РЕКТОРИ ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ИМОМИ АЪЗАМ АБӮҲАНИФА
.
Зокирзода Нусратулло Мелик

Номзади илмҳои фалсафа
___________________________

Ҷашни мардумӣ ва миллии Наврӯз яке аз ҷашнҳои маъруф ва мондагори қавмҳои ориёинажод аст, ки таърихи тӯлонӣ дорад. Дар миёни ҷашнҳои миллӣ, Наврӯз аз лиҳози аҳамиятнокӣ ва анъанавӣ буданаш мавқеи муҳим дорад. Мутобиқи солшумории шамсӣ, Наврӯз ба таърихи 21-22 моҳи март рост меояд. Худ аз номаш маълум аст, ки наврӯз, яъне «рӯзи нав» мебошад, ки он ба рӯзи аввали сол рост меояд. Имрӯз Наврӯз ҳамчун рӯзи аввали соли миллӣ шинохта шудааст...Муфассал

Ҳар рӯз зи худ бипурс, агар ту мардӣ!? К-имрӯз чи хизмате ба мардум кардӣ?

Нақшаи хатирони миллат «Кабирӣ  ва Варқӣ»

Маккорию ошубангезии  Кабирӣ, собиқ  раиси  ТТЭ ҲНИ ва хаммаслакони ӯ боиси нофаҳмиҳои  баъзе  созмонҳои байналмилалӣ гардидаст. Ба  андешаи  банда имрӯз  мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол  бо ташабус ва ғамхорихи Пешвои махбубу дилсӯз  аз нигоҳи  фарҳангию   маърифатшиносӣ  миллию  озодихоҳӣ, дигар  он  дамони ҷомеаи  пешин  нестанд,  ки  дар доми ҳиллаю найраги ин хатирону маккорон афтида худ ва миллатро озору зарар расонанд.

Бинобар дастгирии “баъзе” созмонҳо таӣ ҳафтаи гузашта дар Варшава, пойтахти Полша ташкилоти экстремистию террористӣ бо ташабуси   хатир Кабири,  ки дар чанд соли охир дар ҷаласаву нишастҳои  гуногуни хориҷи кишвар сухан аз боби эътилофи нав мезанад, ниҳоят бо дастгирии хоҷагони худ чанд ҷамъ овардаву гурҳҳаки наве бунёд гузоштаву худ бо онҳо эътилоф барпо сохта аз гиребону дасти миллат чанг мезанад.

Ҳайфи фарзанде, ки гирад аз гиребони миллат.

Бозӣ дорад, дар сари мӯ ҳар нафас бо қаҳри миллат. 

Ҳоло ба кишварҳо ва ҷомеаи Ғарб сӯистифода аз дин, ки асли фаъолияти ТТЭ ҲНИ - ро ташкил медиҳад, ошкор гардидаву дигар ин ташкилоти террористӣ бо ҳар роҳ наметавонад фаъолиятҳои тахрибкоронаро ба роҳ монад. Аз ин хотир, ТТЭ ҲНИ бо чанд гуруҳи муфтхури дигар муттаҳид гардида, барои эътилофи худ номи “нисбатан дунявитар” гузоштанд.

Дар ҳақиқат, аз натиҷаи фоъолиятҳои тахрибокронаи ТЭТ ҲНИ ва роҳбари хоини он алалхусус Кабирӣ, мардуми сарбаланди  Ватани азизамон хуб медонанд. Барои миллати мо чеҳраи манфури Темури Варқӣ, ки гӯё шахси зиёӣ буду замони Шӯравӣ ҳамчун нависандаю шоир ва рӯзноманигори рӯсзабон фаъолият дошт, ошкор гардид, ки дар асл аз Кабирии ифротӣ ҳеҷ фарқе надорад. Зеро ҷараёни воқеаҳо нишон доданд, ки онҳо дар асл, нафарони бадхоҳ, дурӯя ва манфиатҷӯ будаанд ва ҳамеша омодаанд, ки барои расидан ба ҳадафи ғаразнокашон аз баҳри тамоми арзишҳои милливу дини гузаранд.

Маълум аст, ки ҳамкории “тақсир” Муҳиддин Кабирии террорист ва Темур Варқии манфиатҷӯю беҳувият ба душмании халқ равона гардида, мақсади онҳо  ба даст овардани қудрат ва  пулу мол буда, душманона бар зидди Ватану миллат мубориза бурда истодаанд.

Аз ин рӯ, мобояд ҳамеша кӯшиш ба харҷ диҳем, ки ба ваъдаҳои дуруғини душманони Ватани тинҷу оромамон, аз қабили Муҳиддин Кабирии ватанфӯруш ва дасисаҳои ӯ гирифтор нагардем.

Мардуми Тоҷикистон бояд  ин хатаҳоро аз ин Хатир (Кабирӣ) эҳсос намоянд, ҳушёр бошанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд. Дигар ҳеҷ вақт фирефтаи ҳизбу ҳаракатҳои бегона  нашаванду хонаи ободи худро насӯзанд. Инчунин ба доми фиребу тазвири бегонагон наафтанд.

Устоди кафедраи шариати исломи:  Ҳошимов С


Андешаи Шумо



Ҳамаи шарҳҳо


Ҳанӯз шаpҳе дар ин баҳс нест. Шумо аввалин ширкаткунанда хоҳед буд

Воридшавӣ ба e-mail- и dit.tj



"ЗИ ГАҲВОРА ТО ГӮР ДОНИШ БИҶӮЙ!"






Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абӯҳанифа ©2018 - 2024. Ҳуқуқҳо ҳимоя карда шудаанд.