РЕКТОРИ ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ИМОМИ АЪЗАМ АБӮҲАНИФА
.
Зокирзода Нусратулло МеликНомзади илмҳои фалсафа___________________________
Ҷашни мардумӣ ва миллии Наврӯз яке аз ҷашнҳои маъруф ва мондагори қавмҳои ориёинажод аст, ки таърихи тӯлонӣ дорад. Дар миёни ҷашнҳои миллӣ, Наврӯз аз лиҳози аҳамиятнокӣ ва анъанавӣ буданаш мавқеи муҳим дорад. Мутобиқи солшумории шамсӣ, Наврӯз ба таърихи 21-22 моҳи март рост меояд. Худ аз номаш маълум аст, ки наврӯз, яъне «рӯзи нав» мебошад, ки он ба рӯзи аввали сол рост меояд. Имрӯз Наврӯз ҳамчун рӯзи аввали соли миллӣ шинохта шудааст...Муфассал
Хушбахтарин шахс шахсест, ки хушбахтии дигаронро мехоҳад
Ишқро ороми ҷон ҳуррият аст,
Ноқаашро сорбон ҳуррият аст.
Аллома Муҳаммад Иқбол Лоҳурӣ.
Истиқлолият аз забони арабӣ гирифта шуда, маънояш мустақилӣ, соҳибихтиёрӣ, озодӣ ва комилҳуқуқии кишвар дар идораи сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангии худ мебошад. Ҷашни истиқлолияти ҷашнест, ки ба муносибати ба даст овардани истиқлолияти кишвар, Ватани маҳбуби мо таҷлил мегардад. Имсол дар кишвар 27-умин ҷашни истиқлолият пешвоз гирифта мешавад. Истиқлолият неъмати бузургест, ки баҳри ҳар як халқу миллат Худованди бузург ато мекунад. Месазад, ки шукронаашро баҷо овард.
Дар замони истиқлолият ба даст овардани Тоҷикистони кӯчак, Иттиҳоди Ҷамоҳири Сосиалистии Шӯравӣ барҳам хӯрда давлатҳои ин иттиҳод пароканда гардиданд. Дар ҳамон асру замон тоҷикистониён ба ҳар хатову хатокорӣ рӯ ба сӯи ҷоҳилият буданд, дар зиндагияшон заифиву дар корҳои сиёсиашон зӯриву қавмгароӣ дида мешуд, ки Паёмбари ислом Муҳаммад (с) дар ин маврид мефармояд: “Шахсе, ки ба хотири асабияту қавмгароӣ бимирад аз мо нест” дар ҷомеаи онрӯза ҳар шахс масъул аст ва дар масъулияташ ҷавобгӯ аст, ки мардуми Тоҷикистонро дар он замон танҳо аз ин ҷоҳиливу ҷоҳилият бо роҳе бароварад ва ҳалли масъала дар мутаҳидиву дӯстии байниякдигариро ба роҳ монад. Агар ба Қуръони карим ва сирати Расули Худо Муҳаммад (с) нигарем мебинем, ки ғалаба танҳо да иттиҳод аст, дигар роҳҳое,ки мо имрӯз пеш гирифтаем ба залолат мебарад.
Яке аз нишонаҳои хайр ва саломат дар ҳар шахси миллат ин аст, ки ба ду бемории пурхатар яке “ғурур” кардан ва ба “дигарон ба чашми паст” назар кардан дучор набошад. Ғурур ва худпарастӣ ин аст, ки инсон ба дигарон ба чашми таҳқиру паст назар карда, дар корҳои мардум дахолат мекунад. Қадами худро аз роҳ берун мегузорад ва дар амале, ки хабар надорад изҳорӣ назар мекунад. Худро аз дигарон бартару боло, олиму доно, ҳакиму хирадманд, сиёсатмадор, кордону бузург, дониста фахр мекунад ва дигаронро заифу хору зор мешуморад. Ин беморӣ дар байни мардуми мусулмон густариш ёфта, дар бозорҳову маҷлисҳо, кӯчаҳо, ба назар мерасад. Чунин афрод худро дар ҳама масъалаҳо мутахассису коршинос мепиндорад ва дар мавриди ҳар мавзуъ изҳори назари нодуруст менамоянд, аз ғурур, худпарастӣ ба ҷое расидаанд, ки назари худро болотару бартар аз ҳама шуморида, аз ҳар донишманд донишмантар медонанд. Бисёре аз онҳо дар зимни суханони худ мардумро ба нодониву ҳамоқат васф менамоянд, олимонро ба нодониву ноогоҳӣ муттаҳам мекунанд. Ҳар қавму миллате, ки ба ин беморӣ мубтало шавад, ба андарзу насиҳатҳо бетаваҷҷуҳӣ мекунад. Дар шароите, ки мардум ба ҳар фитнаву шикастҳо қарор доранд, худро дар қалъаҳо тасавур мекунанд, ки ин дар ҳолест, дар доми мушкилоти бисёр калоне мубтало шудаанд. Чунин қавму афрод худро бе айбу нуқсон нишон медиҳанд, ин ҳам бошад дар ҳолест, ки ҳама мардум аз ҳолу кори онҳо бохабар аст.
Дуюмин беморӣ ин аст, ки шахсе гирифтори эҳсосу таккабурӣ ва чашми паст назар кардани дигарон, ки навъе аз бемории равонӣ аст мебошад. Агар шахсе ба ин беморӣ мубтало шавад, ӯро дучори ихтилофи асабӣ, иродаи заиф, ноумедӣ ва дар баробари ҳар фард хору залил мегардонад. Ин беморӣ дар байни мардуми мусулмон густариш пайдо кардааст. Ба ин иллат бисёре аз инсонҳо дучори хориву гушанишинӣ гардидаанд. Агар аз эшон дар ин мавзуъ суол карда шавад мегӯянд: ҳаргоҳ шахс ба мушкилоте дучор шавад ба маконе тинҷу ором рафта, нафси худро озор надода, тинҷ зиндагӣ мекунад дар ҳоле, ки худ саркардаи ин нотинҷиву нооромӣ аст.
Банда Карим Раҳим рузи 25-уми моҳи август тариқи телевизори Тоҷикистон заҳмату хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва саҳнаҳои нангину хунине, ки дар он ман низ иҷборан иштирок карда будам тамошо карда, аз беадолатии собиқ ҲНИТ (ТТЭ ҲНИ) хубтар огоҳ шудам... бениҳоят пушаймони амалҳои кардаи он солҳо ҳастам ва ба даргоҳи Худованд “тавба” мекунам ва ба халқу ватанам содиқона хизмат мекунам то дар назди Худо пок гардам. Ҳамзамон он ҳодисаҳои нангин маро ором нагузошт, то қалам ба даст гирифта, ба ҳамватанони худ навишта гӯям, ки аз ин воқеаҳои нангин, вале ибратангез истифода бурда, ба фарзандону наберагони худ фаҳмонанд, то ки дубора ба сари мардуми заҳматкаши Тоҷикистон чунин амал сар назанад.
Он солҳо эътирозгарон дар давоми як сол раиси ҷумҳурро ду дафъа ва ҳукуматро панҷ бор иваз карданд. То имзои санади сулҳ, беш аз 100 ҳазор нафар кушта шуданд. Садҳо ҳазор нафар аз тарси кушта шудан ба Афғонистон фирор карданд бахусус аз вилояти Хатлон. Баъди имзои созишномаи сулҳ бо миёнаравии СММ, кишварҳои ҳамсоя, Русия ва давлатҳои дигар дар соли 1997 ҳукумат 30%-и мақомоти давлатиро ба намояндагони мухолифин дод, вале баъди оромиши комили вазъ, онҳо ором нагирифта якчанд маротиб дар кишвар ноамниро ба сар оварданд.
Рузи 24-уми август Прокурори генералии онвақтаи мамлакат Нурлло Ҳувайдуллоев аз ҷониби шахсони номаълуми мусаллаҳ кушта шуд. Мухолифини давлат муовини сарвазир Ҷамшед Каримов ва мушовири президенти мамлакат Рашид Олимовро низ гаравгон гирифтан. Муовини раиси кумитаи иҷроияи вилояти Кулоб Сайфиддин Санговро низ ба таври даҳшатнок ба қатл расониданд. Президенти ҳамонвақтаи давлат Раҳмон Набиев бошад дар қароргоҳи дивизяи 201-уми Россия паноҳ бурда, рузи 7-уми сентиябр дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе ҳангоми ба шаҳри Хуҷанд сафар намуданаш дасгир шуда маҷбур карда шуд, ки ба аризаи аз вазифаи Президенти Ҷумҳури Точикистон барканор шудан имзо намояд.
Идораи ҳокимияти марказӣ расман ба души раиси Шӯрои Олии онвақта Акбаршоҳ Искандаров монд, вале ин ҳокимият дар амал идораи бе сарусомон дар дасти неруҳои хунрези Эрон қарор гирифтанд. Он вақт кушишҳои зиёд барои ба созиш овардани тарафҳои даргир ва таъмини авзои сиёсӣ ба харҷ дода мешуд, аммо натиҷаи дилхоҳ ба даст намеомад. Як мулоқот миёни роҳбарони сиёсӣ ба фармондеҳони саҳрои ду ҷониб дар шаҳри Хоруғи вилояти Бадахшон низ баргузор гардид, он ҳам бе натиҷаҳои умедбахш ба поён расид. Моҳи октябр кушиши дубора ташкил додан ва ба низом даровардани қонуният ташкил карда шуд, аммо неруҳои бесалоҳияти кишвар бархӯрд бо раиси собиқи Шӯрои Олӣ Сафаралӣ Кенҷаев, ки бо мақсади пуштибони аз кишвар 24-ум ва 25-уми октябри соли 1992 бо неруҳои зиёду мусаллаҳ аз водии Ҳисор ба шаҳри Душанбе мехостанд ворид гашта, ҳокимияти аз даст рафтаро баргардонад, муқовимати шадид бархост. Силоҳбадастони мухолифин рӯ ба рӯ омада ақибнишинӣ низ карданд. Дар ин муқовимат нафарони зиёде аз ҳарду ҷониб ва мардуми бегуноҳ ҳалок гаштанд, дар он рӯзҳои ваҳшату даҳшати хунин роҳи оҳан ва роҳҳои мошингард аз ҷониби ноҳияҳои водии Ҳисор ба сӯи шаҳри Душанбе баста шуда буд.
Пойтахти мамлакат, ки пур аз гурезагон буд, ба муҳосираи иқтисодӣ афтода, мардуми пойтахт ба норасогии хӯрока пеш аз ҳама нон ва хатари гӯруснагӣ рӯ ба рӯ шуданд. Сокинони пойтахт дар он рӯзҳо барои дарёфт, нонро ба воситаи корхонаҳои саноатӣ дастрас мекарданд, зеро дар мағозаҳо нон гоҳ-гоҳ ворид шуда, зуд тамом мешуд. Навбатдории мардум барои дарёфти нон ба қатори гуруснагони шаҳри Лелинград ба ҳангоми муҳосирати 900-рӯзаи он дар Ҷанги бузурги ватании солҳои 1941-1945 монанд шуда буд. Чандин нафар сокинони пойтахт ва гурезагон дар навбатҳои назди корхонаҳои нон дар таҳти тасарруфи силоҳбадастон қарор дошта, аз сарпечӣ зери пои мардум ва ё гуруснагӣ ҳам ҳалок шудан.
Дар шаҳри Душанбе вазъияти пурхатар ҳокимияти пойтахтро ноором карда буд, бинобар ин моҳҳои сентябр ва октябри ҳамон сол неруҳои ҷонибдори Ҳокимияти конститутсионӣ маҷбур буданд, ки ҳаракати мардумро бар зидди таблиғчиён дар вилояти Кӯлоб, Қурғонтеппа ва водии Ҳисор, барангезонанд ва як Мақомоти давлатӣ аз ҷониби мардум интихоб шуда, вазиятро пеш аз ҳама дар вилояти Қурғонтеппа комилан зери назорат гиранд.
Дар Хуҷанди бостонӣ вакилони мардумӣ дар Иҷлосияи XVI барои тақдири минбаъдаи Тоҷикистон, ба охир расидани ҷанги бародаркӯш, ба даст даровардани сулҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ, барпо намудани Ҳукумати конститутсионӣ кӯшишҳои зиёд намуданд. 25-уми ноябри соли 1992 роҳбари фронти халқӣ С. Сафаров ва намояндаи мухолифин Ҷ. Буйдоқов дар Иҷлосия баромад карданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон (он вақт, Раиси Шӯро) роҳбарони гуруҳҳои яроқдорро даъват ба амал овард, ки ҷанги бародаркӯшро бас кунанд ва ватанро аз вартаи ҳалокат нигоҳ доранд. Пас аз ба охир расидани Иҷлосия Ҳукумати нави Тоҷикистон кори худро дар Душанбе сар кард.
Ҷанги панҷсолаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, ки аз соли 1992 то соли 1997 идома кард, ҷони садҳо ҳазор нафарро бар бод дод. Ба ҷуз хотираҳои талхи хонаводаи қурбониён дигар нишони чашмрасе боқӣ нагузошт. Сулҳи тоҷикон баъди имзои “Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ” дар рӯзи 27-уми июни соли 1997 баъд аз 5 соли ҷангу хунрезӣ ба даст омад. Ин созишномаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раҳбари онвақтаи Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини Тоҷикистон Абдуллои Нурӣ дар шаҳри Маскав имзо карданд.
Санад, санаде буд, ки бо ҳамдигарбахшӣ ба ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон хотима дод. Баъд аз ин ҳамасола ин рӯз ҷашн гирифта мешавад ва чорабиниҳои мухталиф барои нигаҳдории пойдории сулҳ дар саросари кишвар доир мегардад.
Дар тапиди дам ба дам ороми ман,
Гармтар аз субҳи маҳшар шоми ман.
Аллома Муҳаммад Иқбол Лоҳурӣ.
Каримов Раҳим, декани факултети филологияи Шарқ ДИТ ба номи Имоми Аъзам – Абӯҳанифа (р)
Андешаи Шумо
Ҳамаи шарҳҳо
Ҳанӯз шаpҳе дар ин баҳс нест. Шумо аввалин ширкаткунанда хоҳед буд
Ҳанӯз шаpҳе дар ин баҳс нест. Шумо аввалин ширкаткунанда хоҳед буд
Воридшавӣ ба e-mail- и dit.tj
"ЗИ ГАҲВОРА ТО ГӮР ДОНИШ БИҶӮЙ!"
Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абӯҳанифа ©2018 - 2024. Ҳуқуқҳо ҳимоя карда шудаанд.