РЕКТОРИ ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ИМОМИ АЪЗАМ АБӮҲАНИФА
.
Зокирзода Нусратулло Мелик

Номзади илмҳои фалсафа
___________________________

Ҷашни мардумӣ ва миллии Наврӯз яке аз ҷашнҳои маъруф ва мондагори қавмҳои ориёинажод аст, ки таърихи тӯлонӣ дорад. Дар миёни ҷашнҳои миллӣ, Наврӯз аз лиҳози аҳамиятнокӣ ва анъанавӣ буданаш мавқеи муҳим дорад. Мутобиқи солшумории шамсӣ, Наврӯз ба таърихи 21-22 моҳи март рост меояд. Худ аз номаш маълум аст, ки наврӯз, яъне «рӯзи нав» мебошад, ки он ба рӯзи аввали сол рост меояд. Имрӯз Наврӯз ҳамчун рӯзи аввали соли миллӣ шинохта шудааст...Муфассал

Ҳар рӯз зи худ бипурс, агар ту мардӣ!? К-имрӯз чи хизмате ба мардум кардӣ?

Ибрат барои дигарон

“ҳар шахс каси дигарро на ба қасоси катли касе ё содир кардани фасоде бар рӯи замин бикушад, чунон аст, ки ҳамаи мардумро кушта бошад. Ва ҳар кас, ки ба ӯ ҳаёт бахшад, чун касест, ки ҳамаи мардумро ҳаёт бахшида бошад”. (сураи “Моида” ояти 32)

Кори нек нишонаи мусулмонӣ аст, мусулмон дар байни ҷомеа сарчашмаи хубиҳо ва саркардаи некиҳост, ӯ на танҳо худ фоили хайр аст, балки таълимгари ӯ низ дар ин хайр ҳамроҳ аст ва бартарии мусулмон дар байни мардум ба хайр дониста мешавад, ин аз муъҷизоти Қуръон аст, ки инсонро мутлақ амр ба хайр намудааст. Хайр ба инсон чи мусулмон бошад ё ки ғайри мусулмон ё ки ҷонварон бошад, аз ин инсон худро масъул бидонад дар баробари ҳама мавҷудот ва ҳама аз ӯ баҳраманд шаванд. Чуноне ки Паёмбари ислом мефармояд: “Дар некии ҳама мавҷудоти зинда аҷру савоб аст” (Бухорӣ, боби мазолим, 2466. Муслим, боби салом, 2244).

Яке аз хусусиятҳое, ки дини мубини исломро ба оламиён шинос кардааст, ин эҳсоси масъулиятшиносӣ дар муқобили дигарон аст, зеро ин вазифашиносӣ дар натиҷа аз аҷру савоби даргоҳи Худованд ба инсон ва тарси вай аз офаридгораш ва талаби ҳар хубиҳо дар зиндагониаш аст. Бояд гуфт, ки ин вазифа ва ё масъулиятшиносиро ҳеҷ кас ба ӯҳдаи инсон нагузоштааст ва тарсу муҷозотро ҳам ба вуҷуд наёвардааст, балки дар ҳақиқат ин ҳамон тақводориву Худотарсӣ ва бандагист, ки роҳи қариб шудани инсон ба Зоти якто мебошад.

Ислом эҳсоси масъулят дар зиндагии ҳар як фард ва ё гуруҳҳоро дорои аҳамияте гардонида, фоидаҳои зиёдеро ҳам бо ӯ додааст, то ки масъулият кулли ҷомеаро дар бар гирад.Дар ҳар ҷомеа вақте, ки устоду пешво орому дар амн бошад шогирдону шаҳрвандон ҳам ҳама вақт дар амонанд. баръакс ҳар вақт, ки устод ва ё пешво фосиду роҳзан шаванд, мардум фосид мешаванд. Салоҳияти устоду пешво ба ин аст, ки худро дар ҳар кори бузургу кӯчак ҳозир карда ва амалҳои неку бади худро муқоиса кунад. Боварӣ дошта бошад, ки дар пешгоҳи Худованд мавриди суол қарор мегирад. Барои ин ки ҷомеа як ҷомеаи солиму қавӣ аз ноамниҳои иҷтимои дур бошад, дини мубини ислом масъулиятро ба ӯҳдаи ҳамон фарди ҷомеа, чӣ зан бошад ва ё чӣ мард, хурд бошад ва ё калон аз тарафи ҳокимону шаҳрвандон гузошта шудааст, ба ҷуз кӯдакону девонаҳо, ки инҳо назди Худованд мукаллаф нестанд.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон шаби 5-уми сентябр ҷузъиёти ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ дар Данғараро шарҳ дод. Вазорат дар ин кор ҳизби мамнуъи наҳзати исломӣ ва таҳсилдидагони Эронро ба ин кор муттаҳам медонанд.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 31-уми июл бо нашри як иттилоияи махсус гуфт, ин гурӯҳ зери роҳбарии Ҳусейн Абдусамадов даст ба куштори сайёҳон задаанд. Дар иттилоияи вазорат гуфта мешавад, ки Абдусамадов чаҳор маротиба дар шаҳри Қум, ки маркази “рофизиён” ва Мозандарони Эрон “таълими идеологӣ, ҳарбӣ-диверсионӣ” гирифта, дар он ҷо бо аъзои собиқ ҲНИТ Носирхӯҷа Убайдов бо тахаллуси “Қорӣ Носир”, ки дар ҷустуҷӯ қарор дорад, мулоқот намуд ва шомили ин гурӯҳ шуда ба зарари дину ватани худ кору фаолият кардааст.

Масъулини Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, ки ҳамла ба сайёҳон дар Данғара бо дархости Носирхӯҷа Убайдов амалӣ шудааст, ки аз соли 1992 узви Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ мебошад. Аз ҷумла, ба қавли мақомоти умури дохилӣ, Аслиддин Юсупов, яке аз аъзоёни дигари ин гурӯҳ бо истифода аз табар ба Ҷумахон Назарзода, муовини аввали сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил, задааст, ки дар натиҷа Ҷумахон Назарзода зарари вазнин ба саломатӣ гирифтааст.

Дар ҳудуди ноҳияи Хатлон боиси қатли 4 нафар ва захм бардоштани чандтои дигар мерасад соати 15:30 дақиқа гуруҳи саёҳони хориҷӣ аз роҳи Кӯлоб ба ҷониби пойтахт ҳаракат доштан ногаҳон автомашинаи рақами қайди давлатиаш 7498 РМ 03 бо суръати баланд бе низом саёҳонро пахш кард. Албатта, ин тасодуф нест балки қасдан буд, ки баъдан саворони автомашина ба корд ва табар ба рую тани сайёҳон зарбазанон ҳамла карда ба онҳо ҷароҳати ҷисмонӣ расонида аз макони ҷиноят фирор карданд.

Масъулияти мусулмон дар баробари умуми инсонҳо.

Инсон гарчи кофир ҳам бошад назди Худои бузург аз мақому манзалати хосе бархӯрдор аст:

Худованди таоло дар сураи “Исро” ояти 70 мефармояд: “Ҳамоно, фарзандони Одамро гиромӣ кардем ва дар биёбону дар дарё онҳоро барнишондем; ва ба онҳо аз погизаҳо рӯзӣ додем ва онҳоро бар бисёре аз он чи офаридаем, фазли бисёр додем”.

Хулоса масъулияти мусулмон дар баробари ғайримусулмон чунин аст:

1.Масъулияти аҳду паймон: агар мусулмон бо ғайри мусулмон аҳду паймон дошта бошад бояд ба он аҳди кардааш вафо кунад. Худованд дар ин маврид дар сураи “Исро” ояти 34 мефармояд: “Ба аҳду паймон вафо кунед, зеро аз аҳду паймон пурсида мешавед”

2.Касоне ки дар байни мусулмонон зиндагӣ мекунан ва дар таҳти ҳукму қудрати давлати онҳо зиндагӣ мекунанд, онҳо касоне ҳастанд, ки онҳоро аҳли “зимма” гуфта мешавад, раво нест ба онҳо ситам кард ва ё ба ҳуқуқи онҳо таҷовуз намуд ва ё бештар аз тавонашон аз онҳо ҳақ талаб кард. Паёмбар (с) мефармояд: “Касе, ки зиммиро азият кунад ман дар рӯзи қиёмат душмани ӯ хоҳам буд”. (ривояти Муслим)

3.Ҳеҷ ғайри мусулмони бегуноҳро наметавон кушт; агар мусулмоне ғайри мусулмонеро ба ноҳақ бикушад дар рузи қиёмат назди Худованд ҷавоб хоҳад дод.  

4.Ҳар вақте, ки ғайри мусулмон дар байни мусулмонон зиндагӣ ё гаштугузор мекунанд, чи ҳақе, ки ба мусулмон аст ба онҳо ҳам муқарар мешавад, ҳаргиз ҷойз нест ба дорои ва номуси онҳо расид.

Ҳар кӣ н-омухт аз гузашти рузгор,

Низ н-омузад зи ҳеҷ омузгор.

                                              Абу Абдуллои Рӯдакӣ

Оре, гузашти рузгор ибратест барои фардо. Ҳар як инсони оқил набояд гузаштаи миллати хеш, қавму қабила ва наздикону пайвандонро фаромӯш созад. Зеро бе гузашта имрӯзро наметавон дид. Ояндаро низ намеавон интизор шуд. Ҳар як кору амале, ки шуда мегузарад, барои инсон таъсири хубе ё баде мегузорад. Инсон аз он дарси ибрат мегирад, ки он ба ягон макотибу ҳеҷ устоде рабт надорад. Он дарси ибрат аст, ки новобаста ба гузашти айём, новобаста аз қобилияти фикрии муҳит дар ёди инсони комил нақш мебандад. гузашти рузгор кони хираду маданият ва ибрати покизагист, ки тарбиятгари ҳамагон аст. Таърихи гузаштаи Ватану халқи мо таърихи ибратомез барои ҳар як фарди тоҷик мебошад, ки агар мо назар ба солҳои 1990-91 намоем, мебинем, ки он касоне, ки дар байни мардум буданд, имрӯз дар куҷо ва дар чӣ ҳол ҳастан, ин дарси ибрат барои ҳар як фарди ҷомеаи Тоҷикистон мебошад, ки дар ҳаёташон саҳве накунанд. Мо аз онҳо ибрат мегирем, зеро шахсиятҳое, ки дар солҳои 90-ум донистаю нодониста дидаю нодида ба сӯи мардуми худ, халуи худ, Ватани худ тир холӣ карданд дар кадом ҳолат ҳастанд!? Инак таҷрибаи рӯзгор пайваста аз бехирадон соҳибхирадон, аз баду нек, аз дармондагон коромӯз ва аз нокасон, инсони комил месозад.

На ҳар кас метавонад соҳибақл бошад. На ҳар фард метавонад хубро аз бад, некро аз зишт, дӯстро аз душман ва тарбияро аз таънаву маломат фарқият бахшад. Аз калонсолон ва касони оқил ибрат бигирем, то ҳангоми сахтиву дармондагӣ ва мушкилии рузгор мададгорамон гарданд, зеро ҳаёт пур аз хатарҳост. Барои рафъи ҳар масоили рузгор таҷрибаи бузург мебояд. Чуноне ки Рудакии бузургвор мефармояд:

Бирав зи тачрибаи рузгор баҳра бигир,

Ки баҳри дафъи ҳаводис туро ба кор ояд.

Каримов Иноятулло, устоди кафедраи «Улуми Қуръон»-и ДИТ ба номи Имоми Аъзам –Абӯҳанифа (р)


Андешаи Шумо



Ҳамаи шарҳҳо


Ҳанӯз шаpҳе дар ин баҳс нест. Шумо аввалин ширкаткунанда хоҳед буд

Воридшавӣ ба e-mail- и dit.tj



"ЗИ ГАҲВОРА ТО ГӮР ДОНИШ БИҶӮЙ!"






Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абӯҳанифа ©2018 - 2024. Ҳуқуқҳо ҳимоя карда шудаанд.