РЕКТОРИ ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ИМОМИ АЪЗАМ АБӮҲАНИФА
.
Зокирзода Нусратулло МеликНомзади илмҳои фалсафа___________________________
Ҷашни мардумӣ ва миллии Наврӯз яке аз ҷашнҳои маъруф ва мондагори қавмҳои ориёинажод аст, ки таърихи тӯлонӣ дорад. Дар миёни ҷашнҳои миллӣ, Наврӯз аз лиҳози аҳамиятнокӣ ва анъанавӣ буданаш мавқеи муҳим дорад. Мутобиқи солшумории шамсӣ, Наврӯз ба таърихи 21-22 моҳи март рост меояд. Худ аз номаш маълум аст, ки наврӯз, яъне «рӯзи нав» мебошад, ки он ба рӯзи аввали сол рост меояд. Имрӯз Наврӯз ҳамчун рӯзи аввали соли миллӣ шинохта шудааст...Муфассал
Мулоҳиза роҷеъ ба нишаст дар Дортманд
Гарчи меояд садои “ло илаҳ”,
Он чи аз дил рафт, каӣ монад ба лаб?
Аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ
Тариқи расонаҳои хабарӣ огоҳ гаштам, ки имрӯзҳо дар шаҳри Дортманди кишвари Олмон боз ҳамон гӯргон, аъзоёни ТЭТ ҲНИ ва ҳаммаслаконашон, ки борҳо таърифу таснифашонро навиштаву ба мардуми шарифи Тоҷикистон шиносонда будам, якҷоя бо гуруҳҳои кӯчагарду экстремистӣ ва ҳаммаслаконашон гирди ҳам омада, садо баланд карда истодаанд. Онҳо ба ин кирдори худ симои худро аслӣ нишон дода, худашонро бори дигар ба аврупоиҳо ва дигар мардуми олам “ҳақ” муаррифӣ кардан мехоҳанд. Мухолифон дар Олмон гӯё ки ҳамоиши муҳоҷирони сиёсии Тоҷикистон бошанд, норозигии худро роҷеъ ба нишасти Дортманд, ҳадафҳои муғризона ва ҷоҳталабонаи роҳбари номуваффақи наҳзатиён баргузор карданд. Дар ин ҳамоиш раиси ТЭТ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ ва дигар ҳаммаслаконаш ширкат карданд. Муҳиддин Кабирӣ - раҳбари ТЭТ ҲНИ дар ин нишаст мухолифонро ба созмон додани эътилофи наве даъват карда эълон кардааст, ки баъди анҷоми ҳамоиш раҳбарони мухолифин ва фаъолони дигари ширкатдошта дар нишасти алоҳидае гирдиҳам хоҳанд омад, вале гурӯҳҳои дигар аз пайвастан ба чунин эътилоф худдорӣ варзиданд.
Ту, эӣ нодон, дили огоҳ дарёб,
Ба худ мисли ниёкон роҳ дарёб.
Чи сон мӯъмин кунад пӯшидаро фош,
Зи “ло мавҷуд” “иллаллоҳ” дарёб.
Аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ
Матлабе, ки дар ин нишасти ТЭТ ҲНИ гуфта шудааст, якҷояшавии иттиҳоди мухолифони ғайриқонунӣ бар зидди Ҳукумати Тоҷикистон мебошанд. Бояд қайд намоям, ки ин иддиои онҳо ҳеҷ ҳақиқате надошта, мардуми шарафманди тоҷик дигар ба он ҳизб ё афроде, ки ба муқобили давлату Ҳукумати феълии Тоҷикистон ба мухолифат бармехезанд, бовар надоранд, зеро на як бор самараи фиреби ин гуна ашхосро дар зиндагии худ дида ва чашидаанд. Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ мефармояд:
Зи Қуръон пеши худ ойина овез,
Дигаргун гаштаӣ, аз хеш бигрез.
Тарозуе бинеҳ кирдори худро,
Қиёматҳои пешинро барангез.
Пас барои мардуми шарифи Тоҷикистон, хусусан навҷавонон аз ин нишаст маълум мегардад, ки сухани ҳар ашхосеро шунида ва аз он хубтарин ва муфидтаринашро ихтиёр карда амал намоянд. Вақте аз бадхоҳе чизе шунид, дар фаҳми ҳақ ва ботил будани он фаҳме наёфт бояд ба гуфтаи олимоне, ки дар фаҳми дин миёнагирӣ мекунанду дур аз фитнаву харобкориянд амал намоянд, то ки ба фитнаву дасисаҳои ТЭТ ҲНИ, гуруҳи 24, ДИИШ, Ансорулло ва Толибон, Ҳизб-ул-таҳрир барин гумроҳкунандагони халқи Худо наафтанд.
Дар ҳаққи чунин афрод ва гуруҳҳо Паёмбари Худо ҳазрати Муҳаммад (с) фармудаанд: «Он ки бар мо силоҳ кашад, аз мо нест ва он ки ба мо хиёнат кунад, аз мо нест!» Аз ин рӯ, мазҳабфурӯшӣ ва ватанфурушии ТЭТ ҲНИ ва аъзоёнаш ба монанди эшони Қиёмиддини Ғозӣ барин хиёнати нобахшиданиест, ки нисбати мардуми Тоҷикистон кардааст. Баъд аз гузашти солҳо ҳақиқат ошкор шуд ва умед дорем, ки ҳақ ба ҳақдор мерасад.
Аҳли низоъ ва аҳли бадхоҳ монанди ТЭТ ҲНИ, гуруҳи 24, ДИИШ, Ансорулло, Толибон, Ҳизб-ул-таҳрир ва шиаёни дувоздаҳимома бо мақсади бадашон шунида намешаванд, ҳатто бисёре аз аимаи кибори Ислом фитнагаронро гӯш намекарданд, агар Қуръон ҳам хонанд. Аз ин гуна ашхоси соҳибилму соҳибмаърифат, ки ин қадар дурӣ меҷӯстан, барои мо мардуми Тоҷикистон хусусан ҷавонон бояду шояд дӯрӣ ҷӯст, то ин ки ба ҳар нағмаву нағомоташон аз тинҷиву оромӣ ба нооромӣ ва аз пайравии динӣ ҳақ ба залолат нараванд. Чуноне, ки Аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ мефармояд:
Дар гилаш тухми ғуломиро кӣ кишт?
Ин ҳама кирдори он арвоҳи зишт!
Дар фазои нилгун як дам биист,
То мукофоти амал бинӣ, ки чист!.
Карим Раҳим, декани факултети Филологияи Шарқи ДИТ ба номи Имоми Аъзам - Абӯҳанифа
Андешаи Шумо
Ҳамаи шарҳҳо
Ҳанӯз шаpҳе дар ин баҳс нест. Шумо аввалин ширкаткунанда хоҳед буд
Ҳанӯз шаpҳе дар ин баҳс нест. Шумо аввалин ширкаткунанда хоҳед буд
Воридшавӣ ба e-mail- и dit.tj
"ЗИ ГАҲВОРА ТО ГӮР ДОНИШ БИҶӮЙ!"
Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абӯҳанифа ©2018 - 2024. Ҳуқуқҳо ҳимоя карда шудаанд.