РЕКТОРИ ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ИМОМИ АЪЗАМ АБӮҲАНИФА
.
Зокирзода Нусратулло МеликНомзади илмҳои фалсафа___________________________
Ҷашни мардумӣ ва миллии Наврӯз яке аз ҷашнҳои маъруф ва мондагори қавмҳои ориёинажод аст, ки таърихи тӯлонӣ дорад. Дар миёни ҷашнҳои миллӣ, Наврӯз аз лиҳози аҳамиятнокӣ ва анъанавӣ буданаш мавқеи муҳим дорад. Мутобиқи солшумории шамсӣ, Наврӯз ба таърихи 21-22 моҳи март рост меояд. Худ аз номаш маълум аст, ки наврӯз, яъне «рӯзи нав» мебошад, ки он ба рӯзи аввали сол рост меояд. Имрӯз Наврӯз ҳамчун рӯзи аввали соли миллӣ шинохта шудааст...Муфассал
Меросбарони ҲНИ
Ҳушёр, эй соҳиби ақли салим,
Дар каминҳо менишинад ин ғаним.
Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ
Қатли чор сайёҳ ва маҷрӯҳ кардани се нафари онҳо дар як ҳамлаи рӯзи 29 июл бисёриҳоро дар Тоҷикистон таконзада кард. Баъдан маълум гашт, ки масъулияти ин ҳамларо гурӯҳи худхондаи “Давлати исломӣ” ба дӯш гирифтааст. Ин ҳодиса бисёриҳоро дар Тоҷикистон ваҳшатзада кард, ки дар як давлати орому дорои сулҳу субот ва ваҳдат чунин теракт ба сар оварда шуд.
Cокинони шимоли Тоҷикистон ҳодисаи ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ дар ҷануби кишварро бо нигаронӣ қабул кардаанд. Ҳамлаи маргбор ба ҳафт ҷаҳонгарди хориҷӣ, ки рӯзи 29 июл рӯх дод, чор нафарро кушта ва се нафарро маҷрӯҳ бар ҷой гузошт. Сайёҳон лаҳзае мавриди ҳамла қарор гирифтанд, ки савори велосипед аз ҳудуди ноҳияи Данғара ба тарафи шаҳри Душанбе сафар доштанд.
Мардуми Тоҷикистон ба ҳодисаи ҳамла ба туристони хориҷӣ дар ҷануби кишвар, бо назари нангин нигараиста ва мегӯянд, ки бояд фоҷеа ҳамаҷониба таҳқиқ гардад ва омилони он ба ҷавобгарӣ кашида шаванд, то дар оянда ин гуна ҳодисаҳо дигар такрор наёбад.
ҲНИ бори дигар ҳизби террористӣ буданашро нишон дод, ки ин гӯруҳ солҳои зиёд дар таълиму тарбияи ифротии ҷавонон чи дар дохилу чи дар хориҷ кӯшиши зиёд карда, имрӯз мо мардуми шарифи Тоҷикистон меросбарони ин ҳизбро дида истодаем. ҲНИ на ин ки барои амният балки, барои осоиштагӣ ва оромии миллати тоҷик ҳамеша ҳаракат мекард. Далел ин аст, ки имрӯз раиси ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ аз хориҷ истода боз мехоҳад, ки дасисаву фитнаҳои худро дар Тоҷикистон ба миён орад.
ҲНИ гуфтааст, ки ин иттиҳомот “бе появу ғайримантиқӣ” буда, ҲНИ даст доштанаш дар ин ҳодисаро қотеъона инкор ва маҳкум мекунад. Дар баёния гуфта мешавад, ки Тоҷикистон эътирофи иҷрокунандагони ин ҳамларо “нодида гирифта”, “аз вуҷуд ва фаъолиятҳои бархе аз гурӯҳҳои террористӣ истифодаи сиёсӣ мекунад”. ҲНИ мегӯяд, ки чунин тасмими мақомот “эътимодро ба ояндаи таҳқиқот заиф мекунад”. ҲНИ мегӯяд, ки ҷавонон аз мо нестанд, инҳо авбошон ҳастанд лекин бояд гуфт, ки “Абдуллои Бедакӣ” ва “Мирзо ҷага”, ки як гурӯҳи мусаллаҳи ҷангҷӯёни дар сар хиёнат ба ватан дошта, бо сардории худ Ҳоҷӣ Ҳалим созмон ташкил карда, кӯшиши иҷрои супоришҳои аз хориҷ ба уҳда гирифтаи худро дар Тоҷикистон ҷорӣ намоянд, инҳо ҳам аз шумо набуданд!? Онҳо низ авбош буданд, инҳо ҳама мондаҳо, пасмондаҳо, меросхӯрҳои ҳизби азизи шумо, ки аз номи ислом дуруғ сухан меронед, ҳастанд. Ин афрод мардуми Тоҷикистонро дубора фиреб карда, хостори ду бора ба ҷанг кашиданиян.
Лозим ба ёдоварист, ки ҲНИ ва саркардагони ӯ зери роҳбарии бевоситаи Ҷумҳурии Исломии Эрон фаъолият намуда буданд, фаъолият карда истодаанд то ба ҳол ва низ дар оянда мустақилан фаъолият карда наметавонанд. Айни замон ҲНИ яке аз муҳимтарину асоситарин ниҳоди Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳисобида шуда, ҳифзу нигоҳдории режими исломӣ, интиқоли инқилоби исломӣ ва паҳнсозии мазҳаби шиа ба кишварҳои дигари минтақа аз ҷумла Тоҷикистон вазифаҳои аввалиндараҷаи ин сохтори террористӣ мебошад, ки ба воситаи ҷангҷуёни фитнаангез мехоҳад фикру ақидаи шуми шиагароии худро амалӣ кунад. Бояд ин қувваҳо фикр кунанд, ки дар даврони шӯравӣ ҳафтод сол коммунистон натавонист, ки мардумро аз исломи ноб дур созанд, Эрон ҳам наметавонад ин мардумро ба равияи худ кашад. Имрӯзҳо ин гӯруҳҳои шӯм боз як гӯруҳ ҷавононро, ки аз фитнаву дастисаҳои ҳизби разил маълумот надоранд мантабаи худ карда, онҳоро барои ошубҳои нав омода гардонанд. Ин аз эътимол дур нест.
Ҳадафу барномаи асосии терроризм ва омилу манфиатҷӯёни он аз номи поки дини мубини Ислом истифода мекунанд ва бо роҳҳои гуногун аз қабили “куфр эълон кардан”, “тоғут унвон кардан”, “душмани ислом шуморидан” хилофату ҳизбу ҳаракатҳо таъсис дода истодаанд. Мисоли равшан ин аст, ки соли 2014 манфиатҷӯён барои ғорату тороҷ намудан, ва қонеъ намудани нафсашон тавонистанд як гӯруҳи роҳзании байналмиллалӣ бо ном “Давлати исломӣ” ташкил диҳанд, ки натиҷаи онро ҳар рӯз аз тариқи расонаҳои хабарӣ мебинему мешунавем. Пас барои ҳар инсон басанда аст, ки боқимондаи руйдодҳои имрўзаро таҳлил намуда хулоса барорад.
Қайд намудан бисёр бомаврид аст, ки асосгузори равияи Хавориҷ ва Такфирия дар олами Ислом Зулхувайсира буда, касоне ки дар кишварҳои Арабии Сурия, Ироқ, Яман, Лубнон ҳатто дар кишвари Афғонистон ва Тоҷикистон бо даъвои ин ки адлу адолатпешагӣ дар ин кишварҳо нест даъво менамоянд аъзоёни онҳо ва ё меросбарони онҳо буда, яке аз онҳо дар Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаводорони ӯ, Мулло Абдуллои Қаротегинӣ, Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода ва бисёре аз ин гуна ҷавонононе, ки дар куштору таркишҳо пайравии онҳоро мекунанд ва мо имрӯзҳо дар ахборот онҳоро мебинем.
Онҳо гӯруҳе буданд, ки роҳу равиши Расули Худо салоту дуо бар ӯ бод дар гуфтору рафтори паёмбар мухолифат мекарданд ва ҳадафи онҳо инкор кардани Расули Худо салоту дуо бар ӯ бод буд муомилае, ки бо мардум мекард ба онҳо писанд набуд, розӣ набуданашон аз он буд, ки паёмбар аз моли ғанимат миёни мардум тақсим мекард. Хавориҷ тоифаеанд, ки Қуръонро бидуни илму фаҳм таъвил мекунанд, чунончи ояти сареҳи Қуръонӣ ба хато таъвил намудани Қуръон ва мухолифат карданашон ба он ва сахтгириашон далолат мекунад. Ҳамчунонки Худованди мутаол дар сураи Фатҳ ояти 29-ум мефармояд:
“Муҳаммад салоту дуо бар ӯ бод фиристодаи Худост ва касоне, ки бо ӯ ҳастанд дар баробари душманони паёмбар салоту дуо бар ӯ бод сарсахт ва шадиданд ва дар миёни худ меҳрубонанд”.
Инчунин Хавориҷ дар замони Хулафои рошидин розӣ бошад Худованд аз онҳо аз пайи амалӣ гардидани фитнаву дасисаҳои худ, ба ҳама роҳу воситаҳо чанг мезаданд то ин ки ба ҳадафҳои шуми худ бирасанд. Лозим ба ёдоварист, ки онҳо дар замони хилофати Усмон розӣ бошад Худованд аз ӯ, алайҳи ӯ тавтиа намуда, ҳатто ӯро дар ҳангоми Қуръон тиловат намудан тавассути Ғофиқӣ ибни Ҳарби Мисрӣ ки яке аз саркардаҳои Хавориҷ буд, ба шаҳодат расониданд. Дар замони хилофати Умар розӣ бошад Худованд аз ӯ яке аз намояндагони Хавориҷ бо сардории Абдураҳмон ибни Мулҷам аз ҷониби халифа Умар розӣ бошад Худованд аз ӯ ба ҳайси беҳтарин муфассири Қуръон ба тарафи Миср фиристода шуда буд, ки дар ибтидо мардум ба ӯ аҳсан мегуфтанд.
Сипас ин шахс дар замони хилофати ҳазрати Алӣ розӣ бошад Худованд аз ӯ бо гӯруҳи Хавориҷ шомил гардида, бо ҳаммаслакони худ бар зидди Алӣ розӣ бошад Худованд аз ӯ хӯруҷ намуда, билохира ӯро дар роҳ ҳангоми рафтан ба сӯи масҷид ба шаҳодат расониданд. Вақте, ки ӯро дастгир намуданд ва аз ӯ пурсиданд, ки чаро ин корро анҷом додӣ?, ба сӯи Худо тавба кун ва бозгашт намо, ӯ дар ҷавоб гуфт ман ҳаргиз аз ин кори хайри кардаам тавба намекунам. Инҳо ҳамон тоифаи Хавориҷ ва Такфирия мебошанд, ки тибқи башорати Расули Худо салоту дуо бар ӯ бод адади эшон то охири замон зиёд гардида, хуни мусулмононро ба ноҳақ мерезонанд. Чунончи аллома Муҳаммад Иқбол Лоҳурӣ мефармояд:
Ҳушёр аз дастбурди рӯзғор,
Гир фазандони худро дар канор.
Имсол дар Тоҷикистон "Соли рушди сайёҳӣ" эълон шудааст ва барои бори нахуст соли ҷорӣ баъд аз боз шудани гузаргоҳҳои сарҳадии Саразми Панҷакент ва Фотеҳободи Мастчоҳ бо Узбакистон, мавҷи сайёҳони хориҷӣ ба вилояти Суғд сарозер шудаанд. Бинобар иттилои шуъбаи сайёҳӣ дар ҳукумати Суғд, дар 6 моҳи аввали соли равон беш аз 370 ҳазор сайёҳ ба шимоли Тоҷикистон омадаанд. Ба мо мардуми Тоҷикистон воҷиб аст, ки итоати сардору амири худ муҳтарам Эмомали Раҳмон кунем, то ки дар дунёву охират сарбаланд бошем.
Хулоса он дасисаҳоеро, ки имрӯз собиқ раҳбари ҲНИ дар хориҷ мехоҳад бо супориши хоҷагони худ дар Тоҷикистон бо дасти ҷавонони гумроҳ моҷароҳо роҳандозӣ намуда, боз қатлу куштор ва хунрезиву нооромҳоро созмон диҳад, мехоҳад давлати имрӯзаи моро бо роҳи терроризм ва экстремизм ба хун оғушта намояд.
Аз фиреби асри нав ҳушёр бош,
Раҳ фитад, эй роҳрав, ҳушёр бош!.
Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ
Каримов Раҳим, декани факултети филологияи Шарқ ДИТ ба номи Имоми Аъзам – Абӯҳанифа (р)
Андешаи Шумо
Ҳамаи шарҳҳо
Ҳанӯз шаpҳе дар ин баҳс нест. Шумо аввалин ширкаткунанда хоҳед буд
Ҳанӯз шаpҳе дар ин баҳс нест. Шумо аввалин ширкаткунанда хоҳед буд
Воридшавӣ ба e-mail- и dit.tj
"ЗИ ГАҲВОРА ТО ГӮР ДОНИШ БИҶӮЙ!"
Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абӯҳанифа ©2018 - 2024. Ҳуқуқҳо ҳимоя карда шудаанд.