бештари онҳо бевосита бо ташвиқ ва ё ташаббуси шаҳсии Пешвои миллат ва он ҷасорату шаҳомат ва муҳаббати гарму ҷушони он ба миллат, анҷом ёфтааст, ки имрӯз кишвар аз ҳаррӯзи дигар бештар мешукуфаду ба дастовардҳои бузурги нав ба нав ноил мегардад. Хусусан дар самти ҳадафи стратегии расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ дар кишвар бо дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифодаи оқилонаву сарфакоронаи захираҳои гидроэнергетикӣ сохтмону таҷдиди неругоҳҳои хурду бузурги барқии обӣ оғоз гардиданд. Оғози корҳои барқарорсозии НБО-и “Роғун”, бунёди неругоҳҳои барқи обии “Сангтуда–1” ва “Сангтуда–2”, оғози татбиқи лоиҳаи “КАСА–1000”, таҷдиди НБО-и “Норак” мавриди истифода қарор додани дастгоҳҳои тақсимкунандаи пӯшидаи элигазии 220 ва 500 киловолта дар шаҳри Норак, бунёди зеристгоҳи барқии “Лолазор”, хатти интиқоли барқи баландшиддати 220 киловолтаи “Лолазор–Хатлон”, зеристгоҳи барқии “Хатлон”, хатти интиқоли барқи баландшиддати 500 киловолтаи “Ҷануб–Шимол”, ба истифода додани навбати аввали Маркази барқу гармидиҳиии “Душанбе–2” идомаи бунёди навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии “Душанбе–2” бо иқтидори 300 мегаватт ва идома дорад. Пешвои миллат дар Паёми навбатии худ қайд карданд, ки: “Дар баробари ин, истеъмолкунандагон ва тамоми сокинонро зарур аст, ки барои кам кардани талафоти нерӯи барқ ва истифодаи сарфакоронаи он, аз ҷумла тавассути истифодаи васеи технологияҳои каммасраф кӯшиш намоянд. Дар ин сурат мо метавонем дар се соли оянда ба истиқлолияти энергетикӣ ноил гардем”.

Дастёбӣ ба истиқлолияти энергетикӣ, зомини пешрафтҳои дигари иқтисодӣ мегарданд, ки кишвари маҳбубамонро аз кишвари аграрию саноатӣ ба кишвари саноатию аграрӣ табдил дода метавонем. Ва он ҳадафҳое, ки дар Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030 пешбинӣ гардидаанд, заминаи воқеъӣ мегузорад.

Масъалаи муҳимми дигар, ки дар Паём мавриди барраси қарор гирифт, ин раҳоии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз бунбасти  коммуникатсионӣ  мебошад, зеро бидуни ҳалли ин масъала ба рушди босуботи иқтисодии мамлакат умед бастан мушкил аст. Маҳз бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз тавассути нақбҳои Истиқлол, Шаршар, Шаҳристон, Хатлон, роҳҳои Душанбе–Хуҷанд–Чаноқ, Душанбе–Кӯлоб–Хоруғ–Қулма, Душанбе–Турсунзода, Душанбе–Қӯрғонтеппа кишвари азизамон бо давлатҳои ҳамсарҳад пайваст гардид. Пешвои миллат зикр карданд, ки: “Ҳукумати мамлакат ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафи то соли 2030 ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ лоиҳаҳои давлатии сармоягузориро бо ҷалби беш аз 12 миллиард сомонӣ амалӣ гардонидааст.

Имрӯзҳо татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ доир ба таҷдиди роҳи Душанбе - Қӯрғонтеппа, Хуҷанд - Исфара, Кӯлоб- Шамсиддини Шоҳин, Шкев - Қалъаихумб, Темурмалик - Балҷувон - Ховалинг ва қитъаҳои дигар ба маблағи 7,7 миллиард сомонӣ идома дорад. Лоиҳаҳои таҷдид ва бунёди роҳҳои мошингарди Обигарм - Нуробод (86 километр), Қалъаихумб - Ванҷ (93 километр), қитъаи Ҳуҷанд-Конибодоми роҳи Хуҷанд - Исфара (130 километр), Қӯрғонтеппа - Данғара - Кӯлоб (155 километр) ва дар маҷмӯъ, беш аз 500 километр дар марҳалаи омӯзиш ва лоиҳакашӣ қарор доранд”.

Мазъалаи дигаре, ки хеле ташвишоавр мебошад ин таъмини  амнияти озуқаворӣ ба шумор меравад, ки бевосита ба инсонҳо равона гардидааст ва дар сурати пастсифат будан ё ба стандартҳои санитарию экологӣ   мутобиқ набудан ба саломатии миллат зарари ҷиддӣ ворид менамояд. Хусусан дар ин масъала бештар истода таъкид намуданд ва тоҷиронро ба инсофкорӣ даъват карда гуфтанд, ки ба миллати худ “заҳр” нахуронед. Барои ҳалли ин тамоми шароитҳоро барои паррандапарварӣ муҳаё сохта аз ҳамагуна андоз ва боҷи гумрукӣ озод намуданд, то ин соҳа дар кишвар рушд кунаду мардум аз маҳсулоти баландсифат истеъмол намоянд. Пешрафти соҳаи кишоварзӣ амнияти озуқавориро пешбинӣ менамояд, ки дар ҳифзи амнияти озуқавории кишвар, рушди содирот ва таъмини саноати коркард бо ашёи хом нақши арзишманд мегузорад.

Пешвои миллат дар мавриди мушкилоти асри XXI терроризму экстермизм мавқеъи худро баён дошта зикр карданд, ки "Мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки терроризм ва террористро ба худӣ ва бегона, ашаддӣ ва ислоҳгаро ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Баръакс, тавре ки ман борҳо таъкид намуда будам, террорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад."Ин хатари афзоянда тақрибан давлатҳои ними сайёраро фаро гирифтааст ва аз таҳдидҳои замони муосир ба шумор рафта ҳар давлати миллиро таҳдид мекунад. Аз ин рӯ қайд карданд, дар соли 2018 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароӣ ва тундгароии хушунатомез ба нақша гирифта шудааст.

Хулоса, Паём тамоми масъалаҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии кутоҳмуддат ва дарозмуддати кишварамонро инъикос менамояд. Дар охир Пешвои миллат ба ҳар фарди ҷомеа таъкид намуданд, ки барои рушду инкишофи кишвар: “... Мо вазифадорем, ки боз ҳам бештар заҳмат кашида, ба иҷрои ҳадафҳои стратегии миллиамон – таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши нерӯи барқ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардан ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолии мамлакат ба ғизои хушсифат ноил гардем, диёрамонро то гӯшаҳои дурдасттарини он боз ҳам ободу зебо гардонем, корхонаву коргоҳҳои нав бунёд кунем, барои сокинон ҷойҳои корӣ муҳайё намоем ва сатҳу сифати зиндагии халқамонро аз имрӯза дида, баланд бардорем. Зеро мардуми шарифи Тоҷикистон ҳуқуқи маънавии зиндагии шоистаро доранд.

Танҳо бо сабру таҳаммул, иродаи мустаҳкам, иттиҳоду сарҷамъӣ, саъю талоши аҳлона, заҳмати содиқонаву софдилона, масъулияти баланд ва ташаббусҳои созанда мо метавонем ба ҳадафҳои дар наздамон қарордошта муваффақ шавем ва ҳамаи нақшаву барномаҳои қабулкардаамонро амалӣ намоем”.

Сироҷиддинзода М.М, н.и.ф
устоди ДИТ.


Андешаи Шумо



Ҳамаи шарҳҳо


Ҳанӯз шаpҳе дар ин баҳс нест. Шумо аввалин ширкаткунанда хоҳед буд

Воридшавӣ ба e-mail- и dit.tj



"ЗИ ГАҲВОРА ТО ГӮР ДОНИШ БИҶӮЙ!"






Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абӯҳанифа ©2018 - 2024. Ҳуқуқҳо ҳимоя карда шудаанд.