РЕКТОРИ ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ИМОМИ АЪЗАМ АБӮҲАНИФА
.
Зокирзода Нусратулло МеликНомзади илмҳои фалсафа___________________________
Ҷашни мардумӣ ва миллии Наврӯз яке аз ҷашнҳои маъруф ва мондагори қавмҳои ориёинажод аст, ки таърихи тӯлонӣ дорад. Дар миёни ҷашнҳои миллӣ, Наврӯз аз лиҳози аҳамиятнокӣ ва анъанавӣ буданаш мавқеи муҳим дорад. Мутобиқи солшумории шамсӣ, Наврӯз ба таърихи 21-22 моҳи март рост меояд. Худ аз номаш маълум аст, ки наврӯз, яъне «рӯзи нав» мебошад, ки он ба рӯзи аввали сол рост меояд. Имрӯз Наврӯз ҳамчун рӯзи аввали соли миллӣ шинохта шудааст...Муфассал
Бозгашт ба сӯи ҳақ (Саторов Айёмиддин)
Чун барқ ба хирманам гузар кард,
Аз лаззати сӯхтан хабар кард.
Муҳаммад Иқбол Лоҳурӣ
Боиси хушбахтист, ки аҳли илму адаби кишвар, олимону донишмандон, ҷавонон, пирони барнодил, модарону падарони равшанфикр андешаву назари хешро ҳам аз нигоҳи масоили илмӣ ва ҳам аз нигоҳи таҷрибаи рӯзғор ва фаҳмидаҳои хеш оид ба фаъолияти разилонаву хоинонаи аъзоён ва пайравони ташкилоти экстремистию террористии ҲНИ нашр намуда, дар маҷаллаву рӯзномаҳои даврӣ, шабакаҳои иҷтимоию сомонаҳои интернетӣ паҳн карда истодаанд. Акнун вақти он расидааст, ки миллати тоҷик беш аз пеш зираку худогоҳ бошад. Душманони миллати тоҷик бо макру ҳилаҳои худ қаноат накарда, ошкоро душман будани худро нишон дода истода, бар алайҳи давлату миллати худ хиёнат намуда истодаанд.
Шоми 13-уми августи соли 2018 филми мустанадеро дар телевизиони «Тоҷикистон» ба намоиш гузоштанд, ки дубора пардаи аъмоли хоинона ва террористии ҳизби мамнуъи ҲНИ бардошта шуда ба мардум ки ва чи будани ин хизб ошкор гашт. Дар ҳақиқат филми мазкур, аз забони террористон ва аъзоёни дастгиршудаи собиқ ҲНИ, ки дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эълон гардидаанд, хеле воқеъбинона таҳия шудааст. Саторов Аёмиддин, лақабаш Мавлавӣ - Аёмиддин санаи таваллудаш 25-уми апрели соли 1953 зодаи деҳаи Каминтарияи ноҳияи Қушониён собиқ ноҳия Бохтари вилояти Хатлон, милаташ тоҷик, соҳиби панҷ фарзанд, истиқоматкунандаи ноҳияи Рудакӣ, ҷамоати деҳоти Чимтеппа, деҳаи Обчакорон, яке аз муассисон ва ташкилкунандагони ташкилоти террористӣ - экстремистии ҲНИ мебошад.
Ӯ мегуяд, ки қариб чил сол дар паҳлуи сардорони ҲНИ Саид Абдулло Нурӣ ва Муҳаммадшариф Ҳимматзода будаст ва имрӯз бо эътирози ҷиддӣ эълон мекунад, ки ман дигар аз ин гурӯҳ нестам, алҳол сабаҳои аз ин ҳизб, аз ин ташкилот саркашиданамро як ба як баён мекунам: Аввал ин ки раҳбари имрӯзаи ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ тамоми ойнномаву барномае, ки ҳизб дошт поймол кард, дар атрофи худ ҷавонони бесаводу беэътиқодро ки онҳо таълимоти шиагароии Ҷумҳурии исломи Эрон тарбия ёфтабудан ҷамъ кард. Дуюмин эътирози ман ин аст, ки Муҳиддин Кабирӣ аслан шахси мазҳабӣ нест,мақсади ӯ хизмати дини ислом нест, барои ба мақсадҳои худ расидан яъне ба мақсадҳои тиҷории худ расидан ҳизбро як василаи зинапоя ташкил дода, мехост ба воситаи номи ҳизб ва байрақи ислом ба мақсадҳои тиҷории худ бирасад, миллионҳо доллар ҷамъ карда, бозорҳо сохт, қасрҳо сохт, мошинҳои қиммат харид ва имрӯз ҳам бошад, дар хориҷ рафтадар тамоми гӯшаву канори Туркияву аврупо ҳама шароитҳои худро муҳаё кардааст, яъне зиндагии худро хуб ба роҳ мондааст.
Саторов Аёмиддин, лақабаш Мавлавӣ - Аёмиддин мегӯяд, ки вақте мо саркардаҳо ва муллоҳои ҳизб бо якдигар суҳбат мекардем, гилла карда мегуфтем, ки ин ҷавони нав, яъне Муҳиддин Кабирӣ имрӯз худашро раҳбари ҳизб кардааст. Ин аз куҷо омад? ин як одами тасодуфи дар ин ҳизб аст, ҳеҷ кас инро намешиносад, дар ҳизб аз куҷо омад, шояд ки ин ягон ҷосус бошад, дар дохили ин ҳизб мумкин ҷосуси ягон давлат бошад, мумкин ҷосуси Эрон бошад, имрӯз ман инро қарзи имонии худ мешуморам, ки мардумро аз хатарҳои шуми Ҷумҳурии исломии Эрон, ки ба мардуми ва давлати мо хатар дорад огоҳ кунам.
Ӯ мегуяд, ки Муҳиддин Кабирӣ вақте ба дасти наҳзатиҳо афтид ӯро дар зери таълимоти шиа, зери таълимоти хадамоти махсуси Эрон омода карда, ӯро ба Ҷумҳурии Яман мефиристан токи дар онҷо таҳсил кунад ва мардум гумон кунан, ки ӯ таълими исломии сунни гирифтааст, яъне шиагиашро рӯпӯш карда, вале ҳама хараҷотҳояш аз кӯмакҳои молии Ҷумҳурии исломии Эрон мешуд.
Саторов Аёмиддин мегӯяд ,ки дар соли 2015 ман яке аз аъзоёни ҲНИ, шоҳиди ҳол будам, вақте ки Муҳиддин Кабирӣ дар интихоботи 2015 муваффақ нашуд,ба аъзоёни ҳизб ҳоҷи Ҳалим Назарзода амр карда, гуфт ки мо бо роҳи қонуни натавонистем, бо роҳи зуроварӣ табаддулот карда, ҳокимиятро ба даст мегирем, вале муваффақ нашуданд. Саторов Аёмиддин мегӯяд вақтеки гуреза шудем, ҷавононро ҷамъ карда ба дасти онҳо силоҳ додем, ба воситаи ҷавонон мехостем, ки боз дар Тоҷикистон нооромӣ биёварем, нақшаҳои шуми давлати исломии Эрон, ки дар зери ниқоби дустӣ амал мекарданд, мо дусти Тоҷикистон ҳастем, гӯён дар Тоҷикистон амал мекарданд.
Барои иҷро намудани нақшаҳои фасоди худ Муҳиддин Кабирӣ, шахси боэътимодаш Кузов Мирзораҳим (Шонаим)-ро масъул оиди омода намудани ҷавонони тоҷик ба “даргириҳо” дар хориҷа таъйн намуд. Кузов Мирзораҳим Наимович маро ба Эрон даъват кард, вақто ки ман ба Эрон рафтам, маро бародараш Кузов Рустампешвоз гирифта ба назди Шонаим бурд. Дар он ҷо бо ӯ вохӯрдам,дар онҷо Шонаим ба амал шӯруъ карда, вазъиятро ба мо фаҳмонид. Гуфт, ки мо дар пойгоҳҳои низомии Мозандарон, Ароқ, Парвиз, Гумиҳан ҷавононро ҷамъ кардаем ва онҳоро таълимоти низомӣ дода истодаем, вазифаи шумо-домулло ин аст, ки онҳоро аз лиҳози рӯҳӣва маънавӣ барои ҷиҳод омода намоед. Баъдан ман бо Сафаров Шермаҳмад (бо лақаби “шери Язғулом” ёд мешуд) вохӯрдам, чанде мо дар онҷо ба ҷавонон таълим додем, ӯ бо ҳамроҳии ҳафт нафар бо фармони хадамоти амниятииҶумҳурии исломии Эрон ба Ҷумҳурии исломии Афғонистон интиқол дода шуд, то ки дар онҷо рафта пойгоҳҳои низомии худро мустақар кунад ва бо воситаи ҷангҷӯёни толибон ва дигар гуруҳҳои террористии тундраве, ки дар он макон ҷамъ шудаанд, алоқа барқарор карда, омода шавед то замоне ки дигар қувваҳо расида дохили Тоҷикистон гарданд ва вазъияти Тоҷикистонро ноором созанд.
Саторов А. Яке аз аъзоёни ҲНИ бори дигар ҳизби террористӣ будани ин ҳизбро нишон дод, ки ин гӯруҳ солҳои зиёд дар таълиму тарбияи ифротии ҷавонон чи дар дохилу, чи дар хориҷ кӯшишҳои зиёде карда, имрӯзҳо мо мардуми шарифи Тоҷикистон меросбарони ин ҳизбро дида истодаем. ҲНИ на ин ки барои амният балки, барои осоиштагӣ ва оромии миллати тоҷик ҳамеша хатар эъҷод мекунад. Далел ин аст, ки имрӯз раиси ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ аз хориҷ истода мехоҳад, ки дасисаву фитнаҳои худро ба воситаи меросбарони ҳизби нохалаф дар Тоҷикистон ба миён орад.
Ман аз суханҳои Саторов Айёмиддин бардошт намудам, ки гуё ҲНИ пеш аз Муҳиддин Кабирӣ дар чорчубаи ислом дуруст бошад, ин чунин нест, ҳеҷ вақт ҲНИ бо роҳи дуруст амал накардааст, ки шоҳиди ҳамаи ин ман ҳастам. Дар аввали таъсиси ҲНИ, ки сардоронаш Абдулло Нурӣ ва Муҳаммадшариф Ҳимматзода буданд, онҳо аз ҳамон вақт дар роҳи хато буданд. Яъне бо таъсиси шохаҳои шиаҳои дувоздаҳимома ташкил шуда буданд.
Ман гуфтаҳои Саторов Аёмиддинро тасдиқ мекунам, вале дар баъзе гуфтаҳояш нофаҳмиҳо ва ноаёниҳо ниҳон аст. Зимни гуфтаҳои Саторов Аёмиддин, ки гуё то омадани Муҳиддин Кабирӣ ҲНИ дар замони Абдуллоҳи Нуриву Муҳаммадшариф Ҳимматзода дар чорчубаи ислом сохта шуда буданд.
Дурусташ ин аст, ки дар равияи шиаи дувоздаҳимома будани ҲНИ-ро дар ҳоле фаҳмидам, ки шаш моҳ пеш аз дигарон ман ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон рафтам, бо марҳум устод Рабонӣ ва марҳум Аҳмадшоҳи Масъуд ва дигарон шиносоӣ пайдо кардам. Вақте, ки боқимондаи аъзоёни ҳамонвақтаи ҲНИ ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон омаданд, хостанд, ки бо марҳум устод Рабонӣ ва марҳум Аҳмадшоҳ Масъуд вохурӣ намоянд. Ман онҳоро ба назди марҳум устод Рабони ва марҳум Аҳмадшоҳ Масъуд бурдам. Марҳум устод Рабонӣ пурсидан: инҳо кистанд? домулло Муҳаммадшариф гуфт, ки ман раиси ҲНИ дар Тоҷикистон ҳастам, боз ба тарафи домулло Абдулло нигариста пурсид шумо ки ҳастед?, оё шумо муовини раиси ҲНИ дар Тоҷикистон ҳастед? мулло Абдулло ҷавоб дода гуфт: не, ман раҳбари рӯҳонии ҲНИ ҳастам, инҳо ҳама маро итоат мекунанд. Марҳум устод Рабонӣ ба онҳо гуфт, ки ташкилоти шуморо барҳам дода, аз нав месозем, барои он, ки бо ин сохтори ташкилоти шумо, дар Афғонистон шумо рӯз гузаронида наметавонед. Мулло Абдулло гуфт: чаро? Марҳум устод Рабонӣ чавоб дод, ки барои он ки сохторе, ки шумо истифода мекунед, аз сохтори ташкилотҳои шиаҳои дувоздаҳимома аст. Шумо тоҷикҳо ҳастед ва мо шумо-тоҷиконро ҳифз мекунем. Ман дар ҳамон вақт фаҳмидам, ки ин ҳизб бо таъсиси шиаҳои дувоздаҳимома ба дасти Абдулло Нурӣ ва Муҳаммадшариф Ҳимматзода дар Тоҷикистон таъсис дода шудааст.
Мутаассифона, кишвари Эрон аз вазъияти мусоид сӯйистифода намуда, равия ва ҷараёнҳои динӣ-мазҳабии барои мардуми мо бегона ва хатарнок дар дину зиндагиамонро вориди кишвари азизамон намояд. Баъзе аз доираҳои мазҳабии Эрон гурӯҳе дар зоҳир аз пайравони Исломро дар доираи ТЭТ ҲНИ муттаҳид ва маблағгузорӣ намуда, мавриди истифода ва татбиқи манфиатҳои хеш қарор дода истодаанд.
Бояд гуфт, ки ҲНИ ва саркардагони ӯ зери роҳбарии бевоситаи Ҷумҳурии исломии Эрон фаъолият намуда буданд, фаъолият карда истодаанд то ҳол ва низ дар оянда фаъолият карданиянд, вале ҳеҷвақт ба мақсади худ намерасанд, зеро ки бори каҷ ба манзил намерасад. Айни замон ҲНИ яке аз муҳимтарину асоситарин ниҳоди Ҷумҳурии исломии Эрон ҳисобида шуда, ҳифзу нигоҳдории режими исломӣ, интиқоли инқилоби исломӣ ва паҳнсозии мазҳаби шиаи дувоздаҳимома ба кишварҳои дигари минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон вазифаҳои аввалиндараҷаи ин сохтори террористӣ мебошад, ки ба воситаи ҷангҷуёни фитнаангез мехоҳад фикру ақидаи шуми шиагароии худро амалӣ намояд. Бояд ин қувваҳо фикр кунанд, ки дар даврони шӯравӣ ҳафтод сол шӯравиён натавонист, ки мардумро аз исломи ноб дур созанд, Эрон низ наметавонад ин мардумро ба равияи худ кашад. Имрӯзҳо ин гӯруҳҳои шум як гӯруҳ ҷавононро, ки аз фитнаву дасисаҳои ҳизби разил маълумот надоранд зердасти худ карда, онҳоро барои ошӯбҳои нав омода гардониданианд. Ин аз эътимол дур нест.
Роҳбарону пайравони гурӯҳи террористии ҲНИ боре ҳам ба худ суол кардаанд, ки кишвари худро ба коми ҷангҳои беохир мекашанд ва тақдири Афғонистону Сурияро ба сари миллати худ меоранд? Оё хабар доранд, ки дигар бо ин афкору ақидаи бегонаашон аз эътимоди мардум сӯистифода карда наметавонанд. Мехостанд бо зӯри ҳокимиятро ғасб намуда, манфиатҳои хоҷагони хориҷиашонро татбиқ созанд, аммо ин фикри онҳо хаёли хом мебошаду бас, чунки мардуми мусулмони тоҷик дигар ба доми чунин хиёнаткорони ватанфурӯш намеафтанд, зеро онҳо сарвари хирадманде ба мисли Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои Миллат, Президенти мамлакат, Ҷаноби олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доранд, ки бисёр оқилу доно ва воқеан ҳам, ватандӯсту қавиирода мебошад. Мардум бошанд дар атрофи Пешвои миллат ҷамъ гардида, кишвари азизи худро боз ҳам ободу зеботар мегардонанд.
Дар охир ба мардуми шарифи Тоҷикистон расонданиям, ки ҲНИ аз аввали бунёдаш дар асоси шиаҳои дувоздаҳимома таъсис дода шуда, мардумро ба ҳар намуд ҳилаю найранг ба доми худ гирифтор кардани буданд, вале имрӯз кулли мардуми Тоҷикистон инро дарк карда, дигар аз чунин найрангбозон наметарсанд. Муҳиддин Кабирӣ бо ҳаммаслаконаш дар хориҷи кишвар бо мақсади расонидани “шари худ” ба мардум истифода аз ислом карда, дубора мардуми Тоҷикистонро ба вартаи ҷанги шаҳрвандӣ кашанд.
Дидаи маънӣ кушо, эӣ зи аён бехабар,
Нимаи оташ ба бар, лола қамар дар қамар.
Муҳаммад Иқбол Лоҳурӣ
Раҳим Каримов, декани факултети филологияи Шарқи ДИТ ба номи Имоми Аъзам – Абӯҳанифа (р)
Андешаи Шумо
Ҳамаи шарҳҳо
Ҳанӯз шаpҳе дар ин баҳс нест. Шумо аввалин ширкаткунанда хоҳед буд
Ҳанӯз шаpҳе дар ин баҳс нест. Шумо аввалин ширкаткунанда хоҳед буд
Воридшавӣ ба e-mail- и dit.tj
"ЗИ ГАҲВОРА ТО ГӮР ДОНИШ БИҶӮЙ!"
Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абӯҳанифа ©2018 - 2024. Ҳуқуқҳо ҳимоя карда шудаанд.