РЕКТОРИ ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ИМОМИ АЪЗАМ АБӮҲАНИФА
.
Зокирзода Нусратулло Мелик

Номзади илмҳои фалсафа
___________________________

Ҷашни мардумӣ ва миллии Наврӯз яке аз ҷашнҳои маъруф ва мондагори қавмҳои ориёинажод аст, ки таърихи тӯлонӣ дорад. Дар миёни ҷашнҳои миллӣ, Наврӯз аз лиҳози аҳамиятнокӣ ва анъанавӣ буданаш мавқеи муҳим дорад. Мутобиқи солшумории шамсӣ, Наврӯз ба таърихи 21-22 моҳи март рост меояд. Худ аз номаш маълум аст, ки наврӯз, яъне «рӯзи нав» мебошад, ки он ба рӯзи аввали сол рост меояд. Имрӯз Наврӯз ҳамчун рӯзи аввали соли миллӣ шинохта шудааст...Муфассал

Ҳар рӯз зи худ бипурс, агар ту мардӣ!? К-имрӯз чи хизмате ба мардум кардӣ?

Рӯзи дониш (2018)

“Соҳаи маориф на танҳо қувваи харакатдиҳандаи ҷомеа, балки нишондиҳандаи калидии рушди неруи инсонӣ ҳисоб меёбад. Таҳсилоти баландсифат яке аз омилҳои асосиест, ки барои пешрафти устувори иҷтисодиёт мавқеи ҳалкунанда дорад”.

                                                             Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

 Ҳеҷ дин ва ойне ғайр аз ислом талаби илмро ба пайравони худ воҷиб накардааст, ҳеҷ дине монанди ислом аз донишмандонаш истиқбол накарда ва мақоми илмро боло набардоштааст. Чунончи Паёмбари ислом Муҳаммад (С) мефармояд: “Фариштагон барои меҳнате, ки аҳли илм (олимон) мекунанд болҳои худро меандозанд”. (Мунзирӣ, Тарғибу тарҳиб)

       Ҳеҷ дине ғайр аз ислом  илм ва олимонро қадри зиёд накардааст, ҳеҷ дине ҷуз ислом чунин нагуфтааст, ки донишмандон аз ҳама зиёдтар аз Худованд метарсанд. Чунончи Худованди бузург дар сураи “Фотир” ояти 28 мефармояд: “Албатта аз миёни бандагони Худо зиёдтар донишмандон аз Ӯ метарсанд.”

       Ҳамчунон дини ислом ҷаҳлу ҷоҳилиро ҳаром ва ҳақир мешуморад. Чунончи Худованди таоло дар сураи “Анъом” ояти 35 мефармояд:  “Пас аз нодонон мабош”. Шояд аввалин ояте, ки ба Паёмбари ислом (с) нозил шуд, ҳамин амрро дар бар мегирад ва мусулмононро ба пойбанд будан ба ин мафҳум амр мекунад.

Худованди таоло дар сураи “Алақ” ояти 1-5 мефармояд: “Бихон ба номи Парвардигорат, ки биёфарид, одамиро аз лахтаи хуне. Бихон! Ва Парвардигори ту арҷмандтарин аст. Худое, ки ба воситаи қалам омӯзиш дод, ба одами он чиро, ки намедонист, биомӯхт”.

Аввалин ояти нозил шуда ба Паёмбар амр мекунад, ки бихон ба номи Парвардигоре, ки инсонро офарида ба воситаи қалам ӯро таълим додааст, чунончи мебинем дар аввали ваҳи паёми Худо се калимаро дар бар мегирифт: бихон-илм-қалам, ки ба аҳамияти илм ва роҳи таҳсил ва кӯмаки омӯзиш ишора мекунад. Дар ин бора каме диққат намоем чи мефаҳмем? Фаҳмида мешавад, ки ислом аз рӯзи аввал то қиёмат амру кӯшиш дар маҳви ҷаҳолат дар байни уммати худ ва ба сӯи пешрафти дараҷаи илм барои наҷоти мардум аз торикиҳову нодониҳо ба сӯи нуру илм ва маърифат амр мекунад. Бинобарин ислом дар сашавии худ кӯшиш кардааст, ки фазои омӯзишу пешрафти илмро густариш диҳад.

Илм ба ду гуна аст: аввал илме, ки ба хотири Худо касб мешавад ва ин иборат аст аз ҳар намуд илме, ки ба фоида ва манфаати мардум аст. Илми дигар ба хотири Худо ё ки дар роҳи Худо нест монанди сеҳру ҷоду, ки ба фоидаи мардум нест.

Вақте, ки ислом инсонро ба талаби илм ташвиқ кард ва фазли онро баён намуд, аз донишмандон истиқбол гирифта бояд қадрдони кард ва манзалати онҳоро равшан баён намуд ва амр кард, ки дури ҷӯянд аз бартариҷуй, ба василаи илм моли дунё ҷамъ кардан. Аҳли илмро бар ҳазар дошт аз ин бадбахтиҳо. Мардумро дар ибтидо ба хотири Худо ва баъд ба хотри манфиати мардум ба талаби илм роҳнамоӣ бояд кард. Агар талаби илм ба ин ду, ки муҳим аст оғоз гардад дар роҳи интишори он фоидаҳои зиёд дида шуда, аз ҳар мушкилотҳо дур хоҳад шуд. Ҳар илме, ки ба хотири ба даст овардани моли дунё бошад, илм нест ва ислом аз он илм ва он олим безор аст, ки оқибат ба ҳар сарнагуниҳо байни мардум ва ҷомеае ки дар он чунин олим ҳаст парешониҳост. Илм шариф аст набояд, ки барои ҳадафҳои паст ва беарзиш истифода шавад, пас ислом мақоми илмро воло дониста ва онро зери таъсири ҳадафҳои камарзиш қарор намедиҳад ва пайравони худро ҳушдор медиҳад, ки ғайр аз ҳадафҳои муфид дигар ба ягон зараре истифода накунанд. Ислом ақлҳоро аз ҳар ғубору хурофот ва ширк озод сохта ва ақлҳоро аз доми хаёлоти пучи хаёлпарастон дур кардааст, дар ҳоле баъзе ақлҳо ба исми дин аз дигарон дури меҷӯян, онҳоро ба тафаккур ва ҷустуҷӯи илму фаҳм ташвиқ намудааст. Худованди таоло дар ин маврид дар сураи “Юнус” ояти 101 мефармояд: Бигӯ: «Бингаред, ки чӣ чизҳое дар осмонҳову замин аст!»” Аз ин оят фаҳмида мешавад, ки шахсиятҳое, ҳастанд, ки аз илм бохабар, дорои илму дониш ҳастанд, вале онро дар роҳи ғайр бар зидди шахсе ё давлате истифода мебаранд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола чун дар дигар мамлакатҳои пешрафта Рӯзи дониш қайд карда мешавад, ки ин ба 1-уми сентябр рост меояд ва дарси аввал дарси дониш ва сулҳ ном мегирад. Имсол чун дар солҳои қабл дар Донишкадаи исломи Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит дарси аввал бо суханронии  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон тавассути шабакаи телевизионӣ барпо гашт ки ин аз осмони софу беғубори давлати тоҷикон дарак медиҳад.

                                                     Каримов Раҳим, декани факултети   

                                                     филологияи Шарқ  ДИТ ба номи Имоми

                                                     Аъзам – Абӯҳанифа (р)

 


Андешаи Шумо



Ҳамаи шарҳҳо


Ҳанӯз шаpҳе дар ин баҳс нест. Шумо аввалин ширкаткунанда хоҳед буд

Воридшавӣ ба e-mail- и dit.tj



"ЗИ ГАҲВОРА ТО ГӮР ДОНИШ БИҶӮЙ!"






Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абӯҳанифа ©2018 - 2024. Ҳуқуқҳо ҳимоя карда шудаанд.