РЕКТОРИ ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ИМОМИ АЪЗАМ АБӮҲАНИФА
.
Зокирзода Нусратулло МеликНомзади илмҳои фалсафа___________________________
Ҷашни мардумӣ ва миллии Наврӯз яке аз ҷашнҳои маъруф ва мондагори қавмҳои ориёинажод аст, ки таърихи тӯлонӣ дорад. Дар миёни ҷашнҳои миллӣ, Наврӯз аз лиҳози аҳамиятнокӣ ва анъанавӣ буданаш мавқеи муҳим дорад. Мутобиқи солшумории шамсӣ, Наврӯз ба таърихи 21-22 моҳи март рост меояд. Худ аз номаш маълум аст, ки наврӯз, яъне «рӯзи нав» мебошад, ки он ба рӯзи аввали сол рост меояд. Имрӯз Наврӯз ҳамчун рӯзи аввали соли миллӣ шинохта шудааст...Муфассал
Хиёнатҳои нобовар
...Фаромуш набояд кард, ки ваҳдати мо осон ба даст наомадааст. Дар ибтидои солҳои 90-уми асри ХХ бо пароканда шудани Иттиҳоди Шӯравӣ мо тоҷикистониён ба истиқлолияти давлатӣ ноил гардидем. Аммо дар вазъияти душвори баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ба амаломада, миллати тоҷикро хатари парокандагӣ таҳдид мекард. Хушбахтона, бо тақдири илоҳӣ 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Маскав байни тоҷикон мусолиҳа имзо гашту сулҳу ваҳдат дар Тоҷикистон барқарор шуд. Бо фармони раҳбари мамлакат 27-уми июн ҷашни Ваҳдати Миллӣ эълон гашт.
Бинобар ин зарур буд, ки дар шароити саҳифаи нави таърих барои таҳкими ваҳдати миллӣ беш аз пеш шароити мусоид фароҳам овард. Вале мутаассифона, дере нагузашта дар кишвари мо ихтилофу низоъҳо боло гирифтанд. Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ мефармояд:
Эӣ амини ҳикмати Уммулкитоб,
Ваҳдати гумгаштаи худ бозёб.
Мо, ки дарбони ҳисори миллатем,
Кофир аз тарки шиъори маллатем.
Бинобар ин чораҳои муассире зарур буданд, ки ҷанги шаҳрвандиро хотима дода, ваҳдати миллӣ, ягонагии кишвар, барқарор кардани сохти конститутсионӣ, рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии мамлакатро таъмин намоем. Бо дарки ҳамин масъулият Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда шуд, ки дар он масъалаҳои муҳими ҳаёти мамлакат, аз ҷумла интихоби роҳбари нав, хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ ва барпо кардани истиқрори сулҳи комил баррасӣ шуданд.
Баъди қабули Конститутсия то ба имрӯз қонунҳое таҳия ва қабул гардид, ки заминаҳои ҳуқуқии ваҳдатро тақвият ва таҳким бахшиданд. Ҳамчунин нақши санадҳое, ки дар рафти гуфтушуниди миёни тоҷикон ва баъдан дар Комиссияи Оштии миллӣ қабул шуданд, хеле муҳим буданд. Аз ҷумла, Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон (27 июни соли 1997), Санади ҳамдигарбахшӣ (10 июли соли 1997), Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авфи иштироккунандагони муқовимати сиёсӣ ва низомӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (1 августи соли 1997, № 485), Қонунҳо дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ, интихобот ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, тағйирот ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 1999) ва таъсиси парлумони думаҷлиса - Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон заминаҳои нави ҳуқуқии ваҳдати миллиро ба вуҷуд оварданд ва онро тақвият доданд.
Қувваҳои моҷароҷӯи сиёсии дохилӣ бо дастгирии ҳомиён ва маблағтаъминкунандагони хориҷиашон, ки мустақилияти давлатии кишварамон ва низоми давлатдории навинамонро намехостанд, дар ҷомеа тухми кинаву адоват, низоъ ва ҷудоихоҳиро пошида, оташи ҷанги шаҳрвандиро афрӯхтанд, ки қурбониҳои зиёди ҷонӣ ва молӣ, пайдо шудани шумораи зиёди фирориёни иҷбориро ба бор оварда, ваҳдати миллӣ ва якпорчагии мамлакатро зери хатар гузоштанд.
Бо вуҷуди ин масъалаи ваҳдати миллӣ ҳануз мунтазири ҳаллу фасли мукаммали худ буд. Зеро мардум, ки дар натиҷаи ҷангҳои бемаънӣ ба кишвари ҳамсояи Афғонистон ва дигар мамлакатҳо паноҳ бурда буданд, ҳанӯз ба Ватан пурра баргардонида нашуда буданд. Аз ҳамин ҷост, ки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тавассути васоити ахбори омма ба муҳоҷирон, мусофирони иҷборӣ муттасил муроҷиат намуданд, ки ба Ватан баргарданд, ба молу мулки аҷдодии худ соҳибӣ кунанд ва кишвари худро обод созанд. Ҳукумат кӯмаки худро нисбати онҳо дареғ намедорад.
Инак бо ҳамин ихтилоф ва муноқишаҳои дохилии Тоҷикистон ба анҷом расид. Ба андешаи мутахассисон асноди ниҳоии сулҳ дар кишвари мо ба оғози давраи нави таърихӣ сарнавишт гузошт. Давраи нав, давраи расидан ба ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон аст. Танҳо бо роҳи муттаҳидӣ ва меҳнати муташаккилона, бе қувваҳои ғоратгару муфтхӯр, ҳосили заҳмати халқро ба яғмо набурдан, ба некӯаҳволии халқ ва поӣдории давлат муваффақ шудан мумкин аст. Аммо баъди созишномаи сулҳ аъзоёни ҲНИ боз дубора даст ба хиёнату хиёнаткорӣ зада, хостан ки дубора мардумро ба майдони ҷанг кашанд.
Дури кардан аз фармудаҳои Худованд дар масъалаи ваҳдату оштии миллӣ, байни мардум метавонад сабаби боло рафтани маҳалчигӣ, миллатчигӣ, гуруҳбозӣ кардан гашта, ба ҳар гуна идеологияҳои зараровар ва хавфнок роҳ ёфта, дар натиҷа ба оромиву осоиштагии ҷомеа халали ҷиддӣ ворид менамояд. Сабақи талхи ин падидаро мо тоҷикон дар таърихи начандон дур аз сар гузарондем ва чӣ будани онро хуб медонем.
Давлати имрӯзаи мо бо сардории сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон тавонистанд, ки садди роҳи чунин ифротгароӣ ва пайравони дину оини бегонапарастиро пешгирӣ намоянд. На бояд бад сухан гуфт, вақте, ки Худованд ба Пешвои миллати тоҷик чунин ҳикмат зиёде ато кардааст, ки бо сиёсатҳои ҳикматомезаш наҷотбахши мардум аст. Чи гунае, ки Худованд мефармод:
"Ба ҳар ки хоҳад, ҳикмат (дониш) медиҳад; ва ҳар кас, ки ҳикмат (дониш) дода шудааст, пас, ҳамоно некӯии бисёр дода шудааст. Ва ба ҷуз соҳибони хирад [касе] пандпазир намешавад".Сураи Бақар-269.
Паҳн шудани навор дар яке аз сайтҳои интернетӣ бардошт намудам, ки боздошти Қиёмиддини Ғозӣ бо ҷурми хиёнат ба давлат ба амал омадааст, зери назари ин мафҳум маводҳои ин сайтро мутолиа намуда, ба хулосае омадам, ки бояд назари худро нисбати аъмоли ин шахс, ба ном «Генерали мардумӣ» изҳор намоям.
Саид Қиёмиддини Ғозӣ, дар асл яке аз муассисони ташкилоти экстремистию террористии ҲНИ буд, ки замони ҷанги шаҳрвандӣ дар майдони “Шаҳидон” бо номи «генерали мардумӣ» маъруф шуд. Ӯ яке аз рӯҳониёниёни шинохтаи солҳои 90-ум ва яке аз иштирокдорони фаъоли майдони “Шаҳидон” дар Душанбе буд. Моҳи ноябри соли гузашта дар шаҳри Санкт-Петергбурги давлати Русия замоне, ки тариқи Истанбул аз Эрон ба Русия бармегашт, аз ҷониби неруҳои амниятии Русия дар шаҳри Санкт-Петергбург боздошт шуд ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон истирдод намуда шуд. Моҳи майи имсол бо се ҷурм, аз ҷумла хиёнат ба давлат ба муҳлати 25 соли зиндонӣ маҳкум карда шуд.
Айни ҳол, даврае, ки ҷаҳон торафт дар торҳои партофтаи нақшаҳои глобалии абарқудратон печида истодааст, қарзи ҳар як фарди мусулмони бо имону ватандӯст ин аст, ки роҳ надодан ба ғоя ва андешаҳои бегона. Ҳушёри дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, маҳкум намудани терроризму экстремизм мебошад. Акнун вақти он расидааст, ки миллати тоҷик беш аз пеш зираку худогоҳ бошад. Душманони миллати тоҷик бо макру ҳилаҳои худ қаноат накарда, ошкоро душман будани худро нишон дода истода, алайҳи давлату миллати худ хиёнат карда истодаанд.
Дар ҷаҳон тухми хусумат коштаст,
Хештанро ғайри худ пиндоштаст.
Аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ
Хулосаи калом оё онҳо боре ҳам фикр кардаанд, ки бо чунин роҳ ба Ҳукумат расидан чӣ паёмадҳое дар пай хоҳад дошт? Оё суол намекунанд, ки кишвари худро ба коми ҷангҳои беохир мекашанд ва тақдири Афғонистону Сурияро ба сари миллати худ меоранд? Оё хабар доранд, ки дигар бо ин афкору ақидаи бегонаашон аз эътимоди мардум суиистифода карда наметавонанд. Чуноне, ки Аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ мефармояд:
Одамӣ андар ҷаҳони хайру шар,
Кам шиносад нафъи худро аз зарар.
Кас надонад зишту хуби кор чист,
Ҷодаи ҳамвору ноҳамвор чист?!
Каримов Иноятулло, устоди Кафедра «Улуми Қуръон»-и ДИТ ба номи Имоми Аъзам –Абӯҳанифа (р)
Андешаи Шумо
Ҳамаи шарҳҳо
Ҳанӯз шаpҳе дар ин баҳс нест. Шумо аввалин ширкаткунанда хоҳед буд
Ҳанӯз шаpҳе дар ин баҳс нест. Шумо аввалин ширкаткунанда хоҳед буд
Воридшавӣ ба e-mail- и dit.tj
"ЗИ ГАҲВОРА ТО ГӮР ДОНИШ БИҶӮЙ!"
Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абӯҳанифа ©2018 - 2024. Ҳуқуқҳо ҳимоя карда шудаанд.