РЕКТОРИ ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ИМОМИ АЪЗАМ АБӮҲАНИФА
.
Зокирзода Нусратулло Мелик

Номзади илмҳои фалсафа
___________________________

Ҷашни мардумӣ ва миллии Наврӯз яке аз ҷашнҳои маъруф ва мондагори қавмҳои ориёинажод аст, ки таърихи тӯлонӣ дорад. Дар миёни ҷашнҳои миллӣ, Наврӯз аз лиҳози аҳамиятнокӣ ва анъанавӣ буданаш мавқеи муҳим дорад. Мутобиқи солшумории шамсӣ, Наврӯз ба таърихи 21-22 моҳи март рост меояд. Худ аз номаш маълум аст, ки наврӯз, яъне «рӯзи нав» мебошад, ки он ба рӯзи аввали сол рост меояд. Имрӯз Наврӯз ҳамчун рӯзи аввали соли миллӣ шинохта шудааст...Муфассал

Ҳар рӯз зи худ бипурс, агар ту мардӣ!? К-имрӯз чи хизмате ба мардум кардӣ?

Ҳаққи олимон (уламо)

Олимонро ҷилвааш ҳайрат диҳад,

Ошиқонро бар амал қудрат диҳад.

                    Аллома Муҳаммад Иқбол Лоҳурӣ

 

Ҳаққи олимон аз мо набояд пинҳон монад, дар ҳоле, ки дараҷаи болову манзалати бузурги онҳо, беҳтарин пешво ва мустаҳиқ дар байни мардум мебошад. Олимонро аз гуфтаашон пайравӣ карда мешавад, ҳар чизе бошад ба исботу иқрор ва иҷтиҳодашон. Дар ҳадисе омадааст, ки малоикаҳо бо илме, ки Худованд ба олимон насиб кардааст, он тақвое ки ба онҳо додааст, ва бо манзалату маконаташон болҳояшонро зери пойи олимон мегузорад ва ба Худо аз ҷониби олимон истиғфор мефиристанд, ҳатто моҳиҳои дохили баҳр. Худованди бузург дар ин маврид дар сураи “Муҷодала” ояти 11 мефармояд: “Пас бархезед, то Худо касонеро, ки аз миёни шумо имон овардаанд ва касонеро, ки ба онҳо илм ато карда шудааст, ба мартабаҳои баланд барорад. Ва Худо аз он чи ки мекунед, бохабар аст” ва дар сураи Зумар ояти 9 мефармояд: “Бигӯ: Оё касоне, ки медонанд ва касоне, ки намедонанд, баробар мешаванд?”

Яке аз олимони ислом  имом Абубакр (р) мегӯяд, ки ин оятҳо аз олимон ва маконати онҳо мегӯяд: Худованд онҳоро фазлу эҳтиром додааст дар байни ҳама мардум дар ҳама давру замон, ки онҳоро бо илм ба қулаҳои бузург бурда расондааст, бо онҳо фаҳмида мешавад ҳалолу ҳаромро, ҳақу ботилро, фоидаву зарар, хубу бадро ва онҳо ворисони Паёмбаронанд, наҳангҳои дохили баҳр ба онҳо истиғор мегӯяд ва малоикаҳо парҳояшонро зери пойи олимон мегузорад ва олимон баъди Паёмбарон дар рӯзи қиёмат шафоат мекунанд, маҷлисҳои олимон ба ҳама ва дар ҳама давру замон муфиду пур аз ҳикмат аст, кирдорашон барои аҳли ғафлат заҷр аст. Олимон беҳтарин бандагони Худованданд, ҳаёташон ғанимат, маргашон мусибат аст, таълимдиҳандагони ҷоҳилону нодононанд, онҳо нуру сироҷи мардуманд, баландиҳои давлатанд, қуввату қудрати умматанд ва чашмаи ҳикматанд. Онҳо душмани шайтонанд бо онҳо зинда мешавад дилҳои аҳли ҳақ ва мемирад дилҳои аҳли бад.

Онҳо дар байни осмону замин мисли ситораҳоанд, ки бо онҳо роҳнамоӣ ёфта мешавад. Вақте ки Худованд олимонро ба ин шаъну шараф муяссар кардааст ва ба дараҷаҳои боло бурдааст, пас ба дигарон воҷиб аст, ки қадру қиммати онҳоро ҳифз намоянд. Барои мисол нисбати беэҳтиромии олимон қиссае гуфтани ҳастам. Камина шоҳиди ҳол ҳастам, ки яке аз олимони дини ноби ислом, қиблагоҳам Карим Раҳим соли 2015 дар арафаи интихобот ба унвонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси тоҷикони ҷаҳон мақолае навишта буданд ва таҳрири онро каме ман карда будам. Баъди чоп гардидани мақола, ки ҳамагон дурустии онро тасдиқ мекарданд, Шахсе бо номи А., ки худро олим мешуморад барои нафси худ, пастзании шахси бегуноҳ ва дигар ғаразҳои худ ба унвонии падарам, суханони қабеҳ ба монади “ин мақоларо худаш нанавиштааст, аз номи ӯ шахсе дигар навиштааст, ӯ мақола навишта наметавонад ва ғайра” гуфта, худро такабуррона боло гирифтааст. Ҳол он ки худи вай саводи динии падарамро нағз медонад. Гумон мекунам, ки “шайхурраис” А. саводи дунявӣ ва донишу навишти ҳарфҳои кириллиро дар назар дорад, аммо гуфтаниям, аз байн чандин сол гузаштааст, падарам Карим Раҳим ҳоло ба забони русӣ сухан мегӯяд ва бо ҳарфҳои кирилли ҳимояи номзадии илмро карда бо ин ҳарфҳо мақола менависад. Барои ҳамин ҳам агар олим худҷойгузин набошад, дар навбати худ онҳо низ мақому манзалати худро бояд риоя намоянд. Олимон дар ҳар як давру замон пешво ва роҳнамои мардум буданд, ҳастанд ва мемонад. Аз мардум фаҳмидам, ки суханони “шайхурраис” А. танҳо фитна буданду халос. Олим на бояд ба хотири нафси худ чунин рафтор кунад, яъне  “шайхурраис” А. ба фитна эҳтибор надода чунин суханҳо рондааст, ки мардумро ба гумроҳӣ мебарад. Дар ҳадиси Паёмбар (с) омадааст: “Аз мо нест касе, ки эҳтиром намекунад калонсолони моро, раҳму шафқат намекунад ба хурдсолони мо ва шахсе, ки поймол мекунад ҳаққи олимони моро” (ривояти Аҳмад).

Чуноне, ки гуфта шуд, ҳаққи олим бояд риоя карда шавад. Дар яке аз нишастҳои матбуотӣ падарам Карим Раҳим ҳақиқати солҳои 90-умро аз нигоҳи шоҳидӣ иброз доштанд, аммо шахсиятҳои бузурге (баъзе олимон, мухбирону журналистон) дар он макон ба унвонии падарам чунин гуфтанд, ки “таърихро тағийр дод”. Дар он макон гап дар мавриди ҷангҳои солҳои 90-ум мерафт. Карим Раҳим ҳақиқатро гуфта истода, “ҷанги солҳои 90-умро шиаҳо ба воситаи ҲНИ сар карда буданд” аммо баъзе аз ҳозирин мегуфтанд, ки ҷанги солҳои 90-умро шиаҳо не ваҳобиҳо худашон сар карда буданд. Яъне баъди чандин сол суханони падари ман дуруст баромад, ки ҷанги солҳои 90-умро ҲНИ ташкил карда буд, аммо имрӯз маълум гашт, ки аз пӯшти ҲНИ киҳо ҳастанд, ки инро худи онҳо Кабирӣ, эшони Қиёмиддин ва мавлавӣ Айёмиддин ифшо карданд. Хулоса эҳтироми аҳли илм чи дар зиндагию, чи баъд аз мурда, чи шоҳид асту чи ғоиб воҷиб аст ки ҳифз карда шавад. Дар забон мадҳу сано гуфта, бо гирифтани аз илмаш ва бо фоидаи аз дониши ӯ ва аз худ кардани одобу ахлоқи ӯ, дур шудан аз ҳасаду бухл ва масхараву бадгуйӣ нисбати олимон, ки ин аз ҷумлаи калонтарин ва бадтарин гуноҳ аст.

Дӯстон, олимон, сардору пешво дар киштии наҷотанд, барандаи соҳили тинҷиву амонианд ва роҳёбандаву ҳидояткунанда дар торикиҳову фитнаҳо мебошанд.  Худованди бузург дар сураи “Саҷда” ояти 24 мефармояд: “Ва аз онҳо – вақте ки сабр карданд ва ба оятҳои Мо яқин оварданд – пешвоён пайдо кардем, ки бо фармони Мо роҳ менамуданд”. Онҳо ҳуҷҷат дар руй замин ва донотарин ба он чи, ки муфид аст ба мардум дар дунёву охираташон, аз он чи ки Худованд насибашон кардааст аз илму маърифат, фиқҳ ва фаҳм. Олимон бо илми дақиқашон фатво дода ва бо илму дониши худ иқрор карда ва бо назари хайрашон ҳукм мекунанд. Ҳеҷ вақт намегузоранд, ки сафи мусулмонон ду шавад ҳама вақт барои якпорчагии мардум кӯшиш карда зиндагӣ ба сар мебаранд, хусусан дар давре, ки фитнаву ҷудоӣ дар байни мардуми мусулмон паҳн шуда истодааст. Онҳо, яъне уламо ҳақиқатро аз мардум пинҳон намекунанд, чи аз тарс бошад, ва ё ин ки аз такабуриву дунёдорӣ, барои ҳамин Худованди якто дар сураи “Наҳл” ояти 43 мефармояд: “Агар худ намедонед, аз аҳли китоб (аҳли илм) бипурсед” ва дар сураи “Нисо” ояти 83 мефармояд: “Ва чун хабаре, чи эминӣ ва чи тарс ба онҳо расад, онро дар ҳама ҷо фош мекунанд. Дар ҳоле, ки дар чунин ҳолатҳо ба паёмбар (с) ва пешвоёнашон руҷӯъ мекарданд, ҳақиқати корро аз онон дармеёфтанд, Ва агар фазлу раҳмати Худо набуд, ҷуз андаке ҳамагон ба шайтон пайравӣ мекардед”.

Аз ин оятҳо фаҳмида мешавад, ки вақто ки ягон амре аз амри муҳим дар дину дунё ва барои ислоҳи уммат ва тарсе аз ихтилофу фитна ва сабаби кашмакашӣ ба инсон пеш ояд, бояд ки саросемагӣ накарда, муроҷиат ба олимону донишмандон ва пешвоёни замони худ карда шавад, то ки ба Худову Расулаш (с) гашта, соҳиби хайри дунёву охират гардад.

Аз инҷо фаҳмида шуд, вақте ки инсон аз илму насиҳатҳои олимон дур шуд, мисли шахсеест, ки дар саҳро бесоҳиб мондаасту роҳашро гум карда, роҳ мекобад, намеёбад шахсеро, ки ба ӯ роҳ нишон диҳад. Баъдан ба ӯ шахсе амалеро фармояд, ӯ бе таҳлил рафта иҷро кардан мегираду фикри фоидаву зарарашро намекунад. Дар охир ҷабрдидае аз зарар мешавад.

Бояд гуфт, ки олимон пешвои мардум ҳастанд, нест шахсе ки  ҷойи онҳо иваз кунад, мардумро роҳнамо кунад. Агар ҷоҳилон худро пешвои мардум номида роҳнамоӣ намекарданд, то имрӯз мардуми дунё ба ин воқеаҳои нангину хунин намерасиданд. Асоси ҳамаи ин бесарусомониҳо дар рӯи замин дурӣ аз илму дурӣ аз олимони бофаҳме, ки бо роҳу равиши Паёмбари ислом (с) гуфтаву амал мекунанд. Мардумро аз динсозону аз роҳу равиш ва фитнаи гуруҳҳои нав фаҳмонда, хизмати ватану миллат мекунанд.  Аз ин рӯ истифода бурдан аз илми олимон пеш аз “сафари охираташон”  барои ҳар як банда ва мардуми мусулмон воҷиб аст. 

З-иҷтиҳоди олимони камназар,

Иқтидо бар рафтагон маҳфузтар.

                                 Аллома Муҳаммад Иқбол Лоҳурӣ

Каримов Иноятулло, устоди Кафедра «Улуми қуръон» ДИТ ба номи Имоми Аъзам – Абӯҳанифа (р)


Андешаи Шумо



Ҳамаи шарҳҳо


Ҳанӯз шаpҳе дар ин баҳс нест. Шумо аввалин ширкаткунанда хоҳед буд

Воридшавӣ ба e-mail- и dit.tj



"ЗИ ГАҲВОРА ТО ГӮР ДОНИШ БИҶӮЙ!"






Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абӯҳанифа ©2018 - 2024. Ҳуқуқҳо ҳимоя карда шудаанд.