РЕКТОРИ ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ИМОМИ АЪЗАМ АБӮҲАНИФА
.
Зокирзода Нусратулло Мелик

Номзади илмҳои фалсафа
___________________________

Ҷашни мардумӣ ва миллии Наврӯз яке аз ҷашнҳои маъруф ва мондагори қавмҳои ориёинажод аст, ки таърихи тӯлонӣ дорад. Дар миёни ҷашнҳои миллӣ, Наврӯз аз лиҳози аҳамиятнокӣ ва анъанавӣ буданаш мавқеи муҳим дорад. Мутобиқи солшумории шамсӣ, Наврӯз ба таърихи 21-22 моҳи март рост меояд. Худ аз номаш маълум аст, ки наврӯз, яъне «рӯзи нав» мебошад, ки он ба рӯзи аввали сол рост меояд. Имрӯз Наврӯз ҳамчун рӯзи аввали соли миллӣ шинохта шудааст...Муфассал

Ҳар рӯз зи худ бипурс, агар ту мардӣ!? К-имрӯз чи хизмате ба мардум кардӣ?

Амал намудан аз рӯи Эъломияи Душанбе, дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез”

Сарвари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромади худ таъкид доштанд, ки конфронси имрӯза ба баррасии масоили вобаста ба таҳдидҳои асри нав - мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм бахшида шудааст.

Дар баробари дигар мусалмонони ҷаҳон мардуми тоҷик низ аз авҷи низоъҳо ва зуҳуроти терроризму экстремизм, ки бо бад сохтани номи ислом, ҳадафи худ қарор гирифтани зиёда аз садҳо кишвари олам, амалҳои кӯштори бераҳмона, харобиовар, бе гуноҳ нобуд гаштани ҳазорҳо шахсиятҳои ғайринизомӣ, бе хонаву дар мондани миллионҳо нафар аҳолии курраи замин, расидани зиёни иқтисодӣ, (зарар ба иқтисодиёти кишварҳои ҷангзада расонидашуда, садҳо миллиард долларро ташкил медиҳад) ба мамлакатҳои зери ҷабри низомиёнмонда, изҳори ҳамдардӣ ва тассалият мекунанд.

Ҷомеаи ҷаҳониро мебояд, ки муборизаи шиддатёбандаи кишварҳои қудратталаб ва сохторҳои гуногуни онҳо барои талоши дастёбӣ ба манобеи ҳаётӣ ва стратегии табиӣ ва иқтисодӣ барои ҳама кишварҳо ва халқҳоро як тараф гузошта, пеши роҳи хатари  умумибашарӣ ва хатар ва сиёҳкунии дини ислом гирифта шавад. Аз ҳарду тараф ин хавф барои кишварҳои исломӣ бештар ва возеҳтар маълум аст, зеро ин кишварҳо дорои захираҳои азими табиӣ буда, дар нуқтаҳои ҳассоси геополитикӣ ва геостратегии дунё ҷойгиранд, баъдан ашхоси ноқусулақл ба монанди шиаҳо, салафиҳо экстремизм, терроризм, ифротгароиро ба ислом такя медиҳанд.

Аз ҳамин лиҳоз чуноне ки, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гаштаю баргашта ба ҷавонони Тоҷикистон таъкид менамояд, ки “ҳушёрию зиракии сиёсиро аз даст надиҳед” бо назардошти  воқеияти рӯз, мо бояд ба хотири таъмини амнияти ҳамаҷониба дар ҷумҳурӣ ва сарҳадҳои он, барои мубориза бо терроризм ва экстремизм, аз байн бурдани омилҳои дастгирии низомӣ ва молиявӣ, тавассути тадбирҳои ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ зич кору фаъолият намоем. Агар ин зуҳурот дар назари баъзе шаҳрвандон ҳеҷ чиз ҳисоб шавад, ин нодуруст аст. Бояд ҳар як шаҳрванди дорои ақлу заковат пайхас намояд, ки барои чи аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурӣ чунин Конфронсҳои байналмилалии сатҳи баланд дар мавзуъҳои терроризм, экстремизм, ҷудоихоҳӣ, ифротгароии хушунатомезӣ ва дигар падидаҳои ғайриинсонӣ гузаронида мешавад? 

Ҳаминро бояд қайд намуд, ки Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез”, бо ташаббуси навбатии ҷониби Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ва Иттиҳоди Аврупо баргузор мегардад, ки намунаи омодагии Тоҷикистон дар мубориза бар зидди терроризм ва пешгирии хатарҳо ва амният дар ҳама сатҳҳо мебошад.

Дар умум кулли ташаббусҳо аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷиҳати муҳокима ва баррасии мавзуъҳои муҳими глобалӣ буда, ба нафъи аҳли башар дар роҳи комёбиҳо мебошад.

Як нуқтаро набояд фаромӯш кард, ки санаде, ки кулли мамлакатҳои курраи заминро бар зидди муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез даъват менамояд, бо номи Эъломияи Душанбе ҷамбаст аз Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез”шинохта мешавад.

Чунончи фаҳмида мешавад, дар баробари мафҳумҳои терроризм ва  экстремизм мафҳуми нав, терроризми компютерӣ “киббертероризм” ба вуқӯъ омадааст, ки ин хушунат дар тамоми шабакаи интернетӣ дида мешавад. Тақозои замон ва вақт он расидааст, ки давлатҳои пешрафта ба кишварҳои ниёзманд дар доираи барномаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, ҷиҳати пешгирии ин зуҳурот кӯмаки зарурии иқтисодиву молиявӣ ва технологӣ расонанд.

Барҳақ яке аз омилҳои густариш ёфтани ифротгароӣ ва терроризм ин аз ҷониби ташкилотҳои террористӣ васеъ истифода кардани технологияҳои муосири иттилоотӣ, бахусус, шабакаи байналмиллалии интернет бо мақсади пешбурди ташвиқоти экстремистӣ, ба сафҳои худ ҷалб намудани аъзои нав, омода ва роҳбарӣ намудан ба амалҳои харобкорона маҳсуб меёбад. Ин ҳам бошад  шабакаҳои иҷтимоии Руссия: “Мой мир”, “Одноклассники”, “ВКонтакте“, Амрико: “Facebook”, Google+, “Instagram”, “LiveJournal”, “MySpace”, “Tagged” “YouTube”, Twitter ва ғайра мебошанд, ки аз рӯи маълумотҳои дақиқ соли 1995 камтарини онҳо дорои 50 000 000 истифодабарандагон буданд. Ин шабакаҳо аз ҳама шабакаҳои ҷалбкунандатарин ба ҳисоб рафта шумораи онҳо то ба зиёда аз 30 адад мерасад.

Дар ин шабакаҳо, ки ба давлатҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ тавоно ба монанди Руссия, Амрико, Япония, Хитой, Латвия, Британия, ва гайра тааалуқ доранд, вуруд шудан ва  бақайдгирии ном (бо номи дигар шахс ва ё бо тахаллус) ба таври озод ва бе мамоният мебошад. Аз барномаҳо бошанд: Mailagent, Skype, WhatsApp, Viber,  Facebook Messenger. Imo, ва ғайра мебошанд, ки паҳнкунандаи ҷумла иттилоот новобаста аз манфиатовар ва ё зарраровар будан мебошанд. Давлатҳои абарқудрат, давлатҳои иштироккунандагони  Конфронси сатҳи баланд “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез”-ро мебояд дар якҷоягӣ алангаи ин ноадолатӣ дар ҷомеъаи ҷаҳонро, ки аввалан тавассути интернет пахш ва тақсим мешаванд, пешгирӣ намоянд. Экстремизм, терроризм, ифродгароӣ ва дигар зуҳуроти аср дар интернет ба монади “хомӯш кардани сӯхтор дар ҷангали кӯҳани анбӯҳ, ки баъд аз хомӯш кардани оташ, оташ дубора аз зери “торф” аланга мегирад” мебошад. То он даме, ки пеши роҳи кибертерроризм пешгирӣ ва несту нобуд карда нашавад, садди роҳи экстремизм, терроризм, ифродгароӣ шудан амри маҳол аст.

                                                                                                                                           Омӯзгори кафедраи “Фалсафа ва илмҳои ҷамъиятӣ”-и ДИТ Шоев Абдуҷаббор


Андешаи Шумо



Ҳамаи шарҳҳо


Ҳанӯз шаpҳе дар ин баҳс нест. Шумо аввалин ширкаткунанда хоҳед буд

Воридшавӣ ба e-mail- и dit.tj



"ЗИ ГАҲВОРА ТО ГӮР ДОНИШ БИҶӮЙ!"






Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абӯҳанифа ©2018 - 2024. Ҳуқуқҳо ҳимоя карда шудаанд.