РЕКТОРИ ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ИМОМИ АЪЗАМ АБӮҲАНИФА
.
Зокирзода Нусратулло МеликНомзади илмҳои фалсафа___________________________
Ҷашни мардумӣ ва миллии Наврӯз яке аз ҷашнҳои маъруф ва мондагори қавмҳои ориёинажод аст, ки таърихи тӯлонӣ дорад. Дар миёни ҷашнҳои миллӣ, Наврӯз аз лиҳози аҳамиятнокӣ ва анъанавӣ буданаш мавқеи муҳим дорад. Мутобиқи солшумории шамсӣ, Наврӯз ба таърихи 21-22 моҳи март рост меояд. Худ аз номаш маълум аст, ки наврӯз, яъне «рӯзи нав» мебошад, ки он ба рӯзи аввали сол рост меояд. Имрӯз Наврӯз ҳамчун рӯзи аввали соли миллӣ шинохта шудааст...Муфассал
Сафари бобарор барои тоҷикистониён
Шеванаш аз ҷони ту сармоя бурд,
Лутфи хоб аз дидаи ҳамсоя бурд.
Вой бар ишқе, ки нори ӯ фусурд,
Дар Ҳарам зоиду дар бутхона мурд.
Муҳаммад Иқбол Лоҳурӣ
Дар таърихи навини Тоҷикистон саҳифаи наве бо таҳаввулоти ҷадид байни ду давлати ҳамсоя рӯх дод, ки барои насли ояндаи тоҷикистониён дар таърих бо ҳарфҳои заррин дарҷ хоҳад гашт. Албатта ин рӯйдод бо ниятҳои нек ва андешаи солим ба даст омадааст. Акнун рӯзе фаро расид, ки ду халқи соҳибтамаддуну фараҳангсолор ва ҳамсоя тоҷику ӯзбек дар фазои сулҳу дӯстӣ гарму самимӣ ҳамдигарро истиқбол мегирифтанд. Ин рӯзро мардуми ду кишвари ҳамсоя 27 сол интизорӣ кашида буданд. Дар чеҳраҳои мардум табассум, аз чашмон ашки шодӣ, аз қалбҳо меҳр лабрез шуда буд. Лаҳзаҳои пешвози якдигар дар ҳақиқат манзараи муҳаббати ду дӯсти дерин, ки солҳои дароз ҳамдигарро пазмон шуда буданд, ифодагари он буд, ки бо дастони пурнавозиш ҳамдигарро ба оғӯш гиранд. Шодии мардуми тоҷику ӯзбеки дар ҳасрати дидори якдигар деринтизор, ҳадду канор надошт. Дар ин замина Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 17-уми август бо сафари давлатӣ ба давлати ба мо ҳамсоя, Узбекистон сафар намуд. Дар ҷараёни сафари ӯ ба пойтахти ин давлат, шаҳри Тошканд 26 санад, аз ҷумла ҳуҷҷати бисёр ҳам муҳим, созишномаи шарикии стратегии Тоҷикистону Узбекистон имзо шуд. Ин сафари нахустини давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Узбекистон дар бист соли охир аст.
Як натиҷаи муҳими ин сафар, ба қавли Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба таҳқиқ имзои Аҳднома оид ба шарики стратегӣ байни ду кишвар аст. То ҳоли ҳозир Тоҷикистон танҳо бо Русия, Чин,Туркманистон ва Қазоқистон созишномаҳои шарикии стратегӣ ба имзо расонидааст. Аз он ҷумла дар гуфтугӯҳо байни тарафайн таваҷҷӯҳи асосӣ ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ равона шуд.
Ин рӯз дар ҳақиқат Рӯзи дӯстии ҳақиқӣ, рӯзи аз нав барқарорсозии дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон бо ҳамкориҳои ҷадид буд.
Мо имрӯз ҳамроҳи шумо атрофи неъмате ҳарф мезанем, ки омилҳои мухталифи мардуми ҷаҳон, ба вижа ҷомеаи исломӣ ва мӯъминон, ба он эҳтиёҷи ҷиддӣ ва ҳаётӣ доранд, яъне дӯстӣ бо ҳамсоядавлатҳо, дӯстиву бародарӣ, рафоқат бо онҳо. Чуноне ки Худованди бузург дар сураи “Нисо” ояти 36 мефармояд: “Худоро бипарастед ва ҳеҷ чизеро шарики Ӯ масозед ва ба падару модар ва хешовандону ятимон ва бенавоёну ҳамсояи хешованд ва ҳамсояи бегона ва ёри мусоҳибу мусофири раҳгузар ва ба бандагони Худо некӣ кунед. Албатта Худо мутакаббирону фахркунандагонро дӯст намедорад”.
Ин дустиву бародари миёни мо ва бародарони ӯзбеки ҳамсоя баракати сулҳу ваҳдат аст, ки мо мардуми шарифи Тоҷикистон ба шарофати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дида истодаем. Шариати ислом ахлоқу одоби зебо ва муомилаи хуберо ба мо мардуми ҷаҳон овард, ки онро бояд аз рӯи ақлу идрок истифода кард.Риояи ҳукми шариат аст, ки мардуми ду кишвар билохира, имрӯз сарҷамъ омаданд.
Дар саҳиҳайн аз ибни Умар (р) ва модари муъминон Оиша (р) ривоят шудааст, ки Паёмбар (с) мефармояд: “Ҳамеша Ҷибрил ба ман васият карда мегуфт, то он ҷое ки гумон мекардам аз якдигар мерос мебарем”. Гумон мекардам, ки бар ман аз Худованд ваҳи нозил мешавад, ки ҳамсояҳо дар мероси якдигар ҳақ доранд, дар дини ислом ин яке аз бузургии ҳақи ҳамсоя мебошад.
Дӯстон ва ҳамсоягон дар назди якдигар ҳақи бисёр дорад. Яке аз онҳо бо якдигар эҳсону икром мекунанд, дар ин маврид Паёмбари ислом (с) мефармояд: “касе, ки ба Худо ва рӯзи охират эмон дорад ба ҳамсояаш хубӣ кунад”. Дар ҳадиси дигар омадааст, ки “касе, ки ба Худо ва рӯзи охират эмон дорад ба ҳамсояаш эҳсон мекунад” (Адаб-ул-муфрад). Калимаҳои эҳсон ва икром калимаҳои бисёр бузурге ҳастанд, ки дар ҳадис бо ин калимаҳо амр карда шудааст ва навъи эҳсону икром дар ҳадис зикр нашудааст, бояд ҳар як шахс донад, ки ҳақи ҳамсояш чист ва ҳар қадар тавоноӣ дорад бояд дар ҳақи ҳамсоя кӯтоҳӣ накунад. Ҳар вақте, ки инсон эҳсону икромро ба ҳамсоягонаш раво мебинад, савобашро мисли кардааш мегирад, зеро ки икрому эҳсон аз ҷумлае имоне ба Худо аст.
Дуюмин эҳсон ба ҳамсоя, нарасондани зарар аст, чи азияти қавлӣ ва чи феълӣ бошад, доим эҳтиёт бояд кард. Дар ин маврид дар саҳиҳи Бухорӣ (р) ҳадиси Шурайҳи-ал-Хазоъӣ (р) чунин омадааст, ки Паёмбар (с) мефармояд: “Ба Худо қасам муъмин шуморида намешавад, ба Худо қасам муъмин шуморида намешавад, ба Худо қасам муъмин шуморида намешавад” гуфтанд: ё Расулаллоҳ ки? Гуфт: “шахсе, ки ҳамсояаш аз бадии ӯ эмин нест”.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 18-уми август ба сари мақбараи Амир Темур ва Ислом Каримов дуову фотиҳа карданд.Баъдан аз осорхонаи “Афросиёб” ва маҷмааи Регистон дидан намудааст.Мувофиқи фармудаи Паёмбари ислом (с) инсон қабристонро зиёрат карда, ба гузаштагони он манзилу макон, гузаштагону ва баъд мегузаштагиҳояшон аз даргоҳи Худованди якто бо дуо раҳмату мағфират талаб карда, аз қабристон ибрат гирифта қиёматро ба ёд меорад (тақво ва Худотарсии шахс зиёда мегардад). Ин дар аҳодис омадааст ва яке аз суннатҳои Расули Худо мебошад, ки то ба замони мо, ба мо умматонаш омада расидааст.
Раҳим Каримов, Декани факултети филологияи Шарқи ДИТ ба номи Имоми Аъзам – Абӯҳанифа (р)
Андешаи Шумо
Ҳамаи шарҳҳо
[Ном: Panjiboy Abirov]
Тоҷику ӯзбек аз аввал бародар будаанд!
[Ном: Panjiboy Abirov]
Тоҷику ӯзбек аз аввал бародар будаанд!
Воридшавӣ ба e-mail- и dit.tj
"ЗИ ГАҲВОРА ТО ГӮР ДОНИШ БИҶӮЙ!"
Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абӯҳанифа ©2018 - 2024. Ҳуқуқҳо ҳимоя карда шудаанд.