РЕКТОРИ ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ИМОМИ АЪЗАМ АБӮҲАНИФА
.
Зокирзода Нусратулло Мелик

Номзади илмҳои фалсафа
___________________________

Ҷашни мардумӣ ва миллии Наврӯз яке аз ҷашнҳои маъруф ва мондагори қавмҳои ориёинажод аст, ки таърихи тӯлонӣ дорад. Дар миёни ҷашнҳои миллӣ, Наврӯз аз лиҳози аҳамиятнокӣ ва анъанавӣ буданаш мавқеи муҳим дорад. Мутобиқи солшумории шамсӣ, Наврӯз ба таърихи 21-22 моҳи март рост меояд. Худ аз номаш маълум аст, ки наврӯз, яъне «рӯзи нав» мебошад, ки он ба рӯзи аввали сол рост меояд. Имрӯз Наврӯз ҳамчун рӯзи аввали соли миллӣ шинохта шудааст...Муфассал

Ҳар рӯз зи худ бипурс, агар ту мардӣ!? К-имрӯз чи хизмате ба мардум кардӣ?

Фарҳанги пешвозгирии иди Қурбон дар Тоҷикистон

Ид калимаи арабӣ буда, аслаш аз “ъода” “яъуду” ба маънои (авдат) бозгаштани ба такрор бо мусулмонон, ҳар сол ба хурсандии нав ба нав мебошад, ки дили ҳар як шахсро пур аз хурсандиву шодӣ, тарраҳуми дустӣ ва орзуҳои оилавию инсонӣ мегардонад. Иди Қурбон яке аз идҳои бузурги мусулмонон аст, ки мувофиқ ба даҳуми моҳи зилҳиҷҷа мебошад.Қиссаи кӯтоҳи таърихи ин ид чунин аст, ки паёмбар Иброҳим алайҳи-с-салом дар хобаш чанд маротиб дид, ки Худованд ӯро амр ба забҳи фарзандаш мекунад, рӯзе Паёмбар Иброҳим алайҳи-с-салом фарзандаш Исмоил алайҳи-с-саломро ба қурбонгоҳ бурда, забҳ кардани мешавад.Худованд гӯсфандеро фиристод, ки дар ҷой Исмоил қурбонӣ кунад ва баъд аз ин ҳар сол мусулмонони рӯйи дунё дар рӯзи иди Қурбон барои наздик гаштан ба Худои якто чизеро монанди гӯсфанд ё ин ки шутуру гов ва бӯз қурбонӣ мекунанд ва аз ин фаҳмида мешавад, ки (забҳ) яъне куштани ҳайвонот чи дар рӯзҳои ид бошад ё ин ки дар дигар рӯзҳо ибодат ҳисоб мешавад, ки танҳо дар роҳи Аллоҳи якто забҳ кардан ҷоиз аст. Адо кардани қурбонӣ итоати Худовандист ва дар назди Ӯ аҷру савоб дорад. Худованди таоло дар сураи “Анъом” ояти 162 мефармояд: “Бигӯ дар ҳақиқат намози ман (ҳама) ибодатҳои ман ва зиндагию марги ман барои Худованди ҷаҳониён аст”. Дар ҳақиқат инсон амалеро, ки анҷом медиҳад бояд барои аҷру савобе аз зоти пок бошад, то ба аҷру савоб ноил ва соҳиб шавад.

Қурбонӣ, ки яке аз ибодатҳои молӣ ба ҳисоб рафта, аз чунин қоидаҳо иборат аст:

Куштани (забҳ) чаҳорпо дар рӯзи иди қурбон ва бо назардошти шароит  барои наздик шудан ва тақарруб ҷӯстан ба Худованди таоло мебошад. Қурбонӣ, ки дар дини мубини Ислом аҳамият ва ҷойгоҳи хосе дорад, ҳамчунон ҳикматҳои зиёдеро низ дар бар мегирад, ки аз ҳикматҳои он:

1.Қариби ҷӯстан ба Худованди мутаол мебошад. Худованди таоло дар сураи “Кавсар” ояти 4 мефармояд: “Пас танҳо барои Парвардигорат намоз гузор ва танҳо ба номи Ӯ ва барои Ӯ қурбонӣ кун”.

2.Зинда гардонидани роҳи имон ва пешвоӣ аз Иброҳим алайҳи-с-салом, зеро Худованди мутаол Паёмбараш Иброҳим алайҳи-с-саломро амр намуд, то писараш Исмоилро забҳ кунад, вақто, ки Иброҳим алайҳи-с-салом омодаи забҳи писараш гардид Худованди мутаол дар ивази вай гусфандеро барояш ҳадя намуд. Худованди таоло дар сураи “Софот” ояти 107 мефармояд: “Ва ӯро дар азои қурбонии бузург боз раҳонидем”.

3.Хушиву хурсанди байни хешу ақрабо дар рӯзи ид ва тараҳуму дилсӯзӣ байни фақирону мискинон.

4.Ба ҷо овардани шукри Худованди бузург ба он ҳайвонҳое, ки Худованд барои бандагонаш ато намудааст. Худованди таоло дар сураи “Ҳаҷ” ояти 36 мефармояд: “Аз онҳо бихӯред ва ба тангдастону бенавоён бихӯронед, ин гуна онҳоро барои шумо ром кардем, шояд ки шукргузорӣ кунед”.

Қурбонӣ ба шахсе, ки тоқат ва тавоноӣ карданро дошта бошад воҷиб аст. Чуноне, ки Паёмбари Худо саллалоҳу алайҳи ва-с-салам мефармояд: “Ҳар шахсе тавони қурбонӣ карданро дорад ва агар қурбонӣ накунад пас ба намозгоҳу идгоҳи мо мусулмонон наздик нашавад”. Аз ҷумлаи ҳайвонҳое, ки метавон қурбонӣ шаванд: гов, гусфанд, бӯз ва шутур ҳастанд, ки  ҷоиз аст.

Иди Қурбон ёдоварии зеботарин таърихи бандаҳои ҳақиқии Илоҳист, ки дар баробари амри Ӯ паёмбар Иброҳим алайҳи-с-салом ба фидои фарзанди худ бархест. Иди қурбон иди фидокорӣ, қурбонӣ, ихлос, ишқи ҳақиқӣ, бандагӣ аст, фидо кардани фарзанди дилбанди худ дар роҳи Худо, ин рӯз яке аз сахтарин имтиҳони Худо ба Паёмбараш Иброҳим алайҳи-с-салом буд, ки мо ҳар сол ин воқеаро ёдавар мешавему ибрат гирифта, ба дастуроти Илоҳӣ ва ризоияти Ӯ омодаи ҳар гуна фидокорӣ мешавем. Ин гуна воқеаҳо монанд ба кардаи Иброҳим алайҳи-с-салом ба фарзандаш дар баробари амри Худо ва сабр кардани фарзандаш Исмоил алайҳи-с-салом барои иҷрои амри Худо ба ҷаҳониён нишон медиҳад, ки чи қадру қиммати инсониятро боло мебарад, ӯро шарафманд мегардонад, итоати Аллоҳи бузург дар ҳама фармудаҳояш аст.

Иди Қурбон яке аз идҳои маъруфу машҳури мусулмонони дунё мебошад. Дар рӯзҳои ид мисвок ва ғусл кардан, хушбӯӣ истеъмол намудан ва беҳтарин либосҳоро пӯшидан суннат аст, ки мо мардуми тоҷик аз ин суннати Паёмбари Худо саллалоҳу алайҳи ва салам баҳрамандем ва дар иди Рамазон пеш аз рафтан ба намозгоҳ бо чизе даҳон ширин намудан ва закоти фитр (садақаи фитр)-ро ҳам пардохтан мустаҳаб аст. Вале дар иди Қурбон хӯрдан то адои намоз ба таъхир гузошта мешавад ва агар қурбонӣ дошта бошанд, аз он бихӯранд.

Аз Анас (р) ривоят шудааст, ки: «Расули Худо (с) дар рӯзи иди Рамазон то чанд хурмое намехӯрд, (ба намоз) хориҷ намешуд». (Саҳеҳи Бухорӣ, 953; Сунани Ибни Моҷа, 1754).

Ибни Аббос (р) мефармояд, ки аз Расули Худо (с) шунидам, ки: «закот (садақа)-и Фитр барои покии шахси рӯзадор аз беҳудагӣ ва дигар ҳарзакориҳо ва барои ғизои бенавоён фарз гардонида шудааст. Шахсе, ки онро пеш аз намози ид адо намояд, он закоти пазируфташуда аст ва шахсе, ки онро баъд аз намоз адо намояд, он садақае аз садақот мебошад». (Сунани Абӯдовуд, 1609; Сунани Ибни Моҷа, 1827).

Инчунин дар ривояте омадааст: «Расули Худо (с) дар рӯзи иди Фитр то намехӯрд, (ба намоз) хориҷ намешуд ва дар рӯзи иди Наҳр (Қурбон) то (аз намоз) барнамегашт, намехӯрд». (Сунани Тирмизӣ, 542; Сунани Ибни Моҷа, 1756).

Инчунин дар ин рӯз мардуми шарифи Тоҷикистон ба бар кардани беҳтарин либосҳои худ ва хонаю кӯчаҳоро тозаву озода карда, ба рангу бори деворҳо мепардозан, пас аз анҷоми ибодат, яъне хондани намози “азҳо” ҷиҳати аёдат, ба хонаи зисти  якдигар рафта, бо табрикоту таҳният ва хурсанди ин рӯзро мегузаронанд. Ҳамчунон дар ривоятҳои зиёде нақл шудааст, ки дар рӯзи иди Қурбон мардуми шарифи Тоҷикистон “қурбонӣ” карда, бо хешу табор ва ҳамсоягони худ сарҷамъ шуда, аз ҳоли якдигар бохабар мешуданд, хурсандӣ карда, ғами дили худро мебароварданд. Ин амал аз замонҳои пеш дар байни мардуми тоҷик ривоҷ ёфтааст. Дар ин рӯз мардуми тоҷик барои меҳмонони худ дастурхони тоҷикӣ омода мекунанд, ки дар он таомҳои миллии тоҷикӣ бо ҳунарҳои мардум ташкил карда шудаанд.

Мардуми кӯҳанбунёди тоҷик, соҳиби маҷмӯаи урфу одат ва расму оинҳоест, ки аз дини ислом гирифта шуда, то ба ин рӯз аксари онҳо дар шакли асилу инҳирофнашудаашон бисёр зебову пурмазмун ва дорои паёму маънавиёти баланд боқӣ мондааст.  Ин расму оинҳо, ки ҳамаи бахшҳои рӯзгори мардумро фаро гирифтаанд, аз насл ба насл гузашта, ҳастӣ ва ҳофизаи таърихиву фарҳангии миллати моро ташкил медиҳанд.

Ҳамдиёрони азиз, мардуми бофарҳанг ва сарбаланди тоҷик!  Худованди бузург мову шуморо даъват ба он мекунад, ки қабл аз ҳама ба он неъматҳое, ки бароямон додааст шукр намоем.

Худованди мутаол дар баробари дини мубини ислом ба мо неъматҳои зиёд ато намуда, дар ихтиёри мо мӯъминин додааст. Дар қатори ин неъматҳо дӯстии байниҳамдигарӣ, тинҷиву амонии мамлакат, таҳкими рушди давлатдории миллии давлати соҳибистиқлол, дӯстӣ бо ҳамсоякишварҳо, ки аз беҳтарин  андешаҳо дар ҳар давру  замон ба шумор меравад, ки аз тарафи мардуми кишварамон дида мешаванд.  

Нағмаи марде, ки дорад бӯйи дӯст,

Миллатеро мебарад то кӯйи дӯст!.

                                                                Аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ

Мо имрӯз ҳамроҳи шумо атрофи неъмате ҳарф мезанем, ки омилҳои мухталифи мардуми ҷаҳон, ба вижа ҷомеаи исломӣ ва мӯъминон эҳтиёҷи ҷиддӣ ва ҳаётӣ ба он доранд, яъне дӯстӣ бо ҳамсоядавлатҳо, дӯстиву бародарӣ, рафоқат бо онҳо.

Ба ҳамагон маълум аст, ки Тоҷикистони азизамон дар тӯли солҳои соҳибистиқлолиятии худ рӯз аз рӯз ободу зеботар мегардад. Дар кишварамон сулҳу озодӣ, ваҳдату ягонагӣ пойдор аст. Аз ин ҷиҳат корҳои созандагию бунёдкорӣ пайваста авҷи тоза гирифта истодааст. Дар баробари ғановатии моддӣ, фазои маънавии мардуми кишварамон низ беш аз пеш ғанӣ мегардад.

Иҷрои тамоми фароизи динӣ, доштани ибодатгоҳ (масоҷид), ҳаҷу зиёратҳо, идҳо ва иҷрои ҳама маросимҳои динӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон озод буда, бидуни монеа ва маҷбурият амалӣ мегарданд, ки қаблан (пеш аз истиқлолият) чунин шароитро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон орзӯ мекарданд.

 Таърихи ҳар миллат, ки решаи амиқ дорад, хазинаи бебаҳои маърифат ва манбаи тиллоии сабақомӯзиро фарогир аст. Қатъи назар аз он, ки миллат кӯчак аст ё бузург, тақдири ҳалкунандаро дар давру замонҳо дар радифи давлатҳои мавҷуда бозидааст ё на. Таърих барои инкишофи ояндаи  миллат аз ҳар ҷиҳат ибратомӯз аст.

Тоҷикистони ҷавону соҳибистиқлоли мо дар партави парчами сулҳу ваҳдат ба сӯи ободӣ, шукуфоӣ, пешрафт, тараққиёт ва ояндаи дурахшон равона аст. Мардуми Тоҷикистон равшан дарк намуданд, ки танҳо дар фазои сулҳу ваҳдати миллӣ ва тавассути заҳмати ватандӯстона метавон давлати тозаистиқлоли хешро ба мамлакати ободу пешрафта мубаддал гардонид ва барои наслҳои оянда як кишвари воқеан мутараққӣ ва мутамаддинро ба мерос гузошт. Чуноне, ки аллома Муҳаммад иқбол Лоҳурӣ мефармояд:

Боз таскини дили ношод шав,

Боз андар синаҳо обод шав.

Айни замон Тоҷикистони азизи мо ба муваффақиятҳои назарраси сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангӣ ноил шуда, дар ҷаҳони муосир ҷойгоҳи худро пайдо карда, пояҳои истиқлолияти давлатии мо сол ба сол қавитар мегарданд.

Танҳо дар сурати ваҳдат душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ меорад, кишвари азизамон ба шаҳрҳои пешрафтаву мутараққӣ рӯ меорад. Ба ақидаи Президенти мамлакат Эмомали Раҳмон «Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад, ки дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решаи ин ниҳол расад».

   Баҳри мо вайронае обод кард,

   Тоифонро хонае бунёд кард.

Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ

Каримов Иноятулло, Усдоди каф.Улуми Қуръони ДИТ ба номи Имоми Аъзам - Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит (р)


Андешаи Шумо



Ҳамаи шарҳҳо


Ҳанӯз шаpҳе дар ин баҳс нест. Шумо аввалин ширкаткунанда хоҳед буд

Воридшавӣ ба e-mail- и dit.tj



"ЗИ ГАҲВОРА ТО ГӮР ДОНИШ БИҶӮЙ!"






Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абӯҳанифа ©2018 - 2024. Ҳуқуқҳо ҳимоя карда шудаанд.