РЕКТОРИ ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ИМОМИ АЪЗАМ АБӮҲАНИФА
.
Зокирзода Нусратулло МеликНомзади илмҳои фалсафа___________________________
Ҷашни мардумӣ ва миллии Наврӯз яке аз ҷашнҳои маъруф ва мондагори қавмҳои ориёинажод аст, ки таърихи тӯлонӣ дорад. Дар миёни ҷашнҳои миллӣ, Наврӯз аз лиҳози аҳамиятнокӣ ва анъанавӣ буданаш мавқеи муҳим дорад. Мутобиқи солшумории шамсӣ, Наврӯз ба таърихи 21-22 моҳи март рост меояд. Худ аз номаш маълум аст, ки наврӯз, яъне «рӯзи нав» мебошад, ки он ба рӯзи аввали сол рост меояд. Имрӯз Наврӯз ҳамчун рӯзи аввали соли миллӣ шинохта шудааст...Муфассал
Сабабгори мусибатҳо
“Ва ҳар мусибате, ки ба шумо мерасад, ба сабаби корҳое, аст, ки анҷом додаед (яъне, ба сабаби амалҳои баде, ки анҷом додаед) ва (Худованд) аз бисёрӣ (гуноҳон) дармегузарад”. (Сураи “Шуро” ояти 30)
Бояд тазаккур намуд, ки Худованди бузург ба ҳамаи инсонҳо ақл ва ихтиёр додааст, яъне бо он ақле, ки Худованд ба инсонҳо ато намудааст бояд ба амалҳои баде ки анҷом медиҳем хуб таффаккур намоем ва вақти пурарзиши худро дареғ бишуморему онро ба беҳудагардиву шабгардиҳо нагузаронем, зеро ки гуфтаанд: Вақт мисли шамшери тез аст, агар ӯро дуруст истифода набари худатро мебурад...
Ҳарчанд қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” 2-юми августи соли 2011 таҳти рақами №762 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ карда, ба амал баромадааст аз бемасъулиятиву хунукназарии баъзе падару модарон истифода намуда, фарзандони онҳо аксари вақти худро дур аз хонаву оила дар ҷойҳои барояшон зараровар мегузаронанд. Далели возеҳи ин гуфтаҳо чорабинии мақсаднокест, ки кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилӣ гузарониданд. Чорабинии мазкур, ки ба хотири пешгирии амалҳои номатлуб миёни насли наврасон ва ҷавонон андешида шудааст нишон дод, ки зимни азназаргузаронии интернет-кафеҳо ва марказҳои дилхушӣ, ҳолатҳои зиёди дар бевақтии шаб дур аз хонаву наздикон ба корҳои беҳудаю зараровар машғул шудани ноболиғону ҷавонон, беҳудагардиву оворагардӣ ба қайд гирифта шуд. Аз ҷумла, дар натиҷаи ин чорабинии мақсадноки шабонгоҳ гузаронидашуда, ки дар ҳудуди ноҳияи Шоҳмансур буд, як гурӯҳ ҷавонон ва 7 нафар ноболиғон, ки ба корҳои беҳуда барои ояндаашон зараровар овора, боздошт ва ба Қабулгоҳ-таҳвилгоҳи ноболиғони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД дастрас карда шуданд.
Дар ин мавзуъ аз Ибни Умар (р) ривоят шуда, ки гуфтааст: Аз Расули Худо (с) шунидам, ки мефармуданд: «Ҳамаи шумо сарпараст ҳастед ва нисбат ба зердастони худ масъул мебошед, ба ин маъно, ки пешво, сарпарасти уммат ва масъули афроди зерфармони худ мебошад. Ва мард сарпарасти хонаву хонаводаи худ мебошад ва дар баробари онон масъул аст. Зан дар хонаи шавҳараш сарпараст ва нисбат ба хонаву афроди хона (фарзандон) масъул аст. Хидматгор сарпарасти молҳои мавло ва корфармои худ мебошад ва дар баробари он масъул аст. Ба таври куллї ҳамаи шумо, чї дар баробари худ ва чї дар баробари дигарон масъул мебошед». ривояти Бухорї ва Муслим.
Қайд кардан ба маврид аст, ки давлате, ки дорои истиқлолият набошад наметавонад худро пойдор нигаҳ дорад ва дастовардҳои миллии худро ҳифз намояд, зеро истиқлол волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст, ки бисту ҳафт сол муқаддам муҳимтарин воқеаи таърихии сарнавишти миллати тоҷик ба вуҷуд омад: Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Ин ҳодисаи фараҳбахш аввали моҳи сентябри соли 1991 ба вуқўъ пайваст ва 9-уми сентябр расман Рўзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Аз ҳамон вақт то имрўз ин санаи муборак барои миллати тоҷик иди муқаддас маҳсуб мешавад.
Ин неъмати бузург баробари ба даст овардани нурую зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, аз нав эҳё намудани ҳунарҳои аз байн рафта, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагиву абадиятро ба мардуми бузурги тоҷик ва Тоҷикистони азиз овардааст. Даврони Истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрўзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сўи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омўзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд.
Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад. Тамоми сокинони кишвари озоду ободи мо имрўз ифтихор доранд, ки бисту ҳафт сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди нави миллӣ гардидем.
Чунон ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: «Яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо дар даврони истиқлолият давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ мебошад, ки моҳиятан шакли ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявиро дорад».
Акнун – пас аз гузаштани солҳо ва ба даст овардани баъзе комёбиҳои муҳим метавонем чунин хулоса кунем: «Давраи навини давлатсозию давлатдории мустақилона моро водор сохт, роҳи ислоҳоти иқтисодӣ, дигаргун сохтани шакли моликият, ташаккули иқтисодиёти миллӣ ва сохторҳои нави идоракунии онро пеш гирифта, ба густариши муносибатҳои бозоргонӣ ва пайвастани низоми иқтисоди Тоҷикистон ба набзи иқтисоди ҷаҳонӣ роҳ кушоем».
Бояд зикр кард, ки дар даврони Истиқлолият давлати ҷавони тоҷикон дар байни мамолики аҳолияш мусалмон ва умуман ҷомеаи ҷаҳони муосир мавқеъ ва манзалати хос пайдо намуданд. Суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаҳои бузурги байналхалқии давлатҳои аъзои Конфронси Исломӣ, ҷонибдории шахсии сарвари давлати мо аз покизагии дини мубини ислом ва зарбаи сахт задани ў ба даъвогарони ҳамбастагии дини ислом бо терроризму экстремизми байналмилалӣ, ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо мамолики гуногуни олами Ислом аз он шаҳодат медиҳанд, ки имрўз Тоҷикистони соҳибистиқлол аз зумраи давлатҳои озоду ободест, ки дар он баробари расму оини миллию мардумӣ анъанаҳо ва маросимҳои динӣ риоя мегарданд. Чуноне, ки бузургон фармудаанд:
Ба Истиқлоли меҳан саҷда орам,
Намозамро ба даргоҳаш гузорам.
Бихонам ояти шукронааш беш,
Ки ҳаст он ҳадяи Парвардигорам.
Каримов Иноятулло, устоди Кафедра «Улуми қуръон» ДИТ ба номи Имоми Аъзам –Абӯҳанифа (р)
Андешаи Шумо
Ҳамаи шарҳҳо
Ҳанӯз шаpҳе дар ин баҳс нест. Шумо аввалин ширкаткунанда хоҳед буд
Ҳанӯз шаpҳе дар ин баҳс нест. Шумо аввалин ширкаткунанда хоҳед буд
Воридшавӣ ба e-mail- и dit.tj
"ЗИ ГАҲВОРА ТО ГӮР ДОНИШ БИҶӮЙ!"
Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абӯҳанифа ©2018 - 2024. Ҳуқуқҳо ҳимоя карда шудаанд.