РЕКТОРИ ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ИМОМИ АЪЗАМ АБӮҲАНИФА
.
Зокирзода Нусратулло МеликНомзади илмҳои фалсафа___________________________
Ҷашни мардумӣ ва миллии Наврӯз яке аз ҷашнҳои маъруф ва мондагори қавмҳои ориёинажод аст, ки таърихи тӯлонӣ дорад. Дар миёни ҷашнҳои миллӣ, Наврӯз аз лиҳози аҳамиятнокӣ ва анъанавӣ буданаш мавқеи муҳим дорад. Мутобиқи солшумории шамсӣ, Наврӯз ба таърихи 21-22 моҳи март рост меояд. Худ аз номаш маълум аст, ки наврӯз, яъне «рӯзи нав» мебошад, ки он ба рӯзи аввали сол рост меояд. Имрӯз Наврӯз ҳамчун рӯзи аввали соли миллӣ шинохта шудааст...Муфассал
Изҳороти Раёсати Донишкадаи исломии Тоҷикистони ба номи имоми Аъзам-Абӯҳанифа оиди таъсис додани Паймони миллии гурӯҳҳои мухолифин дар шаҳри Варшава
Санаи 10.09.2018 дар шаҳри Варшава, пойтахти Лаҳистон ҷаласаи САҲА доир гардид. Дар ҷаласаи мазкур аз тарафи гурӯҳҳои ифротгаро ва ташкилотҳои экстремистиву террористӣ аз ҷумла Анҷумани озодандешони тоҷик, Ҷунбиши ислоҳот ва рушд, Ассосиатсияи муҳоҷирони Осиёи Марказӣ ва ТЭТ ҲНИ эътилоф намуда, эъломияи “Паймони миллӣ”- ро намоишкорона ба тасвиб расониданд.
Бояд қайд намуд, ки аҳли илму адаби кишвар, олимону донишмандон, ҷавонон ва аҳли ҷомеа аз нигоҳи масоили илмӣ ва ҳам аз нигоҳи таҷрибаву рӯзгор фаъолияти хоинонаи аъзоён ва пайравони ташкилоти Террористию Экстремистии ҲНИТ-ро, ки ташкилкунандаи чунин амалҳост, ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад. “Паймони миллӣ”, ки дар раъси он роҳбари ТЭТ ҲНИ, ки яке аз шахсони хатарнок ва тарроҳони амалҳои террористӣ Муҳиддин Кабирӣ ба шумор меравад, мехоҳад бо таъсиси ин паймон сафи террористонро дар хориҷи кишвар зиёд намояд. Дар ҷаласаи мазкур аъзоёни ташкилотҳои террористӣ бояд иштирок намекарданд, аммо мутаассифона аъзоёни ТЭТ ҲНИ бо ҳаммаслаконашон иштирок намуданд.
Айни ҳол дар даврае, ки ҷаҳон торафт дар торҳои партофтаи нақшаҳои глобалии абарқудратон печида истодааст, қарзи ҳар як фарди бонангу номуси миллат ва бо имону ватандӯст, ин маҳкум намудани ташкилоту гурўҳҳои террористиву экстремистӣ мебошад. Акнун вақти он расидааст, ки миллати тоҷик беш аз пеш зираку худогоҳ бошад. Душманони миллат бо макру ҳилаҳои худ қаноат накарда, ошкоро душман будани худро нишон дода истода, мехоҳанд, монеи пешрафти кишвари азизамон бошанд.
Ҳақиқат ин аст, ки чунин ташкилотҳои ифротӣ мероси аҷдодии хоҷагони худро, ки тафриқаандозӣ, фитнаангезӣ ва сиёсатбозӣ аст, бо ҳеҷ ваҷҳ аз даст доданӣ нестанд. Гурӯҳҳои мухолиф мехоҳанд, барои расидан ба мақсадҳои бади хеш ҷавонони соддаву зудбоварро гирифтори макру фиреби худ гардонида, бо ташкили "эътилофҳо" ва "паймонҳо" дар атрофи худ ҷамъ намоянд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҲНИ давомдиҳандаи кори гурӯҳҳои ифротгаро мебошад. Бинобар ин, агар мо чеҳраи ТЭТ ҲНИ-ро аз рӯи фаъолияти амалии ин ташкилот баҳо диҳем, мебинем, ки тамоми фаъолияти он айнан ДИИШ буда, дар баъзе масъалаҳо аз ДИИШ ҳам даҳшатноктар аст.
Мавриди зикр аст, ки дар зери қаноти бегонагон паноҳ бурда, ба кишвару сарзамини худ санги маломат партофтан, нишонаи ҷавонмардӣ ва мусулмонӣ нест. Зуҳури гурӯҳҳои ифротие, ки дар давлатҳои мусулмонӣ ба вуқӯъ пайвастааст, натиҷаи он ба ҳама маълум аст, ки чӣ қадар харобиҳо овардааст. Овораву саргардонӣ, қатлу куштор, қашоқӣ, ҳамаи ин амали дасти ифротгароёни тундрав ба шумор меравад. Мо бояд аз ин ҳама воқеаҳои таърихиву имрӯза ибрат гирем. Бояд қайд намуд, ки маводҳои паҳнкардаи душманони миллат нишон медиҳад, ки ҳадафи онҳо ба ҷуз барангехтани ҳисси нобоварӣ нисбат ба давлату ҳукумат ва тафриқаандозӣ миёни афроди миллат чизи дигар нест. Вагарна бо чӣ сабаб аз ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ-иҷтимоии Ватан канорҷӯӣ мекунанду монанди аксари шаҳрвандони мамлакат дар рушди кишвари худ ширкат намеварзанд, меҳнат ва эҷод намекунанд, дар паноҳи дигарон ҷой гирифта, аз каноре айбҷӯиву харобкориро пеша карданд. Мутаассифона тарафдорони ТЭТ ҲНИ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ дар зери шиорҳои бофтаву хаёлӣ фирефтаи таълимоти «гӯё динӣ» гашта, ба амалҳои низоъпарастӣ, ифротгароӣ ва террористӣ ҷавононро даъват намуда, мехоханд бо ташкили чунин паймонҳо ба мақсадҳои душманонаи худ ноил шаванд, яъне нуфузу дастовардҳои миллиро то андозае паст зананд, аниқтараш супоришҳои роҳбарон ва сарпарастони хориҷии худро иҷро намоянд.
Сафири САҲА дар яке аз баромадҳои худ қайд намуда буд, ки дар ин ҷаласа он Ҳукумат ва созмонҳои ҷамъиятиро барои ширкат иҷозат медиҳад, ки даст ба фаъолияти терористӣ намезананд.
Мутаасифона бар хилофи суханрониҳои Сафири САҲА ташкилотҳои ТЭТ ҲНИ ва Гурҳуи 24, ки ҳамчун ташкилоти терористӣ ва экстремистӣ эълон шудаанд ва фаъолияти онҳо мамнуъ гардидааст, дар ҷаласаи мазкур роҳ дода шудаанд.
Мо ҳайати раёсат, устодон ва кормандони Донишкадаи исломии Тоҷикистони ба номи имоми Аъзам-Абӯҳанифа иштироки ташкилотҳои ТЭТ ҲНИ ва Гурӯҳи 24 – ро қотеъона маҳкум намуда аз раёсати САҲА хоҳиш менамоем, ки ҷиҳати дуруст ба роҳ мондани ҷаласаҳои минбаъда таваҷҷӯҳи хосса зоҳир менамуданд.
Раёсати Донишкада.
Андешаи Шумо
Ҳамаи шарҳҳо
[Ном: Jafar]
OBSE ham in qadar tashkiloti bosalohiyat nabudaast.
[Ном: Jafar]
OBSE ham in qadar tashkiloti bosalohiyat nabudaast.
Воридшавӣ ба e-mail- и dit.tj
"ЗИ ГАҲВОРА ТО ГӮР ДОНИШ БИҶӮЙ!"
Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абӯҳанифа ©2018 - 2024. Ҳуқуқҳо ҳимоя карда шудаанд.