РЕКТОРИ ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ИМОМИ АЪЗАМ АБӮҲАНИФА
.
Зокирзода Нусратулло МеликНомзади илмҳои фалсафа___________________________
Ҷашни мардумӣ ва миллии Наврӯз яке аз ҷашнҳои маъруф ва мондагори қавмҳои ориёинажод аст, ки таърихи тӯлонӣ дорад. Дар миёни ҷашнҳои миллӣ, Наврӯз аз лиҳози аҳамиятнокӣ ва анъанавӣ буданаш мавқеи муҳим дорад. Мутобиқи солшумории шамсӣ, Наврӯз ба таърихи 21-22 моҳи март рост меояд. Худ аз номаш маълум аст, ки наврӯз, яъне «рӯзи нав» мебошад, ки он ба рӯзи аввали сол рост меояд. Имрӯз Наврӯз ҳамчун рӯзи аввали соли миллӣ шинохта шудааст...Муфассал
Ислоҳи шахс (мақолаи тарбиявӣ)
“Донад он, к-ӯ некбахту маҳрам аст,
Зиракӣ з-Иблису ишқ аз одам аст.”
Ҷалолиддини Румӣ
Дини ислом охирин пайғоми осмонист, ки Худованд онро барои кулли мардуми олам аз машриқ то мағриб, чи зан бошад ё ки мард хоҳ қудратманд бошад ё ки нотавон, сарватманд бошад ё ин ки фақир, доно бошад ё ин ки нодон, солим бошад ё ин ки бемор фиристод. Ба ҳамин хотир Худованди азиму-ш-шаън бо лутфу карами худ, пайғоми хешро ба ҳар намуд нозил намуд, то ки фаҳми он барои ҳар шахс муяссар шавад ва амал намудани он осон гардад. Ҳама намуд мардумро дар худ ҷой медиҳад. Ҳар мукалафе метавонад онро анҷом диҳад. Дини ислом дине аст, ки машақатро аз мардум дур карда ба инсоният саодат меорад. Саодат ва хушбахти ба шакли ом ба ду навъ тақсим мегадад.
Аввал, саодати дунявӣ: ки муввақати буда, дар умру зиндагии кӯтоҳу зудгӯзари инсон мебошад.
Дуюм, саодати ухравӣ: ҷовидон, хотиманаёбанда ва ғайри маҳдуд мебошад.
Ин ду қисм бо ҳам омехта ва бо якдигар лозиму малзум мебошанд, саодати дунявӣ аз саодати ухравӣ аз якдигар ҷудо нестанд, саодати ухравӣ барои мусулмонони парҳезкор марбут аст, ки ба ризогии Худованди мутаол мешавад. Чуноне ки Худованди дар сураи “Наҳл” ояти 97 мефармояд: “Ҳар зану марде, ки коре некӯ анҷом диҳад, агар имон оварда бошад, зиндагии хушу покизае ба ӯ хоҳем дод ва савобе беҳтар аз кирдорашон ато хоҳем кард”.
Дусти азиз, медони ки саодат чиро гӯянд? Чи гуна ба даст меояд? Бадбахтӣ чиро гӯянд? Чи гуна метавон аз он дар амон буд? Саодат гуфта онеро гӯянд, ки дар шахс итоати Худованди мутаол, итоати Паёмбар (с) ва сардорону пешвоён бошад. Бадбахтӣ гуфта, агар дар шахс нофармонии Худованду Паёмбар (с) ва сардорону пешвоён дида шавад. Шахсе, ки имон ва амали солеҳ мекунад, хайри кардаашро бо шукру шукргузорӣ истиқбол менамояд, барояш хушию шодмонӣ ҳосил мегардад, ғаму андуҳ, парешонӣ, нороҳатӣ ва бадбахтӣ аз ӯ дур мегардад ва дар охир зиндагии хуб ва саодатмандона дар дунё барояш насиб мегардад. Шахсе, ки соҳиби имон ва амали солеҳ нест, ба даст овардани хушӣ ва саодати дунё барояш муяссар мегардад аммо бо сабаби такабуриву ғурур нишон доданаш, ахлоқаш мунҳариф мегардад ва монанди чорпоён ташнаи моли дунё гашта, бо вуҷуди ин ҳам итминон ва роҳати қалбӣ барояш муяссар намегардад. Чунин шахс ба ташвишҳои гуногун мубтало буда, аз ҷумла заволу тамомшавӣ ва ё ба охир расидани мол, рӯ ба рӯ шудан бо мушкилиҳо, ки сабабгори ин хоҳишоти нафсонӣ, ки ҳеҷ ҳаду андоза надорад мебошад ва агар беназорат монад шахсро ба ҳалокат мерасонад.
Инсон ҳангоме, ки ба беморӣ гирифтор мешавад ё фақр ва дигар мушкилиҳо ба монанди оне, ки ба ҳар инсон рӯ ба рӯ меояд, мубтало мегардад, назар ба имон ва тақдири Илоҳӣ ӯро ҳамеша хурсанд ва мутмаъин месозад. Ба шахсе назар мекунад, ки сатҳи зиндагияш аз ӯ камтар ва поёнтар аст, ба шахсе назар кардан даркор нест, ки зиндагиаш нисбат ба зиндагии ӯ хубтар ва болотар бошад, шояд ки хушҳолии ӯ ва роҳатии қалбияш аз касоне, ки ҳама матолиби зиндагиро ҳосил намуда, вале қаноат надорад, бисёртар бошад.
Ба даст овардани илми босамар ва амали муфид ин ҳам яке аз асбобҳои дур намудани ташвиш ва андӯҳу парешонии қалб мебошад. Ин таваҷҷуҳ аз парешониву андӯҳу ғам дур месозад, шояд ки амале сабаби ғаму андӯҳ гардида бошад, фаромӯш кунад. Вале шахси бо имону боихлос ин хислатро дорад, бо умеди аҷру савоб илму донишро фаро мегирад ва ба дигарон меомӯзонад, тибқи дониши худ амали нек анҷом медиҳад, зеро ҳамин амал ибодат буда, сабаби аз байн бурдани андӯҳу парешонӣ таъсири зиёд дорад.
Дигар аз сабабҳои хушӣ ва аз байн бурдани ғаму парешонӣ ин аст, ки дур кардани асбобе, ки парешониҳо ва ғамҳоро эҷод мекунад, бояд кӯшиш кард, амалҳоеро, ки сабаби хушҳолӣ мебошад ба даст орад. Ин дар ҳоле, ба даст меояд, ки гузаштаро фаромӯш намояд ва мутавваҷеҳ, машғули зеҳнӣ ва фикрӣ шавад. Кӯшиш намояд то ки зеҳнӣ хешро дар амалҳои хайр наҷот бахшад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Карамови шаҳри Душанбе бо рафти корҳои сохтмонӣ дар Маҷмааи универсалии варзишӣ шинос шуданд. Яъне дар нақша аст, ки ба наздики як Маҷмааи бузурги варзишӣ пешниҳоди шаҳрвандони Душанбешаҳр мегардад, ки боз як сабабҳои хушӣ ва аз байн бурдани ғаму парешонӣ дигаре мегардад. Инчунин Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар шаҳраки 43-юми ноҳияи Фирдавсӣ иншооти наву муосири варзишӣ ва фарҳангию фароғатиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд, ки сабабҳои хушӣ ва аз байн бурдани ғаму парешонии кӯдакону наврасон мегардад. Бо кӯшишу ғайрати мақомоти ҳокимияти пойтахт чунин майдончаҳои варзиши дар саросари Душанбешаҳр сохта ба истифода дода шудаанд, ки сабаби аз байн бурдани фикрҳо дар роҳи бад, ғаму парешонии кӯдакону наврасон мегардад.
Ақл гӯяд: шод шав, обод шав,
Ишқ гӯяд: банда шав, озод шав.
Муҳаммад Иқбол Лоҳурӣ
Зиндагии кӯтоҳро набояд ба ғам ва андеша супорид. Хирадманд медонад, ки зиндагӣ як бор меояду меравад, онро бо роҳату саодат ва зебогӣ бояд гузаронид. Агар чунин бошад, зиндагии ҳақиқист агарчи бисёр ҳам кутост вале бобаракат. Пас набояд инсон онро бо ғаму андӯҳ кӯтоҳтар намояд. Чунин рафтор амали мухолифи мафҳуми зиндагии солим мебошад, барои ҳамин бояд кӯшиш кард, то ки парешонӣ ва нороҳатӣ дар зиндагиатон роҳ наёбад.
Зиддиятии ҳақу ботил ва кашмакашҳои ҳақталабону ботил парастон ҳама вақт дар байни инсоният буда, ва то рӯзи охират хоҳанд буд, аммо бояд донист, ки ғалабаи ниҳоӣ ва абадӣ аз тақводорону Худотарсон ва софдилон асту на аз бадхоҳоне, ки ба ҳар ному равиш мардумро ба бадиҳои хостаашон бурда мерасонанд. Бинобар ин ҳаргиз дар ислоҳи ҷомеа, ҳидояти мардум, дилшикаста шудан лозим нест, Паёмбари гиромӣ (с) барои дур кардани ғаму андӯҳ дар азияту ҳар намуд ранҷ ва машаққат сабр карданд, то ин ки ислом рушду нумуъ ёфт ва бисёриҳо ҳидоят ёфта, мардум гӯруҳ-гӯруҳ ба дини Худо дохил шуданд. Ба оромӣ ва дустии байни худ зиндагӣ оғоз карданд. Поён ва натиҷаи ҳар кор аз ҷониби Худованди оламиён аст. Шумо низ мардумро ба ҳақ ва тинҷию амонӣ даъват кунед, то вазифаи инсонию мусулмонии худро назди Худо ва бандагонаш адо карда бошед.
Инсон ҳарчанд, ки дар гуноҳ ғарқ шуда бошад, Худованд бо тавбаи ӯ, ҳама гуноҳонашро пок мекунад, ҳарчанд, ки замину осмонро пур аз гуноҳ карда бошад ҳам. Холид ибни Валид яке аз сарлашкарони мушрикин буд, чанде аз беҳтарин асҳоби Паёмбарро ба шаҳодат расонд вақто, ки Худованд ба Ӯ ҳидоятро насиб кард назди Паёмбар (с) омада гуфт: э, Расули Худо шарти ман ин аст, ки гуноҳонамро бубахшӣ... он ҳазрат (с) фармуд: “Э Холид магар ту намедонӣ, ки Ислом гуноҳони гузаштаро нобуд мекунад”, пас инсон бояд худро аз гунаҳкориву хатокорӣ наҷот диҳад ва ба ягон шахс зарар нарасонад, тавбакунон ба сӯӣ Худои меҳрубон баргардад ва бидонад, ки некиҳо гуноҳонро аз байн мебарад.
Гар фано хоҳӣ, зи худ озод шав,
Гар бақо хоҳӣ, ба худ обод шав.
Муҳаммад Иқбол Лоҳурӣ
Каримов Раҳим, декани факултети филологияи Шарқ ДИТ ба номи Имоми Аъзам – Абӯҳанифа (р)
Андешаи Шумо
Ҳамаи шарҳҳо
Ҳанӯз шаpҳе дар ин баҳс нест. Шумо аввалин ширкаткунанда хоҳед буд
Ҳанӯз шаpҳе дар ин баҳс нест. Шумо аввалин ширкаткунанда хоҳед буд
Воридшавӣ ба e-mail- и dit.tj
"ЗИ ГАҲВОРА ТО ГӮР ДОНИШ БИҶӮЙ!"
Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абӯҳанифа ©2018 - 2024. Ҳуқуқҳо ҳимоя карда шудаанд.